Дар паи кашфи як гӯри ҷамъӣ дар урдугоҳи "Ашраф", ки гурӯҳаки террористии мунофиқин дар он сукунат доштанд, чанд эҳтимолро дар хусуси ин ки ин ҷасадҳо мутаалиқ ба чӣ касоне аст, матраҳ шудааст...
Ба гузориши хабаргузории "Форс" аз Бағдод, неруҳои полиси Ироқ чанд рӯз пеш аз кашфи як гӯри ҷамъӣ дар урдугоҳи "Ашраф" дар устони Диёла, дар шаҳристони Алхолис хабар дода ва эълон карданд: ҷасадҳои мавҷуд дар ин гӯрҳо ба зарби тир кушта шуданд. Дар ин миён, иддаои гурӯҳаки мунофиқин дар мавриди ин ки ҷасадҳои муталлиқ ба аъзои ин гурӯҳак аст, ки таҳқиқоти аввалия баёнгар аз тирборони онон аст.
Ҷасадҳои ин гӯри ҷамъӣ ба зарби гулӯла кушта шуданд Фарзияи қавитаре низ ин аст, ки раҳбарони ин гурӯҳаки террористӣ ҷасадҳои кашфшуда дар ин гӯри ҷамъиро ба зарби тир ба қатл расондаанд. Дидгоҳи аъзои шӯрои устондории Диёла ба ин фарзия наздик аст ва ба гуфтаи онон гурӯҳаки террористии муҷоҳидини халқ теъдоде аз раҳбарон ва аъзои мухталифи худро қатл карда ва ононро дар ин урдугоҳ мадфун кардаанд.
Тобил Муҳаммад Ҳасан, раиси шӯрои устондории Диёла дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт: касоне, ки пайгири ин мавзӯъ буда ва дастандаркорони он ҳастанд, таъкид карданд, ки ҷасадҳои мавҷуд дар ин гӯри ҷамъӣ мутаалиқ ба ашхосе аст, ки ба далели мавозеъи мухолифатҷӯёна бо ин гурӯҳак, дар дохили урдугоҳи "Ашраф" қатл ва мадфун шуданд.
Аммо манобеъи курд ва туркманони Ироқ ин эҳтимолро қавитар медонанд, ки ҷасадҳои ин гӯри ҷамъӣ муталлиқ ба курдҳо ва ё туркманҳое аст, ки дар ҷарёни интифозаи соли 1991 дастгир шуданд.
Ба гуфати онон, гурӯҳаки муҷоҳидини халқ бо ҳимоят аз низоми Саддом дарсаркубии ин интифоза даст дошт, ба ин маънӣ ки афроди дастгир шуда ба урдугоҳи "Ашраф" мунтақил шуда ва бо ҳамоҳангии ниҳодҳои амниятии вобаста ба низоми Саддом, дар онҷо қатл ва тадфин шуданд, ба вижа ин ки гурӯҳаки мунофиқин дар саркӯби интифоза дар нуқоти мухталифи устонҳои Сулаймония ва Каркук ва низ Карбало мушорикат дошт.
Гурӯҳаки террористии мунофиқин омили чанд бомбгузорӣ дар Эрон аст
Гурӯҳаки террористии мунофиқини халқ дар паи тавофуқ бо низоми Саддом барои мушорикат дар ҷанг алайҳи Эрон, озими Ироқ шуда ва дар бомбгузориҳои зиёд дар Эрон, ки ҷони афроди бегуноҳро гирифт, даст дошт. Низоми Саддом пас аз мусодираи чандин гектар аз заминҳои шаҳрвандии ироқӣ, урдугоҳи "Ашраф"-ро дар ихтиёри гурӯҳаки халқ қарор дод ва ба ин тартиб ин урдугоҳ ба маркази маҳрамонаи фаъолиятҳои ин гурӯҳак дар Ироқ ва пойгоҳи силоҳҳои сангин он табдил шуд.
Дар пай сарнагунии низоми Саддом, нерӯҳои ишғолгари амрикоӣ таъмини амнияти урдугоҳи "Ашраф"-ро бар уҳда гирифтанд ва пас аз он ин урдугоҳ ба маркази терроризм ва ҳимоят аз аъзои "Ал-қоида" табдил шуд.
Аҳолии манотиқи атрофи урдугоҳи "Ашраф" таъкид карданд, ки миқдори фаровони силоҳ ва пул аз ин урдугоҳ дар ихтиёри аносури "Баъс" ва "Ал-қоида" қарор мегирифт,ки аз он барои куштори сокинони устони Диёла истифода мешуд.
