Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 03:10

Раҳпойи волидайн. Ё бемеҳрии фарзандон

27 ноябр 2012, 11:02

Як мусиқӣ монед то рақс кунам ва ғуссаҳоям кам шаванд... Ин хоҳиши як зани қоматхамидаи 66-сола ба ҳангоми пешвоз гирифтани меҳмонон дар хонаи пиронсолони шаҳри Ваҳдат буд...

Меҳмонон бошанд, як гурӯҳ аз хатмкунандагони мактабҳои Амрико ва хабарнигорон буданд, ки барои дидорбинии барҷомондагон  ба хонаи пиронсолони шаҳри Ваҳдат рафта буданд. Мо дар ин ҷо бо Ирина Шерешкова, як бонуи солхӯрдаи рус, ки ҳафт сол боз умр ба сар мебарад, вохӯрдем.Холаи Ирина қаблан дар ансамбли рақсии «Зебо» фаъолият мекардаст. Гурӯҳи рақсие, ки на танҳо дар Тоҷикистон, ҳатто дар хориҷ ҳамагон шефтаи ҳунар ва зебоии ин гулдухтарон буданд, аммо ҳоло Ирина кунҷи хонаи пиронсолон ҳаёт мегузаронад. Ӯ аз вазъи модии хонаи пиронсолон ва нигоҳубин розӣ аст, аммо хотираҳои ҳаёти гузашта дар муқоиса бо имрӯз ӯро ранҷ медиҳанд.

“Ғамгин мешавам, ки қаблан чӣ хел будаму ҳоло чӣ хел шудам... Ман ду фарзанд дорам, духтарам 7 сол қабл аз Русия як миқдор маблағ равон карда буду гоҳ-гоҳ занг мезад. Баъди он ки малулам кард, гуфтам, ки дигар маро суроғ накун. Писарам дини исломро қабул карда дар масчидҳо азон мегӯяд. Вале шаш моҳ аст, ки ба дидорбиниам наомадааст... Ман ҳам модар доштам, то зинда буданаш ӯро нигоҳубин карда будам. Аз ҳар ташкилот маҳсулоти рузғор меоранд аз ҳамаи чиз таъмин ҳастем, аммо аз оила, ки дур ҳастам, ягон чӣ ба ёдам намерасад».

Писаронро ҳама бадхоҳӣ падар мебинам....

Аммо сарнавишти ҳамсӯҳбати дигари мо аз аввалӣ фарқ дорад. Ин мард мегӯяд, ки 7 сол қабл фарзандонашро ба Русия фиристодааст, бинобар камбуди шароит ба хонаи пиронсолон омадааст. Ҳамсӯҳбати мо, ки худро сокини шаҳри Душанбе муаррифӣ кард, мегӯяд, завҷаи аввалааш дар хонаи пиронсолон вафот кардааст ва маротибаи дуввум ин ҷо бо зани танҳое хонадор шудааст. Аммо аз фарзандонаш бошад, то ҳол дараке нест.

Дар ҳоле, ки Ирина Шерешкова аз вазъи хуби маводи ғизоӣ сӯҳбат мекард, аммо иддаи дигар баръакс аз камбуди маводи ғизоӣ изҳори нигаронӣ мекарданд.

Баъди шунидани сарнавишти талхи ҳамсӯҳбатон ғазали Ҳофизи Шерозӣ  “....духтаронро ҷанг асту ҷидол бо модар, писаронро ҳама бадхоҳи падар мебинам...” ба ёдам омад.

Саъдулло Муродови 76 -сола, ки худро сокини Оби Гарм мегӯяд, ки 2 сол дар сохтмони НОБ-и Роғун фаъолият кардааст. Соҳиби панҷ фарзанд буда , 10 сол пеш аз завҷааш ҷудо шуда, фарзандонаш ӯро аз пеш кардаанд. Дар инҷо бо зани дигар оила барпо карда зиндагӣ мекунад: «Мо пир шудаем, хӯрокҳои барои сину соли мо лозим ин ҷо намепаазанд. Ҳамааш боднок аст, ки ба саломатии мо зарар дорад. Аммо инро ба кӣ гӯем? Фарзандон хабар намегиранд, беморем. Табобат мекунанд, укол.

Оилаам низ бемор аст. Зиёд ғами фарзандоша мехӯрад, меҳнати чандсолаашро келинаш соҳиб шуда, ӯро аз хонааш пеш кардааст. Илтимос, ҳамин камбудиҳои моро ба калонҳо расонед. Аз ҳукумат меоянд, худашон ҳал мекунанд аз мо ягон чиз намепурсанд».

