Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:54

Маскав аз Душанбе чӣ мехоҳад?

14 декабр 2012, 07:05

Чанд рўз қабл дабири Шўрои амнияти Русия Николай Патрушев гуфт, эҳтимоли сар задани инқилобҳои ранга дар кишварҳои Осиёи Марказӣ минҷумла дар Қирғизистон ва Тоҷикистон вуҷуд дорад. Бо таваҷҷўҳ ба ин "Озодагон" аз коршиносон пурсид:Маскав аз Душанбе чӣ мехоҳад?

Комёб ҶАЛИЛОВ, собиқ корманди амният

Имрўза дар Осиёи Марказӣ нигоҳ кунед, дар ҳақиқат ҳам имконияти инқилобҳо ҳаст. Чун гурўҳҳои сиёсии мухталифе ҳастанд, ки ингуна ниятро доранд. Бинобарин мумкин барои халал расонидан дар интихобот, баъзе гуруҳҳои сиёсӣ бихоҳанд, ки як нооромӣ ташкил кунанд. Барои ҳамин интихоботи соли 2013 эҳтимолан баъзе тағиротҳоеро ба вуҷуд оварад. Шояд онҳо ҳаминро дар назар доранд. Дар ҳоли ҳозир барои Тоҷикистон хатари инқилоби ранга вуҷуд надорад. Барои он ки мо ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидем ва баъзан баъзеҳо мегўянд, ки ҷавонон алакай 21 сола шудаанду ин ҷанг аз хотирашон рафтааст ва метавонанд дуюмбора ширкат кунанд, аммо ин нодуруст аст. Зеро як усуле ҳаст, ки ягон бадбахтии мардум ҳатто то 50 соли дигар дар фикру хаёли онҳо ва насли нав низ боқӣ мемонад. Аз ин рў, дар Тоҷикистон ин хатар нисбат ба Қирғизистон ва Қазоқистон, ки шароиташ дорад бисёр ҳассос мешавад ва дигар кишварҳо камтар аст. Қувваҳое дар Русия ва дигар кишварҳо ҳастанд, ки манфиъатдоранд. Қувваҳои сиёсии ғарб низ. Куллан дар Тоҷикистон вуқуъи инқилобҳои ранга ғайриимкон аст, агар ҳам шавад, эҳтимол байни гуруҳҳои муайян ба вуҷуд ояд.

Сайфулло САФАРОВ, муовини раиси МТС

Ман дар ин суханҳо ягон чизи ҷиддиро намебинам. Ба ҳар ҳол Тоҷикистонро ман беҳтар медонам. Он руҳияе, ки мардуми мо дорад ба мо иҷозати нохушбиниро намедиҳад. Шояд дар худи Россия вазъият бадтар бошад. Рушди иқтисодӣ, беҳтаршавии зиндагӣ, руҳияи созандагии мардуми мо бештар ба сўи оромӣ ва созандагӣ майл доранд, ки ба сўи бесуботӣ. Ва аслан бисёр хуб мешавад, ки мардони давлатӣ каме нисбати сиёсати дохилии кишварҳои ҳамсуд боандешатар сўҳбат кунанд. Бояд гуфт, ки агар кишваре мехоҳад кишвари дигарро зери фишор гирифта низоми сиёсиашро ба ларза биёрад, бояд аз худаш низ андеша кунад. Ман боварӣ надорам, ки Русия дар нисбати Тоҷикистон мақсади нопоке дошта бошад. Чунки дар оромию суботи Осиёи Марказӣ манфиати Русия бештар аст нисбат ба бесуботии минтақа.

Бобоҷон ҚАЮМОВ, раиси шўъбаи ҷавонон ва варзиши ҲНИТ

Агар мо ба ин қазия амиқ нигоҳ кунем, ин сухани нав нест. Худи Русия дар замони баргузории интихоботи президентӣ эҳсос кард, ки вазъият он қадар ҳам собиту устувор нест. Ин як воқеият аст. Аммо вазъият дар кишварҳои Осиёи марказӣ аз ҳама лиҳоз ба кишварҳои шимоли Африқо шабоҳати зиёд дорад. Бинобарин ин сухан аз як тараф метавонад як назарияпардозии оддӣ бошад ва нишондиҳандаи ин амр, ки коршиносон аз вазъияти мавҷуди кишварҳои осиёи марказӣ нигаронӣ доранд. Аммо дар ин лист қарор додани Украина ва Қирғизистон шояд рамзӣ бошад, зеро ин ду кишвар ва махсусан Қирғизистон аллакай ба тағйири озодона ва демократии қудрат одат кардааст ва онқадар вазъияти бад надорад. Аммо дар аксарияти ин кишварҳо шароити сиёсӣ, иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ хеле ба кишварҳое, ки баҳори арабӣ онҳоро дарнавардид шабоҳат дорад. Аз лиҳози иқтисодӣ ҳам бештари коршиносон ба ин назаранд, ки ақалияти сарватманд ва аксарияти фақир ва инҳисори имтиёзоту имкониятҳои аслӣ дар ихтиёри як гурўҳ вижагии ҳамаи кишварҳои диктаторӣ аст.

