Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 19:34

Тоҷик то чанд фақир боқӣ мемонад?

22 декабр 2012, 05:47

Даромадҳои пулии аҳолии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷорӣ беш аз 16,3 миллиард сомониро ташкил намуд, бештар аз $3,4 млрд. ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2011 24,2 дарсад зиёд мебошад. Аммо бо таваҷҷуҳ ба афзоиши нархҳо ва сарфи зиёди маблағҳо барои шикам, зиёдшавии маблағҳои мардум чандон ба чашм намерасад.

Маблағҳо бештар барои ғизо сарф мешавад
Тибқи арқоми Агентии омори Тоҷикистон ҳазинаҳои пулӣ ва пасандози аҳолӣ дар ин давра беш аз 18,1 млрд. сомониро ташкил намуд. Барои хариди мол ва пардохти хидматрасонӣ 53,7% аз ҳаҷми умумии ҳазинаҳои пулӣ ва пасандоз харҷ гардид. Пардохтҳои иҷборӣ ва кумакҳои довталабона 26,2% - ро ташкил намуд.

Дар ҳамин маврид доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев мегӯяд, вақте сухан дар бораи талаботи истеъмолии аҳолӣ меравад, агар даромади аҳолӣ аз нисф зиёдаш барои муводи ғизоӣ равад, ин ҳолати ногувори зиндагонӣ ҳисобида мешавад. Ҳадди аксар бояд ин аз 40% бештар набошад, то инсон тавонад аз даромади гирифтааш дар баробари истеъмол кардан боз барои рушди нерӯи зеҳнӣ, рушди касбӣ ва дигар талаботҳои маънавияш маблағ дошта бошад ва битавонад як маблағе барои оянда сармоягузорӣ кунад.

"Бинобарин имрӯз агар ба сохтори истеъмолии аҳолӣ назар афканем, мебинем, ки 80 - 90 дарсади даромад фақат барои истеъмол сарф мегардад. Ин шаҳодат медиҳад, ки ҳолати истеъмолии мардум устувор нест. Ин ҳисоби миёна аст.Вақте як оила тамоми маблағашро барои хӯрок сарф мекунад, ин ҳолати хуби зиндагӣ нест", иброз дошт Табаралӣ Ғаниев. Ба гуфтаи ин иқтисоддон хароҷот барои ғизо аз 25% то 30% сар мешавад. Агар барои сохтмони асосӣ ва хариди фонди асосӣ маблағ нокофӣ бошад, пас даромади мардум ба талаботи рушди инсонӣ мувофиқат намекунад.

Табаралӣ Ғаниев меафзояд: "дар ҳолате, ки даромадҳои мардум боло раванду нархҳо дар сатҳи доимӣ тағирёбанда набошанд, дар он ҳолат гуфтан мумкин аст, ба ҳамон андозае, ки даромад зиёд мешавад, агар нарх ҳам то ҳамин дараҷа боло рафта бошад, пас дар ҳамон дараҷаи соли гузашта боқӣ мондааст".

Иқтисоддон Баҳор Қамаров ин гуфтаҳоро тақвият бахшида мегӯяд, ки ин зиёдшавии даромади аҳолӣ дар дохилаш беқурбшавии пулро ба назар мегирад. Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки даромад то андозае аз рӯи рақамҳо зиёд шудааст, вале дар асл он ҳаҷми даромаде, ки дар соли 2011 аҳолӣ мегирифт дар муқоиса бо соли 2012, фарқияти зиёд надорад. Гарчанде дар дар соҳаҳои буҷетӣ аз 10 то 40 дарсад маошҳо боло рафта буд, аммо ин ҳоло кифоя нест. Чун дар муддати як сол ҳарчанд оморҳо таваррумро чандон баланд инъикос намекунанд, вале аз рӯи нархҳои бозор дар Тоҷикистон нархи маводи ғизоӣ якчанд маротиба баланд шуд. Зеро мардум бештар орду нону маҳсулоти хамирӣ истеъмол мекунанд. Ба маҳсулоти ғизоии мардум деҳот ҳам бештар ҳамин орд дохил мешавад. Ҳамин нархи орд дар як соли ахир ниҳоят афзоиш ёфт. Нархи сузишворӣ ҳам таи як соли ахир баланд шуд, ки ин ба сатҳи даромаднокии аҳолӣ ва меъёри хароҷотҳои онҳо таъсири худро бевосита мерасонад.Дастрас кардани маҳсулот аз як минтақа ба мантақаи дигар, ки дар он сузишворӣ сарф мешавад, вобаста аз нархи сузишворӣ хидматрасонии нақлиёт гаронтар шуда, ба нархи маҳсулот зам мегардад. Деҳқонон ҳам, ки барои кишти маҳсулот сузишворӣ истифода мекунанд, бо болоравии нархи сузишворӣ барои пушонидани хароҷоти худ нархи молашонро мебардоранд. Дар маҷмуъ ин 25 дарсад афзоиши даромадҳо аз ҷониби аҳолӣ ҳис карда намешавад, то битавон гуфт, ки мардум аз нигоҳи иҷтимоиву иқтисодӣ вазъияташон беҳтар шудааст.