Теъдоде аз аносури "Ал-қоида" дар урдугоҳи "Ашраф" омӯзиш медиданд
Бинобар гузоришҳои амниятӣ теъдоди зиёде аз аъзои "Ал-қоида" дар ин урдугоҳ омузиш дида ва дар иҷрои амалиёти куштор ва қатли мардум, аз раҳбарони ин урдугоҳ дастур гирифта ва амалиёти муҳоҷират бар асоси ҳувияти сокинони ин устонро, ҳидоят мекарданд, то ҷое ки масъулони интизомӣ дар Диёла дастури дастгирии теъдоде аз аъзои гуруҳакҳои террористии мунофиқинро, ки дар иқдомоти террористӣ даст доштанд, содир карданд.
Ин дар ҳоле аст, ки устони Диёла саҳнаи ҳамалоти хунине буд, ки омилони он аъзои "Ал-қоида" бо ҳамоҳангии мунофиқин буданд ва дар ҷарёни он беш аз 50 ҳазор нафар аз аҳолии ин устон дар ҳамалоти созмонҳои ёфта қатл ва беш аз 200 ҳазор нафар низ аз он муҳоҷират карданд.
Кашфи гӯри ҷамъӣ асорори зиёдеро дар дили худ ҷой додааст Ба ҳар ҳол кашфи гӯри ҷамъӣ дар урдугоҳи "Ашраф" муъамои мубҳамеро матраҳ мекунад, ки асрори зиёдеро дар мавриди ин урдугоҳ ва ҳаводиси ваҳшатноке, ки дар он рух додааст, дар дили худ ҷой додааст.
Урдугоҳи "Ашраф" дар нимаи даҳаи 80 қарни гузашта дар Ироқ барпо шуд ва ҳаводиси ваҳшатноки зиёдеро ба худ дида, ки ба дасти хонаводаи Раҷуӣ қадам хурд. Раҷуӣ қудрати худро мадюни низоми Саддом буд, ба ин маънӣ ки Саддом нақши амниятии шубҳанокеро ба ин гурӯҳак бахшида ва аз он ба унвони абзоре барои куштори ироқиҳо истифода мекард. Ҳамчунин, гурӯҳаки мунофиқин абзори "Ал-қоида" ва ҳизби "Баъс" буд ва дар ҷарёни он ба куштори ироқиҳо ва неруҳои полис иқдом кард. Дар чанд соли гузашта низ теъдоде аз шаҳрвандони ироқӣ ва неруҳои полис дар шароити мубҳам нопадид шуданд.
Дар ин миён, коршиносон таъкид доранд, ки иқдомоти давлати Ироқ дар муҷозоти аъзои гурӯҳаки мунофиқин ва раҳбарони он ҳануз кунд ва суст буда ва бо вуҷуди итиҳомоти ворида ба ин афрод, гурӯҳаки террористии мунофиқин дар муқобили холӣ кардани урдугоҳи "Ашраф", аз Созмони милал ва Иттиҳодияи Аврупо барои пешгирӣ аз пайгарди ҷиноии онон дар дохили Ироқ, тазмин гирифт.
Урдугоҳи "Ашраф" пас аз поёни муҳлати қонунӣ тахлия шуд
Гурӯҳаки муҷоҳидини халқ бо вуҷуди тавофуқ барои холӣ кардани урдугоҳи "Ашраф", ба Иттиҳодияи Аврупо шикоят карда ва афсарони артиши Ироқро ба поймолкунии ҳуқуқи худ муттаҳам кард, дар ҳоле дар ки неруҳои амниятии Ироқ пас аз поёни муҳлати қонунӣ барои холӣ кардани урдугоҳи "Ашраф", дастури давлати Ироқро ба ҷо дароварда ва ин урдугоҳро пас гирифта ва дар ихтиёри масъулони ироқӣ қарор доданд.
Холӣ кардани урдугоҳи "Ашраф" дар ҳоле сурат гирифт, ки ин урдугоҳ дар хоки Ироқ қарор дошта ва мунофиқин аз назари қонунӣ ва расмӣ ҳеч моликияте бар он надоштанд ва ҳузури онҳо дар ин маҳал ғайриқонунӣ буд.
Манбаъ: Хабаргузории Форс
Мӯҳр