Бахшҳо
27 дек 2012 11:41Ҷавонон ва варзиш

60 соли сарафрозӣ

Ба ифтихори 60-солагии сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштии самбо

Ӯ нафарест оддӣ, заминӣ ва хоксор. Мардест, ки исми Тоҷикистонро борҳо дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст. Нафарест, ки шогирдонаш пайваста дар сабқатҳои Осиё ва ҷаҳон мақомҳои сазоворро ишғол мекунанд. Нафарест, ки тайи 40 соли фаъолият дар риштаи варзиш беш аз 300 маротиба шогирдонаш дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат намуда, байрақи Тоҷикистонро баланд бардоштаанд. Фарзандонаш ҳам парчамбардори Тоҷикистонанд. ? нафарест, ки пайваста кӯшиш мекунад, шогирдонаш рӯҳафтода нашаванд ва умед мебандад, рӯзе ҳатман меҳнати ӯ ва шогирдонашр қадр мешавад.

Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хисравов, Умед Раҳматуллоев, Комроншо Устопиров, Бобоҷон Зоиров, Қиёмиддин Авазов, Нозим Охиров, Азизи Ризвон, Қандилҷони Рустамзода, Зайналобуддинов аз шумули шогирдони номдори Маҳмадшариф Сулаймонов ҳастанд, ки пайваста дар сабқатҳои ватаниву байналмилалӣ муваффақ мешаванд.

Маҳмадшариф Сулаймоновро аксарият  чун паҳлавони номдори Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Аз хӯрдӣ варзишро дӯст медошт, балки ин шуғлро аз гузаштагонаш мерос гирифтааст. Бобояш Амонат Муҳаммадгиёев, падараш Муҳаммадсулаймон Амонатов ва бародаронаш ҳамагӣ гуштигирони номдор буданд.

Маҳмадшариф ҳам паҳлавони даврони худ аст.

Маҳмадшариф Сулаймонов баъди хатми мактаби миёна ба шаҳри Душанбе омада ба факултаи Физика ва математикаи Донишгоҳи педагогии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳояшро месупорад. Баъди чанд моҳи таҳсил донишгоҳто тарк карда, соли 1970 ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дохил мешавад. Донишкадаро ҳамроҳ бо Саидмӯъмин Раҳимов хатм мекунад. Чанд муддат дар донишгоҳ ба ҳайси муаллим кор кардааст.

Аз суҳбат бо хешони наздики Маҳмадшариф дарёфтем, ки ба ғайр аз гуштигирӣ ҳунари овозхонӣ ҳам доштааст. Овони мактабхонӣ ҳамеша дар кружоки худфаъолиятии мактаб ва кружокҳои байнимактавӣ дутор навохта, сурудхонӣ мекардааст.

Саидмаҳмуд Саидаброров, яке аз ҳамкасбони Маҳмадшариф Сулаймонов мегӯяд, 40 сол аст, ки ӯро мешиносад. "Соле, ки ба Донишкадаи варзиши Тоҷикистон дохил мешудам устод Маҳмадшариф ҳамон сол имтиҳони дохилшавии моро қабул карда буданд. Аз ҳамон замон ӯро мешиносам. Дар шахси Сулаймонов як нафари хоксору заминиро мебинам. Нисбати шогирдонаш ғамхор буда, ба онҳо ҳам тамрин медиҳад, ҳам дарси одобу маданият меомӯзад".

Акмалиддин Каримов, ки тули 12 сол аст дар тарбияи Маҳмадшариф Сулаймонов асту пайваста бо роҳбарии ӯ машқу тамрин мекунад, яке аз муваффақтарин шогирдони
ӯ мебошад. Акмалиддин, устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон, қаҳрамони секаратаи чемпионати ҷаҳон байни наврасон ва ҷавонон, барандаи ҷойи сеюми чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон, ду карат чемпиони ҷаҳон байни ситораҳои ҷаҳон, ҷойизадори нишони нуқраи Ҷоми ҷаҳон миёни калонсолон, дар солҳои  2011-2012, ду карат чемпиони Осиёи миёни ҷавонон ва калонсолон ва ду карат чемпиони Осиё миёни наврасон аст. Акмалиддин мегӯяд, ҳарчанд устоди мо одами заминӣ ва хоксор аст, вале ҳангоми  тамрин бисёр самимӣ ва сахтгир мебошад: "Масалан аз миёни мо шогирдон ҳар касе, ки набошад ва чӣ муваффақияте надошта бошад, агар ба машқ дер ояд ва тамринашро дар вақташ иҷро накунад, сарзаниш мекунанд. Бо вуҷуди ҳамаи сахтгириҳояшон устод бисёр меҳрубон ҳам ҳастанд, доимо моро дилбардорӣ намуда мегӯянд, ки рафту дар ягон мусобиқа шикаст хӯрдед дилшикаста нашуда, баръакс пайваста кӯшиш намоед, то дар сабқатҳои байналмилалӣ бештар ширкат намоед ва нуфузи Тоҷикистони азизро боло бардоред. Маҳз ҳамин сахтгириҳо ва меҳнатҳову меҳрубониҳои ӯ буд, ки мо шогирдонаш дар арсаи ҷаҳон номбардор ва парчамбардори кишвари хеш шудем".

Собир Сулаймонов, писари Маҳмадшариф мегӯяд, падараш дар вақтҳои холӣ ба кабкбозӣ машғул мешавад ва бештари вақти худро ҳамроҳи наберагонаш мегузаронад.

Маҳмадшариф Сулаймонов аз шогирдонаш умеди зиёд дошта, мегӯяд дар оянда ният дорад, шогирдонаш қулаи тайкардаи Саймуъмин Раҳимовро фатҳ намоянд.

Маҳмадшариф Сулаймонов 25 дафъа қаҳрамони Тоҷикистон дар намудҳои гӯштии миллӣ ва самбо  аст. 28 маротиба дар мусобиқаҳои умумииттиҳодӣ (ҳозира байналмилалӣ) дастболо шудааст. Се карат чемпиони ҷаҳон байни устодон мебошад.

Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гуштии миллӣ, Устоди Иттиҳоди шуравӣ дар намуди самбо ва ҷудо, Устоди шоистаи варзиш Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гуштии самбо, мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон, Довари дараҷаи байналмилалии сифати олӣ.

Маҳмадшариф Сулаймонов 1-уми январи соли 1953 дар деҳаи Рованди ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Ҳамагӣ баъди чанд рӯз ба сини мубораки 60 қадам мегузорад. Ба ин муносибат ӯро самимона табрик мегӯем!

Ибодуллоҳи ТОИР

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)