Бахшҳо
14 дек 2012 10:22Сиёсат

Мо сазовори турбаи Шумо нестем, мўҳтарам ҳукуматдорони кишвар!

Аз боло то поён, аз рост то чап, калону майда, мехостам ба воситаи ин нома қарзи шаҳрвандии худро пеши ватан анҷом диҳам ва ба шумо як ҷаҳон ташаккур бигўям. Чун шумо ҳастед, ватан ҳаст, агар шумо набошед ватан ҳам несту миллат ҳам. Миннатдорӣ аз шумо, шукргузорӣ аз миллату ватан аст, курнамакӣ ба шумо, курнамакӣ ба ватан мебошад. Ман чунин фикр мекунам, ба дигарон кор надорам. Шояд бигўянд, ки ман хушомадгўям ё мансаб мехоҳам аз шумо. Не, ман чизе намехоҳам, барои ман ва ҳафт пуштам кофист, ки шумо ҳастед. Мушкилиҳои зиндагиам муҳим нестанд, ин ман танҳо нестам дар чунин вазъият, шояд миллионҳо мисли ман дар ҷаҳон бошанд.

Вале, фарқи ман аз дигарон ин аст, ки шуморо дорам. Худо якеашро медиҳад ё зиндагии хуб ё ҳукуматдорони хуб. Худованд ба ман лутф кардааст, ки дар ивази зиндагии душвор шуморо додааст. Ман ҳамаи шуморо дўст медорам, аз президент сар карда то раиси ҷамоатамон ва инро қарзи шаҳрвандии худ медонам ва инчунин зиракии сиёсӣ. Шояд дар ҷаҳон миллиардҳо инсонҳо бошанд, ки зиндагии беҳтар аз ман доранд, вале онҳо бадбахтанд, чун шуморо надоранд. Он гурўҳе, ки меноланд аз зиндагӣ, онҳо курнамаконе ҳастанд, ки қадри шуморо намедонанд ва чун аз кишвар берун нарафтаанд, намедонанд, ки дигар миллатҳо чи қадар бадбахтанд. Онҳое ҳам, ки берун рафтаанд ва он ҷо меноланд, намедонанд, ки мо дар дохил чи қадар хушбахтем ва аз бахилӣ ё каҷфаҳмӣ фикр мекунанд, ки вазъият хуб нест. Онҳо фикр намекунанд, ки мо ватан дорем, роҳбар дорем, ҳукумат дорем, байрақу гимн дорем, ҳатто парламент дорем. Саду чанд давлат моро мешиносад ва ҳатто сафорат ҳам кушодаанд. Танҳо кўр инро намебинад ва кар намешунавад. Чанд пешниҳод доштам, то мардум шуморо бештар бишиносанд ва дўст бидораду мисли ман розӣ бошанд.

Аввал, ҳамаи норозиҳоро давоми як сол, беҳтараш пеш аз интихобот ба хориҷ бифиристед, аз ҳисоби буҷет, ё ҳамон маблағҳои Роғун. Бигузор чашмашон боз шавад ва бинанд, ки таблиғоти расонаҳои хориҷӣ онҳоро гумроҳ кардааст ва бинанд, ки миллатҳои дигар чи қадар бадбахтанд, ки дар ивази маоши хубу моддиёти дунё беҳтарин неъмати башариро аз даст додаанд: шаҳрванди кишварҳое ҳастанд, ки шумо онро роҳбарӣ намекунед. Агар башарият қадри шуморо медонист, ҷаҳонро як давлат эълон мекарду идораи онро ба дасти ҳукуматдорони мо медод. Лекин, афсўс, ки чашми башарият кур шудааст. Барои ҳамин бифиристед ва бигузор худашон бинанду чашмашон боз шавад. Агар наомаданд, хас каму ҷаҳон пок, пас сазовори роҳбарии шумо нестанд ва неъматро пешпо задаанд.

