Бахшҳо
16 ноя 2012 11:34Сиёсат

«Каппаи монополистон дуд мекунад»?

Барои ба эътидол овардани вазъи рақобат дар бозорҳои моли Тоҷикистон ҳукумат чун ҳамеша нахуст аз имконияти парлумон истифода кард. 8-уми ноябр вакилони парлумон тарҳи қонун «Дар бораи Рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол»-и кишварро қабул намуд.

Ҳукумат бозорро таҳти назорат гирифтанист

Қонуни мазкур аз ҷониби муовини аввали додситонии кулли кишвар Абдуқодир Муҳаммадиев муаррифӣ гардид. Ба гуфтаи номбурда сабаби аслии болоравии нархи маҳсулоти воридотӣ дар бозорҳои кишвар ин инҳисорӣ будани вуруди мавод мебошад. Ҷаноби Муҳаммадиев гуфт, ки умдатан воридоти инҳисории сӯзишворӣ дар бозори кишвар таъсири манфӣ расонидааст. Зеро ҳоло баъзе аз ширкатҳо ҳудуди 52 дарсади бозори сӯзишвориро дар ихтиёри худ гирифтаанд, ки ин ҳолат рақобати солимро аз байн мебарад. Номбурда зимни муаррифии пешнависи ин қонун дар парлумон гуфт, ки маҳдудсозии фаъолияти инҳисорӣ ва ба вуҷуд овардани шароит барои рақобати солим дар бозорҳои кишвар ва ба танзим даровардани нархи маҳсулот мусоидат хоҳад кард.

Бино бар натиҷаи пажӯҳиши Додситонии кулл, ки дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатии дахлдор анҷом додааст, иллати аслии болоравии нархи маҳсулот дар бозорҳо ин воридоти инҳисории сӯзишворӣ мебошад. Абдуқодир Муҳаммадиев, муовини аввали Додситони кулли кишвар дар шарҳи қонуни мазкур гуфт, ки қаблан ширкатҳое, ки ба воридот ва содироти мол дар кишвар машғуланд, новбаста аз намуди мол, ҳуқуқ барои аз худ кардани 50 дарсади ҳаҷми умумии бозорро дошта, онҳо ба феҳрасти субъектҳои ҳукмфармо ворид мешуданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба қонун «Дар бораи Рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» тағйирот ворид шуда, ҳамакнун ширкатҳо ҳуқуқ доранд танҳо 35 дарсади бозорро аз худ кунанд.

«Тағйироти мазкур бо мақсади нигоҳ доштани рақобат дар бозорҳои дохилии кишвар ворид карда шудааст. Барои мисол қаблан баъзе аз ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ ҳудуди 50 дарсади бозори дохилиро дар ихтиёр доштанд, ки ин имкони рақобат ва фаъолияти дигар ширкатҳоро маҳдуд мекард. Зеро на ҳамаи субектҳо имкони молии дар ин ҳаҷм тиҷорат карданро доранд», гуфт Абдуқодир Муҳаммадиев. Ба бовари номбурда ҳамакнун бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур субектҳо зиёд шуда, рақобати солим байни онҳо ба роҳ монда мешавад, ки ин кафили нархи дастрас ва сифати беҳтари мол мебошад.

Инҳисори бозорҳои Тоҷикистонро бо як қонун иваз кардан ғайриимкон аст

Маврид ба зикр аст, ки феълан ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» яке аз субектҳои бузурги воридкунандаи маводи сӯхт ба кишвар мебошад. Ба маълумоти масъулини омори кишвар дар соли 2011 ба Тоҷикистон 210 ҳазору 136 тонна бензин ворид шудааст, ки аз ин ҳисоб 51 дарсад ҳиссаи  ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» будааст.

Ҷаноби Муҳаммадиев гуфт, ки аз ин сабаб ширкатҳои дигари воридкунандаи сӯзишворӣ танҳо то 6 фисади бозорро дар ихтиёр дошта, имкони рақобати солим дар бозор набуд. Аммо коршиносон мегӯянд, ки ҳиссаи ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» дар бозорҳои кишвар 51 дарсадро ташкил надода, ниҳодҳои давлатӣ дар таҳлили ин масъала як каме муболиға кардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулини ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» аз шарҳи суоли чанд фоизи бозори  сӯзишвориро дар ихтиёр доштан , худдорӣ карданд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки аслан бозорҳои сӯзишворӣ ва ғизоӣ дар ихтиёр ва инҳисори пайвандони мансабдорон буда, бо ворид кардани тағйирот вазъиятиро иваз кардан имконнопазир аст. Дар ҳамин ҳол коршинос Раҳматулло Валиев мегӯяд, ки аслан болоравии нархи маҳсулот дар бозорҳоро давлатҳое метавонанд ҷилавгирӣ кунанд, ки дар он кишвар фазои озоди тиҷорат ҳукмфармост. Аммо дар Тоҷикистон на танҳо сӯзишворӣ, балки маҳсулоти ғизоие ба монанди орд, гӯшт, равған ва дигар маводи низёи мардум аз ҷониби тоҷирони наздик ба ҳукумат ва ё хонаводаи мансабдорон ворид мешавад.

«Бозорҳои дохилии кишвар аз ҷониби ҳамингуна тоҷирон инҳисор шудааст. Имрӯз ҳар фарде, ки воридоти маҳсулоти  зикр шуда машғул ҳаст, онҳоро ҳатман чеҳраҳои калидии ҳукумат дастгирӣ мекунад. Аз ин хотир бо қабули як қонун мо рақобати солимро дар тиҷорат ба вуҷуд оварда наметавонем. Вазъият танҳо дар ҳоле иваз мешавад, ки агар воридот ва содироти маҳсулот комилан дар ихтиёри соҳибкорони ботаҷриба ва болаёқат гузошта шавад», гуфт Раҳматулло Валиев.

Созмони ҷаҳонии тиҷорат ягона роҳи наҷоти инҳисори бозорҳои Тоҷикистон

Раҳматулло Валиев дар идома гуфт, ки аслан маҳз хешутаборчигӣ сабабгори аслии ба чунин шароит гирифтор шудани давлати Тоҷикистон мебошад. Зеро дар Тоҷикистон ба тиҷорати калон даст задани як соҳибкори оддӣ ва аммо ботаҷриба хеле вазнин аст. Одатан тиҷоратҳои калидӣ дар дасти афроде ҳастанд, ки ҳатман аз ҷониби ҳукуматдорон дастгирӣ мешаванд ва ё робитаи дигаре доранд.

Дар робита коршиносон мегӯянд, ки яке аз роҳи аз инҳисор озод кардани тиҷорат ва бозорҳои дохилии кишвар ин ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат мебошад. Чунки мутобиқ намудани вазъи иқтисод ва тиҷорат ба меъёр ва қоидаҳои муқарраршудаи давлатҳои пешрафта, яке аз шарти аслии ба даст овардани узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки ҳудуди 12 сол аст масъулини Тоҷикистон талош доранд, то узвияти кишварро дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат ба даст оранд. Коршиносон мегӯянд, ки иллати ба дарозо кашидани воридшавии Тоҷикистон ба созмони мазкур дар инҳисори тиҷорат аз ҷониби мансабдорон мебошад.

Ҳумайрои БАХТИЁР
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)