Бахшҳо
17 ноя 2012 07:08Гузориш

Ҳукумати Тоҷикистон бештар амал мекунад ё гап мезанад?

Озодагон ин ҳафта пурсишеро миёни соҳибназарон ва коршиносони кишвар матраҳ намуд, ки мӯҳтавои он дар мавриди кору амали Ҳукумати Тоҷикистон баҳс мекунад. Зимнан, ҳамкорони мо аз афроди касбу кори гуногун пурсиданд, ки:Ҳукумати Тоҷикистон бештар амал мекунад, ё гап мезанад?

Сайфулло САФАРОВ, муовини раиси МТС

Ба назари ман ҳукумати мо гап қариб намезанад. Фақат амал мекунад. Ин қадар корҳое, ки шудаанду мешаванд, чашми бинову гӯши шунаво доштагиҳо дидаву мешунаванд. Лекин ҷомеа ҳар қадар аз ҳукумат талаби кор кунад, ман хурсанд мешавам, зеро ин ёрдам ба миллат, давлат ва президент аст. Кӣ гуфт, ки оби гарму барқ ва газ бояд то имрӯз мешуданд? Газро кофта истодаанд, барои барқ ҳоло баҳсро тамом накардем бо ҳамсояхо, оби гарм дар қисми шаҳр ва ҷойҳои мухтор хоҳад шуд. Вале тамоми низоми таъмини оби гармро аз нав таъмир кардан ба назари ман имсол ҳам ношуданист. Ва агар касе ваъда дода бошад аз сиёсатшиносон не аз худи ваъда додагӣ пурсидан беҳтар аст.

Исмоил РАҲМАТОВ, коршиноси масоили сиёсӣ

Ваъдаи ҳукумат зиёдтар аст албатта. Ваъдаҳои бисёр ҳам аз тарафи ҳукумат ва ҳам аз тарафи раҳбарияти сиёсии давлат мебинем. Махсусан аз тариқи тиливизион ва расонаҳои хабарӣ, ки ба худи ҳукумат таъаллуқ доранд, гап зиёд асту кор маълум нест. Кор агар мебуд, бо мардум кор мекарданд. Вазъияти ҷумҳуриро бинед, тобистона коргарон хеста меранду зимистон меоянд, ҳамаашон беморанд. Ҳамаи инҳо аз кам будани фаъоляити ҳукумат шаҳодат медиҳад. Дар ҷумҳурии мо фақат гап асту аз ҳамин сабаб мардум сарсону саргардон ба Русия ва дигар кишварҳо мераванд. Сабаб дар он аст, ки мутахассисон дар сари қудрат нестанд. Агар мутахассисисони воқеӣ ва дилсуз дар сари вазорат бошанд, ҳар кореро, ки аз ӯҳдааш баромада натавонанд, истеъфо медиҳанд. Мутахассисин новобаста аз маҳаллу минтақа ва миллат бояд ба кор ҷалб шаванд. Беҳтарин мутахассисон дар байни миллатҳои дигар ҳастанд, ки ҷалб намешаванд. Мутахассисони ҳозира инкор мекунанд, ки ба чунин аҳволе расидаем. Дар ин 20 сол як насли нав ба воя расид, вале ҳамчунон ягон пешравӣ нест.

Амният АБДУНАЗАРОВ, муовини раиси ҲСДТ

Бояд бигӯям, ки ҳукумати Тоҷикистон фақат шиъорҳову даъватҳо дорад. То имрӯз амалан он созишномаҳое, ки байни кишварҳои мухталиф бастанд, ҳеч кадомашон амалӣ нашуданд. Борҳо гуфтанд, ки зимистон мардумро бо барқ таъмин мекунанд, вале нашуд. Мардум бо барқ таъмин нашудааст. Солҳои сол ба мо гуфтанд, ки об ҳаёт аст, об ҳаёт аст, вале моро на бо оби гарм ҳатто бо оби сард таъмин карда наметавонанд. Ба ҳамин хотир Тоҷикистон як кишвари шиъорпараст аст на корпараст. Мумкин баъди интихобот касе, ки президент нашавад, тавонад дар ҳукумат низоми муаянеро бароварад, то ба хотири миллат кор кунанд на ҳадафҳои шахсии худ. Имрӯз ҳукумат фақат шиъор мепартояду коре вуҷуд надорад, агар кор мебуд, шаҳрвандони кившар шаҳрвандии дигар кившарҳоро намегирифтанд. Кулли соҳибмансабоне, ки дар ҳукумат ҳастанд, аслан намояндагони як минтақаву ҳизбанд. Бинобарин ҳеч аз болои инҳо назорат намешавад. Вакилони мардумӣ, ки аслан вакилони мардумӣ набуда балки вакилони худи ҳамин ҳукуматанд. Низом нест ва назорат низ. Сиёстаи кадрӣ аз рӯи қобилияти корӣ бояд бошад на аз рӯи маҳаллу мансубият ба ҳизб. Ба ҳамин сабабҳо ваъда зиёд аст.

