Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:59

Салоҳият

1 июл 2011, 08:58

«Дар салоҳияти мо нест» як роҳи халосӣ ва гурез аз дарди сар аст…


Агар бархе аз бесалоҳиятии бархе афроду ниҳод дар анҷоми вазифаи худ сухан бигӯянд, бархе ниҳоду мансабдорон бо эъломи ин, ки анҷоми коре дар доираи салоҳияти онҳо нест, аз иҷрои вазифаи худ шона тиҳӣ мекунанд.Ба назар мерасад ин мафҳум, яъне салоҳият, ҳам барои мунтақидон ва ҳам барои мансабдорон як мафҳуми сеҳромезест.  Барои яке аз он назар, ки танқидашро асоснок мекунад. Барои дигарӣ роҳи халосӣ аз масъулият ва анҷоми вазифа.

Як мисоли охирин дар ин росто рад шудани даъвои собиқ иҷрокунандаи вазифаи додситони кул аз сӯи додгоҳи қонуни асосии кишвар аст. Дар ин даъво Солеҳҷон Ҷӯраев хоста буда, ки қарори ғайриқонунӣ аз кор барканор карданашро баррасӣ намоянд ва ба иллати лағви унвонаш баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Додгоҳи қонуни асосии кишвар пас аз баррасии шикояти Солеҳҷон Ҷӯраев эълон намуд, ки баррасии ин шикоят дар салоҳияти ин ниҳод нест. Ҳоло шояд баҳои ҳуқуқӣ додан ба шеваи аз кор барканор шудану унвони хизматии ӯро лағв кардан то ҷое рангу бӯи сиёсӣ бигирад ва дар ин маврид мисли мавридҳои дигар "дар салоҳияти мо нест" як роҳи халосӣ ва гурез аз дарди сар асту бас. Албатта ҳадафи аслии ин матлаб шикояти Ҷӯраев набуд ва гузашта аз ин банда сахт бовар дорам, ки ҳатман ба ҳодисаҳои ба ин монанд таърих баҳои худро хоҳад гузошт, яъне дер ё зуд ҳама амал аз рӯи адолат баррасӣ хоҳад гашт.

Гуфтем, ки салоҳият дар ҳоли табдил шудан ба як мафҳуми сеҳрангез аст. Ҳама аз салоҳияту бесалоҳиятӣ сӯҳбат мекунанд, ҳатто онҳо ҳам, ки барои сӯҳбат дар ин мавзӯъ салоҳият надоранд. Дар зимн баъзе аз мансабдорони мо ҳамин мафҳумро дар баробари танқид ҳамчун вокуниш ба кор мегиранд. Яъне бо чеҳраи аз асабоният сурхшуда ва бо садои ғазаболуд мегӯянд: онҳо салоҳият надоранд, ки моро танқид кунанд. Ҳоло аз худашон бипурсед, ки дар ин соҳа чӣ коре анҷом додаанд?!

Шояд ин иддао дар назари онҳо мантиқӣ бошад. Вале дар асл аз назари мантиқ ба ду по мелангад. Охир онҳо, яъне мунтақидон не, балки ҳамин шахси мансабдор аст, ки барои коре кардан дар ин соҳа ҳар моҳ маош мегирад ва ба қавле зиндагияш аз ҳисоби фаъолияташ дар ҳамин соҳа таъмин аст. Агар моҳонаи кам мегирад, ҳатман манбаъҳои дигари даромад  дорад. Агар фикр мекунад, заҳматаш ба таври кофӣ қадр намешавад, метавонад истеъфо диҳад. Дарвоқеъ, дар мавриди истеъфо. Таи чанд соли ахир, ки худ хоставу нохоста пайгири авзоъ ва кирдори сиёсатмадорону мансабдорони дирӯзу имрӯз будаам, аз омӯхтаҳову мушоҳидаҳо ба чунин натиҷа расидам, ки истеъфо додан аз мансаб кори афродест, ки воқеан салоҳияти кор карданро доранд. Афроди заъифе, ки ба дунболи ҳаводисе, тасодуфе, хуллас тасодуфӣ ба курсии мансаб такя задаанд, ба ҳеч ваҷҳ ҷасорати истеъфо додан он сӯ истад, ҳатто дар ин маврид ҷуръати фикр карданро надоранд. Онҳо, ки мансабро василае барои андӯхтани дороӣ барои худу наздикони худ медонанд, дигар худро ба қавле сутуни замин меҳисобанд ва сахт бовар мекунанд, ки дар ин соҳа аз онҳо беҳтар касе наметавонад фаъолият бикунад. Ин дар ҳолест, ки аз бесалоҳиятияшон дар соҳаи мазкур фаъолият дар ҳолати мурда қарор дорад. Ман огоҳона ҳеч як соҳаро ном намебарам, зеро медонам, ки ҳама медонанд, ки дар тамоми соҳа бесалоҳиятӣ бедод мекунад. Агар дар ошкортарин ва кӯтоҳтарин шарҳ ин вазъиятро тасвир кардан бихоҳем як пурсиши асосӣ басанда аст, яъне: агар бештари мансабдорон афроди босалоҳият бошанд чаро вазъи зиндагии мо дар тамоми соҳаҳо ба ин ҳолат аст? Муҳимтар аз ин чаро муҳимтарин соҳаҳо, ки фардои миллат ба он сахт вобаста аст, дар мунҷалоби бӯҳрони бесалоҳиятӣ дасту по мезанад?
Ба назар мерасад  ҷои меъёри салоҳиятро мисли аксари меъёрҳои дигар маҳалгароӣ гирифтааст. Яъне фақат тааллуқ доштан ба маҳали шахси дар мансаб болотар аз худ мизоне барои тасдиқи салоҳияти шахс дар соҳиб шудан ба ин ё он мансаб аст. Ҳоло шояд вожаи соҳиб шудан иштибоҳ бошад. Зеро мушоҳида мешавад эҳсоси соҳиб будан дар ҷомеаи мо ранги муваққатӣ ба худ гирифтан дорад. Ё нодуруст мегӯям?{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!