Аммо ман аз суханони Петрушев ягон таҳдидро намефаҳмам. Танҳо ҳаминро фикр мекунам, ки ў аллакай дарк кардааст, ки миллатҳои Осиёи Марказӣ ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва фарҳангӣ дар ҳоли бедор шудан ҳастанд. Онҳо ҳам як рўз не як рўз ҳуқуқу озодиҳои худро талаб мекунанд ва ба даст меоваранд. Ҳоло ин метавонад аз тариқи ислоҳот бошад ё аз роҳи инқилоб. Ман фикр намекунам, ки Русия худаш дар ҷое инқилоб карданӣ бошад, балки фикр мекунам, ки ў мехоҳад дигар мисли кишварҳои арабӣ дер ҳаракат накунад ва сари вақт бар мавҷ савор шавад. Ба иборати дигар Русия намехоҳад аз диктаторҳои ОМ бештар аз ин ҳимоят кунад. Балки Петрушев бо ин сухан мехоҳад ба мардуми ин кишварҳо бифаҳмонад, ки дар канори диктаторҳо боқӣ намемонад ва ҳар касе оянда сари қудрат омад онҳо омодаи ҳамкорӣ бо он гурўҳҳо ҳастанд. Русия шояд дар тезонидани як ислоҳот ё инқилоб дар яке аз кишварҳои ОМ таъсир гузор бошад ва ё дар мавқеъгириҳои ояндаи ҳар ҳукумате дар ОМ таъсир дошта бошад, аммо ин назария, ки Русия дар ҷое инқилоб роҳандозӣ кунад ё Амрико ман чандон бовар надорам. Ин худи мардуми минтақа ҳастанд, ки хостори ислоҳот ё тағйироте дар сохтор ё низоми мавҷуди кишварҳояшон ҳастанд ва шояд Русия ё кишвари дигаре аз ин хостаи мардум ба гунае истифода намояд. Зеро Русия дар асл пойгоҳи аслии муҳоҷирони кории ин минтақа ба шумор меравад ва ҳатман ин бетаъсир нест. Аз тарафи дигар Русия ба хотири манофеъи геополитикии худаш ҳам наметавонад ба ин масъала бетафовут бошад.

Алӣ МАСТОВ, таҳлилгари масоили амниятӣ

То кадом андоза ҳақиқат доштани шурўъи "инқилобҳои ранга"-ро дар Тоҷикистон гуфтан номумкин, ҳатто ғайримумкин аст, вале омилҳои ангезадиҳанда ва ё худ катализаторҳои ин падида возеҳу равшан аст. Тавре ки таҷоруби кишварҳои минтақаи арабӣ ва мамолики дигар собит месозад, инқилобҳо, минҷумла, инқилобҳои ранга дар кишварҳое ба вуқўъ мепайванданд, ки он кишвар мушкил бо арзишҳои демократӣ дорад. Онҷое, ки нақзи ҳуқуқи инсон, фишор ба озодии баён ва гуногунадешӣ дида мешавад ва он ҷое, ки на ҳама вақт волоияти қонун таъмин мешаваду сарқонун мавриди иҷро қарор намегирад, инчунин кишваре, ки фишангҳои назорати ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва институтҳои ҳуқуқи башар дар ростои амалкарди ҳукумат эҳсос намешавад, ба замми ин, мушкилиҳои иқтисодии зиёд дар ҷомеъа мавҷуд мебошад, эҳтимоли сар задани "инқилоби ранга" ҳаст. Бо камоли таассуф арз бояд кунам, ки бештари омилҳои дар боло номбаршуда дар ҷумҳурии мо ҷо доранд, вале як фурсати муҳиму вижа (албатта барои ҳукуматдорон) мавҷуд аст, ки ин ҳанўз ташкил наёфтан ва набудани худи инқилобчиён мебошад. Гузашта аз ин, рўшан аст, ки инқилобро дар саросари олам ҷавонон ба амал меоранд, онҳое, ки шуғли доимӣ надоранд ва ба кореву фаъолияте банд нестанд. Ҷавонони имрўзи мо аз сиёсат ва гуфтумонҳои сиёсиву интихоботҳои мухталиф фарсахҳо дуранд, аммо ин омил наметавонад боиси оромии курсидорон бошад, зеро дар мисоли ҳаводиси "баҳори араб" мисолҳои зиёде мавҷуданд. Ба назари банда, ягона роҳи бурунрафт аз ин мушкил ва аз ҳама асосиаш- роҳи ҷилавгирӣ аз бурузи "инқилобу инқилобча"-ҳо эъмори ҷомеъаи мардумсолорӣ, демократӣ ва заминие мебошад, ки ҳамаи мушкилоти ҷомеъа ва кишвар дар маҷлиси суфло ва машваратхонаҳои мардумӣ ҳаллу фасл гардад, дигар ҳеч.

