Бахшҳо
01 фев 2013 10:43Гузориш

Нооромиҳо дар кишварҳои исломӣ ба манфиати кист?

Имрӯзҳо дар саросари кишварҳои мусалмоннишин мавҷи нооромиҳо паҳн шудааст. “Баҳори араб”, ки дар Мисру Либия натиҷаҳои назаррас дода, мавқеъи сиёсии ин кишварҳо ва сиёсати кулли ҷаҳонро тағйир дод, равшантарин мисоли ҷунбишҳо дар кишварҳои исломист. Ин ҳама аз дасти кист? Дар ин нооромиҳо, кӣ бештар даст дорад - ҷунбишҳои халқӣ, ҳукуматҳои ҷаббор ё дасти сеюм?

Нуралӣ ДАВЛАТ, муаррих
Аз ин нооромиҳо Амрикову Ғарб манфиатдоранд. Ҳоло Ғарб дар вазъиятест, ки ҳадди ақал барои нигоҳ доштани нуфузи худ бояд ин кишварҳоро ноором кунад. Ноором кардан ба ду сабаб аст. Яъне ҳарҷу марҷро дар кишварҳои арабӣ ба вуҷуд оварда, нуфузи Русияву Чинро коҳиш медиҳад ва аз ҷониби дигар, нафту газ ва сарвати онҳоро худ кашида мегиранд.

Инқилобҳое, ки Африқои шимолӣ ва Шарқи наздик ба вуқӯъ омад, барномаи сирф амрикоӣ буд. Заминаи онро барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Барак Ҳуесйн Обама зимни суханронии худ дар Доншгоҳи Қоҳира эълон лошта буд. ӯ дар паёми худ ба мардуми араб гуфта буд, ки кадом ҳукуматҳоеро, ки дар кишварҳои худ интихоб мекунанд, Кохи сафед онро мепазирад.

Ин суханрониро мухолифини араб дуруст дарк карданд ва аз он истифода карданд. Шояд бозиҳои пушти парда низ сурат гирифта бошанд. Омили дигар ин буд, ки марудми оддӣ дар Африқои шимолӣ ва Шарқи наздик аз худкомагии диктаторҳо ва хонадони эшон ба дод омада буданд, ки ин ба фоидаи Кохи сафед буд. Ҳукуматҳое, ки дар ин кишварҳои инқилобкарда сари қудрат омадаанд, дастнигари Амрикову Ғарб мешаванд. На танҳо аз лиҳози сиёсӣ, балки аз лиҳози молӣ ҳам. Алалхусус Миср, ки дар даврони Ҳуснӣ Муборак ҳар сол чанд миллиард доллар аз Амрико ёрӣ медид.

Амрико аз ибтидои солҳои нав, баъли пароканда шудани Иттиҳоди шӯравӣ дар кишварҳои исломӣ чанд барномаеро тарҳрезӣ кард. Дар навбати аввал татбиқи яке аз онҳоро аз Туркия шурӯъ карду ҳоло онро дар кившарҳои арабӣ идома дода истодааст.
Русия ва Чин дар мавриди Либия ба саҳлангорӣ роҳ дода, ба қатъномаҳое, ки Амрикову Ғарб дар СММ пешниҳод кард, овоз доданд. Аммо дар мавриди Сурия онҳо қатъиян мухолифати худро баён доштанд.

Ба назари ман, ҳозир Амрико тамоми таваҷҷӯҳи худро ба он минтақаҳо равон кардааст. Аз ҷониби дигар, кишварҳои Осиёи марказӣ бештар дар зери таъсири Русия қарор доранд. Гузашта аз ин, инқилобҳои рангае, ки Амрико дар бархе аз кившарҳои пасошӯравӣ пиёда карда буданд, шикаст хӯрдаанд ё дар ҳоли шикаст хӯрдан мебошанд.

Султони ҲАМАД, коршиноси масоили амниятӣ
Нооромиҳо дар ин кишварҳое, ки зикри номашонро дар боло кардед, ба манфиати ҳамон давлатҳое мебошанд, ки  аз мухолифони ҳукуматҳои дар сари қудратбуда, пуштибонӣ карданд ва ё пуштибонӣ карда истодаанд. Дар як қисмати ин давлатҳо мухолифин бо дастгирии ҳамон нирӯҳо ва ё кишварҳо ба сари қудрат омаданд. Дар қисмати дигар ҳанӯз чунин як ҳадаф дар садади амалишавӣ ҳаст.Бо кадом мақсад ин нооромиҳо умдатан дар кишварҳои исломӣ созмон дода мешаванд.