Дуюм, дигар хоксории зиёдро дар ҳокимият роҳ надиҳед, зиракии сиёсиро аз даст надиҳед, душманони миллат, бо пуштибонии хоҷагони хориҷиашон шуморо фиреб надиҳанд. Манзурам, ҳукуматдорони моро хоксор дида, сесияи 16-умро ҳамагӣ 20 сола эълон карданд. Акнун, ки ҷашнҳо гузаштанд, ба мақомоти марбут супориш дода шавад, ки тафтишот баранд, то ошкор шавад ин идея аз куҷо сар зада буд? Кӣ гуфт, ки сесияи 16-ум 20- сола шуд? Ба назари ман ин ҷо тавтиъаи хориҷӣ ҳаст ва ҳатман хостанд бо ин идея қадри ин падидаи умумиҷаҳонӣ ва умумибашариро поин баранд ва ҳатто, таҳқиромез "сесияи тақдирсоз" ном гузоштанд. Кадом 20 сол ва кадом тақдир? Ин сессия аслан пеш аз тақдир дар осмонҳо баргузор шуда буд, ҳануз тақдири башарият маълум набуд. Он, ки чанд кас дар Қасри Арбоб 20 сол пеш ҷамъ шуданду даводав карданд, ин барои материалистони коммунист буд, расмиятчигиро дўст медоранд ва ба маҷлису қарорҳо бовар доранд, на ба тақдиру чизҳои пеш аз тақдир. Он ҳам зарур буд, вале дигар материалистон кам мондаанд ва пас аз чанд сол дигар касе аз онҳо нахоҳад монд. Аз ҳоло корро оғоз бояд кард, то мардум моҳияти ин масъаларо дуруст дарк намоянд. Ман ҳам омода ҳастам, ки дар ин масъала қарзи шаҳрвандии худро иҷро кунам.

Чанд олими зўрро ёфтан даркор, ки исбот кунанд, чеҳраи ҳазрати одам ба кӣ монанд буд, Исмоили Сомониро ёфтанд ба кӣ монанд буд, вайаша ҳам меёбанд. Сарандеб рафтан даркор нест, дар ҳамин ҷо ёфтан даркор бозмондаҳои он ҳазрата, агар нашуд, идеяи ориёиро истифода кардан даркор. Шриланка ҷузъи Тоҷикистони таърихӣ буд. Муфтиро ҳамроҳ бояд кард, то фатвояшро ёбанд, монанди ҳозир размери ришро як тараф. Аввал исбот кунанд, ки ҳазрати Одам ҳамчун ориёии асил риш надошт, тамом. Момо Ҳаво ягон хел ҳиҷоб ҳам намепушид, ришро арабҳо оварданду ҳиҷобро ирониҳо. Он қисми ирониҳое, ки ориёӣ нестанд. То омадани ислом тоҷикон риш намебароварданд, ин бояд илман исбот шавад. Антропологҳои тоҷик бояд кор кунанд, ҳатман исбот мекунанд. Мулло Абдураҳимро супориш бояд дод, он кас метавонад исбот кунад, барои худаш ҳам даркор аст далели риштарошӣ, як дипломи таърихшиносиро ҳам барояш бояд бинависанд, то вазни гапаш калонтар шавад. Тамоми хатибҳо бояд ба мардум исбот кунанд, ки ин сессия пеш аз таърих ва тақдир гузашта буд ва 20 сол пеш лозим шуд, ки дар як маҷлиси расмӣ эълон шавад, то депутатҳои коммунисту шаккок қабул кунанд. Агар касе ба ин бовар накард, муфтиёт ҳукмаша барорад, ки ин одам ба тақдир бовар надорад ё шиа ё салафӣ, ҳадди ақал наҳзатӣ эълон шавад.

Баъзеҳо мегўянд, ки агар ин сессия намебуд миллат пароканда мешуд, давлат пош мехўрд. Ин як нақшаи бади дигар аст, дар ниқоби хайрхоҳӣ ба сессия. Ин ҳам фикри душманони миллат ва ҳукумат аст ва ҳатман бо супориши хоҷагони хориҷиашон ва барои ҳар як ҳарфи ин ҷумлаҳо пул гирифтаанд. Башарият, хахоманишиҳо, сосониҳо, ҳама натиҷаи ҳамин сессия мебошад. Фақат ба хотири ана ҳамин баъзе мардуми шаккоки кўрнамак, сессия дар охири таърих гузаронида шуд, фақат барои расмият. Ин сомониҳо ба фикрам тасодуфан ҳазор сол пеш ин ҷо пайдо шуданд, вақти муносиб ҳам барои сесияро расмият бахшидан ҳамон давра буд. Вале, боз ҳам ба хотири миллат, якпорчагӣ ва наслҳои оянда ҳазор солро ба ин хонадону дигарон бахшидед. Иҷозат додед, ки ба тахт нишастани шуморо 1000 сол ақиб партоянд. Ин корро кӣ кардааст? Мегўянд 20 сол ҳокимият тўлонӣ аст. Касе намегўяд, ки чанд ҳазор сол дертар ҳокимияти шуморо эълон карданд, ҷуброни инро кӣ медиҳад? Пешниҳод дорам, ки ҳамин чанд ҳазор соли таъхиршударо миллат бояд ҷуброн кунад ва сабр намояд. Чеҳраи Исмоилро дар ҳайкал хуб интихоб карданд, бигузор донад, кӣ навбати киро гирифта буд ва аз киҳо қарздоранд. Ҷашнҳо гузашт, ҳама ором, ҳукуматро аз боло то поён тафтиш бояд кард ва ҳар кас мегўяд, ки сессия 20 сола шуд, ба як рўйхат дохил кардан даркор ва худатон медонед чӣ кор кунед. Масъалаи сулҳу тарафҳои онро аҳамият набояд дод. Гуфтан мегиранд, дар ҳама санадҳои муҳим имзои як кас мешавад, онҷо иштибоҳан ду кас имзо карда буд. Ин ҳам бозии доираҳои хориҷӣ буд, русҳо, ирониҳо, ҳама дахолат карданд. Вагарна аз ҳарду тараф як кас бояд имзо мекард, имрўз даъво намешуд. Ошкор гуфтан даркор, ки сессияро ҳазорҳо сол баъд эълон карданд касе даъво надораду барои кадом имзои сулҳ?

