Бахшҳо
23 янв 2013 05:55Гузориш

СММ дар Сурия ноком аст

Ба таъкиди ин ташкилот беш аз 60 ҳазор нафар дар муноқиша кушта шудаанд ва тарафҳои байналмиллалӣ ошкоро дар саҳнаи Шӯрои амнияти СММ бо якдигар ба мухолифат пардохтаанд. Дуюмин, неруҳои минтақаӣ дар он ба рақобат бархостаанд ва сеюман, бозигарони ғайрикишварӣ, бахусус, салафиҳо дар он дахолат кардаанд.

Фиристодаи Созмони миллали муттаҳид худро дар баробари ҳукумати Сурия қарор додааст ва ин хилофи пешшартҳои муваффақияти миёнҷигарӣ аст, чаро ки миёнҷӣ ниёз дорад то бо тамоми тарафҳои даргир ба ҳамкорӣ бипардозад.

Пеш аз ҷанги ҷаҳонӣ, ҷомеъаи байналмилалӣ барои пешгирӣ аз ба вуҷуд омадани фоҷеаҳои мушобеҳ ва ҳаллу фасли муноқишоти байналмилалӣ, созмонеро таъсис кард, ки дастовези ҷаҳониён дар баробари буҳронҳо бошад, Созмони милали муттаҳид бо меҳварияти назарияи "мувозинаи қувваҳо" ба вуҷуд омадааст ва аслитарин ҳадафи он пешгирӣ аз ҷанг байни кишварҳост.

Тафовути аслии ин ниҳоди байналмилалӣ бо "Ҷомеъаи Милал"(Лигаи миллатҳо) байни ду ҷанги ҷаҳонӣ, узвияти фарогир ва вуҷуди " ҳаққи вето" аст. Ҳаққи вето, ки аз суи бисёре аз ҷавомеи сиёсӣ ба масобаи падидае ноодилона шинохта шуда аст, роҳкорест, ки бар асоси он қудратҳои бузург метавонанд дар Шӯрои амният иҷоза надиҳанд, чизе хилофи манофиашон ба тасвиб бирасад.

Яке аз усули асосии ҳуқуқи байналмилал "асли адами мудохила” аст, ки бар  асоси он, ҳукумат дар қаламрави худ дорои ҳокимияте фарогир ва хадша нопазир аст, ки дигар ҳукуматҳо ҳаққи дахолат дар онро надоранд. Ин асл ки аз маҳсулоти ҷангҳои 30-солаи Аврупо ва паймонҳои имзошуда пас аз он аст, аз суи бисёре аз мутафакирин мавриди интиқод қарор гирифта аст, ки "башар" ро мавзӯъи ҳақ ва таклиф медонад, на кишварро. Бо ин ҳол, асли адами мудохила ҳамчунин як асли фарогири байналмиллалӣ маҳсуб мешавад, ҳарчанд ки яқинан бо идомаи раванди ҷаҳонӣ шудан ва хадшадор шудан, мафҳуми ҳокимият  рузгори сахтеро дар пеши рӯ хоҳад дошт.

Созмони милал агар чӣ қарор аст беш аз ҳар чиз бар сулҳи байналмилалӣ тамаркуз дошта бошад, аммо вақте бӯҳронҳои дохилии кишварҳо ҷанбаҳои байналмилаллӣ меёбанд, интизор меравад ки барои барқарории сулҳ вориди амал шавад. Дар ҷаҳони имрӯз, бӯҳронҳо дар даруни марзҳои як кишвар боқӣ намемонанд ва дар ҷанбаҳои мухталиф ба берун сироят мекунад. Равобити ба ҳам пайвастаи ҷаҳонӣ ва рақобати манофеъ боис мешаванд, ки дигар бозигарони минтақаӣ ва байналмиллалӣ ба суръат бо буҳронҳои дохилии кишварҳо иртибот барқарор кунанд. Бӯҳрони Сурия яке аз ин бӯҳронҳост, ки ба суръат ҷанбаҳои фаротар аз сатҳи дохилӣ ёфт.

Дар ин бӯҳрон, ки ба таъкиди Созмони милали муттаҳид беш аз 60 ҳазор нафар дар он кушта шудаанд, аввалан тарафҳои байналмиллалӣ ошкоро дар саҳнаи Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид бо як дигар ба мухолифат пардохтаанд. Дуюмин, неруҳои минтақаӣ дар он ба рақобат бархостаанд ва сеюман, бозигарони ғайрикишварӣ,  бахусус, салафиҳо дар он дахолат кардаанд. Афкори умумии ҷаҳонӣ низ ба шиддат нисбат ба ин бӯҳрон ҳассос шуда ва адабиёте, ки расонаҳои ҷарёни ғолиб  бо навъи нигоҳи хоси худ ба Сурия пардохтаанд, бештарин таъсирро бар афкори умумӣ аз худ бар ҷой гузошта аст.

Ин бадон маъност, ки Созмони милали мутаҳид чорае надорад, ҷуз инки дар фақари бӯҳрони Сурия ба дахолат бизанад, то бинобар вазифаи худ, сулҳро барқарор кунад. Талошҳои Созмони милал дар хусуси Сурия то кунун бо интисоби ду фиристодаи вижа дар умури Сурия ба мансаи зуҳур расида аст. Кофи Анон ва сипас Ахзар Иброҳимӣ, ду намояндаи вижаи Созмони милал дар хусуси Сурия будаанд.

