Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:07

Баҳси «гарму хунук» дар Хоҷа Обигарм

8 декабр 2012, 06:14

Аз нақлиёти сабукрав 20 сомонӣ ва аз автомашинаҳои боркаш то 50 сомонӣ маблағ меситонанд. Симхорхоро гиред, гуфтанд, гирифтем, чорвоятонро нест кунен, гуфтанд, нест кардем, боз имрӯз омада обамонро қатъ карданд. Мо чӣ хел зиндагӣ кунем…

7-уми декабр, тақрибан сотҳои 2-30 дақиқа зиёда аз 150 нафар сокинони деҳаи «Хоҷа Обигарм»-и ноҳияи Варзоб дар назди осоишгоҳи деҳаи мазкур даст ба эътироз заданд.

Ҳадафу сабаби ин норизогӣ ин буд, ки дар фасли зимистон роҳбарияти осоишгоҳи «Хоҷа Обигарм» қубурҳои оби гарми табииро, ки чандин солҳо хонаҳои онҳоро гарм мекунад бурида партофтаст. Аз ин кори роҳбарият хонаҳои онҳо сард шуда, кӯдакону пиронсолон ба касалиҳо дучор шуда истодаанд.

Сокинон мегӯянд,  Сулаймон Давлатов моҳи марти соли ҷорӣ вазифаи роҳбари осошгоҳро ба дӯш гирифта, то ҳол онҳоро аз чанд чиз маҳрум кардааст. Аз ҷумла, зиёда аз 5 чойхонаҳои сокинонро, ки зиндагиашон аз даромади чойхонаҳо буд, ба хок яксон намуда, роҳи мошингардро баста, чанд тан аз кормандони осоишгоҳро, ки сокинони деҳаи мазкур мебошанд аз кор хориҷ намудааст.

Дар назди осоигоҳи «Хоҷа Обигарм» меҳмонхонаи «Сароб» воқеъ аст, ки ин меҳмонхона низ аз оби гарми табиӣ, ки бо гармии 96 градус аз зери замин берун мебарояд, истифода мебарад. Бинобар сабаби шароити хуб доштани меҳмонхонаи мазкур мизоҷонаш зиёд аст. Сокинон инчунин афзуданд, ки роҳбарияти осоишгоҳи мазкур бо меҳмонхонаи «Сароб» рақобат намуда, ба ҳамин сабаб мехоҳанд обро қатъ намояд.  

Ҷавоне аз шумули сокинони деҳа, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, мегӯяд: «Ҳамаи мардуми мо дар осоишгоҳи Хоҷа Обигарм фаъолият кардаанд, аз ҳисоби оби гарми табиӣ мардум дар фасли зимистон гарм мешуданд. Барои меҳмонхонаи «Сароб» бисёр заҳмат кашидаанд, шароиташ хело хуб аст зиёда аз 20 нафар сокинони деҳа дар он ҷо карда, маоши хуб низ мегиранд. Меҳмонон на танҳо аз кишвар, ҳатто аз давлатҳои хориҷа низ барои истироҳат меоянд. Ҳатто мансабдорон омада семинарҳо гузаронда истироҳат мекунанд,  аз ҷониби ягон мизоҷон шикоят нашудааст».

Ҳукумати кишвар барои сокинон аз болои осоишгоҳ замини корам дода, ки барои пайдо кардани ризқи хонаводагиашон кӯмак мекунад, аммо имсол имкони киштрог надоштанд. Мӯсафеди нуроние ба сӯҳбат ҳамроҳ шуда, иброз дошт, ки дар деҳа 32 сол боз зиндагӣ мекунам, дар маҷмӯъ беш аз 40 сол мешавад, ки ронанда будам: «Дар болои деҳа дар назидикии заминҳои корам нуқтаи нигаҳдоранда (пост) насб намудаанд. Мақсади асосии насб намуданаш дар он буд, ки мардум ҳезум ва чорвояшонро аз ин ҷо нагузаронанд».  Ба гуфтаи ӯ, миёни русто ва заминҳои корам, пост гузошта, аз соҳибони нақлиёти сабукрав 20 сомонӣ ва аз автомашинаҳои боркаш то 50 сомонӣ маблағ меситониданд. «Ба болои ин намемонанд, ки молу чорвоямонро гузаронем, аз назди хонаҳоятон симхорхоро гиред, гуфтанд, гирифтем, чорвоятонро нест кунен, гуфтанд, нест кардем, боз имрӯз омада обамонро қатъ карданд. Мо чӣ хел зиндагӣ кунем, дар шаҳр набошем, ки бо ягон роҳи дигар зиндагиамонро пеш барем…».  

Деҳаи Ҳоҷа Обигарм 89 хоҷагӣ дорад, ки дар он тақрибан 1000 нафар сокинон зиндагӣ мекунанд. Қисми зиёди онҳо дар осоишгоҳ фаъолият карда истодаанд. Биноҳои истиқоматӣ 30 сол пеш барои кормандони осоишгоҳи мазкур сохта шуда, оби гарми табиӣ низ дар ҳамон замон ба хонаҳо гузаронида шудааст.

Аслам Одинаев, муаллими мактаби № 4-и деҳаи мазкур бар ин назар аст, ки «Оби гарм то ҳол барои ҳамаи аҳолӣ ва осоишгоҳ мерасид, ҳатто зиёдатӣ буд. Ягон имконият  ба ғайр аз об барои гарм кардани хонаҳо нест, чун хонаҳои Хоҷа Обигарм аз масолеҳи чуб сохта шудааст. Роҳбарияти осоишгоҳ пешниҳод намудаанд, ки печкаҳои барқӣ ва аловӣ гузоред. Агар мо ин намуд печкаҳоро гузорем, хеле хатарнок аст. Дар як рӯз хонаҳои мо метавонад хокистар шавад. Хонаҳо дар як рӯз хеле сард шудаанд, кӯдакон ба беморӣ печидаанд. Қубурҳоро буридаанд ваоби гарм бефоида дар даруни канал рафта истодааст, аммо ба хонаҳои мардум не».