Абдуфаттоҳ ВОҲИДОВ, коршиноси масоили сиёсӣ

Ҳукумат дар маҷмӯъ як қисми ҷомеъа аст ва се шохаро фаро мегирад. Ҳукумати иҷроия, ҳукумати қонунгузор ва ҳукумати судӣ. Дар Тоҷикистон ҳарсеи ин шохаҳои ҳукумат мувофиқи иқтидор ва қобилияти худ фаъолият доранд. Одатан вақте ҳукумат мегӯянд дар назари аксари сокинони Тоҷикистон пеш аз ҳама ҳукумати иҷроия пеши назар ҷилвагар мегардад. Ҳукумати иҷроия бошад як механизми мураккабест, ки аз раиси ҷумҳур сар карда то раиси ҷамоатро дар бар мегирад. Маҳз ҳамин ҳукумат иҷрои ҳар гуна нақшаю барномаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба зимма дорад. Дар мамлакати мо дар раъси ҳукумат президенти мамлакат қарор дорад. Бинобар ин ҳар коре, ки аз номи ҳукумат анҷом мепазирад ҳатман дар симои президент таҷассум меёбад. Аз сӯи дигар ҳар нақшае, ки иҷро намешавад онро ҳам ба номи президент марбут медонанд. Аз ин рӯ нақши унсурҳои боқимондаи ҳукумати иҷроия дар иҷрои нақшаҳо ва барномаҳои давлатӣ як навъ дуюму сеюмдараҷа ба назар мерасанд. Илова бар ин, ҳар ҳукумат ҳамон кореро анҷом медиҳад, ки барои он иқтидор, яъне сарватҳои пулию молӣ, ақлонӣ, технологӣ ва ғайраҳо дорад. Агар масалан ҳукумати Тоҷикистон имконияти васеъи молиявӣ медошт, ҳаргиз нақшаи бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роѓун солҳо тӯл намекашид. Нимаи дуюми солҳои 90 асри гузашта ҳукумат барои аз ҳолати камбизоатӣ баровардани мардуми кишвар барномаи давлатии коҳиш додани сатҳи камбизоатиро ба роҳ андохт. Азбаски худи мо барои татбиқи ин барномаи бузург имконияти молиявӣ надоштем ҳукумат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуд. Дар натиҷа дар мамлакати мо ҳазорон манзили истиқоматии дар ҷанг харобгашта, садҳо мактаб, бунгоҳҳои тиббии деҳот, роҳҳо, хатҳои барқ ва ғайра бунёд гашт. Ин барнома то ҳол амал карда истодааст. Яъне аз он корҳое, ки иҷрои онҳо алҳол дар мамлакати мо идома доранд, хулоса кардан мумкин аст, ки ҳукумат амал карда истодааст. Ваъдаҳоро шояд ашхоси мансабдори алоҳидаи ҳукумат медиҳанд. Бигузор худи ҳамон ашхос онро иҷро кунанд. Ҳукумат тибқи рисолаташ, азбаски он мақоми дастҷамъона аст, бояд қарорҳои ба таври аниқ омӯхташуда қабул кунад, ки ба иҷрои онҳо худаш қодир бошад.

