Бахшҳо
22 ноя 2012 10:57Гузориш

Ш.Зуҳуров: Ташрифи Путин ба Тоҷикистон ба раванди ҳамкориҳои мо такони тоза бахшид

Райиси МН, ки дар раъси як ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия қарор дорад, имрӯз бо Сергей Наришкин,раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия мулоқот кард.

Тибқи иттилои котиби матбуотии МН Муҳаммадато Султонов, муҳимтарин мавзӯъҳои гуфтугӯи байни роҳбарони парлумонҳои ду кишвар баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи Душанбе ва Маскав дар ҳамаи заминаҳо, бахусус ҳамкориҳои парлумонӣ, муносиботи дуҷониба дар чаҳорчӯбаи созмонҳои мухталифи минтақавию байналмилалӣ арзёбӣ мешавад. Қайд гардид, ки парлумони Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти беш аз 12 солаи худ тавонист дар миқёси байналмилалӣ ҳамчун парлумони муваффақ худро муаррифӣ кунад.

Ба сафари ахири президенти Русия ба Душанбе ишора карда, Зуҳуров гуфт: «Ташрифи ахири Владимир Путин ба Тоҷикистон, ки дар ҳошияи он як идда созишнома ва санадҳои муҳими ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расиданд, ба раванди таҳкими муносиботи байниҳамдигарии кишварҳои мо такони тоза бахшид». Райиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар идомаи сӯҳбаташ аз дастгирӣ ва пуштибонии Русия аз мавқеи кишвари мо дар миқёси байналмилалӣ изҳори қадрдонӣ намуда, ҳамзамон зикр кард, ки Тоҷикистон   Русияро муҳимтарин шарики стратегии худ дар сатҳи ҷаҳонӣ медонад ва барои ривоҷу равнақ ёфтани ҳамкориҳои хеш бо ин кишвари абарқудрати дунё дар ҳамаи соҳаҳо манфиатдор аст.

Ба қавли Зуҳуров, бо гузашти солҳои зиёде байни миллатхои тоҷику рус риштаҳои дӯстӣ ва хешовандӣ барқарор ва мустаҳкам гардидааст, ки фикр мекунам, ин ришта дар шароити имрӯза ба як занҷири мустаҳкаме табдил шудааст, ки ҳеҷ нерӯе наметавонад онро гусаста намояд. Номбурда пешниҳод кард, ки ҷиҳати татбиқ ва иҷрои Созишномаҳои ба имзорасидаи ду тараф дар бораи муҳоҷират рӯзҳои 22-23-юми ноябри соли ҷорӣ дар Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-умин нишасти гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия баргузор гардид.

Сергей Наришкин низ ба сатҳи ҳамкориҳои кишвараш бо Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла муносиботи байнипарлумонӣ баҳои баланд дода, ҳамзамон ба тақвияти ҳарчи бештари ин муносибот таъкид кард. Мавсуф изҳор намуд, ки Думаи давлатии Федератсияи Русия алоқаманди идомаи ҳамкориҳои ҳасана бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, хостори таҳкими беш аз пеши муносибот бо ин мақоми олии қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва сафари ахири Владимир Путин ба Душанбе   ба густариши минбаъдаи робитаҳои судманди ду кишвари дӯст дар тамоми заминаҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Таъкид гардид, ки имрӯз миёни Тоҷикистон ва минтақаҳои алоҳидаи Федератсияи Русия беш аз 75 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст ва дар соли 2011 64 воҳиди ҳудудии ин давлат бо кишвари мо амалиётҳои тиҷоратӣ анҷом додаанд. Фаъол гардидани филиали Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов ва Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Маскав ва омодагӣ ба ифтитоҳи филиали Донишкадаи энергетикии Маскав дар Тоҷикистон далели ба роҳ мондани равобити ҳасана миёни Душанбе ва Маскав дар бахши маориф мебошад.  
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)