Бахшҳо
21 ноя 2012 08:12Гузориш

Беэҳтиётии кафшергарон бойиси сӯхтори бозори «Ҷал-Ҷам»

Субҳи имрӯз тақрибан соатҳои 9-00 дар бозори калонтарини масолеҳи сохтмонии "Ҷал-Ҷам"-и пойтахт сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷа зиёда аз 20 дӯкони чубу тахта хароб гардид.

Ба гуфтаи соҳибкорони бозор сабаби асосии сар задани сӯхтор ин аст, ки дар мағозаи борҳои пластикӣ корҳои кафшергари идома дошт ва аз бе эҳтиёти алангаи оташ сар зад.

Дар ҷои ҳодиса 5 мошини сӯхторхомушкунӣ аз 4 ноҳияи пойтахт ҳузур доштанд ва сӯхторро тақрибан дар давоми 1,5 соат хомуш карданд.

Тоҷирони мағозаҳои сӯхташуда мегӯянд, ки аз 10 то 40 ҳазор доллари амрикоӣ хисорот дидаанд. Ба гуфтаи онҳо кулли масолеҳи сохтмонии дӯконҳояшон дигар қобили истифода нестанд.

Эҳтиром Юнусов, корманди маркази матбуотии Раёсати шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, ки дар давоми ним соат сӯхтор хомӯш шуда, бар асари ҳодиса танҳо ду дӯкон хисорот дидаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқӣ мушоҳида ва ҳамчунин шоҳидони ҳодиса бештар аз 20 дӯкон бар асари сӯхтор комилан хароб гардидааст. Эҳтиром Юнусов гуфт, ки талафоти ҷонӣ дар ин сӯхтор ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол яке аз тоҷири ин бозор, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, гуфт: «Ман дирӯз аз Туркия бори нав овардам. Аммо ин дарҳо ки нисфашон хокистар гаштааст дигар ба касе лозим нестанд. Нархи як дари овардаи ман ба ҳисоби миёна 200 доллари амрикоиро ташкил медиҳад».

Бояд гуфт, яке аз сабабҳои аслии сари вақт хомӯш намудани сӯхтор он буд, ки кормандони БДА ҳудуди 1км роҳи назди бозорро аз мошинҳо холи намуданд то сӯхторхомушкунанагон ва ёрии таъҷили ба ҷои ҳодиса бе мушкили расад. Таҳлилгарон мегӯянд, ки шояд масъулин аз сӯхтори бозори "Корвон", ки моҳи сентябр рух дода буд дарси ибрат гирифтаанд. Ёдовар мешавем, он замон мошинҳои сӯхторхомушкунӣ аз сабаби банд будани роҳҳо натавонистанд сари вақт бо ҷои ҳодиса ҳозир шаванд.

Кормандони Хадамаоти сӯхторхомушкунӣ аз додани иттилоъ худдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки баъди пурра ба анҷом расидани сӯхтор ва таҳлил ба суолҳои хабарнигорон ҷавоб мегӯянд.

Маврид ба зикр аст, ки 5-уми сентябри соли равон бар асари сӯхтор дар қисмати яклухтфурушии бозори «Корвон» 2 ҳазору 250 дӯкон, ки дар 5 гектар замин ҷойгир буданд, пурра оташ гирифтааст. Дар натиҷа як нафар ҳалок ва чор нафари дигар ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардоштанд.

Нилуфари Карим
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)