Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 07:20

Сагҳо бар зидди нашъа

12 ноябр 2012, 11:25

Мубориза бо маводи мухаддир кори як кишвар нест, дар дунёи ҷаҳонишавӣ зарари маводи мухаддир ҳам ба андозаи ҷаҳон алам мекунад. Пас, ҳамаи кишварҳои ҷаҳон бар зидди нашъа ва бар зидди  зарари он мубориза кунем.

Имрӯз дар Маркази таълимӣ-кинологии Агентии назорати маводи нашъаовар барои кормандони хадамоти кинологии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аввалин машғулиятҳои такмили ихтисос оғоз гардиданд. Дар он кормандони Агентӣ, Вазорати корҳои дохила ва Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ намояндагони сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. Қаблан иттилоъ дода мешуд, ки дар оғози барномаи мазкур масъулини баландпояи ВКД, нерӯҳои сарҳадии КДАМ, Хадамоти гумрук иштирок мекунанд, аммо чун харвақта ин ҷанобон иштирок надоштанд.

Машғулиятҳои омӯзишӣ махсусиятҳои анатомӣ ва физиологии сагҳо, принсипҳои асосӣ ва қоидаҳо оид ба нигоҳубин ва таъмини ғизо ба онҳо, пешгирии бемориҳо ва расонидани аввалин ёрии тиббӣ ҳангоми ҳодисаҳои нохуш ва сироят ба бемориро дар бар мегиранд.Бунафша Одинаева, муовини директори АНМН аснои оғози чорабинӣ эълом дошт, ки дар вохӯриву тренингҳои баъдӣ аз Афғонистону Қирғизистон намояндагон даъват карда мешаванд.

Дар ҳамин маврид Абдулғафори Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон афзуд, ки агар аз ҷониби Агентӣ намояндагони моро барои омӯзиш даъват намоянд ҳатман иштирок хоҳанд кард. Ӯ инчунин дар мавриди пешгирӣ намудани қочоқи маводи мухаддир гуфт: “Мубориза бо маводи мухаддир кори як кишвар нест, дар дунёи ҷаҳонишавӣ зарари маводи мухаддир ҳам ба андозаи ҷаҳон алам мекунад. Пас, ҳамаи кишварҳои ҷаҳон бар зидди нашъа ва бар зидди  зарари он мубориза кунем. Чун Афғонистон бо Тоҷикистон муносибатҳои хуб дорад, мо дар ягҷоягӣ бо ин зарар мубориза мебарем”.

Бону Бунафша Одинаева бошад, изҳор дошт, ки дар раванди дарсҳо ҳамчунин омӯзиши мавзӯъҳои дар сагҳо коркарди рефлексҳои шартӣ ва ғайришартӣ, ғаризаҳо, усулҳо ва шеваҳои ромкунии сагҳои хидматӣ, омӯзиши фаъолияти олии асаби онҳо, кӯмакҳои байторӣ, омодасозӣ барои ҷустуҷӯ дар биноҳо ва воситаҳои нақлиёт, ҳамчунин ҷустуҷӯи воситаҳои нашъаовар низ пешниҳод шудаанд.

Маврид ба тазаккур аст, ки ин машғулиятҳо то 23 ноябри соли равон аз ҷониби мураббиён-кинологҳои АНМН гузаронида мешаванд.

Нилуфари КАРИМ 


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!