Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:32

Арабистон-дучори мушкил ва шикофи дарунӣ

28 ноябр 2012, 10:20

Арабистон, ки муддаъии раҳбарии ҷаҳони араб аст, дар ҷанги 8 рўзаи Ғаза вокунише дархур ва шоиста надошт ва танҳо ба судури баёнияе иттико кард….

Ҳамзамон, бо оғози ҳаводиси  Ғаза раҳбарони кишварҳои минтақа мавҷе аз ҳамдардиро бо мардуми Фаластин оғоз карданд ва ҳатто бархе аз кишварҳо, ки бо Исроил робита низ доштанд, ҳамалоти тундеро алайҳи Тел -Авив ба далели ҳамла ба Ғаза оғоз карданд.

Миср дар аввалин гом бо интиқод аз иқдомоти ҷангталабонаи режими саҳюнистӣ сафири худро аз Тел- Авив фаро хонд ва нахуствазирро барои чанд соат ба Ғаза фиристод.

Туркия низ дар зоҳир ҳамалоти лафзии худро бо таъхир пас аз Қоҳира баён кард, Қатар ҳам дар иттиҳодияи араб хостори таваққуфи даргирӣ ва поёни муҳосираи Ғаза шуд, аммо дар миёни ин ҷанги лафзӣ, кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс аз ҷумла Арабистон, Баҳрайн ва Кувайт нисбат ба ин таҳаввулот сукут ихтиёр карданд.

Кувайт, ки ба далели мушкилоти дохилӣ ба сукут иктифо кард, Баҳрайн ҳам, ки ба далели эътирозоти дохилӣ ба мардум иҷозаи баргузории тазоҳурот дар ҳамалоти Ғазаро надод, вале дар ин миён баҳс дар бораи мавзеъи Арабистон амре мутафовит аст. Риёз дар сеюмин рўзи даргирӣ ва дар авҷи ҳамалот танҳо ба ин баёния иктифо кард, ки ду тараф оқилона рафтор кунанд ва ҳатто аз тарафи саҳюнистӣ ба далели ҳамалот ба Ғаза интиқоде содда ва зоҳирӣ низ накард. Ин дар ҳолест, ки Арабистон, ки дар собиқаи таърихии худ дар даҳаи 70 раҳбарии таҳримҳои  нафтӣ алайҳи Исроил Кипурро дошта ва ҳамеша талош карда дар масири музокирот созиш бо ҳимоят аз Ташкилоти худгардон ибтикори амалро дар музокирот созиш дошта бошанд, ин бор сукут кард

Арабистон муддаъии раҳбарии ҷаҳони араб ва ҷаҳони Ислом аст, вале дар тўли ҷанги 8- рўза ҳеч вокунише надошт ва танҳо назорагари такопуи дигар қудратҳои минтақа буд.

Ин масъала аз се дидгоҳи дохилӣ, минтақаӣ ва байналмилалӣ қобили баррасӣ аст.

Аввал: Дар сатҳи дохилӣ. Имруза Арабистон дучори мушкилот ва шикофи дарунӣ аст. Режими ҳоким дар Арабистон обистани таҳаввулоти зиёде аст ва дигар хабар аз чеҳраҳои сиёсии таъсиргузоре чун шоҳзодаи Ноюф, Малик Файсал ва Абдуллоҳ нест, ки доиядори ибтикори амал дар ҷаҳони араб бошанд. Шоҳзодаҳои ҷадид ғолибан нигарон ҳастанд, ки бо мавзеъгирӣ алайҳи Амрико ё Исроил дар масири тақсими қудрат дар Арабистон пас аз Абдуллоҳ ҳимояти Вашингтонро аз даст бидиҳад.

Ҳамчунин, ихтилофот боис шуда то раванди тасмимгирӣ дар сиёсатҳои хориҷии Арабистон дучори ихтилол шавад ва ҳукумат натавонад мавзеъи маҳкам иттихоз кунад.

Шоҳзодаҳо дар масири интиқоли қудрат аз насли дуюми Оли Сауд ва ба насли сеюм чунон шадид аст, ки таҳаввулоти минтақаӣ низ ҷаззобияти худро шояд барои саудиҳо аз даст додааст.

Дуюм: Дар сатҳи минтақаӣ низ Арабистон пас аз оғози инқилобҳои арабӣ ва аз даст додани муттаҳиди стратегии худи Миср, худро дар муқобили Эрон ва Туркия  ва дигар қудратҳои минтақа танҳо мебинад, аз ин рӯ талош мекунад то ҳамкории амниятӣ бо Амрико ва Исроилро барои мувозинасозӣ иртиқо диҳад. Коршиносони сиёсӣ ва расонаҳои хабарӣ борҳо аз афзоиши иртиботҳои пинҳонии Тел -Авив ва Риёз дар тай чанд соли ахир хабар доданд, ки авҷи он баҳс иҷозаи истифода аз ҳарими ҳавоии Арабистон ба ҷангандаҳои Исроил барои ҳадаф қарор додани эҳтимолии Эрон ва ҳамкориҳои иттилоотӣ байни Тел-Авив ва Риёз барои таваққуфи барномаҳои ҳастаии ҷумҳурии исломӣ будааст.

Сеюм : Дар сатҳи байналмилалӣ низ Арабистон алоқае надорад, то бо мавзеъгирӣ алайҳи Исроил лобии саҳюнизм дар Амрикоро алайҳи худ барангезад, ё Кохи Сафедро аз мавозеъи худ нигарон кунад, то аз ин тариқ нишон диҳад муттаҳиде қобили эътимод барои Вашингтон дар тамоми фаслҳо аст.

Ин ки кадом як аз маворид далели аслӣ аст, ҷои баҳс ва мушкофии бештаре дорад, вале он чӣ возеҳ аст, Арабистон монанди солҳои даҳаи 70 ва 80 мелодӣ дорои тавони бозигарӣ нест ва  бо гузари замон дучори уфт дар бозии сиёсии худ шудааст ва танҳо ба пайравӣ аз сиёсатҳои Амрико ва ҳатто дунболаравӣ аз Қатар ё Туркия иктифо мекунад ва ахиран низ бо вуруди пурранги Миср дар минтақа нақши Риёз комилан ба ҳошия рафтааст.

Манбаъ: Хабаргузории Форс


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!