Бахшҳо
19 янв 2013 05:01Гузориш

Монеъаи аслии рушди Тоҷикистон чист?

Озодагон бо ин суол ба чанд нафар аз коршиносон муроҷиат кард. Инак, назари онҳо дар мавриди мушкилоти мазкур ва роҳҳали он:

Сӯҳроб ШАРИПОВ, вакили парлумон
Ҳам мушкилоти обективию ҳам субективӣ ҳаст, ки аз инсон ҳам вобаста аст. Яке аз ин мушкилотҳо коррупсия мебошад. Системаи коррупсионие, ки дар Тоҷикистон ҷой дорад, пеши роҳи рушди Тоҷикистонро бешубҳа мегирад ва хатари ҷиддӣ аст барои тараққии мамлакат. Дар инҷо характери системавӣ гирифтани коррупсия ин як хатари ҷиддӣ барои рушди сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон низ ҳаст. Пеш аз ҳама мушкили кадрӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Фарҳанги сиёсие, ки дар худи кадрҳо аст, имконият намедиҳад, то мо ҷиддӣ ба муқобили коррупсия мубориза барем ва он касоне, ки шомил мешаванд, аксарияташон ба системаи коррупсионӣ дода мешаванд. Хурду калони ҳаҷми ин коррупсия фарқ надорад. Фарҳангро дигар ва қонунҳоро мустаҳкам бояд намуд, то системаи коррупсиониро тавонад шиканад. Танҳо бо инсонҳо инро ҳал кардан номумкин аст, онҳое низ, ки мегӯянд, мо биоем инро рафъ месозем, нахоҳанд тавонист. Зеро системаи бюрократии ҷойдошта талаб мекунад, ки агар омаданд бо кадрҳои нав биоянд. Ман намегӯям, ки ҳамаи 18 ҳазор бюрократҳо дар системаи коррупсионӣ шарик ҳастанд, аммо онҳо дар ин система кор мекунанд, ки ҳамин зарар дорад. Онҳо шояд порра нагиранд, вале вируси  коррупсиониро дар хунашону мағзи сарашон доранд. Аз ин рӯ дар муқобили коррупсия мубориза бурдан барояшон хеле душвор аст. Зеро хатарҳои ҷиддӣ барои рушди карера ва худи он инсон дорад. Агар барои мубориза бо коррупсия қонунҳо дигар нашаванд, ба як давлате бо касалии сиҳатнашаванда мубаддал мегардем. Корруписяро намешавад дар асоси таъсиси сохтори давлатӣ ё таъини кадрҳо шикаст. Бояд моделе пешниҳод гардад, ки коррупсияро шиканад. Ҳам системаи сохторҳои давлатӣ ҳам худи системаи давлатӣ бояд дигар гардад.

Муҳиддин КАБИРӣ, раҳбари ҲНИТ
Монеъаи асосии рушд накардани Тоҷикистон асосан коррупсия аст, дигар ҳичӣ. Мо намегӯем, ки тамоми масъалаҳо ҳал мешаваду шукуфоӣ мешавад, вале ҳадди ақал як қисме аз масъалаҳо ҳал мешаванду як каме ҳам бошад, пештар меоем. Талошҳои зиёд барои пешгирии коррупсия дар ҷомеа шуда истодаанд, ҳам ҳукумати ҶТ, ҳам Агентӣ ва дигар мақомот. Вале эҳсос мешавад, ки ин ҳама талошҳо ҳануз ҳам кофӣ нестанд ва бояд ҷомеаро дар маҷмуъ ба ин раванд шарик кард ва дар талоши дастаҷамъонаи ҳам ҳукумату ҳам ҷомеа метавон пеши роҳи коррупсияро то ҳадде гирифт. Мо намегӯем, ки комилан мешавад онро бартараф кард, вале онро метавон заъиф кард ва он ҳар миқдоре, ки коррупсия заъиф шавад, ҳамон қадар бахши иқтисодии ҷомеа рушд мекунад.

Раҳматилло ЗОИРОВ, раҳбари ҲУСДТ
Рушди Тоҷикистон ланг истодааст, ки ин сарҷамъ шудани ҳама ҳокимияти давлатӣ дар дасти як одам аст. Ин барои умуман амалӣ гаштани ҳамин ҳокимият ва пешравии ҷомеа имкониятро намедиҳад. Агар ин ҳокимият тақсим карда шаваду ҳар кӣ мустақилона амалӣ гардонида тавонаду озодии амалиёт ба миён ояд, дар он вақт албатта Тоҷикистон пеш меравад. Аммо чун ин ҳама дар як даст оварда шудааст ва барои он ки, ҳар як амал ба ҳамин яккаҳокимиятӣ таҳдид дошта бошад ё, ки ҳукумат ин чизро таҳлил кунад, дар ҳамин ҷомеаи Тоҷикистон имрӯз пешравӣ нест.

