Бахшҳо
14 дек 2012 04:29Иҷтимоӣ

Бекорӣ дар Тоҷикистон дарди бедармон боқӣ мемонад?

Бекорӣ ва набудани ҷойҳои кории муносиб бо маошу даромади арзанда,мушкилест, ки мардуми Тоҷикистон дар ҳоли дасту панҷа нарм кардан бо онанд. Агар қаблан мардон бисёртар гирифтори ин мушкил буданд, ҳоло занон ҳам аз онҳо пешӣ гирифтаанд. Чунончи беш аз ними бекорони Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд. Аммо масъалаи нигаронкунанда теъдоди бекорон аст, ки онро 76,2 ҳазор мегўянд.

Дар оғози моҳи октябри соли ҷорӣ бештар аз 76,2 ҳазор бекор дар хадамоти шуғли аҳолии Вазорати меҳнат ба қайд гирифта шуда, ки 1,6% бештар аз давраи соли гузашта аст. Тибқи маълумоти Агентии омор дар моҳи сентябри соли равон барои иштиғол 5,9 ҳазор нафар муроҷиъат кардаанд, ки 20,4% бештар аз ҳамин давраи соли гузашта аст.

Теъдоди аҳолии ғайрифаъоли иқтисодӣ дар ин давра 4,5 ҳазорро ташкил дода, ки ин 39,8% бештар аз ҳамин давраи порсол мебошад.

Теъдоди аҳолии бекори расман ба қайд гирифташуда дар хадамоти шуғли аҳолии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар оғози октябряи имсол 55 ҳазор нафар аст, ки аз ин рақам 28,7 ҳазор ва ё беш аз 51% - ро занон ташкил медиҳанд. Дараҷаи бекорони расман ба қайд гирифта шуда 2,5% - и аҳолии фаъоли иқтисодӣ мебошад.

Иқтисоддонон чунин мешуморанд, ки ингуна оморҳо бозгўи теъдоди воқеии бекорон нест. Дар ҳамин маврид Абдуллоҳи Ашўр таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегўяд:

"Албатта ин рақам воқеиятро нишон намедиҳад. Чунки миқдори зиёди аҳолии мо дар Тоҷикистон кор намеёбад ва ба муҳоҷират меравад. Бархе аз афроди бекори дар Тоҷикистон буда, тасаввурот ҳам надоранд, ки онхо ҳуқуқи гирифтани кумакпулӣ ҳангоми бекориашонро доранд. Бинобар ин ба мақомоти ҳифзи иҷтимоии маҳаллӣ дар бораи бекор буданашон ҳам муроҷиат намекунанд".

Дар тақвияти ин гуфтаҳо доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев мегўяд, имрўз қисмати зиёде аз мардуми Тоҷикистон ҷои корӣ надошта, ба хориҷа сафар мекунанд, ки теъдоди онҳо тибқи оморҳо ба 2 миллион расида аст. Онҳое ҳам, ки дар дохили худи Тоҷикистонанд, маълум аст беш аз 60 фоизашон саводи кофӣ барои ба қайдгирӣ дар ниҳодҳои давлатиро доро нестанд, ё хоҳиш надоранду дигар омилҳои милливу мазҳабӣ ҳаст. Ба гуфтаи номбурда, ин омор фақат муроҷиъаткардаҳоро нишон медиҳад,вале дар асл ба ҳама маълум аст, ки чунин нест.

Бекорӣ дар Тоҷикистон ҷиддист

Ба гуфтаи иқтисоддонон мушкили бекорӣ дар Тоҷикистон ҷиддитар аз ин омору рақамҳоест, ки ниҳодҳои ҳукуматӣ ироа медиҳанд.

Дар ҳамин маврид доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев чунин мешуморад, ки мушкили бекорӣ дар Тоҷикистон ҷиддӣ ва хатарнок аст, зеро то имрўз ба фикрронӣ ва ақлу ҳаракатҳои мардуми тоҷик дохил нашудааст, ки инсон бояд ҳунарманду тавоно, донишманду соҳибкасб ва истеҳсолкунанда бошад. Чун вақте инсон ба дунё меояд, дар дохили ў як қонунияти таъмини рушди нерў гузошта шудааст ва вазифаи волидайну устод, корманду роҳбарони ҳукумативу ширкатҳои хусусӣ ин аст, ки ин қудратро дар ҳар як инсон бисозанд. Инро истифода бурда, инсонро аз як истеъмолгар ба як тавлидгар табдил диҳанд:

"Аз дидгоҳи талаботҳои рушди инсонӣ ва пешвоӣ бубинем, ин як даҳшат аст вақте, ки имрўзҳо дида мешавад кулли занон махсусан занони деҳот ва духтарбачаҳо саводи касбӣ надошта ё ин ки ҳатто андешаи дарёфти ҳунарро надоранд", меафзояд Табаралӣ Ғаниев. Ба гуфтаи номбурда, мардоне ҳам, ки мувофиқи анъанаи тоҷик бояд дар оила пешвову қудратманд бошанд, ин андешаро аксари ҷавонон надоранд. Дар муқоиса бо давлатҳои пешқадами дунё минҷумла Амрико ва Ҷопон, 70 дарсади ҷавонони то 23 сола имрўз маълумоти олии касбии ҳирфаӣ доранд. 27 фоизи дигар ҳам маълумоти миёнаи касбӣ доранд ва 3 фисади дигар ба далели нуқсоноти ҷисмонӣ фаъолият карда наметавонанд. Аз ин хотир мегўяд Табаралӣ Ғаниев инсони солим бояд тавлидгару ҳунарманд бошад. Зеро имрўз дар иқтисоди кишвар беҳунари касбӣ кор карда намешавад. Он мардуме, ки имрўз бо сангинии рўзгор ба хориҷа рафтанд, 70% ба кори ҷисмонӣ машғуланд ва эҳтимол то 80 - 90% ҳам бошанд. 10 дарсади дигар шояд ҳунари миёнаи касбӣ дошта бошанд. Вале ҳунари иттилоърасонӣ, эҷодгарӣ ва миллиону миллиардҳо доллар кор карданро мутаасифона надоранду аз худ накардаанд.

