Бахшҳо
23 янв 2013 06:17Ҷавонон ва варзиш

Қаландаров: Кор ҳамону аҳвол ҳамон

Ба президент мегӯям, ки агар Маликшо Неъматов дар назди дастгоҳи президент одами боваринок бошад, бигзор ба ягон вазифаи баландтар гузаронида шавад. Агар не аз ин вазифа сабукдӯш карда шавад, бигзор ягон нафари дигар ба мансаби раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ таъин карда шавад, ки аз ӯҳдаи кор барояд...
Тайи солҳои охир дар кишвар аксарияти ҷавонон ба варзиш машғул шуда, дар чандин мусобиқаҳои байналмилаливу осиёӣ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд. Аммо Шӯрои маркази ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва нахустин толори варзишии Тоҷикистон “Қасри варзиш” ба гӯшаи фаромушӣ рафтааст. Ба ин нигоҳ накарда, дар ин толори пур аз мушкилот зиёда аз 1000 нафар кӯдакону наврасон тамрин мекунанд.

Шовалӣ Қаландаров, ки аз моҳи феврали соли 1996 ин ҷониб раиси Шӯрои маркази ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аст, аз хунукназарии раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронӣ мекунад: “Ҳар моҳ ба ҷамъияти мо 2.380 сомонӣ ҷудо карда мешавад, ки ба ин маблағ мо ҳамаи кормандонамонро маош дода наметавонем. Аз ҳамин хотир, як ду толори ҳамин биноро иҷора ва як чанд утоқи кории дигарро низ иҷора додаем, то ки аз ҳисоби маблағҳои иҷора боқимондаи коргарҳоямонро маош диҳему ҳаққи барқу обу хизматрасонии коммуналиро пардохт кунем”.

Номбурда мегӯяд, то замоне ки Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ буд, миёни Ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши иттифоқҳои касаба ва Кумитаи ҷавонон рафтуомаду ҳамкорӣ буд, яъне пеш аз ҳама дӯстиву рафоқат ҷой дошт, ҳамкорӣ ҳам доштем. Саидов дар ҳамаи ҷамъомаду нишастҳо моро даъват намуда, бо мо маслиҳат мекард. Аммо роҳбарияти феълии Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ моро фаромӯш кардаанд. “Вақте  Маликшо Неъматовро раиси ин ниҳод таъин намуданд, ман ҳамроҳи муовинам ба қабули ӯ рафта,  навбат гирифтем, ҳамин тариқ даромада худамонро муаррифӣ намуда, ба ӯ шинос намудем. Мутаасифона, шиносоӣ ҳамон шиносоӣ дигар бо ҳамин тамом, дар ягон ҷамъомад моро даъват накардааст. Ман чандин маротиба телефон ҳам кардам, ҳатто дар рӯзи зодрӯзаш ба ӯ занг задам, мутаасифона гӯширо котибааш гирифту ҷавоб дод, ки назди раис одам бисёр аст, гап зада наметавонад. Ба муовинаш ҳам чандин маротиба занг зада муроҷиат кардем, мутаасифона  кор ҳамон кору аҳвол ҳамон”.


Қаландаров: Кор ҳамону аҳвол ҳамонҲамсӯҳбатам мегӯяд,  ё шояд онҳо моро эътироф намекунанд. Хулоса, ҳеч муроде ҳосил нашуд. “Аммо агар толор лозимашон шавад, ягон ҳилла карда толорро мегиранд ва болои ин пуламонро нимкола медиҳанд. Аз сабабе, ки мо ягон манбаъи дигари даромад надорем ва Ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши иттифоқҳои касаба, ки худмаблағгузор аст, чунин қарор тасдиқ намудааст, ки барои гузаронидани як мусобиқа як соати толор 100 сомонӣ, вале масъулини Кумитаи ҷавонон моро фиреб дода, ҳилла мекунанд.

-Шартнома мекунем, лекин дар охир онҳо ба мо 30-40% ҳақ медиҳанду бас, -афзуд Шовалӣ Қаландаров.


Номбурда мегӯяд, бубинед, ки худи президент ягон ҷамъомадро бе намояндаи иттифоқҳои касаба намегузаронад, ё раис ё ин ки яке аз муовинонаш дар он ҷо иштирок мекунанд. Аммо раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз ягон маротиба моро ба ягон ҷамъомад ё нишаст даъват накардааст. Ҳоло он ки Шӯрои маркази ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон мувофиқи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил буда, ба ташкилотҳои давлатӣ ҳисоботдиҳанда нест, балки бояд дар ҳамаи корҳо иштирок кунад ва фаъол бошад. Аммо миёни Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Маркази Ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дӯстиву рафоқат, ҳурмату эҳтиром, рафтуомад ҳамкорӣ ва умуман ягон алоқа нест, иброз дошт Шовалӣ Қаландаров. “Агар Худо кунад, ки як маротибаи дигар сарвари давлат бо варзишгарон вохӯрӣ анҷом диҳад, дар рӯ ба рӯи президент истода ҳамин хунукназариҳои роҳбарияти феълии Кумитаи ҷавононро арз мекунам. Ба президент мегӯям, ки агар Маликшо Неъматов дар назди дастгоҳи президент  одами боваринок бошад, бигзор ба ягон вазифаи баландтар гузаронида шавад. Агар, не аз ин вазифа сабӯкдуш карда шавад, бигзор ягон нафари дигар ба вазифаи раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ таъин карда шавад, ки аз ӯҳдаи кор барояд. Ҳарчи ки набошад, мо намояндаи иттифоқҳои касабаем, аммо ба гумонам ҳамин Маликшо Неъматов намедонад, ки иттифоқи касаба дар фаъолияташ дар назди ташкилотҳои давлатӣ ҳисоботдиҳанда нест, балки назоратчӣ аст.”   