Сеюм иҷозати танқидро додан даркор нест, ин демократияву гуногунандешӣ ҳамааш дурўғ аст. Аз ҳамин танқидҳои хурд сар мешавад ҳама чиз. Ин курнамакҳо ҳама чизро танқид мекунанд. Аз дарахтбурӣ оғоз мешавад, агар пеши ина нагиред, мумкин пагоҳ талаб кунанд, ки раисони шаҳру ноҳияҳо интихобӣ шавад. Ё дилашон бо ким чизи дигар хоҳад. Ҳатто мумкин интихоботи шаффоф ҳам бихоҳанд. Пешниҳод дорам, ки судбозӣ бас карда шавад, нисбати чунин одамҳо, агар лозим шавад, ҳазорҳо имзо ҷамъ мекунам ба тарафдории ин пешниҳодам. Баръакс, касе ки ин танқидро кардааст бо ҳамаи тарафдоронашон ба танаи дарахтҳои Душанбе баста шаванд. Дар дигар шаҳру ноҳияҳо ҳам ҳамин хел. Бигзор мардум бинанд, ки курнамакӣ чӣ натиҷа дорад. Аввал шоху баргҳои дарахтҳоро бибуред, то офтоб битобад ва фаҳманд, ки экология чӣ аст. Баъд бандро накушода ҳамон дарахтонро буридан даркор, ки ҳамроҳи дарахт сарашон ба асфалтҳои сохтагии ҳукумат бизананд ва бифаҳманд, ки ҳукумат асфалт карааст ва беҳуда набурида аст. Фақат хоҳиш, супориши қатъӣ бояд дод, ки мабодо ҳамроҳи дарахт пойҳояшонро набуранд. Ин мардуми кўрнамак бисёр нозук шудаанд ва боз дар тамоми ҷаҳон доду вой мекунанд, ки дар кишвари мо шиканҷа вуҷуд дорад. То он ҳад нозук шудаанд, ки бо боклашкаи оби ширгарм ҳам баданашон месўзад. Ҳам гуманизм мешаваду ҳам аз танқиди душманон бояд эҳтиёт кард. Нархи он дарахтонро ба самбўсапазҳои бародарони ургутӣ дигар 200-300 доллар мондан даркор нест, қимматтар фурўхтан даркор. Агар пурсанд, ки чаро, бигўед ки ин танҳо ҳезум нест, тагаловӣ ҳам дорад, дар танаи дарахт бастагӣ. Эҳтиёт кунед, ки онҳо шухиро намефаҳманд, як бор шухӣ кардед 20 сол пеш онҳо рост хаёл карданд.

