Бахшҳо
28 янв 2013 10:15Гузориш

Даъвати Саид Ҳасан Насруллоҳ аз мусалмонони олам

Мо як масъулияти мусбат низ дорем ва он ин аст, ки ҷаҳонро бо шахсияти Паёмбари илоҳӣ ва зиндагиномаи вай ва ҷанбаҳои шахсиятӣ, дин ва даъвати суханони вай ошно кунем...

Дабири кулли ҳизбуллоҳи Лубнон бо таъкид бар ин ки муодилаи артиш, миллат ва муқовимат зомини амният ва суботи Лубнон ва боздорандагӣ дар муқобили душман аст, гуфт: интихоботи ахири Исроил аз вуҷуди бӯҳрон дар ин режим ҳикоят дорад.

Саид Ҳасан Насруллоҳ дар суханронии худ дар маросими ҷашни гиромидошти мелоди Паёмбари акрам ва ҳафтаи ваҳдати исломӣ, бо тамҷид аз шахсияти азими Паёмбари азимушшаъни ислом пардохта ва бо ситоиш аз эшон ва шарҳи ҷанбаҳои шахсиятии он бузургавор, суханони худро оғоз кард.Вай ба арзишҳои матраҳшуда аз сӯи Паёмбар шомили баробарии инсонҳо ишора кард ва гуфт, ки инсонҳо бо анҷоми корҳои хуб ва дурӣ кардан аз гуноҳон аз ҳам фарқ мекунанд.

Дабири ҳизбуллоҳ дар идома ба ҳаракати барномарезишуда барои тавҳин ба Паёмбари аъзам, дин ва даъвати вай пардохта ва онро бузургтарин чолишҳои пеши рӯи уммати ислом донист.

Саид Ҳасан Насруллоҳ таъкид кард: ҳангоме ки бо бархе китобҳо, филмҳо ва тавҳинҳо мувоҷеҳ мешавем, ки ҳеч баррасӣ дар мавриди дини мо анҷом намедиҳанд, қатъан бояд хашми худро иброз кунем. Аммо мо як масъулияти мусбат низ дорем ва он ин аст ки ҷаҳонро бо шахсияти Паёмбари илоҳӣ ва зиндагиномаи вай ва ҷанбаҳои шахсиятӣ, дин ва даъвати суханони вай ошно кунем. Вай идома дод: бояд ин шахсияти истисноиро ба ҷаҳон шиносонд.

Дабири кулли ҳизбуллоҳи Лубнон идома дод, ки ҷунбишҳои исломӣ ва уламои мусалмон дар тӯли даҳаҳо ва қарнҳо аз тариқи мазҳаб ва ҷамоъати худ, саъй кардаанд то дар бораи Паёмбари акрам сухан бигӯянд, аммо ҳоло ин вазифа бар ӯҳдаи тамоми мусалмонон ва уламои ислом аст ва бояд авлавияти худро ба шиносондани ин шахсият ба ҷаҳон, бидиҳанд. Онҳо бояд таҳқиқоти илмӣ ва таблиғотии худро дар ин росто ба кор гиранд ва ҳеч сустие дар ин арса қобили қабул нест, чаро ки тарафи муқобил ба фаъолиятҳои худ идома медиҳад.

Насруллоҳ таъкид кард, ки ин гуна ҷараёнҳо, ки дар тавҳин ба Паёмбар даст доранд, медонанд ки аз ин иқдомот чӣ мехоҳанд. Мо қаблан гуфтаем, ки онҳо ба дунболи фитнангези миёни мусалмонон, масеҳиён ва ҳатто фитанангези миёни худи мусалмонон ҳастанд.

Даргириҳо ва ҷангҳои минтақаӣ дорои аҳдофи сиёсӣ аст на мазҳабӣ
Дабири кулли ҳизбуллоҳи Лубнон бо ишора ба ташдиди даргириҳо ва норомиҳо дар ҷаҳони арабӣ ва исломӣ таъкид кард ки даргириҳои минтақа дорои ҷанбаҳои мазҳабӣ нест, балки дорои аҳдофи сиёсӣ аст.

Ҳасан Насруллоҳ гуфт, аз чолишҳои бузурге, ки дар саҳнаи умумӣ вуҷуд дорад ин аст, ки вақте ба минтақа нигоҳ мекунем, даргирӣ ва дудастагиҳои шадид дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳони арабӣ ва исломиро мушоҳида мекунем ва ин амр хоҳ дар сатҳи тоифаӣ байни мусалмонон ва масеҳиён вуҷуд дорад ва ё ин ки мумкин аст ҷанбаи мазҳабӣ монанди шиъа ва суннӣ дошта бошад.

