Бахшҳо
13 ноя 2012 11:35Гузориш

Нишасти Доҳа: шикасти сиёсатҳои Ғарб дар баробари Сурия

Нишасти мухолифони Сурия дар Доҳа, ки бо ташаббуси Амрико баргузор шуд, нишон медиҳад, ки сиёсатҳои Ғарб ва муттаҳидонаш дар ҳалли бӯҳрони Сурия боз ҳам шикаст хӯрд.

Нишасти мухолифони Сурия ба мизбонии Қатар ва раёсати Амрико дар ҳоле баргузор шуд, ки куштори мардуми бедифоъ тавассути гурӯҳҳои терорристӣ дар Сурия афзоиш ёфта ва тайи рӯзҳои гузашта ба қатли оми даҳҳо нафар дар ин кишвар анҷомидааст. Кишварҳои ғарбӣ агарчи иддаои ҳимоят аз мардуми Сурия барои расидан ба демукросӣ ва озодиро матраҳ мекунанд, аммо дар амал тарҳи куштори мардум ва нобудии ин кишвар тавассути гурӯҳҳои тероористиро иҷро мекунанд. Наздик ба 20 моҳ аз таҳаввулоти Сурия мегузарад ва бо вуҷуди тарҳи ҳазинаҳои молӣ ва таслиҳотии Ғарб ва кишварҳои араби минтақаи Ховари Миёна алайҳи Сурия, Башшор Асад ҳамчунон ба унвони раиси ҷумҳури қонунӣ дар ҳирами қудрат аст.

Бо шурӯъи даргириҳо дар Сурия, Ғарб ба ҳамроҳи муттаҳидони Араб (Қатар ва Арабистон) ва Туркия тамоми талоши худро барои нобудии низоми Башшор Асад ба кор бурданд, аммо дар ин муддат натавонистанд  ба натиҷаи матлуб даст ёбанд, Ин кишварҳо илова бар кӯмакҳои таслиҳотӣ ва молӣ аз мухолифини сурӣ аз буъди  сиёсӣ низ иқдомоти асосиро бар зидди давлат оғоз карданд, ки ташкили шӯрои миллии интиқолӣ ва баргузории нишастҳои байналмилалӣ аз намунаҳои боризи он буд.

Нишасти мухолифони Сурия қарор аст, то пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико ташаккули ҷадиде аз мухолифонро шакл диҳад. Қатар дар ҳоле мизбони норозиёни сурӣ аст, ки мавзеъи Амрико ба унвони муҳимтарин ҳомии норозиён, тағироти асосӣ дар қиболи таҳаввулоти Сурия дошта, тағйироте, ки бозтобҳои ғайри қобили инкор бар арсаҳои дохилии Сурия хоҳад гузошт. Мақомоти Амрико ба ин натиҷа расидаанд, ки имкони сарнагунии низоми Сурия бо такя бар роҳбурди ҳимоят аз мухолифон ва баргузории нишастҳои байналмилалӣ алайҳи Сурия вуҷуд надорад. Бинобарин бо таваҷҷуҳ ба нокомии сиёсатҳои Ғарб дар қиболи Сурия  ба назар мерасад, ки Амрико ва Ғарб дар садади тағйири руйкарди худ дар қиболи Сурия баромаданд, то роҳкорҳои наве барои суқути Башшор Асад пайдо кунанд.

Аҳдофи нишаст

Амрико саъй дорад дар ин нишаст, ҳамаи раҳбарони мухолифон дар хориҷ ва гуруҳҳои мусаллаҳ дар дохилро гирди ҳам оварда то битавонад ба як роҳи ҳалли сиёсӣ  барои бӯҳрони Сурия даст пайдо кунад. Бо таваҷҷуҳ ба нокоромадии Шӯрои интиқолӣ дар Сурия, Ғарб дар садад аст то раҳбарии ҷадид барои норозиёни дохилӣ ва хориҷии сурӣ таъсис кунад, ки ин шӯрои ҷадид ба унвони намоянда аз тарафи норозиён дар оянда бо низоми кунунии Сурия гуфтугӯ кунад. Ба ҳамин далел, Амрико саъй дорад, яке аз шахсиятҳои барҷастаи муоризи суриро барои ба даст гирифтани раҳбарии муоризон интихоб кунад, то як давлат  дар табъид ташкил диҳад, ки ба унвони раҳбари муоризон барои музокира бо давлати Сурия ва интиқоли қудрат дар ин кишвар анҷоми вазифа кунад. Ғарб дар талош аст то бо афзоиши куштори мардум дар Сурия ва буҳронӣ хондани авзоъи ин кишвар, созмони милалро ба тасвиби қатънома алайҳи Сурия савқ диҳад то бо афзоиши фишорҳо бар ин кишвар битавонад ба ҳадафи аслии худ, ки суқути низоми Башшор Асад аст, даст пайдо кунад ва ҳатто дар сурати ниёз, дар ин кишвар мудохилаи низомӣ мекунад.