Устоди мактаби миёна мегӯяд: «То ҳамин сол  ягон мушкилӣ надоштем, ҳамаи проблемаҳо баъди иваз шудани роҳбари осоишгоҳ шурӯъ шуд. Дар синфхонаҳо аз 20 нафар талаба ҳамагӣ 14 нафар ба дарс меоянд, ки ин ҳамааш ба сард будани хонаҳо рабт дорад. Талабагон ҳамаашон бемор шуда истодаанд».   

Ба қавли муаллим Одинаев, пас аз он ки парвариши чорворо барои онҳо манъ карданд,   кудаконашон бе ширу маҳсулоти ширӣ монданд. Онҳо чанд маротиба ба ҳукумати ноҳия муроҷиат кардаанд, аммо бенатиҷа. «Ман имконияте надорам, ки барои 1 литр шир ба Душанбе рафта, аз он ҷо барои кӯдаконам шир харида биёям. Чорво барои мо на танҳо шир, балки гӯшт ва чанд маҳсулоти хомро медод, ки барои гузаронидани зиндагиамон басанда буд».

Нисо Бобоева, як зани дигар, ки дар осоишгоҳ тариқи шартнома кор мекард, чор моҳ боз бе ҷои кор ва шуғли доимӣ буда, дар хона бекор нишастааст ва ягон нафаре надорад, ки барои гузаронидани зиндагиашон кор кунанд. Пештар кормандони осоишгоҳ бе шартнома фаъолият мекарданд, тӯли як сол мешавад, ки танҳо тариқи шартнома кор мекунанд: «Роҳбарияти осоишгоҳ аз номи президент баромад карда мегӯяд, ки агар кор накунед, хонаҳоятонро мегирем. Мо аз соати 7-и субҳ то соати 9-и шаб кор мекардем. Шароити зиндагиам вазнин аст, писарам кор мекард ҳоло кор надорад, маро низ аз кор ҷавоб доданд, дар як хона зиндагӣ мекунем, ҳам рузу рӯзғорамон мондагию ҳам ҳудамон зиндагӣ мекунем. Мана ҳеч бовариам намеояд, ки президент чунин суханҳо кунаду барои мардум чунин корро раво бинад»

Холаи Бибинор низ дар деҳа чойхонае дошт, ки баъд аз иваз шудани роҳбарият ӯ ҳам аз чойхонааш маҳурм гаштааст. Ӯ афзуд: «Шавҳари ман инвалид аст, ман чойхонаро ба чӣ азобҳое ки сохтаам, чанд маротиба роҳбарони осоишгоҳ омаданду маро гуфтанд, ки чойхонаамро канда партоям, розӣ нашудам. Пешниҳод кардам, ки фоидаи гирифтаамро 80 фоизашро ба онҳо медиҳаму 20 фоизашро худам мегирам, ба ҳамин ҳам розӣ нашуданд. 22 сол дар  ҳамин ҷо кор мекардам, барои он ки чойхонаамро накандам, ба кор дигар даъват накарданд. Оқибат аз ҳукумати ноҳия ваъда карданд, ки ҷуброни чойхонаро месупорем. Чойхонаамро ба хок яксон карданду на ҷуброн доданду на ягон чизи дигар. Шавҳари инвалидамро ахмақ кардаанд, имрӯз биёю пагоҳ биё, гуфта».

Нозук Саидова, яке аз дигар занҳои эътирозгар гуфт, ки чанд маротиба назди роҳбарияти осоишгоҳ даромадааст ва маротибаи охире, ки назди Абдусалом Қурбонов, як масъули сохтмонии иншооти назди президент даромадааст, ӯро аз он ҷо пеш кардаанд, боз онҳо аз номи президегнт сухан мекунанд: «Ба прокуратура занг занед, ин беваро омада баранд. Мо президентро дар телевизор мебинем, ғамхори халқ мегӯянд, фахр мекунем, надонистем, ки ҳуқуқи худамонро дар ҷои худамон чунин поймол мекунанд. Акнун ман аз ташхиси духтур мегузараму инҳоро ба суд медиҳам, инҳо маро заданд».

Кулли сокинони рустои Хоҷа Обигарм дар назди дарвозаи осоишгоҳ ҷамъ шуда, назди роҳбарияти он даромаданӣ буданд, аммо масъулин ҳозир нашуданд, ки онҳоро қабул кунанд ва касе аз намояндаи эшон ҳам ба назди аҳолӣ набаромад. Нозирони минтақавӣ бошанд, дарҳоро посбонӣ намуда, касеро иҷозаи вуруд намедоданд. Як корманди мақомот бошад, ба зане таҳдид карда: «Ин коратонро бас кунед, ду рӯз пас оби дидаатон дар параи рӯятон мара илтиҷо мекунед, ки наҷотатон диҳам»…
Баҳси сокинон бо масъулин осоишгоҳ идома дора два ба назар мерасад, ки он дар рӯзҳои наздик ба охир намерасад. Шояд ҳукумати Варзоб ва масъулини баландпояи ҳукумати марказӣ битавонанд масъаларо ба нафъи мардум ҳал кунанд, агар дарвоқеъ инро хоҳанд…?

Нилуфари КАРИМ  




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!