Бахшҳо
28 дек 2012 07:16Сиёсат

Аз телевизиони ҲНИТ кӣ метарсад?

Ҳафтаи гузашта ғайриинтизор Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон эълон дошт, ки телевизиони худро таъсис медиҳад. То кунун ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ҳафтаномаҳо ва сомонаҳои интернетии худро доштанд, вале агар ҲНИТ ба таъсиси телевизион мувафақ шавад, дар таърихи Тоҷикистон он аввалин ҳизби мухолифе хоҳад шуд, ки соҳиби шабакаи телевизионӣ мегардад.
Воқеан, расман дар Тоҷикистон ҳеҷ ҳизбе шабакаи телевизионӣ надорад, аммо коршиносон шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистонро ба Ҳизби халқӣ-демократӣ, ҳизби ҳокими кишвар марбут медонанд, ки ҳамеша ва якҷониба барномаҳои ин ҳизбро тарғиб мекунанд. Дар сурати таъсиси телевизиони ҲНИТ ба гуфтаи коршиносон шояд ин якрангиву якнавохтии телевизионӣ дар Тоҷикистон аз миён биравад ва телевизионҳои давлатӣ ҳам дар рақобат бо ин шабакаи ҲНИТ касбитар гарданд.

Интихобот ё талоше барои шод кардани рӯҳӣ Нурӣ
Чун то интихоботи президентии Тоҷикистон камтар аз як сол боқӣ мондааст, хурдтарин ҳаракати чеҳраҳои сиёсӣ ва аҳзоби сиёсиро марбут ба интихобот медонанд. Тасмими таъсиси телевизиони ҲНИТ низ аз ин тахминҳо истисно нест. Ҳарчанд, масъулони ҲНИТ мегӯянд, ин тасмими як рӯза ва ё яксола нест, балки сари таъсиси телевизион солҳои тӯлонӣ андеша доштанд ва ҳоло вақти амалӣ намудани он расидааст. Ҳатто, Вохидхон Косиддинов, раиси дастгохи марказии ҲНИТ таъсиси телевизионро орзуву ормонҳои марҳум Саид Абдуллои Нӯрӣ, таъсисдиҳанда ва пешвои ин ҳизби сиёсӣ донист, ки аз маргаш 7 сол гузаштааст.
Ба гуфтаи Қосиддинов таъсиси телевизион яке аз мақсадҳои марҳум Нурӣ буд, ки ҳоло амалӣ кардани онро зарур медонанд.
-  Қаблан дар замони Нурӣ ҳам дар ин робита ба мақомоти дахллор  муроҷиат карда буданд, аммо аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радио аризаро аслан қабул накарданд. Он вақт мумкин айби мо ҳам буд, ҳама тарафа омода набудем ва  масъулин ба мо гуфтанд, то шароити лозима омода набошад, ариза қабул карда намешавад. Албатта, анҷом додани ин шабака он вақт кори каме сангин буд ва аз ин лиҳоз ба таъхир ҳам афтод. Мо мақсад доштем фақат як  шабакаи радиоӣ кушоем. Чандин иқдоми дигар ҳам анҷом гирифт. Вале ҳамааш ҳам бе натиҷа,-иброз дошт Қосиддинов.

Телевизиони ҲНИТ: "Бача дар сафар…"?
Ҳоло ҳам, бисёре аз коршиносон амалӣ гаштани ин тасмимро дар шароити пеш аз интихоботи президентӣ як кори ғайриимкон донанд ҳам, аммо масъулини ҲНИТ ба амалӣ гаштани он бо боварии калон нигоҳ мекунанд.
Воҳидхон Қосиддинов дар ин робита бо боварӣ гуфт: "Ин даъфа тасмими  хеле ҷиддии Шурои сиёсӣ аст. Мактуби аввалинамон ба Кумитаи телевизион ва радио супорида шуд. Ин даъфа ариза рости гап бе ягон мушкили қабул гардид.Муовини аввали раиси Кумитаи радио ва телевизион ба мо  дар хусуси кадом намуди ҷиҳоз барои таъсис як шабака лозим аст, руйхаташро   пешниҳод карданд. Масъулини комиссияи иҷозатномадиҳӣ низ баъзе дастурҳо доданд. Ин дафъа иқдоми мо хеле ҷиддист. Албатта, мо бо дастгирии ҷонибдорони ҳизб ин ҳар дуи шабакаро фаъол мекунем ва аз ҷониби ягон хориҷӣ маблағгузорӣ нахоҳем шуд. Ҳоло рости мо бо такя ба ваъдаҳои ҷонибдоронам ин корро шурӯъ кардем. Тасмим дақиқ аст, вале ҷиҳозҳои лозимаи техникиро аз кадом кишвар хоҳем овард, то ҳол муайян накардаем".

Эълони ин тасмим ҳам дар ҳоле будааст, ки то кунун ҲНИТ ба мақомоти дахлдор дар ин бора муроҷиат накарда аст. Аммо ин масъули ҳизб гуфт, ки пас аз харидории таҷҳизот ва омода кардани шароит ба мақомоти дахлдор дар ин бора расман муроҷиат хоҳанд кард. То ҳол муроҷиат накардани масъулини ҳизб ба мақомот ва аммо эълони ин тасмим карданро бисёриҳо ба масалаи халқии "Бача дар сафар, номаш Музаффар" шабеҳ медонанд. Ба назари коршиносон ин тасмимро бояд то марҳилаи зарурӣ ҲНИТ эълон намекард, аммо бархеи дигар мегӯянд, ошкор кардани ин тасмим кори хуб аст, зеро дар сурати сабт нашудан аз ҷониби мақомоти давлатӣ ошкор кардани ин мавзӯъ дер мешуд.

