Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:33

Неруҳое, ки Тоҷикистонро таҳдид мекунад

25 январ 2013, 09:34

Мавзӯи тасаллут бар манобеи минтақаи стротегии Осиёи Марказӣ рақобати бесобиқаеро миёни давлатҳо ва маҳофили мухталифи байналмилалӣ доман задааст. Имрӯз ин рақобат дар шаклҳои мухталиф ва ҷанбаҳои мухталиф ҷараён дорад. Дар ҳоле ки қудратҳои Ғарбу Шарқ бо бакоргирӣ  аз тавони низомӣ ва нуфузи худ дар ниҳодҳои байналмилалӣ, дар пайи нуфуз бар сохторҳои давлатҳо ва таҳти таъсир қарор додани давлатҳои минтақа баромадаанд, кишварҳое, ки ин зарфиятҳоро надоранд, ҷомеаҳоро ҳадаф қарор додаанд. Албатта рақобати қудратҳо то ҳадде эҳсосшаванда ва қобили мушоҳида аст, ки имзои қарордодҳо, таъсиси ширкатҳои муштарак, вогузории тарҳҳои бузург, сармоягзориҳои ҳангуфт ва амсоли ин тасдиқе бар ин гфтаҳост. Аммо рақобат барои нуфуз бар ҷомеаҳо тақрибан ғайриқобили мушоҳида аст ва тавассути миссионерҳо, сармоягузориҳои ғайримустақим, муздур намудани афрод, сарозер кардани адабиёти таблиғотӣ, таъсиси фирқа ва равияҳои идеологӣ дар заминаҳои мухталифи мазҳабӣ, намоиши сериалҳои эҳсосотӣ дар мавзуъҳои мухталиф, аз  ҷумлаи абзорҳоеанд, ки дар ин замина мавриди истифода қарор доранд.

Агарчӣ ин фароянд дар нигоҳи аввал чандон ҷиддӣ ба назар намерасад, аммо ба унвони бомбаи соатӣ, ҳар ҷомеаро ба сӯи таркишҳои азими иҷтимоӣ ҳаракат медиҳад. Ин дар ҳолест, ки дар бораи рақобати қудратҳо матолиб, таҳлил, мусоҳиба, гузориш ва хабарҳои мухталиф мунташир мешавад, аммо ба мавзӯи рақобат бар сари ҷомеаҳо, ки дар асл талош барои нуфуз бар афкори фард фарди ҷомеа аст, камтар таваҷҷуҳ шудааст. Ҳамин мавзуъ боис шудааст, ки ин ҷабҳа дур аз таваҷҷуҳи сохторҳои марбутаи давлатҳо, тақрибан бидуни монеа барномаҳои худро пеш барад.

Фирқаю равияҳои гуногун дар камини ҷавонон
Дар фароянди тасаллут бар ҷомеъа, ончӣ дар Тоҷикистон ҷараён дорад, густариши фирқаю равияҳои гуногуни мазҳабӣ аст, ки имрӯз ба мушкили ҷиддӣ, ҳатто барои сохторҳои амниятию интизомӣ табдил шудааст. Фаъолиятҳои зерзаминии ин ниҳодҳо ба гунае печида шудааст, ки ба назар мерасад таъқибу боздошт ва муҷозот шудани аъзо, монеи чандоне барои идомаи ин фаъолиятҳо эҷод намекунад. Бар асоси оморҳои расмӣ созмон ва ҷараёнҳое назири "ваҳҳобӣ", "салафӣ", "ҳизби таҳрир", "байъат", "ансоруллоҳ" ва ... амал мекунанд, ки ба таври умда аз тарафи кишварҳо ва ниҳодҳои хориҷӣ ҳимоят ва пуштибонии молӣ мешаванд. Ин ҷараёну равияҳо бо роҳҳои мухталиф аъзои худро афзоиш медиҳанд ва дар ин миён ҷавонон тӯъмаи аслӣ маҳсуб мешаванд. Нигоҳе ба амалкарди фирқа ва мазҳабҳо нишон медиҳад, ки фаъолон ва сарони онҳо тақрибан ғайри мустақим фаъолият мекунанд ва камтар касоне ононро мешиносанд. Ҳамчунин манбаъҳои молии онҳо чандон рушан нестанд ва бино ба баровардҳои бархе ниҳодҳои молии Тоҷикистон, кумакҳои молиро аз тариқи воситаҳо ё ширкатҳои миёнрав дарёфт мекунанд.

Баргузории намозҳои ҷамоат дар масҷидҳои чомеъ, ҳатто масҷидҳои "панҷвақта"и шаҳрҳо баёнгари он аст, ки гароиши ҷавонон ба равияҳои мазҳабӣ дар ҳоли афзоиш аст. Агарчӣ Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо ҳар роҳе талош дорад фазои мазҳабии ҷомеаро таҳти назар гирад, аммо то ин дам дар ин росто чандон муваффақ амал накардааст.

Мо бурун бингарему ҳолро
Яке аз нишонаҳои нуфуз ва тасаллути доираҳои хориҷӣ ба ҷомеъа, тарзи либоспӯшии мардум аст, ки имрӯзҳо дастхуши тағйиру таҳаввули зиёде шудааст. Имрӯз мо либосҳо ва шеваҳои пӯшишеро мушоҳида мекунем, ки дар байни мардуми тоҷик собиқаи камтаре доштаанд. Пайравони равияҳои мазҳабӣ дар навбати аввал кӯшиш мекунанд зоҳирашонро дар чорчӯби андеша ва афкорашон шакл диҳанд. Аз ҷумла аз теғу қайчӣ дур доштани риш, пӯшидани шалвор ё шимҳое, ки ба таври ҳатмӣ почааш то буҷулаки по бошад, куртаҳои мардонаи сафеди дароз, сандалҳо ва ...дар ин радиф қарор доранд. Ин амал ончунон густариш ёфтааст, ки мардум аз зоҳири фард "таҳрирӣ", "салафӣ", "шофеӣ" ... буданашро муайян мекунанд. Албатта ин ҳаққи ҳар шахс аст, ки ба шеваи дилхоҳи худ, аммо дар чорчӯби муқаррароти қонун, либос пӯшад, вале нуфузи пӯшишҳои барои суннатҳои миллӣ бегона, ба хусус фақат пӯшиши худро "пӯшиши исломӣ" эълон кардани ин ё он гуруҳ, амрест, ки заминаи ихтилофоти ақидатиро фароҳам ва ҷомеаро ба сӯи парокандагиҳои бештар ҳаракат медиҳад.