Аммо...

Дар ҳамин ҳол, Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии кишвар мегӯяд, агар масъулини Шӯрои маркази ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон воқеан ҳам фаъол асту фаъолият дорад, назди мо биёянд, ягон пешниҳод дошта бошанд, мо омодаем, ки бо онҳо ҳамкорӣ кунем: “Аввал ин ки худи онҳо боре назди мо наомаданд, ки бо мо ҳамкорӣ кунанд. Агар онҳо назди мо биёянд, чӣ хел мо дастгирӣ намекунем. Касе, ки назди мо омадааст, мо ҳамаи онҳоро дастгирӣ мекунем. Барои ҳамин онҳо худашонро зӯр мегиранд”

- Аз як ҷиҳат айби мо ҳам ҳаст, ки фаромӯш мекунем, лекин агар одаме кор кардан хоҳад худаш меояд. Ҳамин федератсияҳо меоянд,  ҳар рӯз аз қуртақи мо меқапанд, ки моро дастгирӣ кунед,  мо дастгирӣ карда истодаем, –афзуд Алимаҳмад Мирзоев.

Аммо Шовалӣ Қаландаров мегӯяд, федератсияи варзиш оид ба соҳаҳои гуногун, ки дар кишвар ташкил шудааст, дар назди Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ аз ҷамъиятҳо дида боло меистад. Ӯ гуфтаҳои худро тақвият бахшида афзуд, ки Кумитаи ҷавонон барои федератсияҳо маблағ ҷудо мекунад, ки дастаҳояшон рафта, дар мусобиқаҳои осиёиву байналмиллалӣ ширкат кунанд, аммо ба ҷамъиятҳо аҳамият намедиҳанд. Дар ҳоле, ки мо ҳам дорем шогирдоне, ки рафта баромад кунанд, лекин барои мо маблағ ҷудо намекунанд ва ҳатто ба мо эътибор ҳам намедиҳанд.
Қаландаров: Кор ҳамону аҳвол ҳамон

Раиси Шӯрои маркази ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон иброз дошт, ки ин хуб аст, ки солҳои охир дар Тоҷикистон толору қасрҳои варзишӣ зиёд шудаанд, вале ин бино “Қасри варзиш” -аввалин варзишгоҳи ҷумҳурии Тоҷикистон буда, категорияи дуюм дар СССР буд, имрӯз дар ҷумҳурӣ категорияи якум аст. Аммо гап сари он меравад, ки ин биноро нигоҳубин кардан лозим, то  барои наслҳои оянда хизмат кунад.Номбурда мегӯяд, Федератсияи иттифоқҳои касаба ин қадар маблағ надорад, ки биноро ба пуррагӣ таъмир намояд, танҳо барои корҳои хоҷагӣ 100-150 сомонӣ медиҳанду тамом: “Ҳоло бошад, дар бораи таъмиру тармими бино чизе нагуфтаем”



Боз ҳам нигаронӣ

Қаландаров: Кор ҳамону аҳвол ҳамонСироҷиддин Шамсиев, директори мактаби варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон низ дар сӯҳбат бо Озодагон аз мушкилиҳои соҳа ҳарф зада гуфт: “Мутаасифона, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои маркази ҷамъияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамкорӣ намекунад. Ҳоло он, ки дар ин ҷамъият мактаби ибтидоии варзишӣ амал мекунад. Аксарияти қаҳрамонони Тоҷикистон, бахусус аксарияти гӯштингирон таълими ибтидоии варзиширо дар ҳамин мактаб гирифтаанд.”

Ба қавли ӯ, дар ин толор одатан наврасон машқу тамрин мекунанд ва ҳар як нафаре аз онҳо ҳар моҳ 10 сомонӣ пардохт мекунанд, барои наврасони бепарастор бошад, тамрин ройгон аст: “Феълан дар ин мактаби варзишӣ зиёда аз 300 нафар кӯдакону наврасон тамрин мекунанд. Вазифаи асосии мо оммавӣ гардонидани варзиш аст ва мо то имрӯз ҳамин вазифаи худро иҷро карда истодаем”.



Ибодуллоҳи ТОИР


РS: Дар ҳамин ҳол, Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 7-уми январи соли равон дар як нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон изҳор дошт, ки онҳо ягон толори варзиширо аз мадди назар дур намегузоранд...
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)