Бахшҳо

Гаҳвораи мо аз осмон наомадааст

Мусоҳиба бо Умаралӣ  Қувватов, роҳбари "Гурӯҳи 24"
-Чанд рӯз қабл Шумо дар нишасте дар парлумони Иттиҳоди Аврупо      ширкат доштед. Дар ин нишаст перомуни кадом масоил сӯҳбатҳо баргузор шуданд?

Мо бо дархости  намояндагони парлумони Иттиҳоди Аврупо дар Русия ба як нишаст даъват шуда будем. Он ҷо бештар перомуни риоя нашудани ҳуқуқи  инсон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон сӯҳбат кардем. Фикр мекунам баъди баромаду суҳбати мо назари намояндагони парлумони Иттиҳоди Аврупо нисбати равандҳои сиёсии Тоҷикистон иваз шуд. Онҳо дар тааҷҷуб шуданд, ки чанде пеш Омбудсмени тоҷик, ки низ бо онҳо дидору гуфтугӯ доштааст ин равандҳоро ба таври тамоман дигар шарҳу тавзеҳ  кардааст. Мо вазифадор шудем, ки дар робита ба он чи ки суҳбат кардем, яъне нақзи пайвастаи ҳуқуқи инсон аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ, аз қабили кушта шудани маҳбусон дар зиндонҳо, мавридҳои худкушии шаҳрвандон, ки ҳамасола дар ҳоли зиёдшавист, бадрафторӣ ва  шиканҷаи кормандони мақомоти қудратӣ нисбати афроди гумонбар ва маҳкумшудаҳо, салби озодиҳои диниву сиёсӣ, сонсури матбуот, адами додгоҳи мустақил, фишор болои аҳзоби мухолиф ва дигарандешон, таъқиб барои ақида ва густариши фасод дар мақомоти давлатӣ, интихоботҳои ғайришаффоф ва пур аз тақаллуб ва ғайра асноду далелҳоро ҷамъоварӣ ва таҳия карда ба нишасти навбатӣ, ки қарор аст дар ин моҳ дар Страссбург баргузор гардад, пешниҳод  намоем. Бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ аз воқеиятҳои Тоҷикистон, аз он ки ин кишвар зери бори як сиёсати худкомаву тоталитарӣ қарор дорад, огаҳ бишавад. Чун мардуми тоҷик низ ин ҳуқуқро дорад, ки барои мисол як олмонӣ, як маҷор ва ё як франсуз ва ё як турк дар ватани худ дорад. Ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои раҳоӣ аз ин мушкилот кӯмак ва мусоидат намояд.

-Ҳоло сару садоҳо зиёд ба гӯш мерасад, ки қотилони зархарид барои нобуд кардани бархе аз мухолифини низоми ҳоким истихдом шудаанд. Гуфта мешавад дар байни ин афрод номи Шумо ва Додоҷони Атовулло дар ҷойи аввал аст?

Бале, мо низ чунин овозаҳоро зиёд мешунавем. Аммо нигарон нестем ва аслан  набояд аз ин дар ҳайрат буд, зеро яке аз вижагиҳои режимҳои диктотурӣ саркӯбӣ ва хафақони нафарони мухолиф мебошад. Агар гумон бар он дошта бошед, ки роҳбарони оппозисиони пешин, шахсиятҳои бузурге чун Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва ё Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, ки сутунҳои сулҳу ваҳдати кишвар буданд ва аз фаъолияту ҳаракати онҳо манфиати зиёд ба миллат мерасид, ба марги худ аз дунё рафтаанд, иштибоҳ кардаед. Чанде қабл зархаридон талош карданд, то рӯзноманигори шинохтаи тоҷик ва раҳбари ҷунбиши "Ватандор"Додоҷони Атовуллоро бо зарбаи корд аз байн бубаранд, вале бо хости Худои бузург ба нияти шум ва нопоки худ нарасиданд.

