Бахшҳо
07 дек 2012 06:36Иҷтимоӣ

Фишоре, ки ронандаҳоро ба фирор водоштааст

Талаби ҳуҷҷатҳои зиёд дар фаъолияти ронандаҳои мошинҳои мусофиркашонии хатсайри самти шаҳри Ваҳдат мушкили ҷиддӣ эҷод кардааст. Ин мушкил онҳоро дар дуроҳаи интихоб қарор додааст: Ё баланд бардоштани нархи роҳкиро ва ё тарки кишвар ба хотири муҳоҷират ба Русия.Даҳҳо ронандаи ин хатсайр бо чунин мазмун ба мо муроҷиат карданд. Ин ронандаҳо мегӯянд, ҳоло барои ворид шудан ба як ширкати нақлиётӣ ҳуҷҷатҳои зиёде, ки замони шуравӣ аслан мавҷуд набуд, талаб мешавад.

Ё Исохон Саидов ҳам "доля" мегирад?

Коре, ки фоидааш сифр аст

Саидвалӣ Муҳсинов, ронандаи мошини мавсум ба "Газел" бо собиқаи 36 соли корӣ, ки ҳоло дар асоси шартнома бо ширкати нақлиётии "Самара" фаъолият дорад, мегӯяд, дар шуравӣ пули ронандагӣ барои рузгордорӣ кофӣ буд. Ҳоло вазъ комилан дигар шудааст. Роҳҳои ноҳамвор мошинро зуд-зуд таъмирталаб мекунад, ки ҳатто барои таъмираш қарз мепурсад. Аз сӯйи дигар андоз барои ҳуҷҷатҳои гуногун талаб мешавад, ки даромади як ронандаро ба сифр баробар мекунад.

-  Бубинед, ронандаҳо танҳо барои ҳуҷҷати техникӣ 100 доллар месупоранд. 2 сол кабл ин маблағ 34 сомониро ташкил медод. Патент низ қаблан 60 сомонӣ буд, ҳоло бошад, 134 сомониро ташкил медиҳад. Иҷозатномаи Хадамоти нақлиёти шаҳр низ пештар 60 сомонӣ буд, акнун ба 120 сомонӣ расидааст. Рақами зард 175 сомонӣ, экология 6 моҳа 12 сомонӣ, акти газ 100 сомонӣ. Сертификати сифати техникӣ, ки солҳои шуравӣ тамоман вуҷуд надошт, ҳоло барои гирифтанаш 34 сомонӣ месупорем. Як сол қабл ин ҳуҷҷат 18 сомонӣ арзиш дошт. Дигар фоида ҳеҷ аст,-мегӯяд ӯ.  

Протоколе, ки ронандаҳоро ба Русия мегурезонад

Саидвалӣ хуб дарк мекунад, ки супурдани андоз ба давлат муҳим аст, аммо ӯ мегӯяд, бояд давлат даромад аз фаъолияти онҳоро низ ба назар гирифта, баъдан дар самти андозбандӣ тасмим бигирад. Ба қавли вай дар сурати поин будани нархи патенту дигар навъи андозҳо ҳам мардум манфиат мебинад, ҳам давлат ва ҳам онҳо.

Саидвалӣ ягона ронандае нест, ки аз ин мушкилиҳо лаб ба шикоят мекушояд. Теъдоди онҳо ба даҳҳо мерасад. Ин ронандаҳо ҳамчунин аз гирифтани иҷозатнома барои фаъолият дар хатсайр низ норизо ҳастанд ва онро кори такрорӣ меноманд. Ба гуфтаи онҳо ба ҷамъияте вобастагӣ доранд, ки худи ҳамин ҷамъият аллакай барои фаъолият намуданаш иҷозатнома гирифтааст ва дигар ҳоҷати дубора гирифтани он нест.

Аммо чизи аз ҳама нигаронкунанда барои ронандаҳо тайи 5 моҳи охир аз ҷониби масъулини хадамоти нақлиёт зуд-зуд бо баҳонаҳои баҳудаву беҳуда протокол шуданашон аст. Аз ин рӯ, онҳо кор дар Русияро авлотар медонанд. Мегӯянд, аз чунин фаъолияти бесуд хаста шудаанд.

"Намехоҳам як умр азоб кашам"

Боғигул Партоева, директори ҷСК "Самара" низ дар суҳбат бо мо мавҷуд будани чунин мушкилоти ронандаҳоро тасдиқ карданд, аммо гуфтанд, ки дар илоҷи он бечораанд.