Яке аз нукоти қобили таваҷҷӯҳ дар интихоби фиристодагони вижа, ҳамоҳангии Созмони милали муттаҳид дар ин фақара бо "Иттиҳодияи араб" будааст. "Итиҳодияи араб", яъне ҳавзаи нуфузи бархе кишварҳои минтақа, ки дорои манофеи мушаххас дар ҳимоят аз муоризони сурӣ ҳастанд. Ҳар ду фарди зикршуда,  ҳам намояндагии Созмони милалро бар ӯҳда доштаанд ва ҳам намояндагии "Иттиҳодияи араб"-ро. Ин дасти кам нишонаи он аст, ки Созмони милалро аз ҳамон оғози амр  наметавон бетараф дар бӯҳрони Сурия ба ҳисоб овард.

Талошҳои Кофи Анон дар хусуси Сурия самараи чандоне надошт ва пас аз ӯ, Ахзар Иброҳимӣ дар ҳоле мансуб шуд, ки тасаввур мешуд, вай дорои мавозеи фароҷиноҳӣ аст. Аммо ба мурур, мавзеъгириҳои вай низ ба сӯи тамоюлоти ҷараёни ғолиб наздик шуд, то ошноён бо адабиёти ҳоким бар равобити байналмиллал бори дигар ба ёди дидгоҳҳои наввоқеъгароён биафтанд, ки ниҳодҳои байналмиллалиро абзоре дар дасти қудратҳои бузург медонанд.

Конс Волтез, аз муҳимтарин назарияпардозони наввоқиъгароёнаи падофанди боварӣ, бар ин бовар аст, ки ниҳодҳои байналмиллалӣ  танҳо дар маъмуриятҳое муваффақ мешаванд, ки қудратҳои бузург аз онҳо ҳимоят кунанд. Барқарории сулҳ дар Сурия, маъмурияте нест, ки дасти кам як ҷиноҳ аз қудратҳои бузург аз он ба ҳимоят бархоста бошад.

Мавозеи ахири Ахзар Иброҳимиро аз ҳамон оғози амр мешуд пешбинӣ кард. Вай зимни интиқод аз тарҳи сулҳи Башор Асад, ошкоро аз ташкили як давлати интиқолӣ сухан гуфта аст, ки Башор Асад дар он ҷое надорад. Ин тақрибан ҳамон мавзеъи мухолифони сурӣ аст.
Иброҳимӣ бар ин бовар аст, ки мухолифон дар баландмуддат метавонанд ба пирузӣ бирасанд, аммо то он замон Сурияе вуҷуд нахоҳад дошт ва табъан ин дигар як пирузӣ барои онҳо  маҳсуб намешавад.

Вокуниши ҳукумати Сурия ба мавозеи ахири Иброҳимӣ ҳам тунд будааст
Вазорати хориҷаи Сурия дар вокуниш ба охирин мавозеи Ахзар Иброҳимӣ, вайро ба "ҷонибдории бешармонаи сиёсӣ ва тавтиачинӣ алайҳи миллати Сурия" муттаҳам кард. Рӯзномаи "Ал-ватан", чопи Димишқ низ дар тафсири суханони Иброҳимӣ навишт, ки вай бо ин суханон чеҳраи воқеии худро ошкор кардааст. Дар мақолаи ин рӯзномаи ҳомии ҳукумати Сурия омадааст, билохира парда аз иддаои фароҷиноҳӣ будани Иброҳимӣ барафтод ва собит шуд, ки вай асбоби иҷроии сиёсати кишварҳои ғарбӣ аст.

Ин ба он маъност, ки фиристодаи Созмони милали муттаҳид худро дар баробари ҳукумати Сурия қарор додааст ва ин хилофи пешшартҳои муваффақияти миёнҷигарӣ аст, чаро ки миёнҷӣ ниёз дорад, то бо тамоми тарафҳои даргир ба ҳамкорӣ бипардозад. Ба назар мерасад, дар маҷмӯъ ва бо фарзи идомаи руйкарди феълӣ, наметавон барои Созмони милали муттаҳид дар Сурия маъмурияти  муваффақиятомезеро пешбинӣ кард. Барои ин муддао дастикам  ду далели аслӣ вуҷуд дорад:

Аввалан, миёнҷӣ барои муваффақият бояд асли бетарафиро мӯҳтарам шуморад. Дар шароите, ки Иброҳимӣ  ва созмони фиристодааш аз ин вижагӣ бебаҳраанд, наметавон интизор дошт, натиҷае аз дахолати Созмони милали муатаҳид ҳосил шавад.

Дуюман, ҳузури бозигарони ғайридавлатии салафӣ дар ин майдон, аз ибтидо бо ҳадафи расидан ба тавофуқ бо давлати Сурия иҷро нашудааст. Ин бозигарон ба дунболи арсае барои эҷоди муҷаддади ҳукумате монанд ба толибониАфғонистон ҳастанд, ки худ  онро " иморати исломӣ" меноманд ва бар таолими " ибни Тимия" устувор аст.

Бинобар ин наметавон аз ин гурӯҳҳо интизори мусолиҳаҷуӣ дошт, ба хусус  ин ки аз ҳимояти бархе тарафҳои минтақаӣ низ бархӯрдор ҳастанд.

Дар чунин шароите Созмони милали муттаҳид дар вазифаи худ дар мавриди барқарории сулҳ, дар беҳтарин ҳолат нотавон ва дар бадтарин ҳолат, ғаразнок ва ғайри қобили эътимод ба назар мерасад.

Манбаъ: Хабаргузории Форс

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)