Абдулғанӣ МАҲМАДАЗИМОВ, Раҳбари анҷумани сиёсатшиносии Тоҷикистон
Монеъаи рушд наёфтани Тоҷикистон ин маҳалгароӣ аст. Инҳоро бо мушкили зиёд мешавад бартараф кард. Барои ин дар мадди аввал иродаи сиёсии раҳбарияти ҷумҳурӣ лозим аст. Кӯшишҳо мебинам барои мубориза бо ин, аммо ирода намебинам.

Баҳор ҚАМАРОВ, иқтисоддон
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки соҳибкорӣ яке аз бахшҳои муҳими иқтисод аст, бояд ба монеъаҳои рушди он таваҷҷуҳ кард. Зеро то соҳибкорӣ рушд накунад, таъсири он барои рушди иқтисодии кишвар назаррас нахоҳад шуд. Аз ин рӯ дар бораи рушди соҳибкорӣ дар бахши истеҳсолот бояд гуфт, ки яке аз мушкилоти он норасоии қувваи барқ аст, ки дар баъзе манотиқ дар як сол корхонаҳои саноатӣ то 6 моҳ аз ҳисоби норасоии қувваи барқ танқисии зиёд мекашанд. Баъзан умуман фаъолият намекунанду гоҳе фаъолияташон ба таври пурра нест балки қисман ба роҳ монда мешавад. Аз ин ҳисоб онҳо наметавонанд бо қудрати комили худ кор кунанду ҳам худ даромад гиранду ҳам тавонанд дар истеҳсолот саҳми худро гузоранд. Мушкилоти дигаре дар рушди соҳибкорӣ ҳаст, ки ғайримустақим ба қувваи барқ алоқаманд аст. Ба иллати ҳамин норасоии барқ дар давоми сол боис мешавад, сармоягузороне, ки майлу рағбати сармоягузорӣ доранд, ибтидо ҳисобу таҳлили даромади худро мекунанд ва аз ин ки дар ним сол наметавонанд вақташонро ба пурра фаъолият кардан сарф кунанд, балки дар ин муддат таҷҳизоташон низ бекор мемонад. Ин таҷҳизот бояд нигоҳдорӣ шавад, ки хароҷоти зиёдеро талаб менамояд. Аз ин сабаб сармоягузорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт яъне истеҳсолот, ба хотири ҳамин камбуди барқ хеле кам аст. Агар қувваи барқ мушкил набошад, сатҳи сармоягузорӣ хеле баландтар мешаваду истеҳсолоти кишвар низ вобаста ба ин рушд мекунад. Соҳаи хидматрасонӣ ва тиҷорат, ки аз қувваи барқ камтар танқисӣ мекашад, то андозае тавонистааст, ки рақобат карда рушд кунад.  

Фирӯз САИДОВ, таҳлилгари мустақил
Ҳам монеаҳои берунӣ ҳам дарунӣ вуҷуд дорад. Ин ки дар системаи коммуникатсионӣ аз ҷиҳати географӣ дар ҷои ноқулай ҷойгир шудаем ва барои баромад ба дигар давлатҳо фақат аз тарафи Узбакистон мебароем, ин як монеаи асосӣ аст. Тавре медонед, ҳам қисми ҷанубии Тоҷикистон аз роҳи оҳан берун шуд, ҳам барои Роғун аз ҷониби Узбакистон монеаҳо эҷод шуд. Монеаҳои дохилӣ ҳам вуҷуд доранд, ба монанди суст тараққӣ кардани соҳибкорӣ. Ҳукумат барои ислоҳ қонуни андоз қабул кард, аммо то кунун системаи бюрократӣ монеаи тараққиёти Тоҷикистон мебошад. Мутахассисони баландсифат дар соҳаи энергетика ва дигар соҳаҳо он қадар дар Тоҷикистон зиёд нест, то технологияи навро қабул кунанд. Монеа хеле зиёд аст ва барои ҳамаи онро гуфтан ман вақт надорам.

Рашид Ғанӣ АБДУЛЛОҲ, таҳллигари масоили сиёсӣ
Ба омилҳои айниву зеҳние, ки монеи рушди Тоҷикистон мешаванд, бояд нахустпойгоҳи сустии иқтисоди Тоҷикистон, душвориҳо бо иртибот бо олами берунӣ ва таъмини логистики рушди иқтисод ва севвум, ба таъсири калон доштани анъанаҳои идоракунии шӯравӣ ба рушди иқтисоди кишвар ишора кард. Ҳаргоҳ, ки ин се масъала ҳалли худро ёбанду пойгоҳи энергетикии казоии Тоҷикистон бунёд гардад, тарҳҳои мо барои дарёфти нефт бо муваффақият анҷом ёбанд ва вақте тавонем бе мушкил колоҳои ба мо зарурро пайдо кунему молҳои худро бидуни кадом мушкилот аз ҷониби кадом ҳамсоя содир намоем, тарзи идоранамоии иқтисоди кившар, ки ҳамон шӯравӣ аст, тағир ёбаду мувофиқи табиати иқтисоди имрӯза дар Тоҷикистон ба ҳам мувофиқ оянд, он гоҳ рушди иқтисоди Тоҷикистон бо суръати бештар метавона сурат гирад.  

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)