- Кори мо бо ронандаҳо тариқи шартнома сурат мегирад ва шартҳое доранд, ки танҳо танзимро тақозо мекунанд. Яъне, ҳамеша ронандаҳоямонро мефаҳмонам, ки аз терминалҳои муқарраргардидаашон истифода кунанд. Хилофи қонун ба ҷое вориди пойтахт ё ягон хатсайри дигар нашаванд. Чунки мо як ширкате ҳастем, ки талаботи асосӣ доштани таҷрибаи ронандагӣ аст ва тамоми ҳуҷҷатҳое, ки аз мо талаб мешавад, мо аз онҳо талаб мекунем. Зиёд ва кам талаб кардани ҳуҷҷат аз мо ягон вобастагӣ  надорад. Онро аз масъулини ин мақомот пурсед. Мо барои сари вақт баромадан ба хатсайр ва додани роҳхат масъулем, ки барои он ронандаҳо 17 сомонӣ дар як моҳ ба хазинаи ширкат месупоранд. Масалан, рақами зард доштан, ин як меъёри муқаррарист, ки бе он ҳуқуқи иҷозати ронандаҳо ба хатсайрро надорем. Танҳо ҳамин сол 1,160 ронандаи мо рақами сафеди маъмулиро ба  ТТ  иваз карданд,- ба муроҷиати мо посух доданд, масъулини ширкат.

Вале Баҳодур Нуралиев, як ронандаи нақлиёти мусофиркаш мегӯяд, ӯ дафъаи охир  барои ташхиси техникӣ 500 сомонӣ супорид. Баҳодур қаблан дар Федератсияи Русия мардикорӣ кардааст, ҳоло бошад, дар хатсайри "Боғи шаҳр"-и шаҳри Ваҳдат ба мусофирон хизмат мекунад.
ӯ гуфт: "Аз як тараф фишори рӯзгор аз тарафи дигар баланд шудани нархи ҳуҷҷатҳо ва зиёд шудани онҳо қомати моро хам мекунад. Ба гайр аз ин барои мо хӯрдану пӯшидан лозим. Фарзандонро ба воя расондан даркор. Бе меҳнат ҳеч чиз ба даст намеояд. Ман албатта  намехоҳам, ки тамоми умрам фақат бо ранҷу азоб гузарад. Мехохам ба мардумам хизмат кунам, вале ин ҳам лоаақал каме арзиш дошта бошад".

"Ҳаққи БДА" дарди сари дигар

Як ронандаи дигар аз ҳамин минтақа, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт ба замми ҳамаи ин мушкилот боз ҳар рӯз дар хатсайрҳо "ҳақ"-и кормандони БДА ва нозирони Хадамоти давлатии назорат ва танзимро медиҳанд, ки ҳангоми дидани ҳуҷҷатҳо ба ҳар баҳонае пул талаб мекунанд:

- Ман 10 сол аст ронандаам ва ҳамеша ҳуҷҷатҳоям ба талабот ҷавобгӯ  аст, аммо аз он дар ҳайратам, ки ин ҳам БДА-ро қонеъ намекунад. Шабона чун ҳамеша аз роҳи бозгашт  ба хона меравам ва чун мусофир надорам, рости гап, бо роҳҳои пинҳонӣ мегузарам, то кормандони БДА маро набинанд. Агар хоҳанд дар як рӯз даҳ маротиба туро манъ мекунанду "дастфишорӣ" мекунанд, ки ҳеч маъно надорад.

Дар ҳамин ҳол, масъулини хадамоти нақлиётии шаҳри Душанбе дар посух ба иддаои ронандаҳо гуфтанд, ки варақаи назоратӣ дар шаш моҳ 160 сомониро ташкил медиҳад, ки "он қадар вазнин нест".

Гирифтани маблағи зиёдатиро Исохон Саидов, сардори шӯъбаи назорати техникии РБДА ВКД ҶТ инкор мекунад.

- Вобаста ба қувваи муҳаррик, ки ба қувваи кашиши асп чен шудааст, аз ҳар як кувваи асп 25 сомонӣ маблағ андоз месупоранд. Маслан, муҳарик 4 қувваи кашиши асп дошта бошад, 100  сомонӣ месупорад. Иҷозати истифода аз роҳ бошад, 5 сомону 81 дирамро ташкил медиҳад. Барои варақаи талон 6 сомонӣ маблағ месупоранд. Акти газ бошад 42 сомонист,-мегӯяд, сардори ин шӯъба.

Вале ронадаҳои хатсайри Ваҳдат аз посухи Исохон Саидов дар ҳайрат монданд ва мегӯянд, бори аввал аст, ки онҳо мешунаванд, ки акти газ чунин нарх доштааст, зеро онҳо барои ин беш аз 100 сомонӣ месупоранд.

Убайдулло Раҳмонов, муовини раиси БДА мегӯяд, шояд онҳоро касе фиреб диҳад. Ба гуфтаи вай "бори дигар хотирнишон мекунам, ки нархи аслии рақамҳои зард 114  сомониро ташкил медиҳад ва набояд ронандаҳо аз ин бештар маблағ супоранд. Хизматрасонии БДА бошад, 14, 52 дирам аст".

Аммо бисёри ронандаҳо сахтгирона ва ҳарруза ҷамъоварии маблағҳои "давлатӣ"- ро аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим иҷрои нақшаи корие медонанд, ки берун аз тавони ронандаҳо аст.

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)