Сачоқҳоро пора карда ба мо доданд

Як ҳамсӯҳбати мо гуфт, ки чанд рӯз қабл аз як ташкилот ба мо сачоқҳои калон оварда буданд, аммо онҳоро ба мо надоданд. Як сачоқро чанд бӯлак карда тақсим карданд, ки корношоям шуд. Ман аз хӯрокҳои ин ҷо даст кашидаам, кадуро хӯрок мепазанд, аммо хуб тайёр мекунанд.  Худам барои моҳқапӣ шаст тайёр карда, ба бозор бурда мефӯрушам. Хамаи чиро гуфта намешавад, ҳаминашдам шукрона карда мегардем, ҳар нафарро Худо худаш тавфиқ тияд».

Дар рафти таҳқиқи ҳаёти пиронсолон ба мо маълум шуд, ки маҳсулоте, ки барои онҳо аз дигар корхонаҳо ҳамчун кӯмак мефиристанд ба бозор бо нархи арзон дохил карда мешавад. Дар инҷо, бо фарқ аз мардуми маҳаллӣ теъдоди пиронсолони русзабон зиёд ҳастанд.  Ҳар яке қисаҳои худро аз гардиши чархи фалак доранд.

Аммо як ҳамшираи шафқат, корманди хонаи пиронсолони шаҳри Ваҳдат, ин ҳамаро рад кард ва гуфт, ки “хӯрду хурокашон хуб аст. Бештари аз онҳо аз фикри зиёд бо ҳар касалиҳо гирифтор мешаванд. Онҳоро низ фаҳмидан мумкин».

Ҳикматулло Аминов, роҳбари хонаи пиронсолони шаҳри Ваҳдат бошад, аз нӯшидани машруботи спиртии пиронсолон шикоят кард. Ба қавли вай, “ҳамаи инҳо менӯшанд, чизе, ки барояшон меоранд, фурӯхта шароб мехаранд. Кадоме аз онҳоро назорат мекунӣ. Душвор аст бо онҳо кор кардан. Якбора аз фики онҳо хулоса баровардан мумкин нест. То ҷашни Наврӯз  мо кушиш дорем, ба бинои нав гузарем, дар он ҷо боз шароитҳо хуб мешавад».

Маҳфилҳои фарҳангӣ маҳдуданд, чаро?

Пиронсолоне, ки ин ҷо ба сар мебаранд, афсӯс мехӯранд, ки маҳфилҳои фарҳангӣ доир намешавад то онҳо ҳам заҳри ранҷу афсурдагиҳои худро бароранд.  Муҳит барои онҳо аз лиҳози фароғат маҳдуд аст, ин ҳам дар ҳоле ки барои чунин муҳит ё табақаи ҷомеа маҳз барномаҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ хеле муҳим ҳастанд ва як ҷузъи табаоти онҳост аз лиҳози маънавӣ. Баъди шунидани сарнавишти талхи ин пиронсолон маълум шуд, аксариятро доғи бемеҳрии фарзандон дар нисбати волидайн ба ин ҷо овардааст.

Ин ҷо аз сини 45 то 80 сола марду зан парасторӣ мешавад. Аммо онҳое, ки сини пойинтаранд, яъне ҷавонтар ба бемориҳои равонӣ гирифторанд. Иддаи дигар аз бемеҳрии фарзандон ва афсурдагӣ ба бемории равонӣ гирифтор шудаанд. Ба гуфти роҳбарият, онҳое ки ин ҷо бандагӣ мекунанд, дар қабристони наздики маҳалла ҷаноза мешаванд. Русзабонҳо ҳам, дар қабристони мусалмонон ҷаноза мешаванд.  

Маврид ба зикр аст, ки ҳар яке аз ин пиронсолон пеш дар корхонаҳои давлатӣ фаъолият кардаанд  ва нафақа низ мегиранд, ки давлат барои нигоҳубин 90 фоиз аз нафақаи онҳоро мегирад. Ба онҳо ҳамагӣ 10 фоизи нафақаашон мемонад.  Чеҳраҳои онҳо бо ҳам монанд аст, мӯҳтоҷи роҳати пирӣ, меҳри фарзанд, чашмҳо ба роҳ чор буда дар интизори пайвандон, қомати хамидаи мӯҳтоҷ ба асо, ва.... ёрмандии ҳамаи МО, аз ҷумла Давлат ҳам...

Нилуфари КАРИМ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!