Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:09

Арабистони пешорӯи инқилоб ва нигаронии мушовири президент

4 феврал 2013, 06:11

Мумкин аст ваҳдати Арабистон аз байн биравад ва Ҳиҷоз аз қисматҳои дигари Арабистон ҷудо шавад  ва мумкин аст, шарқи Арабистон ба дасти  гурӯҳҳои   ифротӣ биафтад...
Маъмури собиқи созмони иттилооти марказии Амрико ва яке аз мушовирони раиси ҷумҳури ин кишвар, аз эҳтимоли бисёр зиёди инқилоб дар Арабистон ва ба хатар афтодани манофеи Амрико дар минтақа, ибрози нигаронӣ  кард.

Брус Ридел, пажуҳишгари сиёсати хориҷии Амрико дар маркази сиёсатҳои Ховари Миёна "Собон" тавсияҳоеро ба Обама дар бораи авзоъи Арабистон, ироъа кард. Хулосаи тавсияҳо ин аст, ки имсол дар Арабистон эҳтимоли инқилоб қавӣ аст.

Дар ин тавсияҳо омадааст: Амрико дар Арабистон  гузинае ба ҷуз Оли Саъуд надорад ва бояд бар ҳукумати ин кишвар барои анҷоми фаврии тағйироти  мавриди назари мардум, фишор биёварад. Вай ишора кард, хонадони ҳоким бар Арабистон бо тағйирот дар ин кишвар мухолиф аст  ва истифода аз дин ва даромадҳои калони нафтӣ боис шудааст, ин хонадон эҳсоси нигаронӣ  накунад.

Ридел дар бахши дигаре аз ин гузориш таъкид кардааст: тағйироти инқилобӣ дар Арабистон барои манофеи Амрико дар ҳамаи заминаҳо фоҷиъаомез хоҳад буд  ва зарбаи дарднок ба нуфузи роҳбурдии Амрико дар минтақа ворид хоҳад кард; ин хатар дар мароҳили баъдӣ дигар кишварҳои минтақаи Халиҷи Форс ва Урдунро низ  таҳдид хоҳад кард. Ридел ба Обама пешниҳод кардааст, иттилооти кофӣ дарбораи бӯҳрони ояндаи Арабистон ба даст биёварад, то битавонад аз асароти манфии он бар бозори нафт пешгирӣ кунад.

Ридел таъкид кардааст, ки агар мавҷи бедорӣ дар Арабистон оғоз шавад, ба эҳтимоли зиёд монанди инқилоб дар дигари кишварҳои арабӣ хоҳад буд. Акнун ҳам як сол аст, ки тазоҳуроти мусолиматомез ва хушунат (бархурди хушунатомез бо мардум) дар минтақаи нафтхези Арабистон оғоз шудааст.


Ба гузориши Арабистони пешорӯи инқилоб ва нигаронии мушовири президент"Ал-олам", ин коршиноси масоили сиёсӣ ҳушдор дод эътирозоти Арабистон мумкин аст аз шимоли Риёз ё Асир, дар марзи Яман оғоз шавад ва ҳаммонанди як гулулаи барф ба шаҳрҳои бузурги Арабистон кашида шавад.

Вай хотир нишон кард, агар Салмон бин Абдулазиз, валиаҳди Арабистон ё Абдуллоҳ бин Абдулазиз бо вуҷуди нигарониҳо ва ихтилофҳо бар сари ҷонишинӣ, бимиранд, Арабистон бештар дар маърази инқилоб  қарор хоҳад гирифт.

Хабаргузории Форс менависад, Ридел ҳушдор дод: мумкин аст ваҳдати Арабистон аз байн биравад ва Ҳиҷоз аз қисматҳои дигари Арабистон ҷудо шавад  ва мумкин аст, шарқи Арабистон ба дасти шиъаён ва маркази он ба дасти гурӯҳҳои салафии ифротӣ биафтад.Ба қавли ӯ, агар дар Арабистон инқилобе сурат гирад, подшоҳиҳои Халиҷи Форс суқут хоҳанд кард  ва ақаллияти суннӣ дар Баҳрайн бидуни танк ва амволи хондони саъудӣ нахоҳанд тавонист ба кори худ идома диҳанд ва Қатар ва Кувейт ва Иморот ҳам наметавонанд аз худ дар баробари низоми инқилобии Арабистон ҳимоят кунанд  ва дар сурати сарнагунии Оли Саъуд, фақат султон Қобуд дар Умон мумкин аст ҳамчунон бар масанади ҳумкумат боқӣ бимонад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!