Бахшҳо
15 ноя 2012 10:02Гузориш

Борак Обама дар дуроҳаи интихоб: киро ва дар куҷо…

Обама ҳанўз аз гирдоби бӯҳрони молии Амрико хориҷ нашудааст ва қасд дорад бо авлавияти ҳалли масоили иқтисодии Амрико аз дарун ҳаракат намояд. Акнун бояд бубинад, ки бо чӣ сиёсати хориҷӣ ва дифоъӣ қасд дорад рафтори хориҷии Амрикоро сомон диҳад

Бо пирӯзии Обама дар интихоботи риёсати ҷумҳурии Амрико ва бо таваҷҷӯҳ ба эълони канорагирии Ҳиллари Клинтон аз вазорати умури хориҷаи Амрико қабл аз интихобот ба тадриҷ гумоназаниҳои расонаӣ дар хусуси тими ҷадиди Обама дар садри ахбор қарор мегирад. Бар тибқи бархе аз ахбор ва ба навиштаи хабаргузории Форс, Ҷон Кери ва Сузон Райс ба унвони кондидҳои аввали Обама ёд мешавад ва дар ҳоле ки бархе эътиқод доранд, ки Обама бо таваҷҷуҳ ба эҳтимоли ҳассосияти ҷомеаи сиёсии Амрико ва қарор гирифтани ду сиёҳпуст дар раёсати ҷумҳурӣ ва вазорати умури хориҷаи Амрико ин эҳтимол дорад, ки Обама руйкарде муҳтотона ба интихоби як сиёҳпӯст дар ҷойгоҳи вазорати умури хориҷаи Амрико дошта бошад ва ин имкон вуҷуд дорад то бархе ҷобаҷоиҳоро дар шурои амнияти Амрико эъмол намояд ва бо интихоби  Том Донилтун мушовири шурои амнияти худ дар пусти вазорати умури хориҷа ва ба коргирии як хонум дар пусти шурои амният ва ё ҳатто вазорати дифоъ ваъдаҳои интихоботии худро ба шакле посух диҳад.

Суоли дигаре, ки дар ин миён матраҳ аст, ин аст, ки Обама дар даври аввали раёсати ҷумҳурии худ бо интихоби Роберт Гитс ба унвони вазири дифоъ руйкарде дуҷузъиро аз худ нишон дод, оё ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки муҷаддадан аз ин сиёсат истифода намояд ё не? Ва агар чунин масиреро дунбол намояд беҳтарин интихоби вай Колен Повели ҷумҳурихоҳ аст, ки дар ду давра аз интихоботи раёсати чумҳурии Амрико бар хилофи интизори ҳамҳизбиҳои худ аз Обама ҳимоят намуд.

Аммо дар ин миён муқовиматҳое низ дар миёни демокротҳо ва ҳамчунин ҳаводорони ин ҳизб вуҷуд дорад, ки лузуме ба истифода аз чеҳраҳои ҷумҳурихоҳ он ҳам аз ҷинси сиёҳпуст аз худ нишон намедиҳанд. Албатта ҳамзамон бархе аз мушовирини Обама, ки ҳомии идеяи бакоргирии ҷумҳурихоҳони миёнарав ҳастанд,аз сенатор Чок Ҳекел низ ном мебаранд.

Иддаи дигар дар мавриди идеяаи дигар дар ин маврид эҳтимоли боқӣ мондани Пенто вазири дифоъи феълии Амрико чунин эҳтимол медиҳанд, ки дар кутоҳмуддат Обама бо таваҷҷуҳ ба шароити мавҷуд феълан иқдоми хосеро дар вазорати дифоъ ба амал наёвард ва ҳангоми хуруҷи неруҳои амрикоӣ Афғонистон яъне дар соли 2014 тағйироти худро эъмол намояд ва бархе дигар зимни радди ин равиш, эътиқод доранд, ки боястӣ  аз хонуми Мишел Флеруни дар ҷойгоҳи вазорати дифоъ истифода кард, ки дар гузашта дар мақоми сеюми Пентагон  қарор дошта  ва дар ҳангоми таблиғоти раёсати ҷумҳурии Амрико фаъолияти дучандоне ба ҳимоят аз Обама аз худ нишон додааст дар сурати интихоб ба унвони вазири дифоъ як суннатшикан маҳсуб хоҳад шуд.

Қобили ишора аст, ки бино ба бархе аз ахбор Обама  ҳамчунин қасд дорад то Волери Буман Ҷот мушовири худ, ки мутаваллиди Эрон дар Шероз астро дар ҷойгоҳе беш аз мушовир ва шояд узви кобинаи ҷадиди худ истифода намояд. Лекин ҷудо аз ин тахминҳо Обама, ки ҳануз аз гирдоби буҳрони молии Амрико хориҷ нашудааст ва қасд дорад бо авлавияти ҳалли масоили иқтисодии Амрико аз дарун ҳаракат намояд. Акнун бояд бубинад, ки бо чӣ сиёсати хориҷӣ ва дифоъӣ қасд дорад рафтори хориҷии Амрикоро сомон диҳад.

Обама, ки ба шиддат аз рафтори давлати Исроил нороҳат аст, аз суи дигар алоқаи вофире, ки Англия барои боқӣ мондани Амрико дар муодилоти Ховари миёна  аз худ нишон медиҳад ва ё интизоротеро, ки Русия барои инъитофи сиёсати мушакии Амрико дар Аврупо дорад ва ё нигаронии Чин  аз шитоби сиёсати осиёии Обама дорад ва ё наҳваи нигоҳи Амрико ё муодилаи Сурия ва чигунагии посух додан  ба роҳи ҳалли мавзуъи ҳастаии Эрон ва.. ҳамаи ин мавзуъот Обамаро водор мекунад,  то дар интихоби гузинаҳои худ диққати бештаре аз қабли худ нишон диҳад ва асли созгории сохтор бо аҳдофро дар назар дошта бошад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)