Бахшҳо
17 ноя 2012 05:34Сӯҳбати рӯз

С. Уразалиев: «… Ҳар вақте хоҳанд, моро фиреб медиҳанд»

Дар Тоҷикистон эътибори муҳорибаи бидуни қоида, ё ба истилоҳ навъи варзиши омехта миёни ҷавонон рӯз ба рӯз болотар меравад.Вале шояд на ҳамаи ҷавонони тоҷик аз мавҷуд будани як чунин ташкилоти варзишӣ ва ҷои машқи он хабар доранд. Аз ин рӯ, Озодагон тасмим гирифт, ки бо Саидалӣ Уразалиев, Президенти федератсияи миллии муҳорибаи омехтаи Тоҷикистон сӯҳбате анҷом бидиҳад, дар мавриди ҳадафу ҷойгоҳи ин намуди варзиш дар кишвар. Инак, фишурдаи мусоҳибаро ба шумо пешниҳод менамоем:

Озодагон: Муҳорибаи бидуни қоида (муҳорибаи омехта)  яъне чӣ? Ва он чанд сол боз дар Тоҷикистон роиҷ шуда?

Саидалӣ Уразалиев: Навъи варзиши муҳорибаи омехта аз 13-уми ноябри соли 2008 дар ҷумҳурӣ ташкил ва ба роҳ монда шудааст. Бояд бигӯям, ки он нисбат ба дигар намудҳои варзиш вазнинтар аст. Барои ҳамин варзишгарони тоҷик, ки дар ин риштаи варзиш тамрин мекунанд, чор сол дар ягон мусобиқаи байналмилалӣ ширкат накарда танҳо омодагӣ медиданд. Натиҷаи кори чорсолаи мо нишон дод, ки аллакай бархе аз варзишгарони мо аз рӯи ин намуди варзиш дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Аввалҳои моҳи ноябр дар Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба муҳорибаи бидуни қоида миёни варзишгарони шинохта ба хотираи кормандони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Олим Одинаев, Масабур Сатторов, Фаррух Зарифов, Зоиршо Қаландаров ва дигар кормандони сохторҳои қудратӣ, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ ҷони худро аз даст додаанд баргузор шуд. Дар ин мусобиқа варзишгарон дар ҳафт вазн қувваозмоӣ карданд. Ҳамин тариқ, Маҳмадуллои Искандар, ки ҳамагӣ 21 сол дорад, ғолиби мусобиқа эълон гардид. Ғайр аз ин бархе аз варзишгарони дигари мо низ дар рақобат бо ҳарифони пурқуввати худ, ки аз Русияву Қирғизистон буданд истодагарӣ намуда, дастболо шуданд.

Озодагон: Оё роҳандозӣ намудани муҳорибаи бидуни қоида дар Тоҷикистон зарурат дошт?

Саидалӣ Уразалиев: Бале. Ҳарчанд ташкил намудани ин намуди варзиш дар Тоҷикистон бисёр мушкил буд, вале ба ҳар сурат роҳандозӣ намудани ин намуди варзиш дар кишвар зарурат дошт ва саривақтӣ ҳам буд.

Озодагон: Ин идея аз ҷониби кӣ пешниҳод шуда буд, ки чунин як навъи варзиш роҳандозӣ карда шавад?

Саидалӣ Уразалиев: Ин идея аз ҷониби ман пешниҳод шуда буд, вале он замон барои ифтитоҳи Федератсияи миллии муҳорибаи омехта ҳам Вазорати адлия ва ҳам Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии кишвар иҷозат надода буданд, ки ин муҳорибаи ғайриқоидавӣ аст. Вале, ин муҳорибаи ғайриқоидавӣ нест, вақте муҳориба сурат мегирад ва довар дар он ҳузур дорад, пас ин навъи варзиш ғайриқоида нест. Ин намуди варзиш ҳам қоидаҳои хоси худро дорад.  

Озодагон: Мушаххастар мегуфтед, ки муҳорибаи омехта чӣ шарту қоидаҳо дорад?

Саидалӣ Уразалиев: Пеш аз ҳама бояд бигӯям, ки ин намуди варзиш ба саломатии варзишгарон ҳеч осеб намерасонад, вале нисбат ба дигар намудҳои варзиш вазнин аст. Лекин мисли дигар намудҳои варзиш қоидаҳову шартҳои худро дорад. Барои мисол, дар муҳорибаи омехта газидани ангушт, кофтани чашм, аз мӯи сари ҳариф кашидан, ба узвҳои мардонагӣ расидан, зарба аз паси сар манъ аст…

Озодагон: Шумораи тахминии онҳое, ки дар намуди муҳорибаи омехта тамрин мекунанд, чанд нафар мебошанд?

Саидалӣ Уразалиев: Ҳаводорони ин навъи варзиш рӯз аз рӯз зиёд шуда истодаанд.Дар маҷмӯъ, дар саросари кишвар ҳудуди 3000 нафар ҷавонон ба машқу тамрин машғуланд.

Озодагон: Чӣ бояд кард, то варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бештар пирӯз шаванд?

Саидалӣ Уразалиев: Барои ин пеш аз ҳама мутахассисони хуби соҳаро ба ин кор ҷалб намудан зарур аст.  Мо аллакай қарордод ба имзо расонидем, ки соли оянда мутахассисони русиягӣ ба Тоҷикистон омада, ба доварон ва варзишгарони мо семинарҳо мегузаранд. То  мо низ дар арсаи байналмиллалӣ доварони худро дошта бошем, ки дар хориҷ аз кишвар доварӣ кунанд. Бисёр маврид варзишгарони мо барои он дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ шикаст мехӯранд, ки мо дар арсаи байналмилалӣ доварони худӣ надорем. Барои ҳамин, дар ҳар ҳолат, ки хоҳанд моро фиреб медиҳанд.

Озодагон: Шароити тамрин барои варзишгарон дар кадом поя аст?

Саидалӣ Уразалиев: Варзишгарони мо дар толорҳои навбунёди варзишӣ тамрин мекунанд. Вобаста ба вазъи кунунии кишвар шароити тамрин барои варзишгарони мо он қадар бад нест.

Озодагон: Саволи охирин ва ҷамъбастӣ. Нақшаҳои баъдии шумо?

Саидалӣ Уразалиев: Нияту нақшаҳои мо дар оянда ин аст, ки ҳар чӣ бештар дар кишвар мусобиқаҳои ҷумҳуриявиро зиёд намоем, то ки варзишгарони мо обу тоб ёбанд, чун дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат мекунанду парчамбардори Тоҷикистон бошанд.

Мусоҳиб: Ибодуллоҳи ТОИР



Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)