Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 06:51

Хадамоти алоқа: мо душмани Интернет нестем

26 декабр 2012, 07:28

Давлати Тоҷикистон ва аз ҷумла Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди  озодии баён, андеша ва мубодилаи афкор нестанд. Озодии баён ин ҳуқуқи қонунии ҳар як шаҳрванд аст, ки Сарқонуни кишвар онро барояш кафолат додааст. Вале дар интернет асосан таҳқиру ҳаққорат аз забони онҳое оварда мешавад, ки ному насаби мустаор  доранд: Ношинос, Беном, Беватан ва ғайра…

Айни замон рушди ҳеч як система, ҷомеа, ташкилот ва ҳатто давлатро бе Инетернет тасаввур кардан ғайриимкон аст. Тасаввур кунед, агар як соат интернет дар Тоҷикистон қатъ гардад, чӣ хаосе онро фаро мегирад. Дар баробари қатъи алоқа тамоми бонкҳо аз кор мемонанд,  ки зиёни он тасаввурнопазир аст.
Чун хадаф имрӯз масъалаи одоби истифодабарии интернет аст, бояд зикр намуд, ки мо имрӯз аз зинаи аввал аллакай аз овони мактабхонӣ  бояд ба  кӯдакон этикаи истифодаи интернетро омӯзем, одоби муошират, тарзи истифода, аз кадом манбаъ истифода бурдан мумкин аст, кадоме фоидаовар ва кадоме зараровар, бояд ҳар як фарзанди мо, шогирди мо онро донад.

Ба ҳамин хотир таклиф мекунем, ки бигзор дар Интернет як бахше кушода шавад, ки одоби истифода ва муоширатро ба истифодабарандагон  талқин кунад.  Бигзор инчунин дар телевизионҳои мо, дар радиову матбуот махсус аз ин боб ташвиқот бурда шавад, ки одоби муошират дар интернет риоя шавад. Зеро интернет танҳо майдони муошират нест. Интернет дар айни замон ба як мактабе табдил ёфтааст, ки аз он тамоми намудҳои донишҳои замонавиро ба даст овардан мумкин аст. Дарсҳои онлайнии гуногуни забономӯзӣ, сиёсиву иқтисодӣ ва диниву дигару дигар ба пуррагӣ ба интернет ворид шудаанд. Аз интернет олимони мо барои навиштани диссертатсияҳо ва рисолаҳои доктории худ истифода мебаранд, донишҷӯён корҳои курсиву дипломии худро бо истифода аз интернет тайёр мекунанд. Сайёҳон барои истироҳат мамлакатҳои гуногунро маҳз тариқи интернет интихоб мекунанд. Довталабон донишкадаву донишгоҳҳоро тариқи интернет интихоб мекунанд.

Дар интернет китобҳои гуногунро ба даст меоранд, филмҳо роҳандозӣ месозанд, луғатномаҳоро дар компютерҳо насб мекунанд. Мусиқиҳои гуногунро тариқи интернет гӯш мекунанд.  Ба дарди худ даво ме ҷўянд. Хуллас, Интернет ба як майдони фарохе табдил ёфтааст ва чунон зуд рушд карда истодааст, ки ҳе ҷ як соҳаеро дар гўша намегузорад.. Фақат моро зарур аст, ки тарзи дурусти истифодаи онро омӯзем.

Рушди имрӯзаи ҷомеаро бе Интернет тасаввур кардан ғайриимкон аст. Интернет ин манбаи рушди информатсионӣ ва иттилоотиву техникӣ аст. Дар замоне ки арзиши рӯзномаву маҷаллаҳо то рафт боло меравад, Интернет ягона манбаест, ки на танҳо аз ахбори навин, балки аз кашфиётҳои нав дар соҳаҳои гуногун танҳо тавассути он  огоҳ мешавем. Ба ин хотир моро зарур аст, тарзи дурусти истифодаи онро омўзем ва ба пешрафти он монеъ нашавем.

Давлати Тоҷикистон ва аз ҷумла Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди  озодии баён, андеша ва мубодилаи афкор нестанд. Вале ҳама мехоҳад, ки интернет як сарчашмаи иғвогариву таҳқиру ҳақорат набошад. Озодии баён ин ҳуқуқи қонунии ҳар як шаҳрванд аст, ки Сарқонуни кишвар онро барояш кафолат додааст.

Вале дар интернет асосан таҳқиру ҳаққорат аз забони онҳое оварда мешавад, ки ному насаби мустаор  доранд. Мисол, дар баъзе шарҳҳо (комментҳо) мехонем, ки оварда шудааст: Ношинос, Беном, Беватан ва ғайра. Ва маҳз чунин номҳо ҳар гуна таҳқирро раво мебинанд. Шарҳу коментҳои ана ҳамин гуна номҳоро бояд масъулини сайтҳо ба  сомонаҳои худ роҳ надиҳанд. Комментария додан мехоҳанд, бигзор ному насаби аслии худро нависанд ва одоби муоширатро риоя кунанд.

Яке аз мақсади асосии президент  низ зимни пиёда намудани лоиҳаи му- ҷаҳҳазгардонии мактабҳо бо комютер ва пайваст намудан ба шабакаи интернет он аст, ки устодон ба хонандагони мактабҳо тарзи дурусти истифодаи компютер ва интернетро омўзанд ва чун тарғибгари ватани худ ба воя расанд. Агар мо зинаи аввали одоби муоширатро аз ҳамин ҷо ба хонанда омўзем боварӣ дорем, ки дар оянда шогирдони мо интернетро танҳо ба манфиат истифода мебаранд.

Ба ин хотир Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи истифодабарандагони Интернет эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки одоби муоиширатро риоя намуда, ба дигарон низ намуна бошанд.

Маркази Матбуоти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!