Созмондиҳандагони нооромиҳо ин корро ба он хотир мекунанд, ки ҳукуматҳои феълиро дар ин кишварҳои нооромшуда ба як ҳукуматҳои барои худашон гаправтар табдил кунанд. Зеро ҳукуматҳои қаблӣ ва ё феълӣ агарчи дар муносибат бо мардуми худ ба камбудиҳои зиёде роҳ диҳанд ҳам, аммо дар масире ҳастанд, ки он метавонад кишварро дар оянда ободтар ва мустақилияти онҳоро мустаҳкамтар намояд. Ин бошад хилофи стратегияи бархе аз нирӯҳои кишварҳои нооромкунанда ҳаст.

Нирӯҳое, ки танҳо суд меҷӯянд ва нооромиҳо дар як кишвар ба манбаи даромади онҳо табдил меёбад.  Ҳамеша дастнигару гарданкаҷ будани кишварҳои исломӣ аз аҳдофи дигари ин гурӯҳ аст. Ҷаҳони ислом набояд қад боло кунад, пешрафта бошад, меандешанд таҳлилгарону тасмимгирандагони ин гурӯҳ. Мутаассифона, онҳо дар рушди кишварҳои исломӣ тараққиёти тамоми ҷаҳонро дида наметавонанд. Ин рухдодҳои кишварҳои араб, албатта ба дигар кишварҳо, аз  ҷумла ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ низ таъсиргузор ҳастанд. Дар ҳамин кишварҳо низ ҳамон проблемаҳое, ки маъмулан дар муносибати ҳукумат бо мардум дар ҳама ҷо ҷой  доранд, ҳамин проблемаҳо ҳастанд. Ҳукуматҳои феълии ин кишварҳо низ мухолифони худро чи дар дохил ва чи дар хориҷ аз кишвар доранд. Вале бурузи нооромиҳо ва ё адами сар задани онҳо дар ин кишварҳо дар ҳамин марҳила бештар ба худи ҳукуматдорон вобаста аст. Ҳукуматҳои ин кишварҳо агар аз ин воқеъаҳо сабақҳои дуруст гирифта бошанд ва аз ин таҷриба дурандешона истифода кунанд, шояд худ ва мардумро аз ин фоҷиаи эҳтимолӣ дар амон доранд.

Исмоил ТАЛБАКОВ, вакили парлумон
Дар нооромиҳои авоили асри 20 ва 21, ки ҷаҳони исломро фаро гирифтаасту бештари онҳо дар Африқо ҷой дорад, дасти онҳое меистад, ки барои аз худ намудани сарватҳои зеризаминии ҳамин давлатҳо минҷумла нафту газ манфиатдор ҳастанд. Бо ҳамин восита ҷонибдорони онҳое сари қудрат меоянд, ки ба коркарду интиқолу истеҳосоли маводҳои энержӣ манфиатдоранд. Таърих гувоҳ аст, ки аз асрҳои гузашта бисёре аз мамолики ғарб ҷиҳати ба даст овардани дороиҳои кишварҳо сиёсати мустамликадориро пеша мекарданд. Албатта ин сиёсат зиёда аз садсолаҳо давом дорад ва агар кишварҳои Осиёи марказӣ ҳам дар ин сиёсат эҳтиёткор набошанд, ба онҳо низ таъсир расиданаш мумкин аст. Тоҷикистон ҳам бояд дар истифодаи захираҳои табии худ манофеъи миллияшро ба инобат гираду нагузорад, то ба он дараҷа бирасем.

Сайфулло САФАРОВ, муовини раиси МТС
Шояд дар зинаи аввал онҳоро кадом як қувваи берунае ба манфиати худ ташкил карда бошад,вале давом ёфтани ин ҳодисаҳо ба манфиати ҳеч кас нест.На қувваҳои дарунӣ ва на берунӣ.Вале бояд гуфт,ки ҳодисаҳои иҷтимоӣ баъд аз саршавиашон аз итоати хоҷагонашон берун шуда аз рӯи қонуниятҳои дигари равонӣи ва иҷтимоӣ амал мекунанд. Аз ин сабаб мо доимо ба рӯзноманигорон таъкид мекунем,ки дар назди ҷомеа бояд эҳсоси масъулият кард.Зеро гапҳои гуфта ва навиштаи шумо метавонад рӯзе санги вазнине дар гардани миллат шавад ва онро ба ғарқшавӣ дар туфони ҷаҳони муосир барад.Чуноне,ки дар Миср, Либиё ва Сурия ба мушоҳида мерасад ҷомеа ба осонӣ дигар ором нахоҳад шуд. Аз ин сабаб барои мо бояд ин ҳодисаҳо дарс шаванд ва беҳуда худро ба оташи ҷаҳаннам наафканем.

