Бахшҳо
03 янв 2013 12:10Гузориш

"Индипендент": дар ҳоли суқут будани Асад, фарзе иштибоҳ аст

Сурия ба маҳале барои низоъи тӯлонии қудратҳои минтақаӣ низ бадал хоҳад шуд ва дар як сӯ Амрико, Исроил, Арабистон ва муттаҳидонаш қарор доранд ва дар сӯи дигар Эрон ва дигар ҳомиёни низоми ин кишвар...

Патрик Кокбрен, ки ба Сурия сафар карда нигоҳе мутавофит бо авзои ин кишвар дорад. Ӯ мегуяд, он чӣ ки дар Сурия рух медиҳад, бо чизе ки дастгоҳи расонаии мухолифон мунташир мекунад, фарқкунанда аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ҳоле ки мақомот ва расонаҳои ғарбӣ талош мекунанд ин ривоятро тақвият кунанд, ки авзоъ дар Сурия ба нафъи мухолифон гардиш карда ва низоми ин кишвар дар ҳоли суқут аст, бисёре аз расонаҳо ва хабарнигорҳои мустақил авзои Сурияро мутафовит аз ин хати расонаӣ арзёбӣ мекунанд. Дар ҳамин росто, рӯзномаи англисии "Индипендент" ёддоштеро ба қалами Патрик Кокберн, хабарнигори худ, ки ба Сурия сафар кардааст, мунташир карда ва дар он авзои дохилии Сурияро мутафовит аз он чӣ дар расонаҳои ғарбӣ унвон мешавад, тасвиф кардааст.Кокберн, ки пеш аз ин ҳам гузоришҳое аз Сурия мунташир карда ва дар он бар тавони давлати Сурия дар контроли авзоъ таъкид карда  буд, дар гузориши ахири худ аз тамоси телефонии мухолифон ва даргириҳои лафзӣ бо вай навиштааст.

Эътирози мухолифон ба хабарнигоре, ки бархе ҳақиқатҳои Сурияро баён кард

“Якуним соат пас аз он ки аз Димишқ ба Бейрут бозгаштем, як сурӣ бо телефони ман тамос гирифт ва фарёд кашид: нанг бар ту ! нанг бар "Индипендент"! Ин фарёд он қадар асабонӣ буд ва суҳбатҳои бемаънӣ мекард, ки ба дурустӣ маълум набуд ба чи чизе эътироз дорад. Аммо ба назар мерасид, тамоми гуноҳи ман ин буд, ки ба Димишқ рафта будам, бо маъмурони давлати Сурия сӯҳбат карда будам ва ба ин натиҷа расида будам, ки ин ҳукумат ба ин зудиҳо шикаст намехӯрад.

Музокираи мо хеле бо мафҳум набуд ва баъди каме  баҳс, ман ба у гуфтам: агар он қадар нороҳатӣ, чаро ба ҷои инки интавр ба ман таҳқир мекунӣ ва ё ин ки тамоми вақти худро дар қаҳвахонаҳои Бейрут бигузаронӣ, ба Ҳалаб намеравӣ ва дар канори мухолифон намеҷангӣ?. Пас аз ин буд, ки ҳар дуи мо телефонро қатъ кардем.
Замоне, ки масири кӯтоҳ байни Димишқ ва Бейрутро тай мекунӣ, гуё аз як сайёрае ба сайёраи дигаре рафтаӣ. Чизе, ки дар пойтахти Сурия ба назар комилан бадеҳӣ ва ошкор меояд, замоне ки ба марзи Лубнон мерасӣ, комилан ҷанҷолӣ буда ва танҳо ба назари афроди каме, воқеӣ ба назар мерасад. Дар ҳақиқат берун аз Сурия, мудом суҳбатҳо ва пешбиниҳои расонаҳо ва дипломатҳоро мешунавем, ки аз пирузии қарибулвуқуъи мухолифони мусаллаҳ ва шикасти низоми Башшор Асад мегуянд. Аммо ончи ки дар ин изҳорот нодида гирифта шуда, ин нуктаи муҳим аст, ки неруҳои Асад ҳамчунон тамом ё бахшҳои бузурге аз тамоми шаҳрҳо ва манотиқи муҳими Суриро таҳти контрол доранд.

