Бахшҳо
09 янв 2013 09:43Гузориш

Ҷамъияти саҳҳомӣ. Аммо бе саҳҳом

Ҷумъахон Қараев, сармуҳосиби ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» иброз медорад, ки то имрӯз дар ҷамъияти саҳҳомӣ ягон нафари саҳмдор расман ба қайд гирифта нашудааст ва он корхонаи давлатӣ мебошад...

«Фурудгоҳи байналмиллалии Кӯлоб» тайи соли гузашта ҳудуди 28 миллиону 249 ҳазор сомонӣ даромади соф ба даст овард. Дар ҳамин ҳол, ба буҷаи шаҳр беш аз 7 миллиону 700 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби андоз аз ҷониби ин корхона ворид шудааст.

Қурбон Сафаров, муовини сардори фурудгоҳ мегӯяд, аз ҳисоби даромадҳо инчунин бинои фурудгоҳ ва толори интизорӣ аз таъмир баромада, дар золи мусофирсафарбаркунӣ дастгоҳи гармидиҳанда, 2 адад дастгоҳи рентгении тамғаи «Раписдант» барои муоинаи бағоҷи мусофирин васл карда шуд. Оқои Сафаров афзуд, «барои фурудгоҳ нарасидани техникаҳои корӣ, корношоям гаштани хати парвоз проблемаи асосӣ ба ҳисоб мерафт. Хушбахтона, соли 2012-ум бо истифода аз маблағҳои худӣ тавонистем ба маблағи умумии 5,5миллион сомонӣ як автомашинаи махсуси таъмини сӯзишворӣ барои тайёраҳо, як нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ ва таҷҳизоти ОВЗ барои ба кор даровардани муҳаррики ҳавопаймо харидорӣ намуда мавриди истифода қарор диҳем. Бо дастраси ба ин нақлиёт, сатҳи хизматрасонӣ боз ҳам беҳтар гашта, кори мутахассисон ҳам ба маротиб осонтар гардид».

Ҳамзамон, хати парвоз дар майдони фурудгоҳ, ки таъмирталаб буд, ба маблағи зиёда аз 5,8 миллион сомонӣ таъмиру аз нав барқарор шуд. Аз соли 2010-ум дар назди ҶСК «Фурудгоҳи байналмиллалии Кӯлоб» корхонаи истеҳсоли асфалт (АБЗ) бунёд гардида, ба фаъолият сар карда буд. Вале бо ҷурми камбуди битум тайи беш аз ду сол корхона тавони истеҳсоли асфалтро надошт.

-Бо баста шудани роҳи оҳан дар минтақаи Хатлон аз ҷониби давлати ҳамсоя, барои корхона дарёфти битум мушкил пеш овард. Зеро, ин намуди ашёи хомро мо аз шаҳри Уфаи Федератсияи Русия харидорӣ карда меовардем ва дигар дастрасӣ ба он бароямон тақрибан номумкин гаридааст. АБЗ асфалтро аз тамғаи битуми 60х90 тайёр мекунад, ки мутаассифона ин тамғаи битум дар Тоҷикистон мавҷуд нест. Барои бо тайёра интиқоли додани он бошад, қимати битум хеле гарон меафтад,-афзуд Сафаров.

ҶСК «Фурудгоҳи байналмиллалии Кӯлоб» бо 4 ширкат, аз ҷумла 3 ширкати ҳавоии кишвари Русия ва 1 ширкати Тоҷикистон ҳамкорӣ дошта, ин ҷо ҳафтае 18-хатсайр амалӣ мегардад.

 

Саҳмдори бе саҳҳом…

Бояд гуфт, бо ин ҳама «сару садо» «Фурудгоҳи байналмиллалии Кӯлоб» ҷамъияти саҳҳомӣ унвон дорад, аммо саҳмдор надорад.Ҷумъахон Қараев, сармуҳосиби ҶСК иброз медорад, ки то имрӯз дар ҷамъияти саҳҳомӣ ягон нафари саҳмдор расман ба қайд гирифта нашудааст ва он корхонаи давлатӣ мебошад. «Ҷамъияти саҳҳомӣ 100 фоиз давлатӣ мебошад ва даромади ба даст омада ба ҳисоби давлат меравад. То имрӯз дар ҷамъият ягон саҳмияе ба фурӯш нарафтааст ва низ ягон нафари саҳмдор расман ба қайд гирифта нашудааст».

