Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 01:16

Ҳаҷми сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба 48 миллион доллар баробар гардид

1 июл 2011, 07:06

Имрӯз дар вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо иштироки намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ, ҷаласаи 3-юми Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ  баргузор гардид.


Зимни ҷаласа масоили рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон, аз  ҷумла Қонуни Тоҷикистон  «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ», фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ва ахборот оиди Анҷумани иқтисодӣ бо унвони «Минтақаҳои озоди иқтисодии  Тоҷикистон: Имкониятҳои рушд», ки 14 -уми сентябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, муаррифӣ гардиданд.
Айни ҳол бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дар кишвар чор минтақаи озоди иқтисодӣ,  «Панҷ», «Данғара», «Суғд» ва «Ишкошим» созмон ёфтаанд. То имрӯз дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 14 хоҷагӣ ва дар минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» 2 хоҷагӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар маҷмӯъ ҳаҷми сармоягузориҳояшон дар ин минтақаҳо 48 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои расмӣ, минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» дар ҳоли ташаккулёбӣ қарор доранд. {jathumbnail off}




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!