Абдуғанӣ МАҲМАДАЗИМОВ, раҳбари АМСТ

Ман пешниҳод мекунам, ки Патрушев фарҳанги сиёсии Тоҷикистонро нағз дида барояд. Чун Тоҷикистон то кунун аввал дар муқобили инқилобҳои ранга ва баҳори араб истодагарӣ карда тавонист. Зеро Тоҷикистон дар чорчўбаи арзишҳои ғоявию идеологӣ ташаккул ёфтааст ва ҷамъияташ ҳам аз дигар кишварҳо бисёртар фарқ мекунад. Бинобарин агар эшон ин чизҳоро хуб донанд, ингуна суханонро намегўяд. Дигар кившарҳоро гуфта наметавонам, вале дар Тоҷикистон мо дар зери арзишҳои шоҳи одил ташаккул ёфтаем ва ҳукумат инак дорад ин ғояро дуруст истифода мекунад. Албатта дар инҷо мушкилот дорад пайдо мешавад ва агар мо дар дохил ин арзишҳоро инкишоф дода тавонем, ягон таҳдидҳои идеологии сиёсӣ аз берун моро таҳдид намекунад. Солҳои наздик дар Тоҷикистон баҳори араб ва дигар инқилобҳо таъсир намекунад. Онҳо талошҳои заминӣ доранду мехоҳанд баъди он ки пойгоҳи ҳарбиро ба муддати замони дилхоҳашон гирифтанд, ба сарҳади Тоҷикистон баргарданд. Зеро онҳо то ҳол қабул надоранд, ки ин марзи як кишвари соҳибистиқлол аст.Онҳо инро ҳудудҳои марзии давлатҳои муштаракулманофеъ меноманд. Бинобарин онҳо бояд ёд гиранд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол метавонад бо Афғонистон сарҳад дошта бошад.

Адҳам МИРСАИДОВ, раҳбари созмони "Созандагони Ватан" - ҷиноҳи ҷавонони ҲХДТ

Ин маънои онро надорад, ки гуфтаҳои Русия бошад. Дуюмаш ин ки ҳар як коршинос фикри худро дорад ва дар баёни андешааш вай озод аст. Бинобарин нисбати он инқилобҳое, ки пешгўӣ мекунанд, ба фикри ман вазъияти имрўзае, ки Тоҷикистон дорад ва сиёсате, ки пеш гирифтааст, аз ҳар гуна инқилобҳо дур аст. Чун ибтидои истиқлолият вақте, ки дигар давлатҳо ором буданд, Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро аз сари худ гузаронид. Ман фикр мекунам, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон он ҷанги шаҳрвандӣ як мактаби бузурги муттаҳидшавии онон буд ва ба ягон инқилоб минбаъд ҳам дигар зарурат нест.

Маҳмадалӣ ВАТАНОВ, вакили парлумон

Ман ба ин гуфтаҳо чандон эътимод надорам. Чунки мо якбор алакай инқилобро аз сар гузаронидем ва чи будани инқилобро медонем. Аз инқилобҳои рангае, ки дар ҳар давлати дунё дорад мегузарад, мардуми мо аз рафти онҳо низ дар ҳоли бохабар шудананд ва ин инқилобҳо чи натиҷа дода истодаанд, мо хуб дорем мебинем. Мумкин ҳастанд қувваҳои инро мехостагӣ ва баъзе авомилеро нишон медиҳанд, ки онҳо метавонанд, боиси шуришҳо шаванд ҳатто расми инҳоро меоранд. Мардуми мо якбор аз ин инқилобҳо гузаштааст ва мо алакай хубу бадро ҷудо карда метавонем. Он камбудиҳое, ки дар ҷомеа ҳаст, мо худамон метавонем ҳал кунем, на ба воситаи инқилоб.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!