Умуман дар масъалаи экология ва ин кўрнамакон як пешниҳоди дигар доранд. Медонам, ки олимони мо вақти машғул шудан ба ин корҳои майда надоранд, онҳо бояд моҳияти таърихии шуморо исбот кунанд. Бояд ҷопониҳо ё хитоиҳоро ба ҳамкорӣ даъват кунем, то як дастгоҳе бисозанд, ки оксигенро контрол кард ва ... фурўхт. Шарт нест, ки ин корро ширкати IRS бикунад, ширкати "IRS- Воздух" сохтан даркор ва муҳим нест, ки дар кадом ҷазира сабт мешавад. Ду фоида дорад, якум ин ки пул ба даст меояд ва дуюм ва муҳимтар аз ин фоидаи сиёсӣ дорад. Аниқтараш, намакношиносҳо, ки то имрўз ҳаворо бепул нафас мекашиданд, барояшон дарс мешавад, ки хомўш бошанд. Ҳаво бепул, ки шуд, мардум аз худ меравад. Чӣ бояд кард? Дастгоҳро тавре созанд, ки ягон зарра ҳаво бе контрол вориди кишвар нашавад. Се турбаи ҳавокашӣ мондан даркор. Яке ҳавои тозаро аз кўҳсор бикашад ва онро танҳо дар хонаҳо ва идораҳои худатон ҳукуматдорон васл кунед. Чун даҳону бинии шумо аз дигарон фарқ дорад ва бояд танҳо ҳавои пок нафас бикашед. Дуввум турба ҳавои маъмулиро биёрад барои мардуми бетараф ва ё тарафдорони мисли мо. Ҳатто мо ҳам сазовори он нестем, ки дар турбаи шумо васл шавем, чун хидмати хуб накардаем. Бе хоксорӣ гуфтам инашро. Сеюмаш бояд ҳавои атрофии алюминзавод ва сементзаводро ворид кунад, худатон аллакай фаҳмидед киҳоро ба он васл кунед. Фақат як хоҳиш, бояд нархи ҳарсеяш баробар бошад, мо давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ҳастем. Баробарии шаҳрвандон назди қонун бояд риоя шавад. Давлат бояд ба ҳама як хел муносибат намояд. Ин талаби кониститутсия ҳаст, боз ин курнамакон танқид накунанд, ки кониститутсия риоя намешавад. Ҳам масъалаи экология ҳал мешавад, экономия ва ҳам дарди сар камтар. Яъне, масоили сиёсӣ ҳам ҳал. Баъд зора мекунанд, ки ҳамаашро бибуреду биканеду бифурўшед ва касе парво нахоҳад кард. Чун ҳаво турба қати омадан мегирад.

Хуб кардед, ки роҳро пулакӣ кардед, ба қадри роҳҳои бетаъмир нарасиданд, танқид карданд, сазои сарашон. Як масъалаи стратегии дигар буд, ки онро ҳам бояд ҳал кард. Баъзеҳо солҳои пеш кутоҳандешӣ карданд ё нақшаи махсуси душманон буд, баъзе наворҳо сохтанд, ки гўё бархе аз роҳбарияти давлатамон аз хонаводаи камбағал баромадаанду бо як костюми ҳамсоя пойтахт омада бошанд. Шояд он вақт ин гапҳо барои мо пролетариатҳо лозим буд, сарварони оддӣ, камбағалпарвар ва бе хешу табор. Ба фикрам бештар ба нақша монандӣ дорад ва хориҷиҳо аз қабл медонанд, ки чӣ хел фикри мардумро дар оянда заҳролуд кунанд. Шахсан ба ин гапҳо ҳамон вақт ҳам бовар надоштам ва ҳоло ҳам надорам, ки ҳукуматдорони давлати мо касе ва чизе надоштанд. Агар лозим шавад худам ҳазор шоҳид меёбам, ки ҳамаи онҳо аҷдодан бойю доро буданд, аз хонаводаҳои асилзодаи эшону домуллову миру амлокдор. Шаҷараи ҳамаашонро пайдо мекунем ва барои ин дигар академикҳову муфтиҳо даркор нестанд. Мардум худаш шоҳид асту медонад. Баръакс, мо бояд бо наслҳои ояндаамон аз шумо миннатдор бошем, ки он ҳама боигарию қасру кушкро ба ҳамсоягон монда, барои ободии ватан ва наҷоти миллат камари ҳиммат бастед ва боз аз сифр шуруъ кардеду Худо аз пешина ҳам бештар дод. Ош шавад, вале дигар нагузоред, ки бигўянд инҳо ҳама камбағал буданду ин ҳамаро аз куҷо ёфтанд. Дар ин масъала принсипнок будан даркор, доштед, доред ва хоҳед дошт. Тамом. Он наворҳоро бояд пок кард, гуфтан даркор, ки ҳамон солҳо ҳам наворсозӣ карда буданд душманон, вале аз рўи хоксорӣ чизе нагуфтед. Чун зиракии сиёсӣ аз байн мерафт.

Узр, агар ин ҷумлаҳои ахирам пурхато биёянд. Дар торикӣ менависам, ҳозир барқ қатъ шуд. Барқ, ки қатъ шуд, аввал нохоста шуморо носазо гуфтам, баъд қарзи шаҳрвандиву зиракии сиёсӣ ёдам омаду аз шумо узр хостам ва ба бачаҳо гуфтам, ки худамро ҳақорат дорам, ки ба қадри чунин ҳукуматдорон намерасам. Ғами мо бачаҳоро мехўранд, ки зудтар бихобем. Як ҷаҳон ташаккур ки ҳастед ва як ҷаҳон узр, ки мо ҳам ҳастем!

Миннатбердии ЗИРАК

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)