Бо таваҷҷӯҳ ба бурузи ихтилофот ва аз ҳам гусехтагӣ дар байни мухолифони Сурия, Ғарб ва кишварҳои арабии минтақа  дар талошанд то бори дигар навъе инсиҷом ва ҳамоҳангӣ дар ин гуруҳҳо эҷод кунанд ва бо ҳимояти молӣ ва таслиҳотии бештар аз онҳо, заминаро барои густариши даргириҳо ва афзоши фишор бар давлати Башшор Асад фароҳам кунанд. Бо таваҷҷуҳ ба шикасти сиёсатҳои ғарбгароёнаи Туркия дар қиболи Сурия, нишасти Доҳа дар пай ин аст то ҷабҳаи ҷадидеро алайҳи Сурия ташкил диҳад. Баргузории ин нишаст дар Қатар  нишондиҳандаи ин воқеият аст, ки шояд мақари идораи тавтиа  аз Туркия ба Қатар мунтақил шавад ва ин дар ҳолест, ки Қатар нақши муҳиме дар ҳимояти молй ва таслиҳотй аз мухолифон дорад.

Ҳадафи аслии Ғарб ва Амрико аз баргузории нишасти Доҳа, ки ба куштори бештари мардум ва буҳронитар кардани авзоъи дохилии ин кишвар анҷомид, ин аст, ки дар тавозун миёни Эрон ва кишварҳои дигари минтақа, тағироти асосӣ эҷод кунанд, то бо руи кор овардани як давлати дастнишондаи ғарбӣ дар Сурия ҳам битавонад Эронро ба унвони ҳомии аслии Башшор Асад дар минтақа таҳти фишор қарор диҳад  ва ҳам таҳдидотеро, ки аз ҷониби Эрон ва Сурия алайҳи амнияти режими саҳюнистӣ вуҷуд дорад, аз байн бибарад.

Баргузории нишасти мухолифони Доҳа, заминасозӣ барои ҷойгузинии ҳукумати Башшор Асад дар Сурия аст. Бо ин иқдом, Ғарб нишон медиҳад, ки ҳеч тағйире дар сиёсати худ дар мавриди Сурия, яъне тағйири режим дар ин  кишвар эҷод накардааст ва ҳамчунон ба суқути давлати қонунии Сурия исрор дорад. Муттаҳидони араби Амрико низ то кунун ҳеч мавзеъи мустақил аз Ғарб дар мавриди Сурия иттихоз накардаанд ва ҳамчунон ба ҳимоятҳои худ аз мухолифони сурӣ идома медиҳанд . Аз тарафи дигар, Башшор Асад низ ҳамчунон бар мавзеъи худ дар бакоргирии артиш алайҳи мухолифони сурӣ идома медиҳанд. Аз тарафи дигар, Башшор Асад низ ҳамчунон бар мавзеъи худ дар бакоргирии артиш алайҳи мухолифони мусаллаҳ пофишорӣ  мекунад,  то битавонад ба авзоъи дохилии Сурия  сарусомон диҳад.

Мухолифон низ тамоюле ба пешниҳодҳои ҷомиаи ҷаҳонӣ дар музокира бо Башшор Асад нишон намедиҳанд ,ҳамчунонки но нақзи оташбас дар иди Қурбон, ин мавзеъро ба хубӣ нишон доданд. Дар шароите, ки ҳеч тағйире дар мавзеъҳои тарафҳои соҳибнуфуз дар бӯҳрони Сурия дида намешавад, натиҷаи ин нишаст низ ҳамчун нишастҳои гузашта, идомаи хушунатҳо ва куштори бештари мардум ва адами дастёбӣ ба натиҷаи матлуб дар ин кишвар аст.

Манбаъа: Хабаргузории Форс

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)