Ба ростӣ дар солҳои пеш вақте аз нашрияҳо хабарҳоро дар мавриди лату кӯби рӯзноманигорон мехондам, шубҳа доштам, ки онҳоро аз рӯи заказ ва махсус зада бошанд. Бар ин ақида будам, ки рӯзноманигорҳо ҳангома месозанд. Ҳарчанд дар аксҳои нашрияҳо сару сурати зарбхӯрдаи онҳоро медидам, аммо мегуфтам хуб шояд ин ҳодисаҳо  ба сиёсат ва мақому мансабдоре тааллуқ надорад. Аммо баъди суханрониҳову сӯҳбатҳоям аз тариқи телевизион ва нашрияҳо ин ҳама фишору таҳдидҳоро ба ҷони худам эҳсос  кардам, яқинам шуд, ки аз ифшои сухани ҳақ сахт метарсанд. Дар воқеъ хабар дорем, ки барои нобуд кардани мо киҳо ва чаро ба ин кор сафарбар шудаанду барои иҷрои ин ҷиноят чи миқдор маблағ ба онҳо пешниҳод шудааст. Аммо Худо гувоҳ аст, ки мо омодаи ҳар гуна бархурд ҳастем. Чун хуб медонем, ки роҳи мубориза ҳамин аст. Ва ҳеч тарсу ваҳме аз ин надорем. Паси кадом деворе пинҳон нахоҳем шуд. Ин роҳро ихтиёрӣ, огоҳона ва довталабона баргузидаем ва аз ибтидо тасмими худро барои қурбон шудан дар ин роҳ гирифта будем, зеро озодӣ ҳама вақт қурбонӣ талаб  мекунад. Ва он бузургоне, ки номашонро пештар зикр кардем, дар ҳамин роҳи озодии мардум шаҳид ва қурбон шудаанд. Мо озодиро барои мардумамон ва худамон хоҳем гирифт ва гумон мекунам на танҳо мо, хелеҳо дар ин роҳ қурбон мешаванд то мардум ва миллат озод гардад.

-Барои ҳимоят ва ҳифзи худ чӣ чораҳо андешида истодаед?

Аслан  ҳеч  чора  намеандешем. Мо пеш аз он ки ба мубориза оғоз бахшем таваккул ба Худо кардем. Мо дар роҳи рост ва дар роҳи ҳақ ҳастем ва умедамон ба ӯ аст, ки ростравон ва ҳақгӯёнро аз бадхоҳон ҳифз хоҳад кард. Боз ҳам мегӯям, ки гаҳвораи мо аз осмон наомадааст, ки дар мубориза паси деворро ихтиёр намоем. Чуноне, ки Саъдии бузургвор мефармояд:

Агар теғи олам биҷунбад зи ҷой,
Набурад рагеро нахоҳад Худой.


Мо таваккулро ба ӯ кардаему омодаи ҳама чи ва ҳар ончием, ки дар сарнавиштамон аз азал навиштааст. Аз дигар сӯ умедворем баъд аз он ки зархаридҳо "муваффақ" ба  анҷоми "фармоиш" шуданд, мардуми Тоҷикистон  бедор мегарданду барои озодии худ алайҳи вазъияте, ки 20 сол аст бо бебарқию сардию торикӣ ва муҳоҷирати ҷабрӣ, ҳайсият ва шарафи инсонии моро зери по кардааст, садо баланд хоҳанд  кард.  

-Шунидем, ки талош доранд Шуморо дубора баргардонанд. Мисле, ки  бо  Шумо музокирот идома дорад

Оре, аз ин пешниҳодҳо ба ман ва дигар дӯстоне, ки ҳамроҳи  моянд  зиёд  шуда  истодааст, вале  мо  хуб  медонем, ки  ин ҳама аз ҳиллаҳои сиёсие барои нобуд  сохтани мо беш нестанд. Оё  касе аз дигарандешон ва мухолифини низоми мавҷуда  бовар  кардаву ба Тоҷикистон баргашта ҷон ба саломат бурдааст? Ҳаргиз  на. Магар мо сарнавишти касонеро, ки соли 1997 сулҳ карда ба ватан баргаштанд, намебинему намедонем, ки бо чӣ рӯзу рӯзгоре печидаанд? Нисфе аз онҳо мисли раҳбари Ҳизби демократ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров умри азизи худро фақат ба хотири он ки муддаии курсии раёсати ҷумҳурӣ шуд, пушти миллаҳои зиндон сипарӣ хоҳанд кард. Бархе ҳам ба мисли Мирзои Зиё куштаву маҳв карда шуданд. Сиёсатмадори тавоно Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ба ҳошия ронда шудааст. Мо ҳам мехостем, ки муборизаи сиёсиро дар ватани худ пеш барем, вале ончуноне мебинед чунин имкон вуҷуд надорад ва замонати зинда мондани мо ҳам мавҷуд нест. Тасаввур кунед, ки ҳоло мо танҳо ду намоянда бо дидгоҳҳои мухолиф дар маҷлиси кишвар дорему ба сари онҳо чи балоҳое оварда истодаанд. Танҳо ба хотири як ҳарфи Муҳиддин  Кабирӣ,  ки "дарахтҳои шаҳри  Душанберо набуред" нафари дуввуми низоми ҳоким ҷаноби Маҳмадсаид Убайдуллоев ӯро ба суд кашида аст. Вақте тоқати шунидани камтарин интиқодро  надоранд, чӣ гуна метавон ба ин режим бовар кард?

