Бахшҳо
19 янв 2013 06:06Иқтисодӣ

Тоҷикистон дар ҳалқаи иттиҳоди гумрукӣ

Дар Тоҷикистон гуруҳи корӣ муташаккил аз намояндагони сохторҳои марбутаи давлатӣ ва бахши хусусӣ ҷиҳати баррасии узвияти кишвар дар Иттиҳоди гумрукӣ ташкил шудааст. Гуфта мешавад бо вуруди Тоҷикистон ба ин созмон монеаҳои мавҷудаи марзӣ барои гардиши мол ва доду ситад аз байн рафта, мизони болои молиёт ва боҷҳои гумрукӣ дар марзҳо коҳиш меёбаду имкон фароҳам меояд, то ба бозорҳои Тоҷикистон мол арзонтар ворид шавад.

Узвияти Тоҷикистон мушкилотро ҳал мекунад?
Лариса Кислякова муовини раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки бо пайвастан ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат, тасмими мувофиқе гирифта шудааст, то Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ бипайвандад. Ба гуфтаи номбурда, инак се кишвар пешнависи тавофуқ барои фаъолияти кормандон ва иштиғоли онҳо дар ҳар як аз кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукиро омода мекунанд. Ба қавли ин хонум, барои Тоҷикистон узвият дар Иттиҳоди гумуркӣ мавзуъи рӯз мебошад. Зеро қабл аз ҳама масоили марбут ба муҳоҷират ва иштиғол мавриди расидагӣ қарор мегирад.

Дар ҳамин маврид Фируз Саидов таҳлилгари мустақил муътақид аст, ки дар Иттиҳоди гумрукӣ гардиши қувваҳои корӣ озодона сурат мегираду Тоҷикистон пеш аз ҳама аз муҳоҷирати меҳнатӣ дар доираи ин созмон бурд мекунад. Чи тавре, ки дар муҳоҷирати меҳнатии Тоҷикистон акнун мушкилоти корӣ ҷой доранд, ҳамин мушкилот аз байн мераванд.

"Тоҷикон метавонанд озодона дар Русия, Белорусия ва Қазоқистон кор кунанд, ки ин худ яке аз шартҳои асосии Иттиҳоди гумрукист. Вақте ба ин Иттиҳод ворид мешавем, байни аъзоён боҷи гумрукӣ бардошта мешаваду нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон метавонад арзон шавад", изҳор дошт Фирӯз Саидов. Ба гуфтаи ӯ дар доираи ин Иттиҳод Тоҷикистон метавонад дар асоси созишнома барои сохтмонҳои хурду калон сармоя ворид кунад. Бурди Тоҷикистон 70 фоиз асту бохташ 30 дарсад.
Баҳром Шарипов коршиноси умури бонкӣ пайвастшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукиро барои Тоҷикистон муҳим медонад, чун ин иттиҳод аз лиҳози фазои ягонаи иқтисодӣ ба кишвар наздиктарин аст. Вуруди Тоҷикистон ба СҶТ имтиёзоти дигареро медиҳад, ин имтиёз ибтидо дар соҳаи савдо хоҳад буд ва баъди чанд сол аз соҳаи савдо ба истеҳсолот ва сипас ба дигар соҳаҳо гузашта таъсири мусбии худро мерасонад.

"Узвияти Тоҷикистон дар камтарин замони мумкин таъсири мусбат дорад. Зеро бештари қавонини ҷойдошта дар Иттиҳоди гумуркӣ ягона ҳастанду тибқи он  корхонаҳои саноатӣ, соҳаи кишоварзӣ ва дигар техникаҳое, ки аз истифодабарии барқ вобаста ҳастанд, дар асоси стандарт ва қоидаҳое, ки дар ин мамолик ҷой дорад, роҳандозӣ мегардад", изҳор дошт Баҳром Шарипов.

