Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:18

Нақши ҷомеаи байнулмилалӣ дар раванди узвияти Тоҷикистон ба СҶТ

12 декабр 2012, 10:30

Роҳ ба сӯи пайвасатан ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат дароз ва пур аз чолиш буд. Қадами нахустин бо ирсоли дархости расмӣ дар таърихи 29-уми майи соли 2001 гузошта шуд. Идораи давлатии Швейсария дар умури иқтисод дар ин самт кӯмак мерасонид ва то имрӯз дар ҳаҷми тақрибан 3 миллион франк тахсис додааст.

Тавре иттилоъ дода будем, 10-уми декабр, пас аз он ки ҳамаи аъзои Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) бастаи санадҳои вурудии Тоҷикистонро қабул карданд, Шӯрои умумии СҶТ дар нишасти худ дар шаҳри Женева узвияти Тоҷикистон ба ин созмонро тасдиқ намуд. Ин қадами ниҳоии раванди узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат буд, ки пас аз гуфтушунидҳои дуҷонибаву чандҷонибаи даҳсола анҷом пазируфт.

Ҳамакнун, парлумони Тоҷикистон бояд то 7-уми июни соли 2013 узвияти кишварро ба СҶТ тасвиб бикунад ва пас аз 30 рӯзи огаҳ кардани СҶТ аз тасвиби узвият дар порлумон, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ин созмон мегардад. Аз замони узвият бад он сӯ, Тоҷикистон муваззаф хоҳад буд, то ҳамаи созишномаҳои СҶТ-ро дар ҳудуди кишвар пиёда намояд.

Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ниҳоди калидӣ дар гуфтушунидҳои СҶТ мегӯяд, “узвият дар СҶТ ба кишвари мо имкон хоҳад дод, то ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва низоми тиҷорати саросарӣ амиқтар бипайвандад ва барои тиҷорати даруна ва беруна фазои боз, шаффоф ва бидуни табъизро фароҳам оварад. Ман мутмаинам, ки кишвар ҳамчун узви СҶТ аз истифодаи тиҷорат ба ҳайси василае барои рушд ва афзоиш манфиат меёбад”.

Маврид ба тазаккур аст, ки роҳ ба сӯи узвият ба СҶТ дароз ва пур аз чолиш буд ва қадами нахустин бо ирсоли дархости расмӣ дар таърихи 29-уми майи соли 2001 гузошта шуд. Идораи давлатии Швейсария дар умури иқтисод (СЕКО) аз оғози раванд дар соли 2001 ба Тоҷикистон дар ин росто ёрии фаннӣ мерасонад. Барои солҳои зиёде СЕКО ягона созмоне буд, ки ба Тоҷикистон дар ин самт кӯмак мерасонид ва то имрӯз дар ҳаҷми тақрибан 3 миллион франки швейсарӣ барои мусоидат ба Тоҷикистон дар узвият ба СҶТ тахсис додааст.

Ҷаноби Раҳимзода меафзояд: “Созмони калидӣ аз миёни ҳамкорони хориҷии мо дар ин раванд Идораи давлатии Швейсария дар умури иқтисод (СЕКО) буд. Аз оғози талошҳои мо дар роҳ ба сӯи узвият дар СҶТ, СЕКО дар тақвияти тавоноии ниҳодҳои муваззаф барои гуфтушунидҳо мусоидат кард. Бо ёрии ин созмон коршиносони беҳтарини байнулмилалӣ, аз ҷумла, онҳое, ки таҷрибаи пеш бурдани гуфтушунидҳо барои кишварҳои дигарро доштанд, ба ин раванд ҷалб шуданд ва таҷрибаву дониши онҳо дар ҷараёни гуфтушунидҳо оид ба узвият ва мутобиқ кардани қонунгузориҳои мо ба талаботи СҶТ муҳим буд. Ман мехоҳам, бо истифода аз ин фурсат ба СЕКО ва ба созмонҳои дигаре, ки бо маблағгузории СЕКО ба мо ёрӣ расониданд, ба мисли UNITAR, маркази IDEAS дар Женева ва Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) сипос бигӯям. Ёрии ин созмонҳо имкониятҳои моро дар гуфтушунидҳо рушд дод ва дар мутобиқ сохтани низоми тиҷоратамон ба қоидаҳои СҶТ мусоидат намуд”.

Дар ҳамин ҳол, Ҳанс-Питер Эглер, раиси ташкилоти байнулмилалии “Head Trade Promotion, Division of Cooperation and Development at SECO” мегӯяд, ин созмон ёриҳои худро ба Тоҷикистон ҷиҳати татбиқ кардани созишномаҳои СҶТ (оид ба хидматгузориҳо, ТБТ ва СФС) ва мавзӯъоти дигари марбут ба марҳилаи пас аз вуруд идома медиҳад. Ба гуфти ӯ, СЕКО, феълан, Барномаи ҳамкории тиҷоратӣ дар Тоҷикистонро маблағгузорӣ дорад. Ҳадафи маҷмӯъии ин тарҳ мусоидат ба ислоҳоти маҷмӯъии дохилӣ дар Тоҷикистон мебошад, то ба узви комилҳуқуқи СҶТ гардидани кишвар ёрӣ бирасонад.

Дар чаҳорчӯбаи ин барнома СЕКО аз ду тарҳи Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) пуштибонии молӣ мекунад. Ин тарҳҳо ба дастгирии ислоҳот дар соҳаҳои саноати кишоварзӣ, нассоҷӣ, ироаи хадамоти моливу мухобиротӣ ва нақлиётиву энержӣ равона шуда, дар ҳамкории наздик бо Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати кишвар, иттиҳодияҳои тиҷоратӣ ва ширкатҳои хидматрасони мунтахаб иҷро мешаванд.Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) як созмони байнулмилалӣ буда, қоидаҳои тиҷорат миёни кишварҳоро танзим мекунад, то ба ин васила ба истеҳсолкунандагон, ироагарони хадамот, содиркунандаҳо ва воридкунандаҳо дар тиҷораташон мусоидат кунад.

Дар ҳоли ҳозир, 157 кишвар узви СҶТ мебошанд ва 27 кишвари дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, дархости узвият ба СҶТ кардаанд ва дархости онҳо дар марҳилаҳои гуногуни баррасӣ қарор дорад. Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) – созмонест, ки бо масоили сиёсати иқтисодии ин кишвар сарукор дорад. СЕКО дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат ба нафъи кишварҳои рӯ ба рушд ва дар ҳоли гузариш фаъолият мебарад ва ҳадафи аслии ёрӣ ба ин кишварҳо ҷиҳати коҳиши мизони фақр ва пайвастан ба иқтисоди ҷаҳониро дунболагир аст. СЕКО шомили сохтори Идораи федеролии Швейтсария дар умури иқтисод мебошад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!