Бахшҳо
28 дек 2012 06:10Гузориш

Оё боздошти Умаралӣ Қувватов ба интихоботи 2013 рабт дорад?

Чанд рӯз қабл дар шаҳри Дубай роҳбари "Гурӯҳи 24" дастгир шуд. Дар иртибот ба ин қазия Озодагон суоли болоро дар миён гузошт ва назари коршиносонро пурсид:

Парвиз МУЛЛОҶОНОВ, коршиноси масоили сиёсӣ
Ин созмон дар Тоҷикистон намояндагӣ надошт ё таъсираш маҳдуд буд. Худи Умаралӣ онқадар ҳам шинохта набуд дар Тоҷикистон. Ин ки ӯро ба Тоҷикистон равон кунанду ҳабсаш кунанд, ин ба имиҷи Тоҷикистон метавонад таъсири манфӣ расонад. Чун дар Ғарб инро ҳамчун як нишонаи муборизаи сиёсӣ арзёбӣ мекунанд. Боздошти ӯ ба интихоботи соли 2013 таъсир нахоҳад кард. Зеро нуфузи ин созмон ва тарафдоронаш дар Тоҷикистон зиёд нест. Ман шубҳа доштам, ки ин шахс дар интихобот ширкат карда тавонад, зеро иҷоза намедиҳандаш.

Раҳматулло ВАЛИЕВ, таҳлилгари масоили сиёсӣ
Умаралӣ Қувватов яке аз шахсоне буд, ки дар атрофи худи наздикони президент кор мекарду бо онҳо бисёр наздик буд ва сирру асрори онҳоро медонист. Охир вақтҳо, ки аз инҳо ҷудо шуду мавқеъи мухолифро гирифт ва дар васоити ахбори омма баромадҳои зидди ҳукуматӣ мекард ва бисёртар даъват ба он мекард, ки то интихобот ин ҳукумат бояд дигар карда шаваду худи президент ба истеъфо равад. Имрӯз агар Умаралӣ Қувватов дастгир шуда бошад, фикр мекунам ин барои интихоботи соли 2013 аст. Умаралӣ Қувватов гуфта буд, ки бисёр чизҳоеро медонаду бисёр ҳуҷҷатҳоеро метавонад пешнҳод кунад. Фикр мекунам, Умаралӣ Қувватов барои интихоботи соли 2013 як монеъаи ҷиддӣ барои ҳукуматдорон буд.

Раҳматилло ЗОИРОВ, раҳбари ҲУСДТ
Дар ин бора сӯҳбат кардан пешгӯӣ кардан мебошад. Зеро агар дар Тоҷикистон мо дар бораи ӯ хабар медоштем, ки ягон кори ҷиноятӣ кардааст, мақомоти Тоҷикистон, прокуротураи генералӣ ё Вазорати хориҷа ба онҳо ба воситаи интерпол муроҷиъат мекарданд. Вале аз бас, ки ин чиз нест, мумкин ягон мақомоти кишвар ба ин масъала муроҷиъат накарда бошад. Агар кори ҷиноятӣ оғоз мешуд, дар асоси шартнома оид ба ёрирасонии ҳуқуқӣ дигар давлат ӯро истирдод метавонист кунад. Агар инҷо масъалаи тиҷоратӣ бошаду ӯ дар асоси ташаббуси худи Дубай дастгир шуда бошад, сонӣ ин гапҳо нодуруст мебарояд. Барои ҳамин ин чизро аввал мушаххас бояд кард. Агар муқаррар гардад, ки ин ягон характери сиёсӣ дорад, албатта ин бо интихоботи соли 2013 иртибот дорад. Инҷо бояд муқаррар кард, ки барои дастгирии Умаралӣ Қувватов ягон мақомоти давлатии Тоҷикистон чи ҳисса гузоштанд ва ё пешниҳоде кардаанд ё на. Агар хоҳиши инҳо набошад, онро вобаста ба интихобот гуфтан мушкил мешавад.