Музокироти шумо бо "К+" чӣ шуд? Минбаъд бо ширкати шумо барномаҳо нашр мешавад? Дуруст аст, ки ҳукумат барои ҷилавгирӣ аз идомаи суҳбатҳои Шумо ба ин шабака пул пешниҳод кардааст?

Гуфтугӯ бо "К+" давом дорад ва мо ҳанӯз гуфта наметавонем, ки чи натиҷа хоҳад  дод. Дар ҳақиқат ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарияти ин ширкати телевизионӣ танҳо ба хотири он ки ман ва Додоҷон Атовуллоевро нишон надиҳад 1 миллион доллар ҷудо карда ва бо онҳо шартнома баста аст. Бубинед, ки кишвар дар кадом вазъу ҳол қарор дораду  аммо пулҳои бо сад азоб ҷамъкардаи мардум  барои чӣ корҳое  сарф мешавад? Бо 1 миллион доллар мушкили ҳазорҳо мардуми муҳтоҷу нодорро метавон ҳал кард. Мешуд корхонае бунёд кард, ки дар он чандин  нафар ҷои кор пайдо намояду аз ғуломӣ дар Русия озод шавад. Вале  ҳукуматро парвои ин мардуми ниёзманду муҳтоҷ нест ва ин ҷо ҳадаф аз масрафи 1 миллион доллар ҷилавгирӣ аз суҳбатҳои фошкунандае аст, ки мустақим ба нафарони маълум дахл хоҳад дошт. Ва ин суҳбатҳо симои воқеии онҳоеро, ки аз минбару маҷлисҳо як гап мезананду дар асл кори дигар доранд, фош мекард. Ин ҳам дар ҳолест, хеле ҷаҳду талош доранд, ки мардум симои ҳақиқии онҳоро набинад ва нафаҳмад.

-Фикр мекунед ҳукумат чаро ба ин кор даст задааст? Яъне ин ба он маъност, ки  аз ҳарфи росту дуруст тарсиданд, мардум ба ҳарфу гуфтаҳои Шумо эътимод ҳосил кардааст?

Пештар ҳам гуфта будем, ки ҷонибдорон ва ҳаводорони "Гурӯҳи 24" дар дохили кишвар барои бедории мардум ва расонидани сухани ҳақ фаъолият карда истодаанд. Мо аз вазъи сиёсию иқтисодии кишвар огаҳии комил дорем. Мардум низ ба суҳбатҳои мо таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд, имрӯзҳо тавассути шабакаҳои  иҷтимоӣ ва сайти "Гурӯҳи 24" суолҳои зиёде медиҳанд. Ва иртиботу алоқа миёни мо ва мардум, ки муштоқи таҳаввул ва дигаргунист, барқарор ва рӯз ба рӯз тақвият ва густариш пайдо мекунад. Албатта, аз ҳолати карахтӣ ва бетафовутӣ берун омадани мардум ва беш аз пеш фаъол шудани ҷомеаро мушовирин ва мутасаддиёни низоми ҳоким эҳсос мекунанд ва бо ҳар роҳу васила талош мекунанд, ки ҷилави ин корҳоро бигиранд. Чун дар баробари он сӯҳбат ва баромадҳои ифшокунанда ва ошкоро ҳарфе барои рад кардан надоранд. Хуб, дигар чун соли оянда соли интихобот аст, ин гуна бархурдҳо бештар хоҳад шуд. Аммо ман мутмаин ҳастам, ин навбат ғайримумкин аст, ки обро ба ин роҳатӣ ва осонӣ лой кард ва моҳӣ гирифт. Ҳоло бо он ки Фейсбукро мебанданд ва ё бо шабакаи "К+" вориди муомила мешаванд, наметавонанд пеши роҳи нашру пахши иттиллоъро бигиранд. Ҳазорҳо роҳу василаи дарёфти иттиллоъро имрӯз мардум дорад. Агар ҳама корҳо, ҳама ҳаракату талошҳо, ҳама ҳарфу сӯҳбатҳо бидуни риё ва дурӯғ буда бошад, чӣ ҳоҷат аст, ки пули калон доду шарт гузошт, ки ба фалониҳо имкони баромад кардан надиҳед?

