Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:15

Кӯлобиҳо таҷрибаи кишоварзӣ меомӯзанд

3 январ 2013, 09:45

Дар ноҳияи Кӯлоб ҳарчанд заминҳои обиву кишоварзӣ зиёданд, аммо деҳқонон аз он самаранок истифода бурда наметавонанд.

Коршиносони соҳаи кишоварзӣ сабаби «дилхунук» шудани деҳқонони ҷануби кишварро аз замин ба ҳосили дилхоҳ нагирифтани онҳо марбут медонанд. Абдуғаффор Раҳмонов, раиси шаҳри Кӯлоб мегӯяд, солҳои пеш деҳқонони минтақа бо сабабҳои гуногун, ба хусус истифода набурдани чиҳатҳои агротехникӣ аз заминҳо ҳосили кам ба даст меоварданд, аз ин рӯ дигар ба кишти маҳсулот ҳам рағбати зиёд надоштанд. Гузашта аз ин, коркарди маҳсулот ва кишту кор дар соҳаи кишоварзӣ таҳти назорат набуд: «Ҳамаи инро ба назар гирифта, ҳукумати маҳаллӣ тасмим гирифт дар соҳа дигарфаъолиятиро ба роҳ монад. Бо ташаббуси раиси шаҳр, деҳқонон аз дигар навоҳии кишвар даъват гардида, дар майдонҳои тақрибан бекормонда ва камфаъол кишти гуногуни маҳсулотро ба роҳ монданд. Таҷрибаи ин деҳқонон ба кишоварзони маҳаллӣ омӯзонда мешавад».

Ҷаноби Раҳмонов гуфт, барои таъмин намудани аҳолии шаҳру ноҳия бо ангур, тибқи ҳисоби мутахассисон, ҳамагӣ 10 гектар боғи ангур ба пуррагӣ басанда аст. «Муттаасифона то имрӯз дар ҳудуди ноҳия ангурбоғ набуд. Аз ин хотир, бо даъвати ҳукумати шаҳр, мутахассисони ангурпарвар аз ноҳияи Турсунзода ба Кӯлоб омада, ҳамакнун дар майдони 15 га бунёди боғ ҷараён дорад. Бо ба ҳосил омадани боғ на танҳо сокинони шаҳру ноҳия бо ангур таъмин мегарданд, балки метавон ба дигар навоҳии минтақа ҳам онро ба савдо баровард»,- афзуд райиси шаҳри Кӯлоб.

Бино ба иттилои номбурда як гурӯҳи дигари деҳқонони турсунзодагӣ барои деҳқонони кӯлобӣ тарзи кишту кори пиёзи барвақтиро омӯзиш хоҳанд дод. Барои ин амал, эшон дар майдони беш аз 70 гектар дар ҷамоати деҳоти «Кӯлоб» киштро ба аном расондаанд. Раиси шаҳр мегӯяд, кишти пиёзи барвақтӣ барои кишоварзон фоидаи зиёд медиҳад. Аммо дар Кӯлоб аз он истифода бурда наметавонистанд. Ба андешаи ӯ, деҳқонони кӯлобӣ ҳарчанд пиёз кишт мекардаанд, аммо онро охири зимистон ва ё аввали баҳор кошта, ҳосилро дар моҳҳои тирамоҳ мегирфтанд, ки дар ин муддат аллакай нархи пиёз арзон мебошад: «Ҳосили пиёзи барвақтӣ аллакай аввалҳои моҳи май рӯёнда мешавад, ки дар ин вақт арзиши 1 килои он 2,5 то 3,5 сомонӣ аст. Чунин нарх ба фоидаи деҳқон мебошад. Дар ҳоли ҳозир мо кишоварзонро маҷбур намудем, ки кишти пиёзи барвақтиро ба роҳ монанд. Боварӣ дорем, бо гирифтани фоидаи аввалин, дигар ихтиёрӣ ба ин кишт дода мешаванд».

Ба ҷуз ин як гурӯҳи дигари кишоварзон аз ноҳияи Бохтар барои ҳамтоҳои кӯлобии худ тарзи кор ва кишти сабзавоту кабудиро дар гармхонаҳо омӯзондан доранд. Гуфтанист, дар ҳамаи шаҳру ноҳия то имрӯз  ягон гармхона бунёд нагаштааст, ҳарчанд дар омори давлатӣ аз фаъолияти чунин гармхонаҳо маълумот медоданд.
Гуфта мешавад, ин навъи сабзавот, ки воқеан харидори зиёд ҳам дорад, то имрӯз аз навоҳии минтақаи Қурғонтеппа вориди Кӯлобшаҳр мегашт, ки нархи гарон дошт.  

Бо омӯзиш ва истифода аз таҷрибаи кишоварзони Турсунзодаву Бохтар, деҳқонони кӯлобӣ метавонанд дигар аз ҳар қитъаи замин самаранок истифода бурда, дар оянда ҳам бозори маҳаллиро бо меваву сабзавоти худӣ фарогир шаванд ва низ сатҳи зиндагии худро беҳтар гардонанд.

Дар ноҳияи Кӯлоб тибқи маълумот наздик ба 13 ҳазор гектар замини обии корам мавҷуд буда, аз он ҳамасола наздик ба 5 ҳазор га барои кишти пахта ҷудо мегардад. Аз ҳар гектар замин аз 20 то 30 сентнер пахта рӯёнда мешавад. Дар заминҳои дигар ғалладонаву полезӣ кишт мегардад.
Аммо қисмати бузурги маҳсулоти кишоварзиро дар бозорҳои шаҳру ноҳия моли воридотӣ ташкил медиҳад.

Аслиддин Достиев





























Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!