Ҷаноби Қараев ва боқӣ масъулин бо шумули муовини сардори фурудгоҳ намедонанд, ки ба чӣ хотир корхона ҶСК (Ҷамъияти саҳҳомии кушода) ном гирифтааст. Қараев мегӯяд, шояд кадом вақте ҳукумат иҷозат медиҳад, ки саҳмияи ин корхонаро ба фурӯш гузоранд, вале дар ҳоли ҳозир саҳмдоре нест.

Дар ҳоле, ки соҳибмансабони ҶСК намедонанд, ҷамъияти саҳҳомӣ чӣ асту саҳмдорӣ чӣ маъно дорад, дигар ҳоҷат ба пурсиши кормандони қаторӣ намемонад. Эшон ба хотири ҷойи корӣ, аз саҳмдориву саҳмия на хабар доранду на суол мекунанд. Дар мавриде ки ба гуфтаи Қурбон Сафаров, даромади корхона танҳо аз хизматрасонии кормандони он вобастагӣ доштааст, вале бо ин ҳама даромад музди миёнаи маоши коргарон ҳамагӣ 1048 сомониро ташкил медиҳад. Мантиқан ин ҷо ё сирре ниҳон аст ва ё диктатураву бюрократия ба авҷи аълояш расидааст, ким о намедонем?

Дар ҳамин ҳол, ҶСК «Фурудгоҳи байналмиллалии Кӯлоб» ягона корхонае дар ҳудуди шаҳр мебошад, ки ба буҷаи маҳаллӣ бо истифода аз андозҳои давлатӣ маблағи зиёд ворид мекард. Вале бо фармони ҳукумати вилояти Хатлон сар аз соли нави 2013-ум ин андозҳо ба буҷаи вилоят интиқол меёбанд. Қурбон Сафаров, муовини сардори ҶСК мегӯяд, «фармон шудааст, ки аз соли нав андозҳоро ба ҳисоби буҷаи вилояти Хатлон пардохт намоем. Барои мо фарқ надорад, ки андози давлатиро ба куҷо месупорем. Муҳим он аст, ки ҳақи давлатро пардохт карда меоем».

Аммо саволи матраҳ ин аст, ки ба чӣ хотир раҳбарони вилояти Хатлон фурудгоҳеро, ки дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб фаъолият доштаву бо пардохти андоз каме ҳам бошад, ба буҷаи шаҳр фоида меовард, дар тасарруфи худ дароварданианд?

Воқеан, на барои аввалин маротиба аст, ки ҳукумати вилоят барои шаҳри Кӯлоб аз ин шева кор мегирад. Ҳанӯз панҷ сол муқаддам масъулини вилоят кӯшиши ба тобеъияти вилоят даровардани меҳмонхонаи бузурги «Хатлон», бинои 9-ошёнадор дар маркази шаҳр ва истироҳатгоҳи ҳукуматиро низ доштаанд. Аммо, раиси феълии шаҳр дар якҷоягӣ бо Маҷлиси вакилони халқии шаҳр аз ин амалиёт пешгирӣ карданд ва розигӣ надоданд. Тибқи хабари расида, ҳукумати шаҳри Кӯлоб дар мавриди берун рафтани андози давлатӣ аз ин корхона ба манфиати вилоят, муқобилат накардаанд.

Ин дар ҳолест, ки фаъолияти корхона ҳамасола беҳтар гаштаву даромади он низ зиёд мешавад ва яке аз манбаъҳои даромади буҷаи маҳаллӣ ба ҳисоб меравад.

Аслиддин Достиев

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)