Парвиз МУЛЛОҶОНОВ, коршиноси масоили сиёсӣ
Дар ин нооромиҳо чанд тарафи манфиатдор вуҷуд доранд. Аз ҷумла баъзе гуруҳҳо дар ғарб, инчунин баъзе аз созмонҳои ширкатҳои тиҷоратие, ки манфиатдор ҳастанд, то захоири моддӣ ва маъдании ин кишварҳоро зери назорати худ бигиранд. Созмонҳои ифротгарову маҳаллӣ ва аҳзоби ифрогтаро, ки имконияти худро дар ин воқеъаҳо мебинанду кӯшиш мекунанд, то нуфузи худро зиёд намоянд. Ин ба манфиъати сиёсатмадорони он мамолик ва намояндагони созмонҳои ифротии ҳам диниву ҳам дунявист. Албатта ба кишварҳои Осиёи марказӣ таъсири бавосита мерасонад. Чун нооромӣ дар кишварҳои арабӣ ба иқтисоди ҷаҳон ба вижа Русия таъсири манфӣ мерасонад. Агар ин таъсирот ба иқтисодиёти Русия ва осиё расонида шавад, ба Тоҷикистон ҳам як таъсири ногувор ба миён меояд.

Мирҳусейн НАЗРИЕВ, раиси ҷиноҳи сабтиномнашудаи ҲСТ
Ба фикрам нооромиҳо дар кишварҳои исломӣ сабабҳои гуногун доранд. Ба ин якум бархурди манфиатҳои геополитикии қудратҳо, дуюм режимҳои худкома, ки манфиатҳои худро аз манофеи миллӣ боло гузошта, дар кишварашон мавҷудияти рақобати солими сиёсиро қабул надоранд, севвум салтанати рақобати динӣ дар дунё ва чорум аз ҷониби қудратҳо гузаронидани санҷиши силоҳҳои ҳозиразамон омили вуқуъи ин ҳаводисанд. Бале аз як тараф набудани рақобати солими сиёсӣ, ки сабабгори рушди бемайлони коррупсия дар ин кишварҳост инчунин мавҷудияти сарчашмаҳои бузурги неъматҳои моддӣ, ки ҳамеша таваҷҷуҳи қудратҳоро ба ин сарзамин моил намуда истодааст. Ва набудани ҳусни тафоҳумуҳамдигарфаҳмӣ миёни сарони ин кишварҳо, ки ба риштаи хешутабории миллионҳо сокинони кишварҳои минтақа бахусус Тоҷикистону Узбекистон зарба зада истодаанд ва ба замми ин ҷой доштани генотсид ё ҷабран ва барқасдона тағир додани миллият дар шиносномаҳои шаҳрвандон, ки дар баъзе аз кишварҳои минтақа аз замони шӯравӣ ин ҷониб идома ёфта истодааст, ахиран метавонад сабабгори нооромиҳо дар Осиёи марказӣ гардад.

Маҳмадалӣ ҲАИТ, муовини раиси ҲНИТ
Дар ин нооромиҳо дар кишварҳои исломии Миср, Тунис, Алҷазоир, Молӣ ва Сурия, бештар дасти бегонагон ҷой дорад ва онҳо мехоҳанд, то дар олами ислом пеш аз ҳама ҷанҷол ба роҳ андозанду низомҳоеро, ки дастнишондаи эшон бошад, ба сари қудрат биоранд. Чанд тоифа доранд мардуми он минтақаҳоро бо якдигар ҷанг меандозанд. Метавон ба ҷангҳои мазҳабии дохили ислом ва ҷангҳое, ки аз тарафи ғайриисломиҳо алайҳи ин кишварҳо роҳандозӣ мешавад, ишора кард. Дар инҷо дасти беруна бештар аст. Имрӯз мушкили аз ҳама асосӣ набудани ваҳдат миёни муслимин аст, ки душманони ислом доранд ба сиёсату вазъияти ин кишварҳо даст дарозӣ мекунанд. Ин бевосита оҳиста - оҳиста ба кишварҳои Осиёи марказӣ дорад таъсир мерасонад. Чун бедории мусалмонон, ки муҷиби дастдарозии кшварҳои бегона ба вазъи иқтисодиву иҷтимоиву сиёсии он кишварҳо гаштааст, бедиранг ба вазъияти кишвари мо ҳам таъсир хоҳад гузошт. Имрӯз, ки дар наздикии интихоботи 2013 қарор дорем, раҳбарияти кишвар бояд озодии бештареро барои мусалмонон қоил шавад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)