Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:39

Озодагон ва ИмрӯзNews дар «рӯйхати сиёҳ»-и Девонаев

31 январ 2013, 05:43

Дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ворид шудани хабарнигорони хабаргузории Озодагон ва рӯзномаи ИмрӯзNews ҷилавгирӣ карданд.

Тибқи нақшаи қаблан омодашуда аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи президент, имрӯз, 31-уми январи соли 2013 дар бинои ин ниҳод бояд нишасти матбуотӣ баргузор мешуд. Бо мақсади инъикоси фаъолияти нимсолаи Хадамот ва анҷоми рисолати ҳирфаӣ, хабарнигори Озодагон соати 8-49 дақиқа ба назди корхонаи мазкур ҳозир шуд. Аммо дар толори пешвозгирӣ ва сабти номи журналистон ба қазияе рӯ ба рӯ шуд, ки дар чорчӯби ҳеч қонун ва қоида намеғунҷад.

Зимнан, ба хабарнигори Озодагон ва рӯзномаи ИмрӯзNews эълом доштанд, ки шумо иҷозаи ширкат дар нишастро надоред, аммо сабабаш шарҳ дода нашуд.



Инак, матни гуфтумоне, ки миёни хабарнигори Озодагон ва Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират сурат гирифт:


...


Қодирӣ: Кӣ ҳаст аз “Озодагон” ?


Хабарнигор: ман ҳастам.


Қодирӣ: Шумо-да иҷозат нест!


Хабарнигор: Барои чӣ?


Қодирӣ: Шуморо раҳ додагӣ нестанд, дар списка нестен, Алишер як-чӣ навишта буд, барои ҳамин. Бад ин ҷо пешакӣ бачаҳо номнавис шудагиян...


Садои хабарнигори дигар: Ин ҷо дар нишастҳои матбуотӣ ихелӣ нест, ку касе, ки ояд меояд.


Қодирӣ: Хай аку списка кардагиянд.


Хабарнигор : Шумо хабарнигоронро дар нишастҳои худ интихоб мекунед?


Қодирӣ: Не, Алишер як ду мақола навишта буд, Девонаевро танқид кард, ӯ баъд ҳамон Озодагонро шум мебинад ва гуфт маъқул нест.


Хабарнигор: Бад мебинад? Оё ҳақ дорад, ки ӯ чунин муносибат кунад?


Қодирӣ: Хай аку инро аз як журналисти дигар пурсидан даркор аст, ки ҳақ дорад ё не. Ман ростӣ намедонам, инро раҳбарият худаш таъйин мекунад.


Хабарнигор: Ягон корманди аз шумо болотар аст, бо ӯ дар ин маврид суҳбат кунем, ки хабарнигоре маъқулаш нест, роҳ намедиҳанд?


Қодирӣ: Не, хабарнигор маъқул не, Озодагон як ду се мақолаҳои безеб навишт, барои ҳамин инора манъ кард.


Хабарнигор: Чӣ тавре маълум аст, ҳама чиз бояд дар асоси қонун бошад, агар мақола нодуруст буд, пас шумо метавонистед раддия нависед, шикоят кунед...


Қодирӣ: Супориш дода шудааст, ки ҳамин Озодагон роҳ дода нашавад.


Хабарнигор: Кӣ супориш додааст?


Қодирӣ: Худи Девонаев супориш додааст, ки наоянд дар нишастҳо. Хубшам мекунӣ, хидматшам мекунӣ бад менависа, бадшам...(?)


Қодирӣ: Шумо аз куҷоед?


Хабарнигори Имрӯзнюз: Аз Имрӯзнюз


Қодирӣ: Имрӯзнюз шумодам иҷозат нест


Хабарнигор: Яъне шумо мегӯед, ки...?


Қодирӣ: Ҳамин ду газите, ки чизои манфӣ менависанд, гуфтан намонен, дар списка хат задан.


Хабарнигор: Яъне, Девонаев гуфт?


Қодирӣ: Ҳо, худш гуфт, ки ҳаминро нанависе, масалан Бӣ-Бӣ-Сӣ занг зад, номша гуфт, аз top.tj, inform.tj занг задан, гуфтан.


Хабарнигори Имрӯзнюз: Кадом нашрияҳо нестанд?


Қодирӣ: Ҳама ҳастанд, аз “Ҷумҳурият” сар карда, то “Минбари Халқ” ва “Бонувони Тоҷикистон”


Хабарнигори Имрӯзнюз: Яъне, барои мо мумкин нест?


Қодирӣ: Не, дар списка нестен...


( Сабти садои сӯҳбат маҳфуз аст)


 


 


 


 


 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!