Сад "агар"-и як тасмим
Таъсиси телевизион аз ҷониби ҲНИТ-ро коршинсон то ҷое орзуи мушкиламалишаванда, вале хуб медонанд. Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси  Ҳизби умумимиллии сотсиалдемократии Тоҷикистон таъсиси чунин як  телевизионро дар сохтани тафаккури миллӣ ва пешрафти ҷомеа созгор ва бо мақсад мувофиқ медонанд.
Аммо ӯ мегӯяд, пештар чунин талошҳое ноком шуданд. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати таъсис ёфтан ҳам, агар ин телевизион аз хати сурхи кашидаи ҳукумат берун шавад, ҳатман гирифтори мушкил хоҳад гардид.

- Агар иҷозат диҳанд, дар фазои иттилоотии кишвар таҳавуллоти ҷиддӣ ба вуҷуд меояд, зеро то ягон телевизиони воқеан алтернативӣ таъсис дода нашавад, сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва дониши ҳуқуқии шаҳрвандонро дигар кардан мумкин нест. Мақомот аз шабакаи ҲНИТ меҳаросанд, ки ин телевизион шояд воситаи муҳим ва минбари рушанфикрон ва шахсиятҳое шавад, ки имконияти иштирок дар барномаҳои телевизионҳои давлатӣ надоранд. Инчунин, маҳз таъсиси чунин телевизион шароити қонеъ гардонидани орзуву ормонҳои мардумро доранд. Одатан, ин гуна телевизионҳо муҳити эҷодии мусоид ва озодтар доранд ва аз ҳама муҳимаш сензура надоранд, чуноне ки телевизионҳои давлатии мо доранд. Аммо дар сурати чунин фаъолият кардан ё мавҷи он дучори мушкил мегардад ва ё бо баҳонаҳои дигар баста хоҳад гардид,-мегӯяд, бо итминони комил Ҳакимов.

Телевизиони ҲНИТ бидуни барандаҳои ҳиҷобдор
Аммо Қосиддинов мегӯяд, онҳо аз чаҳорчубаи қонун ҳаргиз берун фаъолият нахоҳанд кард ва ӯ ба ин бовар аст, ки шабакаи онҳо ҳатман  ба наздикӣ  фаъол хоҳад шуд ва ягон монеаро аз ҷониби ҳукуматдорони кишвар барои таъсиси ин шабака намебинанд. Ҳатто ин масъули ҲНИТ мегӯяд, барандаҳои ин телевизион бидуни сатр, мисли телевизионҳои кишвар фаъолият хоҳанд кард. Барои мо либоси миллии тоҷикӣ хеле муҳим аст.   
Як масъули Вазорати адлия, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ки мо бе ягон мушкили метавонем, шабакаи ҳам радио ва хам телевизиони ҲНИТ ба кайд гирем, агар ҳуҷҷатҳои онҳо ба сохтори давлатдорӣ  ягон зиддият надошта бошанд.

- Ҳамааш дар доираи қонунҳои амалакунандаи кишвар пешниҳод шаванд, чаро ба қайд нагирем? Ин гапҳо дуруғ аст, ки мо ба қайд намегирем. Ин хел гап нест,-гуфт,  ин манбаъ.
Аммо Иззат Амон, коршиноси масоили сиёсӣ, ки чанде пеш талоши таъсиси Ҳизби ҷавононро намуда, ноком гардида буд, тамоман бовар надорад, ки ҲНИТ дар ин замина мувафақ шавад.

Иззат Амон чунин гуфт: "На танҳо ҲНИТ, ки худ як ҳизби мухолифи режим аст, балки ҳар каси дигари бегона агар бихоҳаду кӯшиши сабти ҳамчун чизеро намояд, ба хусус дар Тоҷикистон  муваффак нахоҳад шуд, магар ин ки ба манфиати худи режим равона шуда бошад. Манзурам яке аз шартҳои ба қайдгирии чунин як телевизион ва ё радио танҳо пахши суруду мусиқӣ ва барномаҳои тафреҳӣ мебошад. Агар шумо хоҳед, ки канали телевизиониеро таъсис дихеду барномаҳои созанда ва афкори умумро пахш намоед, ба ҳиҷ унвон муваффақ  нахоҳед шуд. Зеро масъулини Кумитаи давлатии радио ва телевизион ба хубӣ дарк менамоянд, ки дар ҳолати таъсиси як телевизиони пешрафта, ки мушкилиҳои мардум ва кишвар дар он гуфта шавад, фавран мақом ва мавқеашонро аз даст хоҳанд дод. Дуруст аст ва ҳеҷ ҷойи пинҳон ҳам нест, ки ҳоло ҳам каналҳои телевизиони Тоҷикистонро касе тамошо намекунад, далели ин ҳамон антенаҳои моҳвораии насбшуда дар болои боми мардум мебошад, ки ҳама аз он истифода мебаранд. Агар рафту пешниҳоди ҲНИТ пазируфта шавад, ин худ  як ғалабаи демократия дар кишвари мо ҳисоб меёбад".

Аз замони истиқлолият то кунун дар Тоҷикистон ягон шабакаи телевизион ё радиои ғайридавлатӣ, ки дар тамоми Тоҷикистон қобили тамошо ва ё шунидан бошад боз нашудааст. Танҳо телевизиони "Симои мустақил"-и пойтахт сабт шудааст, ки дар Душанбе қобили тамошо ҳаст ва он ҳам ҳамеша гирифтори мушкили пахши мавҷ аст. Масъулини Кумитаи телевизон ва радио  мавҷи ин телевизионро дучори мушкилоти фаннӣ кардаанд, ки дигар аз тамошои он чашми бинанда ба дард меояд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)