Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:39

Асрори ба Хуҷанд бурдани маҳбусон

17 ноябр 2012, 05:20

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон бо пахши изҳороти бозе унвонии намояндаи комилҳуқуқи президенти дар Маҷлиси Олӣ, мушовири давлатӣ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Ҷумъахон Давлатов, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов, прокурори генералӣ Шерхон Салимзода ва ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода хостори расидагӣ ба сару садоҳо атрофии интиқоли як гурӯҳи маҳбусон аз шаҳри Душанбе ба Хуҷанд шудаанд.
«Бо дарназардошти арзиши олии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон қатъиян иброз менамоям, ки ҳеч як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ягон маврид ҳуқуқи истифодаи шиканҷа ва паст задани қадру қимати инсонро надорад». Муаллифон дар оғози изҳороти кушоди худ бо овардани ин нукта аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар, ки дар Рӯзи милиса баён кард, гуфтаанд, аз талошҳои давлат дар самти пешгириву манъи шиканҷа ва муносибати бераҳмона истиқбол мекунад, аммо боиси нигаронии ҷиддист, ки ҳанӯз ҳам аз маҳбусон ва хешовандони онҳо иттилоот дар бораи далелҳои истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони муассисаҳои ислоҳӣ нисбат ба маҳкумшудаҳо ворид мегарданд.

Сабаби аслии пахши изҳороти мазкур интиқоли 50 маҳкумшуда аз муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ ба муассисаи ислоҳии Я/С №3/3-и шаҳри Хуҷанд мебошад, ки ба қавли пайвандони онҳо бераҳмона латукӯб шудаанд.

“Рӯзи чоршанбе, 7-уми ноябр хешовандони маҳкумшудаҳо ба Прокуратураи генералӣ шикоят навишта, сипас ба аъзои Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон бо дархости мусоидат барои гузаронидани ташхиси судиву тиббӣ ва расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ муроҷиат карданд”,-омадааст дар изҳорот.  

Ба навиштаи муаллифон маҳбусон гуфтаанд, ки дар кадом асос ба маҳбаси маркази вилояти Суғд интиқол доданашонро касе барояшон шарҳ надодааст. Зимнан, Илҳом Маҳмудов, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ба «Азия-Плюс» гуфта буд, интиқоли маҳбусон тибқи чорабиниҳои нақшавӣ сурат пазируфтааст. Аммо хешовандони маҳбусон мегӯянд, дар ин бора онҳоро огоҳ накардаанд: «Барои аксар ин интиқол мушкилоти зиёд ба вуҷуд меорад, зеро онҳо дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи пойтахт зиндагӣ доранд”.

Хешовандони маҳкумшудаҳо мегӯянд, миёни маҳбусони интиқолшуда чор нафар шоҳидони қазияи марги Ҳамза Икромзода низ ҳастанд: “Эҳтимолан, номбурда рӯзи 20-уми сентябр дар муассисаи ислоҳии Я/С №3/1-и пойтахт бар асари шиканҷа фавтидааст”.

Маҳмурод Ризоев ба аъзои Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон гуфтааст, писараш Суннатулло Ризоев яке аз ин шоҳидон буда, нахуст дар муассисаи ислоҳии Я/С №3/1-и шаҳри Душанбе мавриди фишори кормандони он қарор гирифтааст ва сипас дар муассисаи ислоҳии Я/С №3/3-и шаҳри Хуҷанд бераҳмона латукӯб шудааст: «Ҳангоме ки муфаттишони парвандаи марги Икромзода ба муассиса омаданд, писари ман ошкоро изҳор дошт, ки бо чашмони худ дидааст, чӣ гуна Ҳамзаро то ҳалок шуданаш латукӯб кардаанд ва ӯ нишондоҳои худро иваз карданӣ нест», - гуфтааст падари маҳкумшуда.

Аммо ба иддаои муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия Илҳом Маҳмудов, чунин маълумот, ки маҳбусон барои ифшо нашудани ҳолатҳои марги Ҳамза Икромзода ба Хуҷанд интиқол гардидаанд, асоси воқеӣ надорад.

Муаллифони изҳорот аз маҳкумшудаҳо Илҳом Рустамов, Суннатулло Ризоев, Тоҷиддин Ризоев, Умед Холмуродов, Қайс Шарифов, Зоир Раҳматов, Садриддин Маҳмадов, Садриддин Тошев ном бурдаанд, ки ба Хуҷанд фиристода шудаанд.

