Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:41

Қаюмзод ба кӣ нафорид?

1 феврал 2013, 09:13

Сабти ном нашудани фаъолияти хабарнигори радиои "Озодӣ" -Абдуқаюми Қаюмзод аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва ба думболи ин аз кор дар Радиои Озодӣ рафтанаш сару садои зиёдеро ба вуҷуд овард. Гурӯҳе ин масъаларо ба интихоботи президентӣ рабт дода, мегӯянд, ки вазорати умури хориҷа бидуни асос дархости фаъолияти ин хабарнигорро рад кардааст.
Шартҳои "махсус"-и ВУХ
Давлат Назрӣ, роҳбари раёсати иттилоотии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар тамос бо "Озодагон" гуфт, ки Абдуқаюми Қаюмзод дар идораи расонаи хориҷӣ кор карда, иҷозат ва ё рад гардидани дархости фаъолияти ӯ низ раванд ва шартҳои махсусро дорад. Ба бовари номбурда дар чунин маворид вазорат бештар аз рӯи хусусиятҳои дипломатӣ фаъолият карда, далелҳои аслии рад гардидани дархостро ба хабарнигор пешниҳод кардааст. Давлат Назрӣ гуфт, ки вазорат аз рафти баҳсҳои марбут ба қазияи Қаюмзод пайгирӣ дорад. Дар робита ба ангезаҳои сиёсӣ доштани ин масъала номбурда гуфт, ки вазорат дар ин маврид мавқеъи худро рӯшан хоҳад кард.

"Мо шунидем, ки созмонҳои хабарнигорӣ унвони Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон номае ирсол кардаанд. Аммо аз он нома дар вазорат хабаре нест. Ҳоло мо мунтазири номаи созмонҳо ҳастем. Дар сурати дастрас кардани он, мавқеъи худро ошкоро эълон хоҳем кард", мегӯяд Давлат Назрӣ.

Маврид ба зикр аст, ки таърихи 28-уми январ сомонаи радиои "Озодӣ" бо такя ба суханони Қироншоҳ Шарифзода, раҳбари "Шӯрои ВАО" навишт, ки созмонҳои хабарнигорӣ ба хотири дифоъ аз Абдуқаюми Қаюмзод унвони Ҳамрохон Зарифӣ номае ирсол кардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар сӯҳбат бо "Озодагон" Қироншоҳ Шарифзода гуфт, ки ҳоло ин нома ба вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон фиристода нашудааст. Тибқи иттилоъ қарор аст, зери ин нома раҳбарони 4 созмон - "Шӯрои ВАО", "Иттифоқи журналистон", "Медиа Алянс" ва "АМВАОТ" имзо гузоранд. Зимнан, Нуриддин Қаршибоев, раҳбари "АМВАОТ" гуфт, ки матни нома бо мувофиқа таҳия гардида, қарор аст то ду рӯзи дигар ба вазорат фиристода шавад. Созмонҳои хабарнигорӣ тасмим доранд, бо фиристодани ин нома аз вазир далелҳои рад кардани дархости фаъолияти Абдуқаюми Қаюмзодро ба даст оваранд.

ВУХ мунтазири номаи созмонҳову "Озодӣ" мунтазири мактуби ВУХ
Бояд гуфт, вазорати умури хориҷа дар ҳоле мунтазири номаи созмонҳои хабарнигорӣ ҳаст, ки масъулони "Озодӣ" ба таври хаттӣ ба дархости худ ҷавобе пайдо накардаанд. Соҷидаи Мирзо, мудири бахши тоҷики радиои "Озодӣ" мегӯяд, ки онҳо аз Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дархост кардаанд, то ба таври хаттӣ сабабҳои рад гардидани сабти ном нашудани Абдуқаюми Қаюмзодро пешниҳод кунанд. Номбурда изҳори таасуф аз он намуд, ки Вазорат ин дархости онҳоро бе ҷавоб мондааст.

"Мо аз чунин тарзи бархӯрд бо хабарнигорамон шадидан нигарон буда, инро ҳамчун фишоре ба матбуоти мустақил медонем. Бори нахуст нест, ки мақомот хабарнигорони "Озодӣ"-ро ба мушкилиҳо гирифтор мекунад, то моро дар чаҳорчӯбаи фаҳмишҳову дидгоҳҳояшон ҷой бидиҳанд. Аммо ин кор ба онҳо даст нахоҳад дод. Мо аз ҳар роҳҳо истифода хоҳем кард, то Абдуқаюми Қаюмзод иҷозаи фаъолият дар Душанберо ба даст биёварад", иброз дошт Соҷидаи Мирзо.