Раҳматулло ВАЛИЕВ, таҳлилгари масоили сиёсӣ

Барои ҳама маълум аст, ки ҳукумати Тоҷикистон зиёдтар ваъда медиҳаду гап мезанад ва амалаш кам аст. Чи тавре мегӯянд, воъизон, ки ҷилва дар минбар мекунанд, чун ба хилват мераванд, в-он кори дигар мекунанд. Дар минбарҳо бисёр корҳо мекунанд. Ҳатто ваъдаҳое буд, ки ҳозир мо бояд баъди 10 сол тамоми ҷумҳуриро пурра бо барқ таъмин мекардем. Чунин ваъдаҳо дар васоити ахбори оммаи ҳукуматӣ ва телевизион пурра буд. Тибқи ваъдаҳои онҳо имрӯз Тоҷикистон бояд яке аз давлатҳои пешқадами дунё мешуд. Мутаасифона аз аввал ин ваъдаҳо то имрӯз ҳама ваъда ҳасту халос. Он оморе, ки дар Тоҷикистон медиҳанд мабни бар ин ки фалон қадар картошкаву ғаллаву пиёзу сабзавот шуд, инҳо ҳам ваъда ва гапи холӣ асту асосе надорад. Ин чизҳои истеҳсолшуда дар Тоҷикистон бояд ба дирам бошад. На картошка ва на пиёзу дигар маҳсулотҳо бо сомонӣ набояд бошад. Мардум ҳам ба ин ваъдаҳои холии ҳукумат одат кардааст. Ин ваъдаҳо як ханда шудааст, ки мо инхел мекунему он хел. Ин мардум дигар ба ҳукумат бовар намекунад. Ҳукумат бо ин ваъдаҳои хушку холӣ мехоҳад, дили мардумро пур кунад, ки соли оянда хонаи шумо дар зимистон гарму равшан мешавад, то мардум дилгармие барои ояндаи худ пайдо кунад. Ҳукумати Тоҷикистон чунин давронеро, ки мардум бояд хуб зиндагӣ кунанду ба орзуҳои худ бирасанд, фароҳам карда наметавонад. Ин 20 сол ҳукмронии ҳукумат нишон дод, ки онҳо аз ӯҳдаи бисёр чизҳо намебароянд. Дар 20 сол мумкин буд, ки ақаллан дар зимистон хонаи мардумро бо равшанӣ таъмин созанд, бо сохтани нерӯгоҳҳо. Гузашта аз ин роҳҳои алтернативии зиёде барои таъмини мардум бо барқ ҳаст, вале мутаасифона ин корро накарданд. Аз Душанбе ним километр баромадан ҳама гуристон аст. Дар 20 сол кори асосӣ ҳамин бо равшаниву гармӣ таъмин намудани мардум буд, ки аз ӯҳдаи ин кор набаромаданд. Бо ҷои корӣ низ таъмин накарданд, зеро муҳоҷирати меҳнатӣ сол то сол дорад зиёд мешавад. Индикатор (шохис) - ҳое ҳаст, ки нишон медиҳад ояндаи Тоҷикистон чист ва масъулини ҳукумат аз ӯҳдаи ин кор баромада наметавонанд.

Сайидумар ҲУСАЙНӣ, муовини раиси ҲНИТ

Ҳукумат ҳам ваъда медиҳад ва ҳам амал мекунад. Қисме аз ваъдаҳояшро амалӣ гардонида метавонад ва қисми дигарашро наметавонад. Табиъати ҳар ҳукумате чунин аст. Ҳар ҳукумате, ки аз 80 дарсади ваъдаҳои додагияшро иҷро карда тавонаду 20 фоизи дигарашро не, метавон гуфт, ки ҳукумати муваффақ аст. як ҳукумате, ки танҳо 20 дарсади ваъдаҳояшро амалӣ кунаду 80 дарсадашро натавонад, ин ҳукумати номуваффақ мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон 80 дарсади ваъдаҳояшро амалӣ кардааст ё 20 фоизашро, инро санҷиш кардагӣ нестам ва наметавонам чизе гуфта дар ин маврид.

Исмоил ТАЛБАКОВ, муовини раиси ҲКТ

Ҳукумати Тоҷикистон аз ибтидои фаъолияти худ фақат амал карда истодааст. Чун агар фақат гап мезад, ба ин дастовардҳое, ки имрӯз ҳаст, намерасидем. Дар ҷарёни фаъолият на танҳо ҳукумат балки тамоми шохаҳои он ҳаракат мекунанд, то мақсаду аҳдофи худро амалӣ кунанд. Ҳолатҳое ҳам мешаванд, ки бо таъсири омилҳои дохиливу берунӣ инҳо иҷро намешаванд. Агар ҳама кор дар дунё ҳал мешуд, барвақт коммунизм мешуд. Ваъдаҳои додаи ҳукумати Тоҷикистон дар доираи барномаҳои тасдиқшуда ва қонунҳои мамлкунанда имрӯз рӯи кор омада истодааст. Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ баромад, ин албатта, ки амал аст. Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ эътироф карданд, ин амал аст. Миллиардҳо сармоя дорад ба кившар меояд, ин амал аст. Тоҷикистони пароканда имрӯз як воҳиди том аст, ваҳдати комил аст, волоияти қонун аст, риояи конститутсия аст. Инҳо нишонаи амал кардани ҳукумат аст.










Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)