Пушиши расонаии ҷонибдорон аз авзои Сурия

Бахше аз ин  фарқияти бардошт дар мавриди руйдодҳои Сурия дар дохил ва хориҷ аз кишварро, метавон ба навъи пушиши  расонаии ҷанги Сурия аз суи расонаҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ нисбат дод. Ба далели шароити сахти дарёфти виза, хабарнигорони хориҷӣ андаке дар Сурия  ҳузур доранд. Дар муқобил, мухолифони мусаллаҳ амалиёти расонаии бисёр печидае доранд,  ки маъмулан ин амалиёт аз хориҷ аз Сурия контрол мешавад. Ин афрод аз ҳар воқиъае, ҷузиёти дилхоҳи худро мунташир мекунанд ва ин ҷузъиётро бо интишори видиоҳои гузинишӣ, ҳимоят мекунанд.

Мушаххас аст, ки дар ин ҳолат  он чӣ ки мухолифон аз ҳодисаҳо ривоят мекунанд, комилан ҷониби онҳоро мегирад  ва дар муқобил давлати Сурияро аҳриманӣ ҷилва медиҳанд. Тааҷубовартар аз ҳама ин аст, ки расонаҳои байналмилалӣ ҳам ки маъмулан дар Бейрут  ва ҳамчунин  дар Лондон  ва Ню Йорк  дафтар доранд, дар ин ихтиёри таблиғотӣ ба худ шак роҳ намедиҳанд. Ин вазъиятро ин тавр метавон шабеҳсозӣ кард, ки ба унвони мисол пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико ба хабарнигорон виза дода нашавад ва ба ҳамин далел хабарнигорон ба ахборе иктифо ва истино кунанд,  ки ниманизомиён ҳомии ҳизби ҷумҳурихоҳ, он ҳам аз Мексика ё Канада, аз интихобот мухобира кунанд.

Инки таҷҳизоти сангини низомӣ  дар Димишқ мустақар аст, саҳеҳ аст, аммо воқеият ин аст, ки муҳосирае вуҷуд надорад. Ҷодаҳои шимол ба Ҳамс ва ҷануб ба Дуръо боз аст ва монанди ҷодаи Бейрут аст. Замоне ки мухолифони мусаллаҳ минтақаро ба тасарруф дармеоваранд, давлати Сурия ба он минтақа ҳамла мекунад ва теъдоде аз онҳоро мекушад ва боқии онҳоро ба фирор водор мекунад. Барои касоне, ки дар ин манотиқи осебнадидаи пойтахт зиндагӣ мекунанд, тарси рузафзун аз оянда ва ҳамчунин мушкилоти фазоянда дар зиндагии рузмара, ба далели қатъи барқ ва кам буди нон ва гази пухту паз, вуҷуд дорад.

Мухлифони мусаллаҳ дар бархе манотиқ пешрафтҳое доштаанд. Ҳамалоти мухолифони мусаллаҳ ба Димишқ ва Ҳалаб заъифтар аз қабл шуда, бо ин ҳол неруҳои давлатӣ ҳам тавони кофӣ барои онки онҳоро  аз манотиқи пештар тасарруф шуда ақиб биронанд, надорад. Танҳо дар шимол мухолифон, пешрафтҳоеро дар атрофи шаҳрҳое чун Ҳамоҳ, Удлуб ва Ҳалаб анҷом додаанд, аммо ин пешрафтҳо ҳамчунон оҳиста аст.

Талоши мухолифон барои аз байн бурдани ақалиятҳо дар Сурия

Ба навишатаи рузномаи англисии "Индипендент", Сурия акнун ба як ҷанги шаҳрӣ табдил шудааст. Тазоҳуротҳое, ки дар марти 2011 ба унвони эътирозот оғоз шуд, акнун ба набард алайҳи алавиҳо, масеҳиён, дарузиҳо ва дигар ақалиятҳои ин кишвар бадал шуда ва мухолифон саъй дар нобудии онҳо доранд. Замоне ки ман аввалҳои ин моҳ ба пойтахти Сурия расидам, аз яке аз дустон дар мавриди авзоъ ва шароит пурсидам ва у гуфт: 15% бо давлатанд, 15% бо мухолифон ва 70% мехоҳанд фақат ин ҷанг пеш аз онки ҳамаро нобуд кунад, тамом шавад.