Бедонишӣ як ҳолати сангини бад шудани аҳволи мардум дар асри 21 буд. Инак низ новобаста аз он ки чи қадар мактабҳо сохта шудаву имкониятҳои фаъолияти соҳибкорӣ пайдо шудааст, вале мардуми Тоҷикистон асоси ҳувияти касбиро пайдо накардаанд, ки имрўз танҳо тавассути дониш ва касб инсон метавонад хушбахт шавад. Имрўз ба хотири ҳолати тезтағирёбандагии бозор, он раҳбарони корхонаҳои истеҳсолӣ бо он фиккронии имрўзаашон наметавонанд дар бозори дохилӣ маҳсулоташонро истеҳсол кунанд. Ҳол он ки пешво гаштан дар бозори берунӣ чи қадар ҳунару эҷоди баландтар металабад. Аз ин хотир ин масоилест ҳамчун боду ҳаво зарур барои мардуми тоҷик.

Аммо Абдуллоҳи Ашўр таҳлилгари масоили иқтисодӣ, сабаби зиёд будани занонро дар омор нисбат ба мардон ба табъиз дар ҳаққи занон марбут дониста мўътақид аст, ки занонро кордеҳон камтар ба кор қабул мекунанд. Ин ҷо масъалаи нобаробарии ҷинсӣ меистад.

Таъмини шуғл вазифаи Бонки ҷаҳонист ё ҳукумати Тоҷикистон?

Аввали моҳи соли ҷорӣ шўрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ, тасмим гирифт тавассути як гранти 46 миллиондолларӣ дар навоҳии Тоҷикистон ҳудуди 770 ҳазор ҷои кори нав муҳайё кунад. Қарор аст аз тариқи ин грант 770 ҳазор сокинони дувоздаҳ ноҳияи вилояти Хатлон бо ҷойҳои кори муваққат таъмин гарданд ва низоми обери ин ноҳияҳо эҳё шавад. Як бахши маблағ барои рушди кишоварзӣ пешбинӣ шудааст.

Раиси дафтари Бонки ҷаҳонӣдарТоҷикистон, Марша Оливе аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки ин тарҳ ноҳияҳои навро фаро мегирад, зеро амнияти озуқа барои некўаҳволии ҳама, ҳам бузургсолону ҳам кўдакон зарур аст. Ў афзудааст, "тавассути бо кори муваққат таъмин кардани одамон мо ба хоҷагиҳои оилавӣ на фақат барои фоидаи иловагӣ кўмак мекунем, балки дастрасии онҳоро бо обери заминҳои кишт таъмин мекунем ва дар натиҷа онҳо метавонанд солҳои оянда ҳам аз заминҳои худ ҳосили фаровон рўёнанд."

Аммо иқтисоддонон бар ин назаранд, ки ингуна грантҳои ироа додаи Бонки ҷаҳонӣ мушкили бекориро ҳал карда наметавонад. Дар ҳамин маврид Раҳбари бозори озоди Тоҷикистон Константин Бандаренко мегўяд, ки 46 миллион доллар барои ҳал кардани ҳамин масъала ягон вақт немерасад. Барои ташкил кардани ҷои корӣ пеш аз ҳама дигар чиз дар кор, ки он ислоҳот дар тамоми соҳаҳост. Бе ислоҳот ин раванд пеш намераваду ягон сум намерасад, ҳама вақт кам мешавад.

Табаралӣ Ғаниев ин гуфтаҳоро тақвият бахшида мегўяд, ки ин пулҳо наметавонад ин мушкилро ҳал гардонад. Ба хотири он ки мо имрўз моҳӣ хурданро не, балки моҳӣ доштанро бояд омўзем. Мардумро бояд аз андешаи пешинаи муносибат бо ҳунару касб бедор созем ва чи дар соҳаи маориф чи дар бахши ахбори омма ва дар ҳама ҷои сиёсати давлат рушди ҳунару касб рақами 1 бояд бошад. Мо бисёр ҳодисаҳоро тамошо мекунем, вақте дар макотиби миёна кампютер гузоштем. Ҳатто дар ДМТ мо чандин сол пеш талаб кардем, барои шакли навини таълимот тахтаҳои электронӣ ҷорӣ кунанд. Вале мутаасифона вақте ин дар фикрронии устодон нест, ин техникаву технология дар як тараф мондаасту устод имрўз дар ДМТ ҳамон шакли кўҳнаи дарсгузарониро дорад. Бинобарин ин қадар маблағҳо барои ҷои корӣ ва технологияи нав барои кӣ даркор аст? Вақте, ки рушди нерўи касбӣ вуҷуд надошта бошад. Худи ҳамон раҳбарон имрўз ниёз ба худинкишофдиҳӣ доранд. Як қонуният ҳаст вақте, ки шумо мехоҳед барои фардо зиндагӣ кунеду вале таълимоти давраи гузаштаро ба шогирдон медиҳеду мегўед, ки ин технологияро истифода баред. Ин ғайриимкон аст.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)