Бахшҳо
02 фев 2013 06:21Дидгоҳи хос

Обрӯ

(Некон ба ҳукми виҷдон анҷоми вазифа мекунанд ва бадон ба хотири рутба  мақом. Конфутсий-файласуфи Чин)
Як вазир ё раиси шаҳру ноҳия ё раис ҷамоат кист, ки имрӯз ба дурустӣ наметавонад аз уҳдаи вазифаи хеш барояд? Вақте як афроди нохудогоҳ  ва дур аз донишу хирад, ки тафаккуру ҷаҳонбини андаки пешрафта надорад, ба чӣ ҳолу авзоъ метавонад ба курсии мансаб ва роҳбарӣ биншинад? Имрӯз ҳар нафари тасодуфӣ, ки на фарҳанги баланд дораду на фаросати дархури башарӣ, ба ҳар василае (аслан тавассути пулу маблағҳои фаровон) ба мансаб соҳиб мешавад ва табиист, ки дар атрофи худ иддае аз бесаводону беҳунаронро ҷамъ меорад. Ва ҳангоме, ки дар кишвар тамоми вазифаву  мансаб ва арзишҳои олии фарҳангӣ бо ПУЛ андозаву баркаш карда мешавад, оқибати онро танҳо хатарзову фалокатбор метавон арзёбӣ кард. Дар ҳамон даврони Шӯравии имперотурӣ, Ҳукумат маълумотдорони босавод, бавижа муаллимони пуртаҷриба ва нуфузмандро ба вазифаи раиси ҷамоат таъин мекард. Зеро он ҳукумат нек медонист, ки ҳамин садри раёсати ҷамоат намояндаи барҳақ ва воқеии ӯст, ки кулли камбудиву нуқсонҳои қаламрави маҳал, баррасӣ ва файсалаи проблемаву мушкилот маҳз бар дӯшӣ ӯст ва он ҳама вазифаи ҷонии он маҳсуб меёбад. Агар гуноҳе аз ин ҷамоат сар занаду обрӯву шарафи он мақомот бар замин рехта шавад, яқин доғ бар Ҳукумати вақт (ҳамон Кумитаи Марказии ҳизб) ҳисобида мешуд. Аммо ҳоло моҳият ва рисолати вазифадорию вазифашиносӣ як тараф истад, худи ҳамон ОБР? аслан вуҷуд надорад. Баҳри аксари амалдорон, алъон обрӯ дигар муҳим нест ва шояд эшон ба он зарурат ҳам надоранд.

Ҳирс, тамаъкориву баднафсӣ ва ҳар чӣ зиёдтару бештар ғун кардани сарвату мол чашми соҳибмақомонро хира кардааст. Ва Ҳукумат талаботи қонеъона пеш намегузорад ба зерсохторҳо ва мақомоти поён бепарвову коҳил, сарам-дилам кори худро иҷро мекунанд ва мардум аз камбудиву мушкилот ба дод меоянд ва дуруст аз Ҳукумати Марказии кишвар норозӣ мешаванд. Ин падидаи хатарзо ва беоқибат аст.

Баъдтар аз ҳама, нотавонию оҷизӣ ва аз ӯҳдаи амали кӯчаке набаровардани руасои ҷамоату ноҳия ва шаҳрҳост. Руасои ҷамоат, навоҳию шаҳр қолабзадаанд, афкори "ҷолибу ҷадид надоранд. Ба рӯҳониёну масҷидҳо назари нек надоранд. Бо ташкили воҳиди корие бо номи раиси анъана ва танзим" курсии дигареро банд ва фишори навбати навбатие сари райият таҳмил кардаанд. Яъне, ба як мушоҳида сафи вазифаву мансабҳои нав ва мансабдорон дар кишвар хеле зиёд гардидааст, вале амалан кори назаррасе ба анҷом расонида нашудааст. Вақте, дар ин фасли зимистон бо бориши барфҳои баланду пайёпай роҳҳову ҷодаҳо яхпӯш мегарданду ҳаракати нақлиёт ноимкон мегардад, дар рустову музофот касеро аз ин ҳол парвое нест. Як ҷамоати деҳоти бузург наметавонад шеваю усулҳои аз барф тоза кардани (ҳадди ақал) роҳҳои мошингардро ҷустуҷӯ ва амалӣ созад, дигар чӣ ҷойи ҳайрат ва суолу ҷавоб аст!

Аслан ҷамоатҳои деҳот ва ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ барои чӣ лозиманд? Танҳо барои низоми сохторӣ? Кадом  сохтори ҳукуматҳои маҳаллӣ амале арзанда ба сомон мерасонанд? Ин ки аз тариқи садову симо ину он мақомоти давлатии  ҳокимияти иҷроияи шаҳреву ноҳияеро таърифу ситоиш мекунанд, на ба он хотир аст, ки корҳои чашмрасеро ба субут расонидаанд. Дар ҳисоботҳо, ки санаду ҳуҷҷат карда шудаанд, ҳама корҳо хубанд, балки 100 фоизанд. Аммо дар амал…

Дар қаламрави як ҷамоат ҳама бинову корхонаҳоро фурӯхтаву ба савдо задаанд. Боястӣ он корхонаҳо ба кор дароварда шаванд, чизе истеҳсол кунанд. Вале усули ғорати корхонаҳо то ҳанӯз идома дорад. Корхонаро мехаранд, пас-он қисм-қисм фурӯхта, пул мекунанд. Оқибат аз он корхона ҳеҷ чиз боқӣ, ки намонад, замини онро пурра ба савдо мезананд. Ана инро метавон "иқтисоди бозорӣ ва гузаштан ба муносибатҳои ҷадидӣ истеҳсолӣ" номид.

