Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:10

Зоироне, ки 4600 километр пиёда аз Тоҷикистон ба Макка рафтанд

15 ноябр 2012, 06:16

Ҳоҷӣ Абдулазиз Раҷабов ва Ҳоҷӣ Абдулраҳим Ҳабибов номи 2 узви гурӯҳи зоирони тоҷик  ҳастанд, ки муваффақ шуданд пас аз паймудани 4600 километр  роҳ бо пои пиёда, Хонаи Худоро  зиёрат ва акнун дар роҳи бозгашт ба меҳани худ ҳастанд.

Дар гуфтугу бо хабарнигори "Форс" ба баёни хотирот ва аҳдоф ва ангезаи худ барои роҳӣ шудан ба ин сафари маънавӣ пардохтанд.

Ҳоҷӣ Абдулазиз, ки барои дуюмин бор аст по ба ин сафар мегузорад, зимни муаррифии худ ба баёни хотироте аз рузҳои сафар пардохт, ки дар идома бо ҳам мехонем.

15 марти 1948 дар шаҳристони Кулоб ба дунё омадам ва акнун 64 сол син дорам. Наздики 40 сол аст, ки муаллими варзиш ҳастам ва қабл аз фурупошии шуравӣ марзбони марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон будам ва акнун низ бознишаст шудаам.Дусти дигари ман низ аҳли Кулоб ва вай низ 65 сола ва аз варзишкорони собиқи кишвари Тоҷикистон аст.

Мо 2 узви гуруҳи 10 нафарае будем, ки дар ниҳоят муваффақ шудем бо тай беш аз 4500 километр роҳ дар тули муддати беш аз шаш моҳ, Хонаи Худоро дар айёми ҳаҷи воҷиб, зиёрат ва умқи ишқу алоқаи худ ба Исломро нишон дода ва меҳр ва муҳаббати ҳамешагии мусулмононро ба намоиш бигузорем.

Аз онҷое ки як бори дигар дар соли 2005 ман бо теъдоде аз дустони худ ба сафари ҳаҷ мушараф шудам, бо пешниҳоди теъдоде аз дустон авосити соли равон бори дигар камари ҳиммат ба роҳӣ шудан ба сафаре маънавӣ барои расидан ба хонаи Худо бо пои пиёда шудем.

Дар ин миён кумитаи умури динӣ, кумитаи варзиш ва вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон кумаки бисёре ба мо карданд.

Сафари мо аз шаҳри Кулоб, баробар бо 5 моҳи май бо теъдоди 10 нафар оғоз шуд. Дар ибтидои сафар бар асоси бовари мардуми точик, ки пеш аз сафар ба хонаи Худо, зиёратгоҳҳои ин кишварро зиёрат мекунанд, мо низ ба сафар рафта ва оромгоҳҳои бузургон дар ин кишварро зиёрат кардем.

Оромгоҳи Мирсайдалии Ҳамадонӣ, Султонхоҷаи Муъмин дар Ҳамадони Кулоб, мазори Султон Увайси Қаранӣ, Шоҳ Неъматуллоҳ, зиёрати Мавлоно Чалолудини Балхӣ дар Душанбе, Яъқуб Чархӣ ва зиёрати Зайнулобидин дар шаҳри Тус аз муҳимтарин амокине буд, ки ба зиёрати он дар нуқоти мухталифи Тоҷикистон  рафтем.

Дар ин байн 2 нафар аз дустон аз ҷамъи 10 нафараи мо ҷудо шуданд ва гуруҳи мо 8 нафар барои идомаи масир вориди Афғонистон шуд.

Ҳамчунин дар инҷо лозим ба зикр аст, ки дар шаҳри Душанбе замоне, ки барои гирифтани виза ба сафорати Эрон муроҷиа кардем, сафорати Эрон, пас аз иттилоъи ҳадаф аз ин сафар, визаи Эронро ба таври ройгон ба мо ҳадя дод, ки ин иттифоқ пеш аз сафар ба Эрон барои мо бисёр муборак буд.

Сипас аз тариқи марзи Шерхон Бандар вориди Афғонистон  ва пас аз таи масофати тулонӣ ба Қандуз ва аз онҷо ба Мазори Шариф, Шибирғон, Маймана, Ҳирот ва дар ниҳоят баъд аз гузашти як моҳ ба шаҳри марзии Тойибод дар марз бо Эрон расидем.

Дар ин байн зиёрати мансуб ба ҳазрати Алӣ дар Мазори Шариф ба ҳамчунин зиёратгоҳи Шайх Аҳмади Ҷомӣ дар Ҳирот аз иттифоқоти мондагор аз Афғонистон буд.

Дар Эрон низ пас аз вуруд ба Машҳад бинобар расми дерина ва куҳан ва баҷомонда аз рафтори тоҷик, ба зиёрати Ҳазрати Ризо(ъ) мушарраф шудем.

