Бахшҳо

Тоҷикистон Қирғизистон нест

Вакилони мардумӣ, ки аксарият аз ҳизби ҳоким ҳастанд, бояд бештар аз манфиати мардум фикр мекарданд. Вале онҳо пешниҳоди мухолифинро рад карда, дар ҷавоб ҳатто далелҳои қатъӣ оварда натавонистанд.
Парлумони Тоҷикистон пешниҳод барои вориди тағйирот ба қонуни интихоботи президентро рад намуд. Галия Рабиева, вакил аз ҲХДТ сабаби рад кардани вориди тағйиротро дар нодида гирифтани манфиати аҳзоби кӯчак арзёбӣ кардааст. Гуфта мешавад, тарҳи ворид кардани тағйирот ба сарқонун "Дар бораи интихоби президенти ҶТ" аз ҷониби кумитаи тадорукот таҳия гардида, вакилони ҲНИТ онро ба парлумон пешниҳод карданд.

 


Пешниҳоди мухолифин бо далелҳои беасос рад карда шуд


Кумитаи тадорукот бо шумули намояндагони аҳзоби мухолиф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис ёфта, пешниҳоди аслии онҳо аз чанд банд иборат буд. Мухолифин талош доштанд, то меъёри ҷамъи имзо аз 5 ба 2 дарсад поён бурда шавад. Ҳамзамон берун кардани қитъаҳои овоздиҳӣ аз ҳудуди макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ, дастрасии намояндагони мухолиф ба рафти шумори райъҳо ва ташкили кумисияҳои интихоботӣ аз ҳисоби намояндагони аҳзоби сиёсӣ нуктаҳои дигари дархости кумитаи тадорукот буд.


Бо таваҷҷӯҳ ба шеваи фаъолияти парлумон гурӯҳе аз коршиносон эҳтимоли баррасӣ ва ё қабули пешниҳоди мухолифинро аз ҷониби вакилони парлумон ғайриимкон медонистанд. Ба бовари онҳо парлумони Тоҷикистон ҳамеша бо ангушти ишораи ҳукумат фаъолият дошта, ҳеч гоҳ берун аз манфиати ҳукумат амал нахоҳад кард.


Бояд гуфт, ки ҳадаф аз пешниҳоди тарҳи вориди тағйирот ба қонуни интихоботи президентӣ ин таъмини кафолати интихоботи шаффоф арзёбӣ мегардид. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари бунёди "Перспектива+" дар шароити феълии Тоҷикистон баргузории интихоботи шаффоф бо қабули як пешниҳод имконнопазир аст. Бону Бобоназарова мегӯяд, ки дар сурати қабули ин пешниҳод танҳо як фисади шаффофият кафолат дода мешуд. Нуктаи муҳими пешниҳоди мухолифинро ҳамсӯҳбатам дар берун баровардани ҳавзаҳои райъдиҳӣ аз муассисаҳои таълимӣ арзёбӣ намуд. Чунки дар рафти баргузории интихобот омӯзгорон маҷбур ҳастанд, то ба тақаллуб даст зананд. Ин бойиси нигаронӣ аст.


"Вақте омӯзгор даст ба амали ношоиста мезанад, наврасон аз онҳо ибрат мегиранд. Дар чунин ҳолат мо умеде бар ҷомеаи солим баста наметавонем. Вакилони мардумӣ, ки аксарият аз ҳизби ҳоким ҳастанд, бояд бештар аз манфиати мардум фикр мекарданд. Вале онҳо ин пешниҳоди мухолифинро рад карда, дар ҷавоб ҳатто далелҳои қатъӣ оварда натавонистанд", иброз дошт Ойниҳол Бобоназарова. Ба бовари номбурда бо чунин шароит метавон гуфт, ки интихоботи 2013 аз интихоботи қаблӣ ҳеч фарқе нахоҳад дошт.


Як имкони дигари аҳзоби мухолиф


Аммо таҳлилгари масоили сиёсӣ, Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ки мухолифин ҳоло имкони дигар барои фароҳам овардани фазои мусоиди интихоботӣ доранд. Мухолифин бояд талош варзанд, то ҳарчи зудтар бо ҳукумат муколамае анҷом бидиҳанд. Шаффофияти баргузории интихобот дар Тоҷикистон танҳо аз ҳукумат вобаста аст. Агар ҳукумат хоҳиш дошта бошад, дар як рӯз тамоми монеаҳоро аз байн мебарад.


"Аз ин хотир аҳзоби сиёсӣ барои анҷом ёфтани гуфтугӯ бо ҳукумат бояд аз ҳар роҳу восита истифода кунанд. Яке аз роҳи таъмини интихоботи шаффоф ин муроҷиат ба созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмиллалӣ мебошад", мегӯяд Парвиз Муллоҷонов.


Тоҷикистон барои баргузории интихобот ду мушкил дорад, яке сиёсӣ ва дигаре маъмуриву фаннӣ. Ҷаноби Муллоҷонов мегӯяд, ки мушкилоти маъмуриву фанниро бо қонунгузории феълӣ метавон бартараф кард. Вале аз ҷиҳати сиёсӣ аз байн бурдани монеаҳо хеле душвор аст. Мо набояд фаромӯш созем, ки вазъи сиёсии Тоҷикистон дар қиёс бо кишварҳои дигар комилан дар ихтиёри ҳукумат мебошад.