Дигар раванди номатлуб, вале дар айни ҳол дақиқану боҳадаф тарҳрезишуда ин маҳдуд кардани озодиҳову майлҳои идоракунии ҳокимияти маҳаллӣ аз ҷониби мардум шинохта шудааст.

Агар ин тавр намебуд, ба чӣ ваҷҳ як садри  Ҷамоат интихоби раисони маҳалро аз байн бардошта, онро бо хости худ таъин мекунад? Бадтарин шакли маъмурии идоракуниву сарварӣ, ки аз як низоми бераҳмонаи диктотурӣ хабар медиҳад, ҳамин шеваи таъинии роҳбарон ба мансабу вазифаҳои ҳукуматӣ будааст, ки ба ҳеч сурат дархӯри манофеи мардум набуду намебошад. Бадеист, ки ҳолиё райият аксари мансабдоронро дӯст намедоранд, афкори рангину хотирмоне аз эшон дар сар надоранд.

Аҷобати кор дар он аст, ки ин сарварони хушкдимоғу каммоя бар ивази он ки рисолати вазифадории хешро ба гунаи густурда ба иҷро расонанд, дар ҷамъомаду ҳамоишҳо санги маломат сари рӯҳониёну тақводорон ҳавола мекунанд. Ҳамакнун инон вожаи дигареро ба мардум пайваста талқину такрор кардан мехоҳад:

Эҳтиёт. Аз киҳо эҳтиёт шуданро ҳам бо фаҳмишу тангу маҳдуди хеш ба райият баён мекунанд: аз чанд нафар, ки афкори тозаву ноби созандагӣ доранд, (инҳо "демократанд", мегӯянд, аз онҳо эҳтиёт кунед), аз тоифаи рӯҳониён, ки насиҳату андарз ва мавъизаҳои ахлоқиро ба насли ҷавон ҳатмӣ мешуморанд (аз ин "шӯрандозу низоъангезҳо" эҳтиёт бояд кард, тавзеҳ медиҳанд онҳо), аз як омӯзгори мактаби русто, ки алайҳи беадолатии раисе садо баланд мекунад, ба хотири он ки заминҳои обиву ҳосилхезро он садри ҳукумати маҳал ба пайвандону дӯстонаш ҳиссу бахш кардаасту ба он омӯзгор як парча замин аз кадом дараву пуштакуҳе расидааст, (аз ин "инқилобчӣ" низ эҳтиёт бояд кард, ки дигаронро ба доми тафаккури "хатарнокаш" надорад, шаҳр медиҳанд сарварон) ва ғайра ва монанд ба ин "аргументҳои" бепояву безамина. Ва бо ҳамин кордориву ниятҳои мағризона мақомдорони сатҳи поёнӣ гӯши райиятро ба қомат оварда, аз ваҳдату субот ҳарзабофӣ мекунанд.

Аз ваҳдат сарваре сухан ронда метавонад, ки доиман аз пайи ободию рушди қаламрави минтақаи хеш камари ҳиммат бастааст. Оне боҳарорат соати тӯлонӣ суханҳои рӯҳбаландона иброз медорад, ки ҳар ваҷаб замини ҳудуди худро чун хоки муқаддаси Ватан азиз медорад, на ки дуздона қитъа-қитъа заминро ба савдо мезанаду пул мекунад.

Роҳбаре бо шӯру шааф вазъ мегӯяд, ки ҳамвора дар байни мардум қарор дорад, дарди онҳоро дарди шахсии худ меҳисобад, баҳри ҳалли он камбудиҳа шаб хобаш намебарад.

Раисе ҳаққи ҳарф задан дорад, ки пешниҳоду ақоиди волои дигар ашхосро мардонавор пазируфта, дар заминаи он гуфтаҳо амал мекунад, на ки нисбат ба ин нафарон кинситезиву душманӣ ба роҳ мемонад.

Мақомдоре сутуни осмонро ба ларза медарорад, ки субҳи кории худро аз вохӯрӣ бо устодону омӯзгорон ва вазъи феълии мактабҳо оғоз мекунаду таҳқиқи аҳволи бунгоҳҳои тиббиву бемористонҳо. Ҳоло аз хусуси зиндагиву ҳоли машаққатбори занону бонувони тоҷик, ки он мавзӯи суҳбати алоҳидаест.
Райият дигар ин тоифа роҳбаронро дар курсии мансаб дидан намехоҳад. Намехоҳад, тамом-вассалом!
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)