Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 01:36

Соҳибхони афғон бо 40 килограмм маводи мухаддир боздошт гардид

1 июл 2011, 08:16

Як шаҳрванди Афғонистон дар қаламрави Тоҷикистон бо миқдори зиёди маводи нашъадор боздошт гардид.


Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии вазорати умури дохила иттилоъ доданд, аснои баргузории амалиёти фаврии кормандони милиса Азиз валади Соҳибхон, як шаҳрванди 22-солаи Афғонистон  бо ҳудуди 40 килограмм маводди мухаддир дастгир шуд. Манбаъ афзуд, ин сокини Афғонистон аз сӯйи кормандони мақомоти интизомӣ боздошт шуд ва таҳқиқоти муқаддамотӣ собит кард, ки Азиз валади Соҳибхон дар халтачаҳо 16 килограмм ҳероин ва беш аз 24 килограмм навъи дигари маводи нашъадорро интиқол медод. Дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, ҷустуҷӯи ҳамдастони Азиз валади Соҳибхон идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, иттилоъ дода мешавад, ки аз аввали соли равон то имрӯз дар саросари кишвар аз сӯи мақомоти интизомиву қудратӣ ҳудуди 1 тоннаву 300 килограмм маводи мухаддир забту мусодира гардидааст, ки аз он 170 килояшро ҳероин ташкил медиҳад. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!