Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:02

Заминҳои «ғайриимкон» барои сохтмони манзили зист дар Кӯлоб

16 ноябр 2012, 05:00

Ҳарчанд аз Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавриди тақсимоти замин барои бунёди манзили зист зиёда аз 2-сол  гузашта бошад ҳам, аммо масъулин дар ҳукуматҳои маҳаллӣ то ҳанӯз наметавонанд ва ё намехоҳанд ин супориши Ҳукумати марказиро ба анҷом расонанд.

Бемасъулиятӣ ва коҳилии майдачиновникҳо бар он овардааст, ки дар музофот дигар мардум ба фармонҳои ҳукумат бовар надоранду гузашта аз ин фикру андешаҳои гуногун баровардан мекунанд. Ба ақидаи авом ва мушоҳидаҳо низ гувоҳи ин гуна гумонҳо мегарданд, дар аксари маврид тақсимоти замин барои сохтмони манзил ба таври ғайринавбатӣ ва бо истифода аз хешу таборбозиву коррупсия амалӣ мегарданд. Агар чунин нест, пас бо кадом иллат дар шаҳру навоҳӣ ва ҷамоатҳо тақрибан 50 фисад ва баъзан ҳатто аз он ҳам зиёд заминҳои ҷудогашта тақсим карда нашудаанд?

Танҳо дар навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, тибқи иттилои Тоҳир Саидов, раиси кумитаи заминсозии минтақа 4487-гектар замин барои сохтмони манзили зист ҷудо карда шуда буд. Ба гуфтаи ин масъул, аз ҳамин миқдор 3469-гектараш гӯё барои эҳтиёҷмандон ҷудо ва тақсим гардонда шудааст. Вале, боз ҳам ҷаноби Саидов муқобили гуфтаҳои худ иброз дошт, ки зиёда аз 40-ҳазор нафари аризадиҳанда дар ҳамаи шаҳру навоҳии минтақа ҳамагӣ танҳо 2999 эҳтиёҷманд бо сертификат ва қитъаи  замин таъмин гаштаанду бас: «Иллати асосии тақсим нагаштани заминҳои ҷудошуда дар беҳавсалагӣ ва коҳилии кормандони шуъбаҳои меъморӣ ва комисияҳои ҷамоатии навоҳӣ мебошад. Аз ҷониби дигар, ҳангоми ҷудо намудани замин барои бунёди манзили зист дар ҳамаи навоҳӣ ғайрипрофесионалӣ кор бурда шудааст.

Қитъаҳоро дар теппаҳои дур аз мавзеъҳои аҳолинишин, дар санглоху миёни теппаву дараҳо, дар мавзеъҳои хатарзои зери теппа ва дар сари роҳи селомад, ки ҳар лаҳза хавфи офати табиӣ таҳдид мекунад,  ҷудо намудаанд. Одамон ҳам барои бунёди хона дар ин мавзеъҳо худдорӣ мекунанд ва намераванд. Баъди хулосаи комиссияи махсус, қисмате аз заминҳо ғайриимкон эълом гаштанд. Аз ин ҷо, садҳо гектар замин ғайриимкон дониста шуд, ки мутаассифона дар онҳо сохтмони хона ва дигар иншоот комилан мамнуъ аст. Танҳо дар Кӯлоб 117-гектар, дар ноҳияи Ҳамадонӣ беш аз 11-гектар замин барои хонасозӣ баъди санҷиши комиссия аз дурнома бекор гардонда шуд. Ҳамин гуна  вазъият дар ҳамаи навоҳии минтақа мавҷуд аст».

Бубинед, инро касе, мегуфт, ки мутахассиси соҳа будаву сардории кумитаи заминсозиро дар ҳамаи минтақа бар дӯш дошт ва бегумон дар мавриди тақсимоти замин барои бунёди манзили зист бояд ҷавобгӯ мебуд.

Мантиқан, садҳо нафар аз эҳтиёҷмандон маҳрум аз қитъаҳои хонасозӣ гаштаанд. Ин дар ҳолест, ки дар ҳар хонадони тоҷик, ки ҳамагӣ 6-7 дарсад (сотих) замин дорад,  3-4-оила бо шумули беш аз 10-нафарӣ ба сар мебаранд.

Воқеан дар навоҳӣ барои хонасозӣ заминҳое ҷудо шудаанд, ки дар аксари маврид аз оддитарин сохторҳои коммуникатсионӣ маҳрум аст. Қисмати зиёди ин заминҳо дар талу теппа, заминҳои хушку лалмии садсолаҳо рӯйи обро надида, миёни дараву ҷарӣ, бе хати алоқаву барқу газу роҳи нақлиётгард ва дур аз минтақаи аҳолинишин будааст. Бо ин ҳама, ҳанӯз ҳам бо гузашти муддати зиёд аз супориши президент ва ҳукумати марказӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ  дар минтақа дар пайи иҷрои ин супоришу қарор тақрибан нестанд, зеро багумон дар боло ҳам аз ин амал дигар касеро парвое нест. Муҳим коғаз буду амру қарор. Дигар раият медонад бо оилаҳои зиёдашу кӯҳу пуштаву заминҳои лалмӣ.

Аслиддин Достиев, Кӯлоб












Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар нохияи восеъ дехаи кадучи замин барои сохтмони хона ба ахолии ниезманд кай таксим карда мешавад?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ман илтимос менамоям ки ба саволи ман кутох ва дакик чавоб дихед.Дар дехаи кадучии н- восеь замин ба ахолии ниезманд кай таксим мешавад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар дехаи кадучи замин кай таксим мешавад.илтимос кутох чавоб дихед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман ба рости аз ин чавоб он кадар каноатманд нагаштам .Чун ки ман мехохам донам ки кай таксимоти навбатии замини наздихавлиги ба рох монда мешавад.Агар таксимот шавад кай ?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!