-Бо дархости хешовандони маҳбусон, ҳуқуқшиносони ташкилотҳои узви Эътилоф манфиатҳои чанде аз маҳкумшудаҳои мазкурро ҳимоят мекунанд. 10-уми ноябри соли 2012 ҳимоятгари дафтари машварати ҳуқуқии №1-и шаҳри Хуҷанд, тобеи Коллегияи адвокатҳои вилояти Суғд, ки аз манфиатҳои Суннатулло Ризоев намояндагӣ мекунад, ба муассисаи ислоҳии Я/С №3/3 рафта, аз тариқи муроҷиати хаттӣ мулоқот бо зерҳимояашро дархост кард, вале бақайдгирии муроҷиати ӯро бо сабаби аз 5-уми ноябр эълон шудани карантин ва то кунун идома ёфтани он рад карданд. Кумитаи ҳуқуқи инсон дар Қайдҳои тартиби умумии худ ба моддаи 7-и Паймони байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ муқаррар кардааст, ки «набудани дастрасии таъхирнопазир ба ҳимоятгар ва хешовандон, инчунин нигаҳдории инсон бидуни робита бо ҷаҳони берун хавфи истифодаи шиканҷа нисбат ба ӯро ба миён оварда, аз ҷониби давлат бояд манъ карда шавад».

Дар поёни гузориш Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки бо назардошти:

- ӯҳдадориҳои байнулмилалии Тоҷикистон аз рӯйи Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф,

- изҳороти давлат дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ оид ба ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба амалисозии тавсияҳои ин Кумита, аз Ҳукумати кишвар тақозо мекунад:

- Дастрасии таъхирнопазири ҳимоятгарон ба маҳбусон бо мақсади пешниҳоди кӯмаки ҳуқуқии босифат ва намояндагӣ аз манфиатҳои онҳо таъмин карда шавад;

- Гурӯҳи корӣ аз шумори намояндагони Парлумон, Ҳукумат, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, аъзои Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ оид ба гузаронидани ташхисҳои судиву тиббӣ ва равоншиносӣ, инчунин нозирони САҲА ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ барои тафтиши мустақил, беғараз ва муассири қазияи муассисаи ислоҳии Я/С №3/3-и шаҳри Хуҷанд ташкил гардида, ба ин тариқ, «таҳаммулнопазирии комил» нисбат ба далелҳои шиканҷа дар кишвар зоҳир карда шавад.

Зери изҳороти боз аъзои Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон имзо гузоштаанд. Ин Эътилоф шомили ҳашт созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар назири Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро», Коллегияи адвокатҳои вилояти Суғд,

Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон, Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI», Ташкилотҳои ҷамъиятии «Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», «Лигаи занони ҳуқуқшиноси Тоҷикистон», «Маркази ҳуқуқи инсон»
ва Фонди ҷамъиятии «Нотабене» аст.

Воқеан, мавзӯи шиканҷа барои ҷомеаи Тоҷикистон ҷои дарднок аст. То имрӯз даҳҳо ҳолати истифодаи шиканҷа расонаӣ шудааст, аммо дар ҳама ҳолат мақомот мавҷудияти онро қатъиян рад мекунанд. Ҳамин марги мармузи Ҳамза Икромзода дар маҳбаси шаҳри Душанбе низ, ки овозааш то долонҳои баландтарин созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон расид, гӯйё пинаки касеро вайрон накард. Бо вуҷуди аксҳои бардоштаи хешовандони Ҳамза, ки дар он изҳои сухта ва озору шиканҷа намудор буд, мақомот эълон кард, ки ӯ худкушӣ кардааст.

Тоҷикистон танҳо дар як маврид барои истифодаи шиканҷа як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро муҷозот кард. Додгоҳи ноҳияи Ёвон бо эълони ҳукме Машраб Алиев, нозири минтақавии шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияро барои истифодаи шиканҷа муҷрим шинохта, ӯро 7 сол аз озодӣ маҳрум кард. Тибқи айби эълоншуда, ин нозири минтақавӣ 27-уми апрели соли 2012 ноболиғи 17 солаеро озору шиканҷа додааст.

Ахиран, дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар Женева баҳси шиканҷаву озор дар маҳбасу боздоштгоҳҳои Тоҷикистон баррасӣ шуд. Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон гузориши расмии ҳукумати Тоҷикистонро дар ин маврид ироа кард. ӯ гуфт,  дар Тоҷикистон ҳолатҳои ками шиканҷа ҷой дорад.

Шумо ба ин ҳарфҳо бовар мекунед?


Абдулазизи ВОСЕЪ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!