Бахшҳо

Аҷиб: Маош 500 доллар, мошин- 50.000 $

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ҳақ надорад, шахсеро дар мавриди хонаи боҳашамати баландошёна ва ё мошини гаронарзиш доштанаш мавриди бозпурсӣ қарор бидиҳад.
Фаттоҳ Саидов, директори агентии номбурда аснои ироаи посух ба пурсиши хабарнигорон дар мавриди “чаро то ҳол агентӣ вазир, ё мансабдори тоҷикро дар бораи хонаҳои баландошёна ва мошинҳои қимматбаҳо доштанаш мавриди бозпурсӣ қарор надодааст?” гуфт, ки афсус,  дар қонунгузории мо ин чиз пешбинӣ нашудааст, ки як одам хонаи боҳашамат сохтааст, ё мошини қимат харидааст, мо рафта ӯро оварда,  мавриди бозпурсӣ қарор бидиҳем ва бигӯем, ки ин маблағҳои ҳангуфти ту аз куҷо ҳастанд?”

Аҷиб: Маош 500 доллар, мошин- 50.000 $ Дар ҳамин ҳол, Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик ва муовини раҳбари ҲУСДТ мегӯяд, ин суханони директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон то ҷое ҳақиқат доранд. Вале, дар вазъияти кунунӣ, ки номи Тоҷикистон дар радифи кишварҳои фасодзада мебошад, мавриди таҳқиқ қарор додани хароҷоти мансабдорон ҳеч мушкиле надорад. “Аз нуктаи назари эҳтимолияти бегуноҳӣ ва талаботҳои муносибатҳои бозаргонӣ посухи директори агентӣ мантиқан дуруст аст. Вале, бо дар назардошти он ки кишвари мо яке аз мамлакатҳои фасодзада мебошад, муайн намудани амволи ҳар шахс ба маҷмӯъи даромади он ягон мушкилие надорад. Дар қонунгузории кишвар ва санадҳои байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон ба тасвиб расонидааст, ҳолатҳое пешбинӣ гардидаанд, ки механизмҳои назоратии давлатиро доир ба эҳтимолияти моил будани мансабдори давлатӣ ё он субъектҳое боиси муносибатҳои коррупсионӣ шуданашон мумкин аст, мавриди таҳлили идораҳои марбутаи бо салоҳият бошанд, кафолат дода шудааст”- мегӯяд, мавсуф.

Аз сӯйи дигар Сӯҳроб Шарипов, вакили Маҷлиси намояндагон ба ин назар аст, ки дар мавриди пешбинӣ шудани чунин як қонуне, ки бар асоси он харҷи хидматчиёни давлатӣ ба назар гирифта шавад, ман фикр мекунам худи агентӣ метавонад, ин гуна иқдомро аз ҷониби ҳукумат ба парламент пешниҳод кунад ва парламент бошад барои баррасӣ ва қабули чунин як қонуне саҳм мегузорад. Ба андешаи ман, дар ин маврид хоҳиши ҷиддии агентӣ ва иродаи сиёсӣ даркор аст, ки ин гуна қонунро аз ҷониби ҳукумат ба парлумон пешниҳод кунад: “Зеро агар худи вакилон ин гуна лоиҳаҳоро пешниҳод кунанд, новобаста аз ин боз ин лоиҳаҳо ба ҳукумат мераванд ва боз ҳамон агентию ҳукумат ин қонунҳоро баррасӣ мекунанд. Аз ин рӯ ман фикр мекунам, ки агар субъекти асосӣ худи ҳукумат мешуд аз ҷониби агентӣ хубтар мешуд ва роҳи бюрократӣ кӯтоҳтар гардида, низ иродаи сиёсие, ки изҳор карданд, он ҷомаи амал мепӯшид дар роҳи қонун”

Ба қавли ҳуқуқшиносон, баъзе аз маҳдудиятҳое ҳастанд, аз қабили хешу таборбозӣ ва набудани парламентаризм, ки агентиро намегузоранд, тибқи салоҳиятҳои худ фаъолият намояд. Оқои Ҳакимов мегӯяд, набояд ба инобат гирифт, ки шаҳрвандон дар ин хусус ба агентӣ муроҷиат намекунанд ва инро баҳона карду шахсони мансабдорро аз мадди назари идораҳо дур монд: “Дар аввал ба таври ғайрирасмӣ ва бо истифода аз ваколатҳояш агентӣ метавонад тақрибан муайян намояд, ки музди меҳнати мансабдори давлатӣ ва имтиёзҳои он чанд аст. Пайвандону  фарзандон бо чӣ кор машғул ҳастанд ва ғайра. Агар  тасмимҳо чиддӣ бошанд, 98 фоизи мансабдорон бояд мавриди таҳлил ва санҷиши ин агентӣ қарор гиранд. Аммо омилу сабабҳои объективию субъективӣ низ вуҷуд доранд, барои ба таври бояду шояд мубориза бурдан ба коррупсия халал мерасонанд, ки баъзе аз онҳоро дар боло қайд намудем”.

Ба  иддаи бархе аз таҳлилгарон, иллати дигари мавриди санҷиш қарор нагирифтани мансабдорони тоҷик ин маъмули ва роиҷ будани чунин раванд дар ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.   

Исмоил Раҳматов, таҳлилгари масоили сиёсӣ мӯътақид аст, ки дар кишварҳои дигар ҳар вазир ҳангоми ба ин симмат таъйин гардиданаш дар декларатсия  менависад, ки ман ҳамин қадар молу амвол дорам ва пас аз сари мансаб омаданаш ҳам аз тариқи телевизион ва ВАО ба мардум ҳисобот медиҳад, ки ин гуна чизҳо дар мо маъмул нест ва дигар хуб мардум ҳам медонад, ки ин мошину хонаҳои дабдабаноки онҳо аз кадом пул ҳастанд.  

-Бубинед, тибқи маълумоти расмӣ ҳар як вазири мо 400 то 500 доллари амрикоӣ маош мегирад. Вале ин мошинҳои қимматбаҳое, ки дар Душанбе ҳастанд, зиёда аз 40-50 ҳазор доллар арзиш доранд,- суханашро ба поён мерасонад, сиёсатшиноси тоҷик.


Абдуғанӣ Абдуваҳҳоб
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)