Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 09:00

Вазорати молия нигарони қарзи хориҷии Тоҷикистон нест

2 феврал 2013, 04:55

Асосан давлатҳо қарзро барои инкишфои соҳаҳои истехсолии худ ва афзудани колои  ватанияшон мегиранд. Бо фуруши мол дар берун ва кам кардани воридот асъор зиёд гашта кишварҳо метавонанд бамавқеъ қарзҳои берунии худро тасфия кунанд. Вале агар қарзро барои музди меҳнат, нафақа ё соҳаҳои ғайри истеҳсолӣ харҷ кунанд, рушди иқтисодӣ мутаваққиф гашта имкони пардохти қарзҳо аз байн меравад. Бо вуҷуди ин Сафаралӣ Наҷмуддинов вазири молия рӯзи ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки харҷ намудани қарзҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ зарурист.
Қарзи хориҷӣ махсуси соҳаҳои иҷтимоӣ нест
Сафаралӣ Наҷмуддинов вазири молияи кишвар дар ин нишаст гуфт, ки дар санаи 1 - уми январи 2013 қарзи берунаи Тоҷикистон 2 169,41 миллион долларро ташкил дода ба 28,5 фоизи ММД баробар гардид. Дар мавриди харҷ шудани ин қарзҳо бошад, пештар Фирдавс Усмонов сардори шӯъбаи қарзи берунии Вазорати молия гуфта буд, ки қарзҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ харҷ гардиданд. Вале соҳаҳои иҷтимоӣ даромадзо нестанд, гузашта аз ин бе ҳамин ҳам беш аз нисфи маблағҳои буҷет харҷи бахшҳои иҷтимоӣ мешавад. Аммо бо ин ҳол Сафаралӣ Наҷмуддинов мегӯяд, ки соҳаи иҷтимоӣ ин ояндаи Тоҷикистон аст ба монанди маориф. Ин соҳаест, ки маблағгузории он аз ҳама натиҷаи хуб медиҳад. Соҳаи тандурустӣ ҳам солимии ҷомеа аст. Ин ду соҳа бахшҳоеанд, ки ояндаи Тоҷикистонро таъмин месозанд.

"Бинобарин соҳаи иҷтимоӣ бояд аз ҳама пештар бошад. Ингуна соҳаҳо сармояи инсонии кишвар ва таъминкунандаи рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аст. Чун бе мутахассис, бе дониш ва бе солимӣ, амалӣ намудани лоиҳаҳои ҷалбнамудаи мо бисёр мушкил аст", изҳор дошт Сафаралӣ Наҷмуддинов.

Ба қавли вазири молия, бо вуҷуди ин вазорат кӯшиш мекунад, то ҳарчи бештар қарзҳоро барои соҳаҳои инфрасохторӣ ҷалб намояд. Сохтмони роҳҳо, соҳаи энергетика ва таъмини соҳаи озуқавории кишвар боzд бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гиранд. Имрӯз дар бахши энергетика 18 лоиҳа ба маблағи 630 миллион доллар дорад амалӣ мешавад. Дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия 30 лоиҳа ба маблағи 915 миллион ва дар сектори идораи давлатӣ қарз неву грант ҷалб мегардад.

Вазири молия гуфт, ки иқтисод ва молияи Тоҷикистон аз омилҳои берунӣ бисёр вобастааст. Аммо дар ин маврид оид ба зиёд намудани истеҳсол, эҷоди ҷойҳои кории нав ва баланд бардоштани қудрати содиротии мамлакат дар ҷумҳурӣ ҳукумат се барнома дорад.Аз як тараф ҳамин омилҳои берунӣ имконият медиҳад, то ҳарчи бештар захираҳои дохилӣ истифода бурда шавад ва Тоҷикистон аз ин вазъ барояд.

