Бахшҳо
11 дек 2012 05:46Гузориш

Саидов: Қарзро баргардонед, аммо на аз ҳисоби волидайн

Бигзор, ӯзбакзабонҳо бо забони давлатӣ дарс биомӯзанд, ин ягон бадие надорад. Имрӯз, бисёриҳо фарзандонашонро дар мактабҳои русӣ мегузоранд, забони олмониву англисиву франсузӣ меомӯзонанд, чӣ магар миллаташон тағйир меёбад…

Дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи сайёри вазорати маориф бо ширкати Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон сурат пазируфт. Бояд гуфт, ҳафтаи сипаришуда намояндагони ин мақомот дар шаҳру минтақаи Кӯлоб аз ҷараёни таълиму тарбия ва пешрафту мушкили соҳа санҷиш гузаронида, натиҷаи онро ба баррасӣ гирфтанд. Ба иттилои комиссияи вазорат, дар кулли минтақа маблағи гардиши китобҳои таълимӣ то ҳанӯз пардохт нашудааст, ки ин аз фаъолияти сусти кормандони соҳа дарак медиҳад. Ҷаноби Саидов супориш дод, то дар ҳалли он чораҳои зарурӣ андешида, ҳар чӣ зудтар қарзро пардохт намоянд: «Аммо ба ҳеч вачҳ ин маблағҳоро аз ҳисоби хонанда ва волидайн ҷамъ наоваред».

Як масъули вазорати маориф бо ишора ба мушкилоти маорифчиёни Данғара иброз дошт, ки дар ин минтақа норасоии китобҳои таълимӣ бо забони ӯзбакӣ мебошад: «Дар ноҳияи Данғара яке аз мушкили асосии маориф, ин нарасидани китобҳои дарсӣ барои хонандагони ӯзбакзабон аст, ки дар ноҳия шумораашон зиёд аст». Санҷишгар пешниҳод намуд, то дар ин маврид китобҳои дарсӣ ба забони ӯзбакӣ тарҷума шуда, дастраси мактаббачагони гардад.

Нуриддин Саидов, вазири маориф дар пайи расидагӣ ба ин масъала гуфт, «бигзор, ӯзбакзабонҳо бо забони давлатӣ дарс биомӯзанд, ин ягон бадие надорад. Имрӯзҳо бисёриҳо фарзандонашонро дар мактабҳои русӣ мегузоранд, забони олмониву англисиву франсузӣ меомӯзонанд, чӣ магар миллаташон тағйир меёбад? Баръакс, забондон мешаванд ва барои ҷумҳурӣ фоидаашон зиёд мешавад. Барои тарҷума намудани адабиёти дарсӣ ба забони ӯзбакӣ маблағи зиёд ва тарҷумони хуб даркор, ки қудрати вазорат ба ин намерасад. Ӯзбакҳо ҳам шаҳрванди ҳамин давлатанд ва бояд забони давлатиро ба хубӣ донанд. Гузашта аз ин, дар оянда бояд дар донишгоҳҳои давлатӣ дохил шуда, барои ватанашон хизмат намоянд ва надонистани забони давлатӣ барояшон мушкилӣ меорад». Вазири маориф гуфт, дар ҳоли ҳозир хонандагони тоҷике ҳастанд, ки дар синфи 4-6 хонда, аз хати сириллик хабардор нестанду хондаву навишта наметавонанд. Дар деҳаи Навободи ноҳияи Данғара мактаббачагон бо хати ниёгон (форсӣ) баладанд, аммо аз сириллик тамоман дуранд. Дар ин гуна мактабҳо назорати қатъӣ бояд бурд, то талабагон ба хати имрӯза саводнок гарданд.

Вазъи ташвишовари макотиб…

Ҳамзамон, Саид Муллоев, намояндаи вазорат аз санҷиши макотиби ноҳияи Восеъ гузориш дода гуфт, ҳарчанд тайи солҳои ахир вазъи таълиму тарбия дар мактабҳои ноҳия ба таври назаррас тағйир хӯрдааст, вале камбуду нарасидани мактабу синфхонаҳо ҳанӯз ҳам ҳалли худро наёфтааст. Аз 72 мактаби ин ноҳия 17-тоаш харобу валангор буда, барои истифода ноҷоиз мебошанд, барои муҳассилин бошад, беш аз 30 ҳазор китобҳои дарсӣ намерасад.

Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Саидов, вазири маориф иброз дошт, ки китобҳои дарсӣ барои талабагони ҳамаи макотиби вилоят мерасанд, Хоналӣ Қурбонзода, мудири шӯъбаи вилоятро зарур аст, ки барои рафъи ин камбудӣ чораҷӯӣ кунад.

Нарасидани китобҳои дарсӣ ва мактабу синфхонаҳо, таъмири саривақтии макотиб ва нарасидани омӯзгорон яке аз мушкилҳои асосии соҳа дар навоҳии минтақа мебошад. Дар ин маврид ҷаноби Саидов гуфт, дар пайи санҷиш муайян гаштааст, ки ҳамин иллат бо айби масъулини маорифи шаҳру навоҳӣ рух додааст. Ба гуфтаи ӯ, тамоми шӯъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии дигар вилояту минтақаҳо барои бунёди макотиб ва таъмиру барқарорсозии онҳо ба Вазорати маориф даҳҳо мактубу дархостҳо кардаанд, аммо на маорифчиёни минтақаи Кӯлоб: «Шумо, мудирони шӯъбаҳои маориф барои баромадан аз вазъият боре дархосту мактуб ба вазорат набурдаед. Шумо дархосту пешниҳод намоед, вазорат ба назар мегирад ва кӯмак мерасонад».

Компютеркунонӣ-зери суол?

Ба андешаи Муллоев, санҷишгар аз вазорати маориф, аз 5 қарори Ҳукумати ҶТ дар мавриди компютеркунонии мактабҳо дутоаш иҷронашаванда аст. Ӯ гуфт, таъмини кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳ, ё худ лабораторияҳои фаннӣ тақрибан номумкин аст. Ба унвони мисол, аз 49 утоқи фаннии барои макотиби ноҳияи Восеъ пешбинишуда, то имрӯз танҳо 4 утоқ сохта шудаасту бас. Ин мушкил, ба андешаи Муллоев, дар ҳамаи макотиби чумҳурӣ ҷой дорад. Инчунин, проблемаи дигар, ин таъмини мактабҳо бо компютер аст, ки бо айби ҳукумати ноҳияи Восеъ ҳанӯз ҳам қарори ҳукумати марказӣ ичро нагаштааст.

Нуриддин Саидов сари вақт ҳуҷҷатгузорӣ нашудани ҳавлиҳои наздимактабиро низ мушкили асосӣ унвон кард. Ӯ гуфт, бо ҳамин иллат дар баъзе ҳолатҳо заминҳои назди мактабҳоро ҳукуматҳои маҳаллӣ бо хости худашон истифода мебаранд. Ин ҳолат дар ноҳияи Фархор зиёдтар ба назар мерасад. Аз ин хотир, вазири маориф, мудири шӯъбаи маорифи ин ноҳияро супориши қатъӣ дод, то тайи 1 моҳ барои ҳамаи макотиб ва ташкилотҳои соҳа ҳуҷҷатгузориро дуруст ба роҳ монда, сертификати заминро қонунӣ гардонанд. «Бо гузашти 1 моҳ агар ин супориш ҳалли худро наёбад, бо мудир дигар кор намекунем»,- гуфт ӯ.

Аслиддин Достиев

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)