Қобили зикр аст, ки тағйир дар тарзи пӯшиш фақат махсуси писарон ва мардҳо набуда, занону духтаронро низ фаро гирифтааст. Дар ҳоле ки занону духтарони мазҳабӣ аз пӯшишҳои ба истилоҳ "исломӣ" истифода мекунанд, ҳамтоёни дунявиашон бо пайравӣ аз филмҳои хориҷӣ, ба вижа филмҳои туркӣ, фарҳанги бараҳнагиро таблиғу ташвиқ мекунанд. Албатта тарзи пӯшиши ҷавонон фақат ба либосҳои "мазҳабӣ" хулоса намешавад ва нуфузи либосҳои "хитоӣ" ба бозорҳои Тоҷикистон боис шудааст, ки "шортик" - "шалворак" ва  пираҳанҳои беостин дар байни ҷавонон роиҷ шуда, як навъ бебандубории зоҳириро дар либоспӯшӣ  ҳоким кардааст. Ба гунае, ки аксаран бо либосҳои ба истилоҳ хонагӣ дар маконҳои умумӣ, назири фурӯшгоҳҳо, нақлиёти умумӣ, бозорҳо, табобатгоҳҳо ва ошхонаҳо ҳозир мешаванд.

Дар ин миён мардуми суннатгаро аз пӯшишҳое, ки аз онҳо ба номи "пӯшиши исломӣ" ёд мешавад, пуштибонӣ мекунад, аммо новобаста аз ин пуштибониҳо, нуфузи шеваҳои пӯшиши бегона ҷомаеро дар маърази осебҳои бештар қарор додааст.

Тасаллут бар ҷомеа як шохаи сиёсати қудратҳо
Агарчӣ сарчашмаи равия ва фирқаҳои мазҳабие, ки имрӯз дар ҷомеа нуфуз кардаанд, кишварҳои арабӣ ва исломӣ мебошанд, аммо таҷриба нишон медиҳад, ки ин амр шохае аз сиёсати қудратҳои истеъморгар ва истисморгар аст. Ҳамон гуна ки шоҳиди ташкили гуруҳҳои тундгарои исломӣ дар мамлакатҳои исломӣ тавассути қудратҳои ғарбӣ ҳастем, нуфузи афрод ва омилони ин гуруҳҳо ба қаламрави Шӯравии собиқ низ бе робита ба ҳидояти ҳамин қудратҳо нест. Дунёи истеъмор ба манзури дар ақибмондагӣ ва вобастагиҳои ҳамешагӣ қарор додани давлатҳое, ки аз манбаъҳои саршори табиӣ бархурдоранд, ба воситаи афроди худ дар ҷомеаҳо парокандагиро шакл медиҳад, заминаи низоъҳои иҷтимоиро ба вуҷуд меорад ва аз ин тариқ бо таҳти фишор қарор додани давлатҳо, ононро мутеъ ва фармонбардори худ мекунад. Нигоҳе ба таърихи шаклгирии "Алқоида", ҳизби таҳрир ва толибон, ҳамчунин дигар гуруҳҳои тундрав, тасдиқе бар ин гуфтаҳост. Вобастагиҳои зиёди кишварҳои арабӣ ба қудратҳои ғарбӣ ва беш аз ҳад тобеи зиндагии пурнишот будани иддаи зиёде аз ҳокимони ин кишварҳо, вобаста шудани ононро ба қудратҳо осон кардааст. Аммо мушкил он аст, ки ин сиёсати нуфуз бар ҷомеаҳо хеле печида аст ва ҳеч давлате дар баробари он аз як сӯ эмин нест ва аз сӯи дигар маҳруми ҳар гуна эътироз  аст. Ҳамин амр боис шудааст, ки дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон фирқагароӣ густариши чашмгире кунад.

Фардои суботи ҷомеаҳо
Нуфузи фирқагароӣ чӣ ҳосиле барои ҷомеа дар пай хоҳад дошт? Нигоҳе ба рӯйдодҳое ки дар ин замина дар ҳоли шаклгирианд, ба хубӣ нишон медиҳад, ки аз имрӯз чунин ҷомеае фурӯ пошидааст.Таҷрибаи таърих нишон медиҳад, қабл аз он ки инсонҳо дар муқобили ҳам қарор  гиранд, ақидаҳо дар муқобили ҳам шакл мегиранд ва инсонҳоро ба сӯи майдонҳо ҳаракат медиҳанд. Имрӯз дар Тоҷикистон ақидаҳо дар ҳоли шаклдиҳии рӯёрӯиҳо ҳастанд ва аз ҳоло шиканандагии суботи иҷтимоӣ қобили дарк аст. Ин мавзӯъ дар шароите, ки бо хуруҷи низомиёни ғарбӣ аз Афғонистон, дурнамои амнияти минтақа дар ҳолае аз норушанӣ қарор гирифтааст, бештар аҳамият пайдо мекунад.

Аъзами ҲУҶАСТА


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!