Ҷуз "IRS" ширкати дигаре аз ӯҳдаи роҳ намебарояд
Солҳои ахир аз болои ширкати "IRS" сару садоҳо зиёд аст ва ахиран нархи роҳ дар роҳи мусофиркашонии шимол баланд шуду бисёре аз шаҳрвандон садояшон даромад. Овозаҳое ҳам ҳаст, ки ин ширкат ба муовини аввали вазири молия Ҷамолиддин Нуралиев таъаллуқ дорад. Зимни ин дар мавриди ин ширкат то кунун дар ягонҷо маълумоти шаффоф нест. Ҳукумат ҳам роҳи шимолро ба ин ширкати хориҷӣ вогузор карда ва на ба як ширкати ватанӣ.

Вазири молияи Тоҷикистон дар посух ба ин суол гуфт, ки тибқи ҳисобот барои нигоҳ доштани роҳи шимол дар як сол маблағи 30 то 40 миллион доллар лозим аст.

Дар ин роҳ порсол боришоти зиёде омаду мушкилотеро ба вуҷуд овард ва меҳнати зиёде барои он сарф гардид. Се сол қабл вақте масъалаи роҳи шимол пеш омад, ҳеч ширкате набуд, ки масъулияти онро бар ӯҳда гирад. Он ҳангом вазорат ҳам қудрати техникиву молиявиеро, ки ин ширкат дошт, надошт. Барои ҳамин ҳукумат қарорҳои дахлдорро қабул намуд, ки мақсади он пеш аз ҳама нигоҳ доштани роҳ дар ҳамон сатҳ буд. Вазири молия бо гузашти се сол аз мизони андозе, ки ширкати "IRS"аз даромади худ аз истифода аз роҳ месупорад, изҳори беиттиллоӣ карда гуфт, инро худи ширкат медонад. Дар ҷумҳурӣ ҳам зиёда аз 18 ҳазор андозсупоранда ҳаст, ки ҳамаи онҳоро дар феҳрист доштан мушкил аст.

Боварӣ ва ҳавас барои коғазҳои қиматноки Тоҷикистон намерасад
Дар идомаи ин нишаст аз вазири молия пурсида шуд, ки онҳо барои харидорӣ кардани коғазҳои қиматнок ва тилло чи чораҳое меандешанд. Дар ҷавоб Сафаралӣ Наҷмиддинов гуфт, ки дар ҳақиқат бозори коғазҳои қиматнок барои рушди молияи давлат, ҷалби сармояи дохилӣ бисёр мусоидат мекунад. Ва барои он ки иқтисодиёти кишвар аз авомили берунӣ зарба нахурад, боястӣ бештар аз захоири дохилӣ истифода бурда шавад. Барои ҳамин ҳам дар соли 2012 барориши 33 коғазҳои қиматноки ҷамъияти саҳомӣ ба анҷом расонида шуд, ки дар маҷмуъ 859 миллион сомониро ташкил мекунад. Саҳмияҳои бахши бонкӣ дар ҳаҷми 802 миллион, соҳаи тандурустӣ 20 миллион, бахши туризм 3,5 миллион, хидматрасонӣ 30 миллион сомонӣ ва саҳмияҳои бахши саноат дар ҳаҷми 5,1 миллион сомонӣ бароварда шуд.

Вомбаргҳои Вазорати молия ҳам таи ин давра ба маблағи 22 миллион сомонӣ ва векселҳои хазинадорӣ дар ҳаҷми 77 миллион сомонӣ бароварда шуд. Танҳо дар моҳи январ 20 миллион сомонӣ бароварда шудааст ва 6 бонк муроҷиъат кардаанд. Аммо ҳамаи инҳо қонеъкунанда нест, чун бисёр корҳое ҳаст, ки бояд ба анҷом расад. Барои ҷалби иштироккунандагони бозори коғазҳои қиматнок, ҳавасмандӣ ва бовариро бояд дар онҳо тақвият намуд.

