Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:47

Ҳуқуқшинос: Тағйирот ба қонун як рукни демократия мебошад

23 ноябр 2012, 04:57

Воқеан, интихоботҳои мо чандон шаффоф нестанд. Вайронқунии қоидаҳо вуҷуд дорад, ҳам дар интихоботи вакилон, ҳам дар интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллию маҷлиси олӣ ва ҳам дар интихоботи президентӣ…

Чанде қабл Кумитаи Тадорукоти Эътилоф «Барои ислоҳоти демократии Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳоде дар мавриди ба матни Қонуни мазкур тағйироту иловаҳои ворид карданро ба Маҷлиси намояндагон ирсол намуданд.

Айни ҳол нусхаи ин санад ба Озодагон дастрас шудааст ва он аз баъзе пешниҳодҳо иборат аст. Тибқи ин санад «ислоҳотхоҳон» хостгори онанд, ки ба моддаи 13 пас аз ибораи «ва на камаш чор нафар аъзо», ба қисми 1 моддаи 15 пас аз ибораи «дар ҳайати 15-19 аъзо» ибораи «дар асоси намояндагии баробари ҳизбҳои сиёсие, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд», илова карда шавад.

Мувофиқи банди пешниҳоди дигари онҳо бояд аз қисми 1 моддаи 24 матни ин қисм пас аз ибораи «аз тарафи ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Қонун ба қайд гирифта шудаанд» ва қисми 4 – уми ҳамин модда хориҷ карда шавад. Ба қисми 1 моддаи 24 ибораи «Шаҳрвандони ғайриҳизбӣ низ ҳақ доранд, номзадии худро ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи ҳар ҳизби сиёсие, ки дар Вазорати адлияи ҶТ ба қайд гирифта шудааст, тибқи тартиби муқарраркардаи ин қонун, пешниҳод намоянд». Қисми 2 ва 3 моддаи 24 ба қисми 1 ҳамин модда мутобиқ карда шавад.

Инчунин мувофиқи банди 3-юми ҳамин пешниҳод бошад, бояд қисми 6 ва 7 моддаи 32 дар таҳрири зайл баён карда шаванд.

Қисми 6: «Натиҷаи ҳисобкунии овозҳо дарҳол пас аз анҷом додани он дар маҷлиси кушод ва оммавии комиссияи интихоботии участкавӣ муайян карда, ба протокол дохил карда мешавад. Протокол дар се нусха аз тарафи раис, муовини раис, котиб ва аъзоёни комиссия имзо карда мешавад ва як нусхаи он дарҳол дар ҳудуди комиссияи участкавӣ дар ҷойи намоён ва дастрас ба мӯҳлати се шабонарӯз овезон карда мешавад. Дигар нусхаи протокол ба комиссияи интихоботии ҳавзаи дахлдор ба тартибе, ки Комиссияи марказии интихобот оид ба интихоботи Президенти ҶТ муқаррар кардааст, фиристода мешавад. Нусхаи севвум ба хуҷҷатҳои истеҳсолии комиссияи участкавӣ замима карда мешавад.

Қисми 7: Раис, муовини раис ва котиби комиссияи участкавӣ вазифадор аст, ки нусхаи тасдиқшудаи протоколро ба ҳар нозири ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ватанӣ ва байналмилалӣ, шахсҳои боэътимоди номзад ба вазифаи Президенти ҶТ ва ВАО, ки тибқи қонуни мазкур аз ҷониби комиссияҳои интихоботӣ ба қайд гирифта шудаанд, дарҳол дастрас намоянд».

Чуноне дар боло зикр шуд, лоиҳаи пешниҳод ба Маҷлиси намояндагон аз ҷониби ду вакили Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ирсол гардидааст, аммо оё ин лоиҳаи пешниҳод ба муҳокимаи парлумон роҳ меёбад ё не? Ё аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон, ки аксар аъзои ҳизби ҳокиманд дарстгирӣ меёбад, ё не? Ин суолест, ки алҳол ҷавоб надорад ва интизори ҷавоб аст…

Дар ҳамин ҳол, Ашурбой Имомов, ҳуқуқшиноси варзидаи тоҷик бар ин назар аст, ки таклифҳое, ки пешниҳод шудаанд ислоҳот ба қонун гуфтан дуруст нест, ин тақлифҳо бо мақсади тағйироту илова даровардан ба қонун аст, ки дар таҷрибаи парлумонӣ хеле зиёд вомехӯрад. Ва дар парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр қонунҳо ҳастанд, ки мунтазам тағйироту иловаҳо ворид мекунанд. «Ҳамин таклифҳои ҳозир пешниҳодкардашуда аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ кайҳо боз пешниҳод карда мешаванд. Ду сол пеш дар ҷамъомадҳои оид ба такмили ҳам қонуни конститутсионӣ дар бораи интихоботи президентӣ иштирок карда будам. Дар ҳамон ҷо ҳамин таклифҳо садо дода буданд.

Ва ҳатто ҳамон вақт вакилоне, ки иштирок карда буданд, гуфтанд, ки ҳозир мо навишта ба қайд мегирему шумо расман пешниҳод кунед, агар ба парлумон роҳ ёбад, мо фикру андешаҳоямонро мегӯем».

Ба андешаи оқои Имомов, ҳадафи асосии таклифҳо ҳамин ҳам ҷилавгирӣ аз вайронкунонии қонунҳои гузаронидани интихобот ва аз ҳама муҳим натиҷаи интихобот мебошад.  

-Ҳизбҳои сиёсӣ албатта мехоҳанд, ки интихобот шаффоф бошад, чӣ хеле  ки қонун талаб мекунад. Натиҷаи он ба ҳама дастрас бошаду дар он ҷо ба ягон вайронкунӣ роҳ дода нашавад. Бо ин мақсад таклифҳо боз аз нав пешниҳод шуда бошанд, ба назари ман парлумон ба ин масъала ҷиддӣ муносибат кунад. Ва воқеан, интихобтҳои мо чандон шаффоф нестанд. Вайронқунии қоидаҳо вуҷуд дорад, ҳам дар интихоботи вакилон, ҳам дар интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллию маҷлиси олӣ ва ҳам дар интихоботи президентӣ,-мегӯяд ҳуқуқшинос.

Ба назари ин ҳуқуқшинос, бо мақсади боз ҳам демократикунонии қонунҳои интихобот зарур аст, ки онҳоро тағйир дод ва ислоҳот ворид кард.   

Нилуфари КАРИМ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!