Оморҳо воқеиятро баён намекунанд
Сатҳи таварруми Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷорӣ 6,3% - ро ташкил намуд. Ин дарҳолест, ки дар дигар кишварҳои ҳамсуд дар ин 11 моҳи соли 2012 минҷумла дар Қазоқистон дараҷаи таваррум 5,3%, дар Русия 6,1%ва дар Қирғизистон 5,9% - ро ташкил намуд.

Доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев бар ин назар аст, ки агар таваррумро аз рӯи нишондиҳандаи қурби пули миллӣ ҳисоб кунанд, мумкин дуруст бошад. Вале бо инобатгирии баъзеи дигар аз нишондиҳандаҳои арзишӣ ин нишондиҳанда мумкин аст зиёдтар ҳам шавад.  

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки афзоиши нархҳо аз афзоиши маош бештар асту боло бурдани маош нархҳоро намепӯшонад, ҷиҳати пардохти маоши муносиб тасмим лозим аст.   Табаралӣ Ғаниев дар ҳамин робита мегӯяд, ба соҳаи маориф агар нигоҳ карда шавад, мехоҳем, ки кадрҳои мо хуб бароянду илму ҳунари мо пеш равад. Вале маоши зарурӣ пардохт намегардад. Гарчанде судоварӣ аз рушди илмиву техникӣ баланд аст. Имрӯз маоши як прфессор аз ҳисоби буҷет 500$ мешаваду агар бо нархи орд муқоиса гардад, 6 халта мешаваду бас. Маоши замони шӯравиро агар бигирем, як муаллими оддӣ ҳамон вақт ин маошро мегирифт. Маоши он давраи профессор он замон 7 халта орд мешуд:

"Вақте 10 дарсад ҳавасмандкунии рушди илмӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, пас интизори натиҷаи баланд шудан ғайриимкон аст. Бо ин маошу бо ин молиякунонӣ донишмандони тоҷик наметавонанд, ки саҳмгузори рушди илмӣ бошанд. Асри 21 асри навоварӣ, эҷод ва ҳунар аст ва олимони мо вақте мақсадҳои баланд доранд, аммо ин мақсадҳо бо маош мувофиқат намекунад, пас ҳеч гоҳ ба ин мақосид расида наметавонанд дар кадом соҳае, ки набошад", афзуд Табаралӣ Ғаниев.

Агар мо хоҳем, ки даромади баланд гирем ва дар қатори ҷаҳониён пеш равем, пеш аз ҳама ин мақсадҳоро бо маош вобаста бояд кард. Имрӯз дар хориҷи кившар барои рушди зеҳнӣ то 70 дарсади маблағҳо сарф мешавад. Дар мо 70%  барои маош медиҳанд, вале 1% барои рушди зеҳнӣ ихтисос намедиҳанд. Аз ин рӯ мегӯяд Табаралӣ Ғаниев, аксарияти корҳои илмие, ки мекунанд, бо мақсади илм набуда, ба мақсади беҳтар кардани зиндагии худ аст. Бо профессору доктор шудан, мехоҳанд маоши зиёдтар нисбат ба муаллим бигиранд. Бинобарин ҳаракатҳо бо мақсадҳо мувофиқат намекунад ва ин ҳолат дар дигар корхонаҳо ҳам ҳаст. Ба ҳамин хотир корхонаи тоҷик тибқи талаботи ҷавобгӯи замон рушд намеёбад.

