Бахшҳо
18 янв 2013 05:39Сиёсат / Интихобот - 2013

Баҳси домоди президент бо Қувватов ба чӣ меанҷомад?

Интихоботи президентӣ рӯз то рӯз наздик мешавад ва ҳамаи ҳодисаҳои пурсарусадо хоҳу нохоҳ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ пайванд дода мешавад.
Ба ин монанд, ахиран Умаралӣ Қуватов, соҳибкори тоҷик ва яке аз мунақидони хукумати кунунии кишвар ба гуфтаи худаш сабти гуфтугуи телефониашро бо яке аз домодхои президенти кишвар Шамсулло Сохибовро ошкор кард. Тибқи ин сӯҳбат, ки ҳоло воқеӣ будан ва ғайривоқеӣ буданашро касе тасдиқу инкор накардааст, даст доштани домоди президентро дар бизнес ошкор мекунад.

Ин сабти овоз, ки аллакай дар шабакаҳои Ютюб ва Фейсбук аз сербинандатарин ва серхонандатарин гардидаанд, ба тавре гӯё собит мекунад, ки домоди президент дар бизнеси калон даст дошта аст.

Дар сабти мазкур нафаре, ки ӯро домоди президент Шамсулло Соҳибов муаррифӣ мекунанд, бо  Умаралӣ Қувватов сари соҳибкорӣ сӯҳбат мекунанд. Дар сӯҳбат нафари аввалӣ, ки ӯро расонаҳо домоди президент ном бурдаанд, бад ин маъно сӯҳбат мекунад, агар дар Тоҷикистон пушту паноҳ надошта бошӣ ба ягон мувафақият ноил нахоҳӣ шуд. ӯ дар ин сӯҳбат муввафақиятҳояшро аз пуштибонӣ динанаш аз ҷониби хусураш, яъне президенти Тоҷикистон медонад.
Фош шудани чунин як сӯҳбате дар 20 соли ахир беназир аст, ки сӯҳбате аз нишонии наздикони президент нашр мешавад.

Ҳатто  Николай Николаев, ҳамоҳангсози дифо аз ҳуқуқи Қувватов низ ба расонахо гуфтааст, ки онхо танхо хамин сабтро дар даст надоранд, балки наворхои дигар хам хастанд, ки аз дасти Кувватов гирифтани бизнесашро ошкор мекунад. Ҳамчунин ӯ ба навъе таҳдидомез афзудааст, ки агар наворҳоро пахш созанд, он метавонад, авзои дохилии оилаи президент Раҳмонро гирифтори моҷаро гардонад, зеро дар ин наворҳои садоӣ бархе гапҳое ҳастанд, ки шуниданашро президент аз домодаш шояд ҳеч гоҳ интизор надошта бошад.

Аммо дар ҳоле, ки воқеияти ин навори садоӣ маълум нест ва ҳам ҷонибе, ки садо ба он марбут дониста мешавад, онро тасдиқу инкор намекунад, миёни ҷомеа сару садоҳои зиёде дар ҳоли паҳн шудан аст.

Файзинисо Вохидова, хуқуқшиноси варзидаи кишвар дар ин робита чунин гуфт, дурусти ин навори садоӣ ба ӯ ҳам маълум нест, вале пахш шудани он ба обрӯи хонаводаи президент дар миёни ҷомеа аллакай таъсири худро расонидааст.

-Ба ҳар сурат ин сабти овози домоди президент ба обрую нуфузи президент ва хукумати кишвар, ки солхои ахир аз ноухдабароии баъзе масъулинаш дар арсаи чахон  шинохта  шудааст, албатта латма мезанад. Барои коста гардонидани обрую нуфузи хукумат ва худи раисчумхур махз чунин чиновникхою наздиконаш мусоидат намуда истодаанд,-мегӯяд, ин хонуми ҳуқуқшинос.

Дар ҳамин ҳол, Раҳматилло Зоиров, раиси ХСДТ мегӯяд, чунин  далел, ки расонаӣ шудааст, ба нуфузи президент дар дохил ва хориҷи кишвар  бетаъсир намемонад.
Зоиров ҳангоми сӯҳбат ба "Озодагон" гуфт: "Худи хамин боздошти Умаралӣ Қуватов, ки худро мухолиф унвон карда буд, ба интихобот таъсир мерасонад. Ҳатто хамаи махдудиятхо ва мушкилоти  хизбхо низ ба интихобот дахл дорад. Қувватов одами наздик ба оилаи президент буд. Вай эҳтимол дорад  далелхои ҷиддӣ дошта бошад ва махз хамин сабт метавонад, ягон мочарои калонро байни президент ва наздиконаш, аз чумла хамин домодаш ба вукуъ орад".

Бад ин маъно ҷаноби Николаев низ  боздошти  Кувватовро  сирф молӣ унвон карда гуфтааст, ки боздошти ӯро ба дуздии 6 миллион сомонӣ, яъне тахминан 1 миллиону 200 ҳазор доллар аз ширкати"Тоҷирон" гумонбар медонанд, ширкате, ки ба наздикони президент дахл дорад.

Аслан, номи Умаралӣ Кувватов нимаи соли гузашта дар Васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷии Точикистон расонаӣ шуд. ӯ худро муассиси "Гурӯҳи 24" дар шахри Маскав эълон кард ва гуфт, ки Рахмон набояд дар интихоботи соли 2013 иштирок намояд. ӯ гуфт дар Тоҷикистон бизнесашро наздикони президент аз дасташ гирифтаанд. Ширкати "Тоҷирон" ва "Фароз" зуд гуфтаҳои ӯро инкор кардан д ва гуфтанд, ки ӯро намешиносанд. Вазорати тандурустӣ ӯро "девона" эълон кард. Ҳоло бошад, кор баръакс ҷараён дорад. Қувватовро дар Дубай боздошт карданд ва Вазорати тандурустӣ гуфт, ки ӯро девона нагуфтааст. Инчунин, акнун ширкатҳое, ки қаблан гуфтанд, ки ӯро намешиносанд, ӯро шинос мегӯянд ва ҳатто ӯро дузд унвон мебаранд.

Дар ҳоле, ки ин мавод нашр мешуд, дар шабакаи Ютюб боз наворе пахш шуд, ки нафаре, ки онро Соҳибов Шамсулло муаррифӣ мекунанд, ба Қувватов додани миқдоре аз пулро тасдиқ мекунад.

Ин доду гирҳо ва баҳси Қуватови дар Дубай боздошт шуда ва домоди президент то куҷо меанҷомад, кори вақт аст. Аммо коршиносон тӯлонӣ шудани ин баҳсҳоро ба манфиати Эмомалӣ Раҳмон намедонанд.

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)