Сайфулло САФАРОВ, муовини раиси МТС
Мебахшед,чи гуна метавонад боздошти як тоҷир ё соҳибкори ношинохта ба интихоботи соли 2013 дахл дошта бошад. Ман аслан бехабарам то ин дақиқа, ки чаро ва дар куҷо боздошт шудааст. Баромадҳои телевизионии ӯ ҳам, ки аз телевизиони оппозитсионии Қазоқистон буданд, ӯро машҳур накарданд. Чунки ин телевизионро ҳама дар Тоҷикистон тамошо намекунанд.  Баъд дар сиёсат гапҳои подарҳаво ба ҳеч кас фоида нахоҳанд дошт. Дар ин майдон ё аз ҳад зиёд хирадманду боғайрату ватандуст будан даркор ё худро беҳуда ба бало гирифтор набояд кард. Фарқ надорад дар Тоҷикистон вақте кор мекард, ман шахсан чунин шахсро дар сиёсат намешинохтам. Ҳол он ки ман қариб ҳамаи онҳоеро, ки ба сиёсат каме сару кор доштаанд, мешиносам ва мавқеъи онҳоро ё мепазирам ё рад мекунам. Ба ҳар ҳол гапҳои вай сиёсӣ набуданд. Суханҳояш дар доираи корҳои тоҷирияш буданд, ки ӯ аз касе дар кадом коре сахт ранҷидааст. Сиёсат ҷои ҷабрдидаҳо метавонад бошад. Таърих чунин мисолҳоро медонад, вале ранҷидаҳоро чун ранҷидае беш қабул намекунад. Баъд аз касе ранҷидан набояд зидди давлату миллат истифода шавад, агар ранҷонанда шахси давлатӣ ҳам бошад.

Сайидумар ҲУСАЙНӣ, муовини раиси ҲНИТ
Барои интихоботи 2013 касеро дастгир кардан ва ӯро ҷинояткор номидан мантиқ надорад. ӯ тавре медонед дар Тоҷикистон як тоҷир буд ва агар ягон фиребкорӣ ё хиёнат дар ин кораш карда бошаду дар ҳамин асос ӯро боздошт карда бошанд, хуб ин чизи дигар аст. Вагарна дуруст аст, ки ӯ чанд мухолифатҳое бо ҳукумати Тоҷикистон дораду камбудиҳое аз ҳукуматро кашфу ифшо кардааст, барои ин ягон хел ҷиноят пешбинӣ нашудааст. Агар ӯ дар интихоботи 2013 номзад шуданӣ бошад, кӣ ҳақ дорад ӯро барои номзадияш маҳкум кунаду ба маҳбас кашад. ӯ шояд ба хотири ягон ҷинояти дигаре боздошт шудааст ва аз нигоҳи ман ин ба ин чиз рабт надорад. Ин чизро мо ҳеч вақт набояд фикр кунем, ки агар касе даъвои номзадӣ дошта бошаду эътиқодоти сиёсияшро эълон кунад ва ба танқиди мову ҳукумат бипардозад, касе вайро ҳақ надорад ба ҷавобгарӣ кашад.

Комёб ҶАЛИЛОВ, коршинос
ӯро дар мусоҳибаҳо ҳамчун фиребкор муаррифӣ мекунанд, вай шаҳрванди мо нест. Ҳозир ӯ шаҳрванди Русия аст. Агар аҳамият дода бошед, ӯ аз канали К+ - Русия як миллион қарздор аст. Иттилоъоте, ки бо воситаи интернету канал ман дастрас кардам, ягон асосе намедиҳад, ки гӯё ин ба интихоботи 2013 марбут бошад. Ин кадом як бозиест, ки баъди як ё ду ҳафта мумкин аст ба он рӯшанӣ андохта шаваду мақсади аслии ин бозӣ муаян гардад. Агар гӯем, ки ӯро хадамоти Тоҷикистон дастгир кардааст, дар ин маврид ягон маълумот нест. Бо таҳлили иттилоъоти оянда мумкин ин қазия маълум гардад. Мумкин доираҳои сиёсатмадорони Тоҷикистону Русия дар инҷо манфиъатдор бошанд ва ё он қарзҳое, ки аз дигарон гирифтаасту дар мусоҳибаҳо гуфтааст, ки пул медиҳам, эҳтимол ин сабабҳо ҳам бошад. Боздошти ӯ ҳаргуна асос дорад ва ягон асоси муаяне, ки дастгирии ӯ ба қувваи сиёсие иртибот дошта бошад, дастрас нест.

Иззат АМОН, раҳбари Созмони ҷавонони муқими Русия
Албатта ин қазия робитаи мустақим ба интихоботи 2013 дорад. Зеро Умаралӣ Қувватов ҳамеша аз ҳукумати кишвар даъвои интихоботи шаффоф ва бидуни тақаллубро мекард. Дар ин робита ӯ мутмаин буд, ки интихоботи шаффоф танҳо дар ҳолати истеъфои ҳукумати имрӯза метавонад сурат гирад. Дар акси ҳол имконнопазир аст. Албатта дархосте, ки ба Дубай фиристода шудааст, чунин харфҳо ҷой надоранд, вале дар умум қазияи дархост сиёсӣ аст на ҷиноӣ.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)