Дар мавриди бозсармоягузории Агроинвестбонк аз вазири молия суол шуд, ки чи маблағе барои ин кор дар назар гирифта шудааст ва он саҳми бахши давлатӣ дар ин кор чӣ қадар аст? Зимнан саҳмияҳои Роғун ва қарзи тиҷоратӣ гирифтани Тоҷикистон аз Бонки осиёси рушд аз пурсишҳои дигар буд.

Бозсармоягузории бонк ин кори хубест. Ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ ва бӯҳрон аз бонк ҳеч чизе боқӣ намонда буд, ки ин кор сурат гирифт. Он ҳангом вазъияти молиявӣ сангин буд. Аммо имрӯз Амонатбонк яке аз бонкҳои пештоз ба ҳисоб меравад. Бозсармоягузорӣ ҳатто дар бонки миллӣ ҳам анҷом гирифта буд. Акнун дар мо кумитаҳои қарз ва ҳисоботӣ фаъол аст, ки пештар набуд. Дар ин кумитаҳо баҳсу мунозираҳое сурат мегирад, ки хеле ҷолиб аст. Он 38 қарзе, ки баргардонида нашуд, дар ҳақиқат вуҷуд дорад, фақат он ки ин ширкат дар вазъияте қарор надорад, то ин қарзро бозгардонад. Аз ҳисоби ҳамин қарзҳо корхонаи Текстил ба кор андохта шуд ва афзоиши 48 дарсадии маҳсулоти саноатӣ ба хотири коркарди колоҳои насоҷӣ сурат гирифт.Барои ҳамин таи ин 8 сол 500 миллион сомонӣ коғазҳои қиматнок барои бозпардохти ин вомҳо ихтисос гардид. Бигзор бозгардонидани ин қарзҳо замон гирад, аммо он тибқи барнома пеш ҳидоят мешавад. Дар ҳамин маврид барои кор бо БМ ва Агороинвестбонк гуруҳи корӣ ташкил шудааст. Беҳтар аст бештар бонкҳои тиҷоратӣ ва мустақил низ ба майдон ворид шаванд, чун ин талаботи ҷаҳон аст.

Аммо дар бораи маблағҳои Роғун бояд гуфт, ки 150 миллион саҳмияҳои ин сохтмон аз Агроинвестбонк баъд аз хотима ёфтани мӯҳлат бозпас гирифта шуд. Аз Ориёнбонк 105 миллион пас гирифта шуд ва акнун дар хазонаи вазорат ҳаст. Маблағи умумии он 390 миллионро ташкил медиҳад. Алҳол низ Содиротбонк муроҷиъат кардааст, то 100 миллион дарёфт кунад. Албатта ин дархост риски худро дорост ва баъд аз баррасии вазъияти ин бонк, ки барои чи ин пулро мехоҳанд натиҷагирӣ хоҳад шуд. Агар тазмини қавие барои баргардонидани ин қарзҳо дода шавад, бо 20 то 30 фоиз ин қарз дода мешавад. Вале аз ҷониби дигар бонкҳо барои гирифтани қарз дархосте нашудааст. Ҳатто аз худи Амонатбонк пусида шуд, вале онҳо гуфтанд, ки захоирамон феълан кофист. Мавзуъ инҷост, ки Амонатбонк ҳам худ як бонки давлатист ва бо ҳимояи давлат тавонист аз Чин қарзи судовар дарёфт намояд.

Қарзи тиҷоратии гирифта аз Бонки осиёи рушд ҳам аввалин бор нест, ки гирифта шудааст. Замони ҷанги шаҳрвандӣ барои маводи ғизоӣ аз ин қарзҳо гирифта шуда буд.

Аммо ин қарзро ҳукумат ва БМ замонат намедиҳанд, балки худи сохторҳои тиҷоратӣ ӯҳдадори онанд. Фоизи ин қарз 4 дарсадро ташкил мекунад. Дар маҷмуъ вазъият бад нест ва наздики 700 намоянда аз ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ба Тоҷикистон муроҷиъат мекунанд, иброз намуд вазири молия.


Сиёвуш ҚОСИМЗОДА


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!