Ин коршиноси умумри бонкӣ дар идома гуфт, ки истифодабарии ин имконот берун аз ин Иттиҳод фоидаи калони иқтисодӣ намедиҳад. Фаъолияти ин Иттиҳод дар асоси баргаштан ба иқтисоди шӯравӣ неву бештар дар асоси ҳолати нав, ки дар он манофеъи иқтисодӣ болотар меистанд, ба роҳ монда мешавад. Дар ин самт ташкили бозори ягонаи савдо, истеҳсолот, меҳнат ва дигар бозорҳо метавонад бисёре аз мушкилотеро, ки дар Тоҷикистон ҳаст ба монанди камбизоатӣ, бекорӣ, ҷобаҷогузории кадрҳо ва ба кор андохтани корхонаҳои азими саноатӣ такони ҷиддӣ диҳад.

Тибқи гуфтаҳо бо пайвастани ҳар кишваре ба Иттиҳоди гумуркӣ молҳои воридотӣ ба он кишвар арзонтар ворид мешаванд. Дар робита бо ин доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев мегӯяд, ки бо пайвастшавии Тоҷикистон хоҳ нохоҳ нархҳо тағир меёбанд, аммо на ба он маънӣ, ки нархҳо паст мегарданд. Ҳар як иттиҳод ба мақсади судоварӣ доштан ташкил мешавад. Агар аз ин иттиҳод Русия зарар бинад, ҳеч вақт ин иттиҳодро ташкил намекарду дохили он намешуд. Бо Пайвастани Тоҷикистон фақат мавонеъи бюрократие, ки дар сарҳадот ҳангоми гардиши мол ҳастанд, бардошта мешавад.

Муваффақияти Тоҷикистон ба ҳунари комиссия вобастагӣ дорад
Иддае аз иқтисоддонон фоида гирифтани Тоҷикистон аз узвият дар Иттиҳоди гумрукиро ба тавоноии масъулин марбут медонанд. Дар робита бо ин доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев мегӯяд, ки вақте кишвар дар як муҳити алоҳида фаъолият дорад, ин омилҳову равишҳои худро дорост. Аммо вақте, ки ин муҳит васеъ мешаваду муҳити дигар эҷод мегардад, ин ҳам шарту шароитҳои худро дорад. Ин муҳит аз талаботҳои замон аст ва ҳамчун як имконияти рушди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

"Зиндагӣ худ саҳнаи театр аст, дар ин саҳна нақши асосиро бозӣ кардан, ҳамаи бозигаронро гарчанде худ ҳунарпеша бошанд ҳам, водор ба ташвиқи мо мекунад. Агар дар доираи Иттиҳоди гумуркӣ мақоми арзандаи худро пайдо кунем, бурд хоҳем кард. Вале агар нақши пасте дошта бошему аз имконоти саҳна истифода карда натавонистем, ин ба мо ҳушдор хоҳад дод, то низому равишу усули худро нисбати рушди иқтисодӣ дигар намоем", изҳор дошт Табаралӣ Ғаниев.

Ин доктори улуми иқтисод мӯътақид аст, ки комиссияи ташкилшуда барои баррасии узвияти Тоҷикистон, бояд дар ҳуҷҷатҳои ташкиливу ҳуқуқӣ эҳтиёт кунад. Чун ҳама чиз аз оғоз бояд мавқеъ дошта бошад. Тоҷикистон ҳам бояд мавқеъаш пурқувват бошад. Нашавад, ки дар вақти иҷро ҳангоми зарар дидан нолаи надонистану аз ӯҳдааш набаромадан сар дода шавад. Дар маҷмуъ комиссия бояд бо салоҳият бошад ва ҳамаи тарафҳои мусбии ин узвиятро фоидаовар ба ҷониби Тоҷикистон гардонида тавонад.

Тоҷикистон аз манофеъи худ ҳимоя мекунад?
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки СҶТ дар дасти Амрико ва Иттиҳоди гумуркӣ дар дасти Русия аст, шояд вуруди Тоҷикистон ба ҳардуи ин созмон бавоситаи тадохули қавонини ин ду созмон зиддиятеро ба вуҷуд оварад. Аз сӯи дигар гуфта мешавад, ки мақсади Русия аз ташкили ин иттиҳод ворид кардани молҳои пастсифати худ ба бозорҳои кишварҳои ОМ аст.   