Вай афзуд: моҳияти даргириҳои феълӣ аз ин унвони тоифаӣ ва мазҳабӣ убур карда аст, кишварҳои арабӣ ҳастанд ки мумкин аст як кишвар ба таври кул дорои як мазҳаб бошад, аммо шоҳиди нооромиҳо ва мушкилоте дар он ҳастем, зеро дар ҳар кишвари арабӣ ва исломӣ чандин ҷараён ва гироиш вуҷуд дорад ва дар натиҷа чолишҳои мавҷуд дар минтақаро наметавон ба мушкилоти тоифаӣ ё мазҳабӣ хулоса кард .

Ҳасан Насруллоҳ мегӯяд, ҳатто дар кишваре, ки теъдоде пайравони адён ё мазоҳиб дар он ҳастанд, даргирӣ доиман даргирии мазҳабӣ ва тоифаӣ нест. Манзурам, ҳамаи даргириҳо ва ҷангҳо нест, аммо ағлаби онҳо дорои пешина ва аҳдофи сиёсии вобаста бо қудрат ва султа буда ва иртиботе бо дин ва шиъа, суннӣ ё ислом надоштааст.
Насруллоҳ гуфт: чанд соли қабл хатарноктарин ҷангҳое, ки дар минтақаи мо рух дод, ҷанги Саддом Ҳусайн алайҳи Кувейт буд. Оё ин ҷанг динӣ буд? Ин ҷанг, ҷанги қудрат  ва султа бар сарзамин буд ва мумкин аст касе аз ин амр сӯи истифода кунад.

Вай изҳор дошт: бисёре аз ҷангҳое, ки иттифоқ афтода ва бисёре аз даргириҳои феълӣ дорои умқи сиёсӣ аст ва ҳеч иртиботе ба мазҳаб ва адён надорад. Дар ҷанги Саддом Ҳусайн алайҳи Эрон наметавон ба ин ҷанг ҷанбаи мазҳабӣ дод, зеро бахши бузурге аз афсарон ва неруҳои артиши Ироқ шиъа буданд, аммо бархе аз режимҳои арабӣ, ки аҳамияте ба Фаластин намедиҳанд, ин даргирӣ бо Эронро ба суннӣ- шиъа табдил карданд.

Насруллоҳ таъкид кард: беҳтар  ин аст, ки таваҷҷуҳи мо ба ҳар гуна даргирии сиёсӣ ва на динӣ равона бошад ва бояд аз ҳар гуна даргирии сиёсӣ ва тоифаӣ парҳез кунем, зеро бархеҳо шояд битавонанд девро аз чароғи ҷоду берун бикашанд, аммо наметавонанд дубора онро бозгардонанд, бинобар ин мо бояд ҳушдор бошем.
Дабири кулли ҳизбуллоҳи Лубнон ддар идома гуфт: бояд ба сухани бархе о гуш фаро дода ва саъй кунем масоили худро бо ин умури ақлонӣ ҳаллу фасл кунем, зеро беҳтар аз даргирӣ аст ки миллатҳо ва кишварҳоро нобуд мекунад ва Амрико ва Исроил низ ба тамошои он менишинанд.

Вай афзуд: бояд ҳар мушкилеро дар ҳадду марзи худ ҳал кунем ва мушкили ҳар кишварро махсус ба он бидонем ва масоилро ба як дигар вобаста накунем. Беҳтарин роҳ гуфтугӯ  аст ва беҳтар аз шитоб барои даргирӣ аст ва ҳатто агар даргирӣ низ рух дод, бояд ба гуфтугу бозгашт ва ин ҳамон роҳе аст ки мо дар кишварҳои Сурия, Яман, Тунис, Либия, Миср , Ироқ ва Лубнон хоҳони он ҳастем, то ҳеч ба самти даргирӣ наравад.

Насруллоҳ ҳамчунин ёдовар шуд: нухбагони имруз масъулияти бузурге дар ҷаҳони араб доранд, зеро мардум ба суханони онҳо гӯш фаро медиҳанд ва масъулияти онҳо дар ҳоли ҳозир аз ҳар замони дигар бештар аст.

Манбаъ: Хабаргузории Форс


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)