-Дар яке аз суҳбатҳо аз тариқи "К+" гуфта шуд, ки мухолифин аз ҷумла Шумо аз болои ҳукумати Тоҷикистон ба Додгоҳи ҷиноии СММ муроҷиат карданиед ва дар ин замина асноду далоил ҳам дар даст доред. Манзуратон чӣ аст?

Бале, мадраку ҳуҷҷатҳо зиёд аст. Қисме аз ин аснодро ҳанӯз шодравон Рустам Файзиев, муовини марҳум Султон Қувватов, раиси Ҳизби сабтиномнашудаи "Тараққиёт" омода карда будааст, ки ба дасти мо расид ва вакилони мо аллакай  ин мадорикро дар дастрасии ин Маҳкамаи байналмилалӣ қарор додаанд. Як бахше  аз ин санадҳо ҳолатҳои зиёди қатлу куштори мардуми бегуноҳ дар давоми  солҳои 1992 то 1997, яъне замони ҷанги дохилиро фаро мегирад, ки одамон танҳо ба хотири мансубияташон ба маҳалҳои муайян, дар мавзеъҳои хориҷ аз минтақаи ҷанг куштаву нобуд карда шудаанд. Аксу наворҳое ҳам дар ин аснод замима шудааст, ки даст доштани шахсҳои алоҳидаро дар ин ҳама ҷиноёт шаҳодат медиҳад.  Ман дар ин бора зиёд гуфтан намехоҳам. Вале як нуктаи дигаре, ки дар ин аснод изофа шуд ҳаводиси ахири Бадахшон аст. Умедворам дар наздиктарин фурсат мо ҷавобро аз ин додгоҳ хоҳем гирифт ва сипас метавонем ин ҳама санадҳоро ба мардуми азизи Тоҷикистон  пешниҳод намоем.      

-Соли оянда дар кишвар интихоботи президентӣ доир мешавад. Шумо ба унвони номзад дар интихоботи президентӣ ширкат карданӣ ҳастед?

Ман бар ин назарам, ки ширкат дар ин интихобот мисли интихоботҳои пешин танҳо сарфи беҳудаи вақту маблағ мебошад. Чаро? Зеро интихоботҳои пешина исботи онанд, ки низоми ҳоким омода нест каси дигареро хубтару беҳтар аз ӯ дар баробари худ бубинад. Ҳамин аст, ки то ҳол касе доир ба иштирокаш ба ҳайси номзад дар интихобот садо баланд накардааст, зеро имкон дорад он нафарро несту нобуд кунанд. Мардуми Тоҷикистон ва худи масъулини ҳукумат ҳам шоҳид буданд, ки дар интихоботи парлумонии соли 2010 Ҳизби наҳзати исломӣ овози зиёди мардумро гирифт, аммо натиҷа ҳамоне монд, ки ҳукумат мехост. Парлумони Тоҷикистон  аз ҳоло даҳҳо баҳона пеш оварда истодааст, то аҳамияти лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи президентиро камранг нишон дода ва дар ниҳоят онро қабул накунад.

Аз он ки ҳизби ҳоким асоси ин парлумонро ташкил додааст ба хубӣ дарк мекунад, ки асл ва мабнои сиёсаташ бар дурӯғ сохта шудааст ва бо ислоҳи қонун, ки шаффофияти интихобот тазмин ва таъмин мешавад, ин хоначаи картонӣ аз байн меравад, пас чӣ гуна онҳо метавонанд нафари дигари шоистаеро дар паҳлуи номзади сазовори худ роҳ диҳанд? Мо мутмаинем, ки дар чунин шароит ширкат дар интихобот фоида нахоҳад дошт. Мавқеи қувваҳои оппозисиюни тоҷик дар хориҷа минҷумла "Гурӯҳи 24" ин аст ки интихобот баъди истеъфои ҳукумати феълӣ баргузор шавад ва танҳо дар ин ҳолат он метавонад шаффоф сурат бигирад. Мо тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳем дод, ки ҳамчунин шароит фароҳам шавад, то нафарони шоиста, ки ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар шуморашон зиёд аст, тавонанд дар ин сабқати интихоботӣ нерӯи худро биозмоянд.   


Раҳими Исматулло,
махсус барои  "Озодагон"
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)