Муаллимон барои пул доктор мешаванд на илм
Моҳонаи номиналии коргарон дар моҳи октябри соли 2012, ба 612 сомонӣ расид, ки дар қиёс бо ҳамин давраи порсол 28,2% бештар аст. Моҳонаи номиналӣ бошад, ба 200 сомонӣ афзоиш ёфт. Аммо бо ин ҳол маошҳо дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама поинтар аст ва ҳукумати кишвар ба таври лозим онро боло намебардорад.

Баҳор Қамаров низ мегӯяд, новобаста аз он ки моҳона дар баъзе соҳаҳо зиёд карда шуд, вале аз нишондиҳандаи замонавӣ хеле пасттар аст. Ба наздикӣ ташкилоти байналмилалии меҳнат пешнҳод карда буд, то маоши Тоҷикистон маоши арзанда бошад. Зеро он маоши ҳадди ақале, ки имрӯз пардохт мешавад, ҷавобгӯи талаботи имрӯза нест ва он ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ҳоло ҳам мусоидат карда наметавонад. Имрӯз дар вазорату идораҳо ва дар корхонаҳои далватӣ маош паст аст ва дар қиёс бо онҳо дар бахши хусусӣ маош нисбатан зиёд аст, ки ин ҳам то андозае рақобатӣ будани бахши хусусиро нишон медиҳад. То он ҷо, ки имрӯз аз бахшу идораҳои давлатӣ мутахассисон барои кор ба бахши хусусӣ мераванд. Аммо иддае дигаре, ки маошашон дар бахши хусусӣ зиёд нест, барои харҷи тӯю харидани хона ба муҳоҷират мераванд. Ва онҳое, ки ҳунари баланд доранд, ҷои кори пурдаромад пайдо мекунанду сафар намекунанд. Албатта барои баланд бардоштани маош гоҳо зарурат пеш меояд, то меъёри андозҳо баланд бардошта шавад. Вале ин баланд бардоштани меъёри андоз авоқиби манфӣ дораду бештар ба бахши хусусӣ таъсир мерасонад ва боис мешавад, то нархи молу хидматрасониҳои бахши хусусӣ афзоиш ёбад. Дар ҳолати баланд бардоштани маош ҳам вақте нарх баланд мешавад, фарқе байни онҳо пайдо намешавад ва оне, ки маоши баланд мегирад, беҳбудиро ҳис намекунад.Дар ҳолате бардоштани маош метавонад таъсири баланд расонад, ки меъёри андозҳо, пардохтҳо ва боҷҳои давлатӣ баробари маош баланд бардошта нашавад. Чун вақте андоз баланд бардошта намешавад, шаҳрвандон то андозае метавонанд ҳис кунанд, ки ҳаҷми даромаднокияшон баланд гаштааст. Аммо имрӯз, ки саноату истеҳсолоти Тоҷикистон ақибмонда аст, имконият намедиҳад, то ММД - и кишвар ба қадри лозим зиёд карда шаваду аз ҳисоби таъмини даромадҳо маош ҳам зиёд карда шавад. Хароҷотҳое, ки аз ҷониби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ба хусус соҳаҳои иҷтимоӣ ва объектҳои он, пули зиёди буҷетро аз худ мекунанд, илова намуд Баҳор Қамаров.

Сабаби баланд набардоштани маошҳо ба таври лозим надоштани андешаи ҳунарист. Ҷаҳони имрӯза ҷаҳони замони шӯравӣ нест, ки аз марказ ҳамаи инро ба нақша гиранд.

Имрӯз бояд мустақилияти ҳунарии корхонаҳо ва ё мақоми ҳар як корманди ҳунарӣ дар фаъолиятҳои касбӣ боло бошад, то барои доштани имконоти рушди касбӣ ҳавасманд бошанд. Дар ҳар соҳае набошад, корманд бояд маош гирад, онгоҳ дилаш ба касбашу корхонаашу соҳибонаш месӯзад ва тамоми дилу ҷонашро барои рушди корхона медиҳад, мегӯяд Табаралӣ Ғаниев. Ба гуфтаи ӯ, агар имрӯз як назарсанҷӣ гузаронида шавад, мумкин 80 - 90 фоизи кормандони буҷет аз маошашон норозӣ бошанд.Талаботи имрӯзаи менеҷмент ин аст, ки диққати асосӣ бояд ба одамон дода шавад, вале ҳоло ҳам фикр намегардад, ки одам асосӣ аст. Компютер меоранд, аммо ин ки чӣ касе онро идора кунад, фаромӯш мекунанд.  

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!