Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 01:18

ШАРИФ РАҲИМЗОДА

7 феврал 2013, 10:05

Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, моҳи марти соли 1959 дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар шаҳри Кӯлоб ба анҷом мерасонад.

Соли 1981 гурӯҳи бонкдории факултети молия ва қарзи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 1986 аспирантураро дар Академияи давлатии молиявии Русия хатм мекунад. Дар Австрия, Бритониёи Кабир, Сингапур, Амрико, Ҷопон ва Туркия давраҳои бозомӯзиро фаро гирифтааст.

Фаъолияти кориро ба ҳайси ассистенти кафедра дар Донишгоҳи миллӣ оғоз карда, сипас то вазифаи муовини декан дар инҷо кор мекунад. Соли 1989 барои кор ба бонк даъват мешавад. Соли 1993 ҳамчун сармушовири сарвари давлат фаъолият мекунад. Аз соли 1994 то 2008 дар вазифаҳои муовини раиси Бонки миллӣ, сипас, раиси Кумитаи назорати молиявии давлатӣ, сафири Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Аврупо, раиси Кумитаи сармоягузорӣ кор карда, соли 2008 раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин мешавад. Доктори улуми иқтисод. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!