Аммо Баҳром Шарипов бо таваҷҷуҳ ба узвияти Тоҷикистон дар СҶТ мегӯяд, ки имкониятҳо ва манофеъи миллии Тоҷикистон дар ҳолати ворид шудан ба Иттиҳоди гумуркӣ бештар ба инобат гирифта мешавад. Чунончи Русия метавонад боҷи  сӯзишвориро ба Тоҷикистон худсарона боло барад, вале чун Тоҷикистон узви СҶТ аст, алакай таъсири ин фишангҳо камтар мешавад. Агар ин созмон ба ягон давлат имтиёз диҳад, бояд ба Тоҷикистон ҳам чунин имтиёзе бидиҳад. Аз дидгоҳи таъсиррасонии фишангҳо, вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ бештар характери иқтисодӣ мегирад на сиёсӣ.Чун Русия дар ин 20 сол ҳар як созмони худро ба унвони воситаи сиёсӣ истифода мебурд на иқтисодӣ. Аммо имрӯз ин ҳолат бештар характери иқтисодӣ мегирад. Имконияти истифодабарии имкониятҳои васеъи мусбӣ, аз дидгоҳи худи иқтисоддонон ва сиёсатмадорон бояд бо дарназардошти манофеъи милли Тоҷикистон роҳандозӣ гардад.Тоҷикистон метавонад ҳар як созмонро вобаста ба манфиъатҳои халқаш истифода барад.

Ба гуфтаи Баҳром Шарипов бозори молиявӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ алакай дорад ташкил мешавад. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон метавонад пулашро ба доллару евро иваз намуда дар ҳар кишваре ин корро анҷом диҳад. Аммо бозори молу маҳсулот ва бозори меҳнат ҳануз ҳам бо назардошти ҷой доштани ҳаргуна мавонеъи байни давлатӣ дар сатҳи маҳдуд қарор дорад. Имкониятҳое ҳам, ки Тоҷикистон дорад, иҷозаи боло бардоштани сатҳи зиндагӣ, иқтидори саноат ва истеҳсолотро намедиҳад.

Табаралӣ Ғаниев мегӯяд, вақте Русия медонад, ки дар бозори истеъмолии Тоҷикистон молеро дораду метавонад онро ба савдо барорад, барои Русия ҳам имрӯз ин бозори иқтисодӣ хеле судовартар аз он аст, ки бо моли худ ба таври ҷудогона ба бозорҳои соири кишварҳо ворид шавад. Ин бозор барои моли Русия холӣ асту метавонад он молҳоеро, ки аз Чин ва Туркияву дигар кишварҳо ба Тоҷикистон ворид мешаваду кайфияти хуб надорад, аз рақобат хориҷ кунад. Русия ҳатто метавонад шӯъбаҳои корхонаҳои калони худро дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардонад. Як бартарии Тоҷикистон дар ин аст, ки дар сарҳадот қарор дораду аз инҷо моли Русия метавонанд ба давлатҳои шарқӣ назири Покистону Афғонистон ва Эрон фурухта шавад. Агар дар Тоҷикистон колои корхонаҳои русӣ тавлид гардаду аз инҷо ба Чину
Эрону мамолики дигар фурухта шавад, нисбати он ки аз Маскав ва дигар шаҳрҳо оварда шавад, фоидаи бештаре ба даст меорад.

Маврид ба зикр аст, ки Қирғизистон дар ноябри соли ҷорӣ узви ин иттиҳод мешавад ва танҳо баъд аз ин Тоҷикистон метавонад ба Иттиҳоди гумрукӣ ворид шавад. Узбакистон ҳам узви Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва Иттиҳоди гумрукӣ несту таъаҳуде дар қиболи қонунҳои ин ду созмон надорад, пас бо пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумуркӣ ҳам ҳал шудани мушкили озодона убур кардани колоҳо ба Тоҷикистон зери суол мемонад.

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)