Ин ҳаракати мо илова бар инки нишонаи меҳр ва муҳаббати тоҷик ба хонадони аҳли байти Паёмбари гиромии Ислом(с) дорад, ҳамчунин навъе эҳёи суннати дерина аст, ки тоҷиконе,ки дар солҳои дур ва наздик барои зиёрат ба хонаи Худо ба Маккаи мукаррама мушарраф мешуданд, бар худ воҷиб медиданд, ки қабри мутабаррики Ҳазрати Ризо дар Машҳадро зиёрат кунанд ва бо кулбори маънавии ҳосил аз ин ташарруф, ба роҳи худ идома медоданд.

Пас аз зиёрати оромгоҳи мутаҳарри Ҳазрати Ризо, аз масири шимолӣ ва устони Мозандарон роҳии Теҳрон ва аз онҷо бо роҳнамоӣ ва мусоидати кумитаи миллии олампик дар ахзи визаи Иморот роҳии Бандари Аббос дар ҷануби Эрон шудем.

Дар ин байн теъдоди шаш нафари дигар аз дустон ба иллати сахтии роҳ ва хастагӣ аз идомаи масир бозмонда ва танҳо 2 нафар аз ҷамъи тими 10 нафара барои роҳӣ шудан ба Иморот ба Бандари соҳилии Бандари Аббос пас аз тай 75 руз расидем.

Дар Бандари Аббос низ бо киштӣ пас аз таи масофати чандсоата вориди Иморот шуда ва пас аз убур аз шаҳрҳои Дубай ва Абузабӣ ба марзи муштараки Иморот бо Арабистон расидем.

Иттифоқе, ки дар Арабистон беш аз ҳар чиз таваҷҷуҳи моро ҷалб кард, теъдоди бисёре аз форсизабононе буд, ки дар ин кишвар ҳузур доштанд. Ин иттифоқи хушоянд дар идомаи шавқи мо аз гузаштан аз 2 кишвари форсизабон ва ҳамдилу ҳамхуни Эрон ва Афғонистон  руй дод. Ҷое,ки эҳсос мекардем мебоист бо мутарҷим идомаи роҳ диҳем, бисёре бо забони ширини форсӣ бо мо сухан мегуфтанд, ки ин назар бисёр ҷои таачҷуб дошт.

Дар марзи муштарки Иморот ва Арабистон рузҳои зиёде ба иллати адами ахзи визаи Арабистон маътал шудем. Ин дар ҳоле буд, ки дар Эрон талошҳои бисёре чӣ аз тариқи ниҳоди давлатӣ ва чӣ ғайридавлатӣ анҷом гирифт ва саранҷом бо расонаӣ шудани мавзуъ ва дуруст дар охирин рузи иҷозаи иқомат дар Иморот, визаи Арабистони Саудӣ ба дасти мо расид ва муфтахар ба ҳузури 15 руза дар Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара дар аёми Ҳаҷи имсол шудем.

Ҳол Абулраҳим Ҳабибов низ дар идома ба баёни аҳдофи худ дар ин сафар пардохт ва гуфт: эҳёи суннатҳои некуи гузаштагон дар сафарҳои корвонӣ ба Маккаи мукаррама аз масири Эрон  ва хусусан зиёрати ҳазрати Ризо ва таҷрибаи хотироти онон ва бозгу кардани он барои насли оянда ва ҳамчунин нишон додани сулҳ ва меҳрварзии мусалмонони ростин ба якдигар, ки ҳамвора душманон дар садади илқои костӣ аз он ҳастанд, аз муҳимтарин аҳдофи сафари ман ва дустам ба ин сафар буд.

Ҳоҷӣ Абулазиз низ дар ин робита гуфт ин масъала нишон аз меҳр ва муҳаббати Ислом аст, ки ҳама ва ҳама касро ба худ ҷалб мекунад.

Вай идома дод: вақте шумо таваҷҷуҳ кунед хоҳед фаҳмид маҳтоб ва офтоб ва мавҷи дарё ҳама ба суи қибла меравад ва ин ҳаракат дар замири нохудогоҳи ҳар инсоне низ вуҷуд дошта ва давон- давон хоҳони рафтан ба суи Қибла аст.

Мо рузе 5 километр ҳаракат мекардем, 5 то 10 кило бор доштем ва ҳар субҳ бо шуре хос, ки гувоҳи ҳамон алоқа ба Ислом аст, сахтиҳои сафарро ба ҷон мехаридем ва бо алоқа идомаи масир медодем.

Ин ду зоири тоҷик акнун пас аз бозгашт аз сафари ҳаҷ, аз тариқи Машҳад роҳии Ҳироти Афғонистон шуда ва тай рузҳои оянда дар шаҳри Кулоб зодгоҳи худ, ба ин сафари 6 моҳа хотима хоҳанд дод.

Манбаъ: Хабаргузории Форс



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!