Ин гузориш меафзояд: оё имкони поён додан ба ин бунбаст вуҷуд дорад? Воқеан ин тавр ба назар намерасад, магар онки ҳаҷми зиёде аз пул, омузиш ва таслиҳоте барои мухолифон ирсол шавад, ки ин ҳам дар кутоҳ  муддат посух намедиҳад. Вашингтон ва Лондон умедвор буданд, ки низоми Суиря аз дарун аз ҳам бипошад, аммо ин ҳам рух надода ва ҳатто ҷудо шудани бархе аз шахсиятҳои машҳур, натавониста ба маркази низоми Сурия бирасад. Акнун шиддати даргириҳо бисёр шадидтар ва хушунатбортар шуда аст. Ин ҷанг муддатҳост, ба вазъияте расида, ки мо дар Ирланди шимолӣ ба он сиёсати бо авҷи бераҳмӣ мегуем. Дар ин ҳолат хунҳои зиёде рехта мешавад, то имкони музокира ва имтиёздиҳӣ фароҳам шавад.

"Индипендент"таъкид кард: сиёсати Амрико ва муттаҳидонаш акнун ба тарзи фазояндае муҳим шуда аст; аз як су онҳо эътилофи миллии мухолифонро ба унвони намояндаи мардуми Сурия ба расмият мешиносанд ва аз суи дигар муҳимтарин гуруҳи мухолифони мусаллаҳ ба номи "Ҷабҳаи Ал-насраҳ" ро дар даргириҳои терорристии вобаста ба Ал-қоида, қарор медиҳанд. Акнун Сурия ҳам назири Ироқи пас аз соли 2003, ба маҳале барои ҷазби неруҳои тундрави ҷиҳодӣ табдил шуда аст. Вашингтон ҳам ҳар руз иштиёқи камтаре нисбат ба пирузии низомии мухолифон  ва тақвияти неруҳои тундрав ва аз миён рафтани сохтори давлати дар Сурия, аз худ нишон медиҳад.

Масъалае, ки дар Сурия вуҷуд дорад, ин аст ки чандин низоъи мухталиф дар ин кишвар ҷамъ шуда аст. Секулорҳои сурӣ таъкид мекунанд, ки ин набарди эътирозомези мардум ба давлат аст, аммо онҳо зоти қавмии ин даргириро тазъиф мекунанд ва мегуянд давлат ба ин баҳс доман зада аст. Аммо ҳақиқат ин аст, ки дар ин ҷо ҳам монанди Ироқ, ихтилофоти қавмӣ ва талош барои демократия, бо ҳам бархурд кардаанд. Дар Ироқ интихоботи одилона ба маънии ҷойгузини аксарияти шиъа ба ҷои аҳли суннат буд ва дар Сурия ин интихобот метавонад ба ҳоким шудани аҳли суннат ба ҷои алавиҳо биянҷомад. Дар ҳар дуи ин ҷомеъаҳо як тағйири демокротии дар пай дошта ва ё хоҳад дошт, чаро ки ин ба маънии он аст ки қудрат дар дастони чи касоне бошад.

Нависандаи "Индипендент" ниҳоятан дар ёддоштҳои худ ишора мекунад, ки Сурия илова бар даргириҳои қавмӣ, ба маҳале барои низои тулонии қудратҳои минтақаӣ низ бадал хоҳад шуда ва дар як су Амрико, Исроил, Арабистон ва муттаҳидонаш қарор доранд ва дар суи дигар Эрон ва дигар ҳомиёни низоми ин кишвар. Вай бо сахт тавсиф кардани пешбинии  оянда дар Сурия,  мегӯяд, низомӣ шудани эътирозот боис шуда, то зоти демокротии тағйирот дар Сурия  зери савол равад.

Манбаъ: Хабаргузории Форс



Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)