Интихоботи соли 2013 бо тақалубкориҳо сурат хоҳат гирифт


Дар тақвияти ин суханҳо ҳуқуқшинос Файзиниссо Воҳидова гуфт, ки мутаассифона дар ҷомеаи мо ҳатто ҳукумат барои бароварда сохтани манфиати як гурӯҳи хурд фаъолият дорад. Аз ин лиҳоз ҷомеаи шаҳрвандӣ наметавонад умеде аз ҳукумат дошта бошад. Ҳуқуқшиноси тоҷик аз таҷрибаи солҳои охири кишвар мисол оварда гуфт, ки фазои сиёсии кишвар танҳо бо ирода ва ташаббуси раисҷумҳур иваз хоҳад шуд. Чунки мушкилоти ҷомеа ва мардум дар баъзе ҳолат танҳо бо дахолати Эмомалӣ Раҳмон ҳалли худро пайдо мекунанд. Дар ҳоле, ки барои бартараф сохтани мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гурӯҳе аз мансабдорон фаъолият доранд. Барои ҳеч фарде пӯшида нест, ки ҳукумати Тоҷикистон, манзур вазорату идораҳо, дар ҳолати карахтӣ қарор дошта, аксари вазирон ноӯҳдабаро ҳастанд, илова кард Файзиниссо Воҳидова.


"Албатта ин вазъият ба манфиати ҳизби ҳоким аст. Вале аҳзоби мухлиф барои тағйири ин вазъ бояд талош варзанд. Муроҷиат ба созмонҳои байналмиллалӣ роҳи наҷот нест. Нозирони ин ҷумла созмонҳо давоми 20 сол дар интихоботи Тоҷикистон ҳузур доранд. Дар натиҷа ба ҷуз аз пахши изҳорот дигар кореро анҷом дода наметавонанд", мегӯяд ҳуқуқшиноси тоҷик.


БонуВоҳидова бо таваҷҷӯҳ ба вазъи сиёсии кишвар мегӯяд, ки рад гардидани пешниҳоди кумитаи тадорукот як раванди маъмулӣ аст. Интихобот дар соли 2013 низ ба монанди интихоботи қаблӣ баргузор мешавад. Ин бозгӯи давру замон аст. Зеро Эмомалӣ Раҳмон боз номзади №1 мебошад. Бино бар мушоҳидаи Файзиниссо Воҳидова дар ин навбат низ раисҷумҳур тасмими супурдани курсиро надорад.


Вазъи сиёсӣ танҳо бо талоши ҷомеа иваз мешавад, на ҳизбҳо


Бори нахуст нест, ки масъалаи маъракаҳои сиёсӣ, мушкилоти тақаллубкорӣ, райъдуздӣ ва рақобати носолим аз ҷониби таҳлилгарон мавриди баррасӣ қарор мегирад. Коршиносон бо таваҷҷӯҳ ба маъракаҳои сиёсӣ мегӯянд, ки мавҷудияти чунин мушкилот танҳо хоси кишварҳои пасошӯравӣ аст. Зеро дар ин давлатҳо низоми худкома ҳамоно пойдор буда, ин мушкилотро танҳо бо роҳандозии сиёсати давлатдории Аврупо ва Ғарб метавон аз байн бурд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари баъзе аз коршиносон ҳукумати Тоҷикистон дар сурати хоҳиши бартараф кардани ин мушкилот метавонад аз таҷрибаи ҷумҳурии Қирғизистон истифода кунад. Ҳаводиси 5 соли охири Бишкек аз он гувоҳӣ медиҳад, ки нерӯҳои сиёсии ин кишвар барои ба даст овардани демократияи воқеъӣ то андозае муваффақ гардидаанд.


Дар ҳамин ҳол Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, ки дар Қирғизистон аз даврони раисҷумҳурии Аскар Акаев ба инҷониб раҳбарони давлат озодихоҳ буда, ҳизбҳои сиёсӣ низ нерӯманд ҳастанд. Беш аз ин фарҳанги сиёсӣ, вижагиҳо ва огоҳии сиёсии мардуми қирғиз низ бо дигар кишварҳои минтақа фарқ мекунад. Илова бар ин вазъи сиёсии Қирғизистон шароитеро фароҳам овардааст, ки дар бисёр маврид аҳзоби мухолиф тавон ва имкони мағлуб кардани ҳизби ҳокимро доранд.


Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ҳизби ҳоким доираи фаъолият ва нуфузи аҳзоби мухолифро бо ҳар восита маҳдуд мекунад. Ба қавли коршиносон аҳзоби дигари Тоҷикистон аз дастрасӣ ба оддитарин роҳи муаррифӣ ва роҳандозӣ кардани барномаҳояшон маҳрум ҳастанд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки бо мавҷудияти чунин фарҳанг ва шароити сиёсӣ умед бастан ба интихоботи шаффофу демократӣ худфиребӣ аст.


Ҳумайрои БАХТИЁР

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)