Мудири бахши тоҷикии радиои "Озодӣ" мегӯяд, ки қазияи Абдуқаюм чанд моҳ идома дошта, то марҳилаи охир масъулин мунтазири ҷавоби мусбати вазорат буданд. Вале дар аввалҳои моҳи январ Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба радиои "Озодӣ" ҷавоби манфӣ дод. Ин ҳам дар ҳоле, ки қаблан ишораҳои ба таври мусбат анҷом ёфтани ин масъала буд, зикр намуд Соҷидаи Мирзо. Номбурда мегӯяд, ки танҳо ба хотири аз фаъолият дур намондани Абдуқаюми Қаюмзод масъулини "Озодӣ" пешниҳоди идомаи кор дар кишвари хориҷро карданд. Ин маънои аз мубориза даст кашидани "Озодӣ"-ро барои ҳалли мусбати қазияи Қаюмзод надоштааст.

Чораҷуйиҳои ҳукумат барои интихобот
Бояд гуфт қазияи Абдуқаюми Қаюмзод дар ин рӯзҳои охир мавзӯи аслии баҳси маҳфилҳо мебошад. Гурӯҳе бо таваҷҷӯҳ ба шеваи фаъолият ва зиракии Абдуқаюми Қаюмзод мегӯянд, ки мақомот бо ин роҳ худсонсурии хабарнигорони дигарро ба вуҷуд овардан мехоҳанд. Зеро дар пеш интихоботи президентӣ буда, А. Қаюмзод бо ошкорбаёнӣ миёни хабарнигорон машҳур аст. Дар тақвияти ин фарзия Мухтор Боқизода, раҳбари "Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон" мегӯяд, ки ҳукумат бо василаи Вазорати умури хориҷа талоши маҳдуд сохтани фаъолияти хабарнигоронро дорад. Зеро бо наздик шудани замони баргузории интихоботи президентӣ мақомот барои назорати шадиди фазои иттилоотӣ талоши бештар анҷом медиҳанд. Мухтор Боқизода мегӯяд, ки ҳарчанд қонунгузории Тоҷикистон фаъолияти озоди хабарнигоронро кафолат додааст, аммо мақомоти давлатӣ ба хотири ошкор нагардидани норасоиҳои ҳукумат бо ҳар роҳ монеаҳои сунъӣ эҷод мекунанд.
"Ин амали вазорати умури хориҷа ғайриқобили қабул буда, як роҳи таҳмилшуда мебошад", гуфт Мухтор Боқизода.

Ҳуқуқшинос дар масоили расонаҳои хабарӣ Иноят Иноятов мегӯяд, ки аз нуқтаи назари қонун "Дар бораи ВАО" вазорат танҳо дар се маврид метавонад ба хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ иҷозаи фаъолият дар Тоҷикистонро надиҳад.

"Агар хабарнигорони расонаҳои хабарӣ хилофи сарқонун, қонунгузории амалкунанда ва ё фаъолияти онҳо ба амнияти миллӣ таҳдид дошта бошад, вазорати корҳои хориҷӣ ҳуқуқи сабти ном накраданро дорад. Бидуни пешниҳоди ин далелҳо амали вазорат ғайриқонунӣ аст", мегӯяд Иноят Иноятов. Ба бовари номбурда масъулини радиои "Озодӣ" метавонанд ин амали вазорати умури хориҷаро мавриди баҳс қарор бидиҳанд.

Ҷоизаҳои зиёду хомӯшии сафорат
Гуфта мешавад вазорати умури хориҷа дар ҳоле бидуни пешниҳоди далелҳои қатъӣ сабти номи Абдуқаюми Қаюмзодро рад мекунад, ки дар ин авохир Ҳамрохон Зарифӣ борҳо барои фаъолияти худ аз ҷониби рӯшанфикррону хабарнигорон ҳамчун вазири муваффақи кишвар шинохта мешуд. Коршиносон мегӯянд, ки амали вазорати хориҷӣ ғайридипломатӣ буда, ба нуфузи ин вазорат латмае ворид мекунад.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки бо ин шева маҳдуд кардани озодии матбуот бори дигар аз заъфи ҳукумат гувоҳӣ медиҳад.  
Маврид ба зикр аст, Абдуқаюми Қаюмзод яке аз хабарнигорони маъруф буда, дар соли гузашта бо ҷоиза ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, соли 2005 ҷоизаи байналмиллалии Ҳелман ва Ҳеммет ва барои озодии баён дар соли 2010 аз ҷониби Сафорати Амрико бо ҷоизаи "Ҷуръати журналистӣ" сарфароз шудааст. Дар ҳоле, ки коршиносон амали ВУХ-ро басос мешуморанд, Сафорати Амрико дар Тоҷикистон хомӯшӣ ихтиёр кардааст. Сафорати кишваре, ки аз як тараф маблағгузори "Озодӣ" мебошад ва аз ҷониби дигар ҳамеша лофи арҷ гузоштан ба озодии баён ва арзишҳои демократӣ мезанад.


Ҳумайрои БАХТИЁР


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!